Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли равон — Рӯзи дониш дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ  ва тобеият, дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, 2 сентябри соли равон аз ҳисоби рӯзи 1 сентябр рўзи истироҳатӣ эълон карда шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин қарор имрӯз   дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба имзо расид.

Инчунин зикр гардид, ки  ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон вазифадор карда шудаанд, ки ҷараёни иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

      Дар таърихи 03 – юми августи  соли 2017 дар толори маҷлисии ДДТХ,  ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15  сентябри соли 2011, таҳти  №АП – 1729 «Дар бораи баргузор намудани нишасти матбуотӣ бо васоити ахбори оммаи кишвар»,  нишасти матбуотиро доир намуд.

       Лозим ба қайд аст, ки дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО, рӯзноманигорони соҳибкасби вилояти Хатлон ба монанди,  Билоли Шамс аз рӯзномаи «Азия плюс», Муродов З. намояндаи   рӯзномаи «Ҷумҳурият», Сотиев М аз рӯзномаи «Новый Хатлон», Сафарова Х. аз рӯзномаи «Хатлон», Маҳинов М.аз рӯзномаи «Садои Данғара», Одинаев С.– «Пайки Шифо» ва ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳи тиббӣ иштирок доштанд.

      Дар муқаддима  аз ҷониби ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор У. Қурбон нисбат ба ҳамаи самтҳои фаъолият,  дастовардҳои назаррас ва проблеммаҳои дар Донишгоҳ ҷойдошта,  дар  шаш моҳи соли 2017 ва ҳамзамон доир ба корҳои анҷомёфта дар марҳилаҳои таъсисёбии ДДТХ ба аҳли нишаст  маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

          Сипас, аз тарафи рӯзноманигорон ба ректори донишгоҳ У..Қурбон  оид ба  шароитҳои таълиму тарбия, ҳолати  маишии донишҷӯёну омӯзгорон, теъдоди қабули донишҷӯён барои соли таҳсили  2017 - 2018, норасоии мутахассисон дар самтҳои гуногуни соҳа, сатҳи касбияти ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, корҳои сохтмонии иншоотҳои ДДТХ,  робита ва ҳамкориҳои роҳбарияти донишгоҳ бо беморхонаҳои ноҳияи Данғара, дар бораи фаъолияти  муолиҷавии  ҳайати профессорону омӯзгорони тахасусӣ дар беморхонаҳо, оид ба маблағгузории донишгоҳ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, заминаи моддӣ –техникии донишгоҳ,  инчунин  оид ба дастовардҳо ва тадбирҳои ҳавасмандкунии  омӯзгорони ҷавон ва ғайра  саволҳо  пешниҳод  шуданд. Ба саволҳои намояндагони ВАО   аз ҷониби  роҳбари Донишгоҳ ва аъзои раёсат, ҷавобҳои мушаххас пешниҳод  карда шуд.

         Дар охир аз ҷониби профессор У. Қурбон барои фаъолияти пурмасъули рӯзноманигорон комёбиву муваффақият таманно намуда, ҳамзамон доир ба роҳ мондани  ҳамкориҳои судманд ва муфидро бо васоити ахбори омма, дар шароити рушдёбии ҷаҳони иттилоот барои ДДТХ  ҳамчун падидаи нек арзёбӣ намуд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Шанбе, 05 Август 2017 00:00

САФАРИ ДИЛНИШИНЕ БА САРИ ХОСОР

      Бо ташаббуси раёсат ва Клуби сайёҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон рӯзҳои 17-20-уми июли соли 2017 дар доираи лагери истироҳатию таълимӣ сайёҳати як гурӯҳ кормандон ва донишҷӯён ба Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ташкил карда шуд. Бист нафар донишҷӯён ва сардори клуби сайёҳӣ муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф., сардори шуъбаи таълим Қузибоева Н.К., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Гулов А.А., мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика, дотсент Ситамов С., дотсент дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А., муовини декани факултетҳо Камолов С.А., корманди шуъбаи технологии донишгоҳ Отахонов Р.Х., муаллими калони кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ба ин сайёҳат шомил буданд. Субҳи 17-уми июн корвони сайёҳон роҳ ба сӯи ноҳияи Балҷувон гирифт. Чун ба ноҳияи Балҷувон расидем,  дар назди оромгоҳи Ҳазрати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, ки яке аз ҷойҳои таърихии ноҳия ба шумор меравад, ҷамъ омадем.

Тавассути нақлиёт ба роҳҳои душворгузар ва қариб бероҳаи қад-қади соҳили дарё озими Сари Хосор шудем. Манзараҳои дилфиреби кӯҳҳои осмонбӯс, деҳоти сари роҳ нороҳатию мушкилоти сафарро бароямон сон менамуд. Аз оби чашмаҳои серуну шифобахши қад-қади роҳ ошомида, шукри чунин обҳои тозаю мусаффоро менамудем ва бори дигар моҳияти иқдоми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати «Даҳсолаи амал: об барои рушди устувор» дарк менамудем.

      Дар Сари Хосор наздикии Базаи туристӣ дар ҳамвории дараи хушманзаре хаймаҳои худро устувор намудем. Аз чеҳраи шодон ва кӯшишу ғайрати ҳам донишҷӯёну ҳам кормандон баръало эҳсос карда мешуд, ки ин сафар барояшон хеле мақбулу хотирмон хоҳад шуд. Шабона дар атрофи гулхани фурӯзон ҷамъ омадану сӯҳбат, рақсу шодмонӣ намудан кайфияти тасвирнопазире дошт.

     Рӯзи дуюм аз осорхонаи таърихии Сари Хосор, Маркази байналмиллалии солимгардони кӯдакони гирифтори фалаҷи модарзод дидан намудем. Дар доманаи кӯҳи назди деҳот як ҷойи аҷибе ҳаст, ки мувофиқи эътиқоди сокинон сангчаи партофтаи ҳар нафаре агар чуқурчаи начандон ҳамвори доманаи кӯҳ қарор гирад, орзую омолҳояш ҷомаи амал мепӯшанд.

     Рӯзи дигар аз шаршараҳои дилфиребе, ки аксашонро дао телевизион борҳо дида будем, ҳалвати аҷибе ҳосил намудем. Тамошои ин гӯшаи зебои табиат он қадар таассуроте дошт, ки донишҷӯён худро ба шавқу суруд зери оби сарди шаршараҳо мегирифтанду аз тамоман тар шудани сару либоси худ парвое надоштанд. Беихтиёр мисраъҳои шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба хотирам омад:

Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,

Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.

Лек одам ҳар қадар солору пурармон шавад,

Боз мехоҳад, ки боре кӯдаки нодон шавад...

 

      Баъди нисфирӯзӣ аз лойи шифобахши Оби гугирд дидан намудем. Донишҷӯён ин лойи шифобахш ба бадани худ молида, аз бӯи андаке нофорами он ҳам парвое надоштанд. Гаштаю баргашта оид ба хусусиятҳои шифобахшии он саволҳо медоданд.

 

      Рӯзи охирини ин сайёҳати дилфиребро бо ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахши мавзеву дараҳои наздикии қароргоҳ сипарӣ намудем.

Дар бозгашт ба сӯи ноҳияи Данғара зери лаб замзама менамудам:

Ёд бодо ҳама он манзараҳо,

Ёд бодо ҳама он хотираҳо.

Ёд аз домани Сарихосор,

Ёд аз замзамаи шаршараҳо!

Одинаев С.П. – устоди кафедраи забонҳои ДДТХ.

     За годы независимости Республика Таджикистан достигла большого процветания в политическом, экономическом, социальном и культурном своём развитии.  И всё это благодаря вдохновенной, созидательной силе народа – рукотворца, титаническому неусыпному труду нашего дорогого  и всенародно любимого Лидера нации, основателя мира и национального единства,  Президента страны Эмомали Рахмона.

      Заботясь о здоровье народа,  Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  25 –го февраля 2016 года  подписал  решение    Правительства РТ об открытии в стране второго медицинского университета, который было предположительно намечено построить в Хатлоне, а точнее – на территории Дангары, но именуемого Хатлонский государственный медицинский университет. Ректором ХГМУ назначается известный не только в СНГ, но и далеко за его пределами (Дания, Канада, Англия, Германия, Австрия, Иран, Индия, Китай, Турция и др.) талантливейший хирург с широким профилем (общий хирург, микрохирург, нейрохирург, сосудистый хирург, пластический - реконструктивный хирург), замечательный организатор и руководитель,  член – корр. АМН МЗ и СЗ РТ, д.м.н., профессор Убайдулло Курбон (до этого он был 11 лет ректором ТГМУ им. Абуали ибни Сино).

         Прекрасная, мудрая мысль о рождении (создании) в РТ второго медицинского вуза возникла в январе 2016 года, а 20 –го января она была оглашена всенародно на очередном послании Президента в Маджлиси Оли РТ.

        Как показывают статистические данные, ТГМУ им. Абуали ибни Сино выпускает ежегодно более 1200 врачей. Однако этого количества специалистов недостаточно, чтобы удовлетворить растущие потребности  страны во врачебных кадрах.  Сегодня на каждые 10 тысяч жителей Таджикистана приходится 21 врач, что является относительно низким показателем. Нехватка и самое минимальное количество высококвалифицированих медицинских кадров на юге страны, в Хатлонской области, побудило основателя мира и национального единства, Президента РТ, создать в самой густонаселенной области страны второй медицинский вуз. Почему в Хатлоне? Потому что это, во – первых, – одна из самых малообеспеченных областей врачами, во –вторых,  она велика по территории.

        В Хатлонской области, население которой составляет около 3,5 миллиона человек, на 10 тысяч жителей приходится 11 врачей. Это самый низкий показатель по сравнению с другими областями и городами РТ. Жители  данного региона страдают от нехватки медицинского персонала.

        26 – 27 января 2016 года состоялась групповая поездка вместе с членами Правительственной комиссии на территорию, где намечалось строительство второго медицинского университета.

        Под создание вуза было отведено 7 гектаров земли. Посмотрели территорию (земельный участок), где предполагалось построить  ХГМУ по подготовке для южных регионов страны высококвалифицированных врачебных кадров. Одобрили. После этого было решено разработать Проект строительства медицинского университета.

         1 февраля 2016 года был образован штаб по разработке Проекта, в состав  которого вошла группа ответственных лиц из ТГМУ им. Абуали ибни Сино во главе с ректором Убайдулло Курбоном. По завершении создания Проекта   надо было его представить Правительству для рассмотрения и утверждения. Проект успешно прошел экзаменацию, был одобрен и утверждён Президентом страны. После принятия Проекта, его создатель – Убайдулло Курбон начал работать в месте с другими ответственными лицами из  Дирекции по строительству государственных учреждений при Аппарате Президента РТ.

       3 марта 2016 года группа учёных – энтузиастов, ведущих работников ТГМУ им. Абуали ибни Сино во главе с У.Курбоном прибыли в Дангару с целью организации университета, который  должен был зафункционировать к 1-ому сентября 2016 года, разместившись временно в старых  зданиях бывшего интерната по улице Исмата Шарифа.

          Временно предоставленная территория  когда – то бытовавшей здесь школы - интерната  являла собой неприглядный вид. Одноэтажные и двухэтажные здания, которые требовали капитального ремонта, давно надо было, на наш взгляд, перестроить, немного реконструировать. Все это требовало большого труда…  

           Всё надо было начинать с нуля. Дел было непочатый край, невпроворот. Работы хоть отбавляй. 

       С особым сердечным теплом, гордостью и благоговением мы называем имена и фамилии патриотов родного Отечества,  которые, оставив тёплые столичные служебные места, удобства, по зову родной земли, совести и сердца, оставив семьи, приехали в Дангару, а точнее в Хатлон, чтобы родить второй храм медицинской науки – кузницу врачебных кадров, которые, став в будущем классными специалистами  - медиками, понесут  здоровье  народу,  прекрасным людям – труженикам, даря тепло своих сердец, хирургических рук, прочных врачебные знания, культуру, гуманизм.

            Они были первыми: 

  1. Гафуров Бобомурод – к.х.н., доцент, проректор по учебной части;
  2. Ахадов Шамсулло – проректор по АХЧ;
  3. Ахмедов Шодмон – к.п.н., доцент, начальник отдела анализа, контроля и связей с общественностью;
  4. Хидирова Альфира - врач- педиатр, начальник отдела кадров (ОК);
  5. Кузибаева Наима - к.м.н., доцент, детский врач, начальник учебной части;
  6. Саидов Исломуддин – к.м.н., доцент, врач- хирург , декан факультетов;
  7. Бобоев Акмал – помощник ректора, врач –хирург;
  8. Мардонзода Курбон – детский врач и директор Центра компьютерных технологий;
  9. Саидова Мохшариф – зав. библиотекой, аспирант – политолог АН РТ;
  10. Камолов Амирали – врач – хирург, зам декан факултетов;
  11. Шарипов Гоибназар – главбух, экономист;             

       Много было сделано,  но и ещё предстояло не меньше сделать. Речь идёт об оформлении множества юридических установок, бумаг, инструкций постановлений и других документов относительно получения статуса университета.  В этой важной и ответственной части вузовской службы достойно проявил себя доцент -  политолог Ахмедов Шодмон, отличающийся великим трудолюбием, широтой ума, безупречностью в работе, ответственностью, исполнительностью, терпеливостью.  Нелегко было иметь дело с государственными инстанциями, приоритетами, разного рода службами. В целом в  течение 6 месяцев было разработаны и утверждены все нормативно - правовые документы и в том числе Устав ХГМУ, а также ряд Положений всех подразделений и структур нового университета.

         Следует особо подчеркнуть, что любой этап сложнейшей многогранной работы по созданию высшего медицинского заведения отличается особыми специфическими характеристиками, задачами, проблемами,  требующими  безотлагательного решения, осуществления, исполнения, юридической законности…

         Приехавшие тут же включились в умственную и физическую работу. Строительно – ремонтные работы велись активно по плану. Об уюте жилом, комфорте не мечталось. Им были предоставлены несколько квартир в домах общежитского типа. Спали на полу, питались кое  - как (пока не будет со временем организована своя студенческая столовая), некогда было думать об обеде, ужине, все силы и время забирала неотложная,  первостепенная работа по приведению  в божеский вид полуразрушенных, запущенных учебных помещений, по очистке заросшей обезвоженной территории, временно предназначенной для проведения учебных занятий, то есть для начального функционирования университета.

         Изо дня в день с  раннего утра  и до позднего вечера, без выходных, трудились, не покладая рук, отвергая отдых, забывая о еде, вместе с наёмными и рабочими эти благородные люди, чтобы только успеть подготовить учебные помещения, студенческое общежитие к началу нового учебного года.

            Кроме всего этого, на их плечи легла сложнейшая задача – формирование административно – хозяйственной части, сотрудниками корой должны быть местные жители. Это коменданты,  охранники, дворники, садовник, агроном, санитарки, повара, буфетчики и другой подсобно- рабочий персонал. Помимо организационнот- строительных дел, предстояло организовать столовую.

           Под умелым руководством и личным оперативно – трудовым участием проректора по АХЧ  Ахадова Шамсулло. Камолова Амирали. Камолова Дилшод. и эту задачу решили, преодолели, казалось бы, непреодолимое, за очень короткий срок. К началу учебного года столовая стала работать.

              Одной из главнейший составляющих университета, общеизвестно, является  библиотека. Её  надо было создать!  И в этом нелёгком благородном деле, как и в ряде других значительных дел, помог ТГМУ им. Абуали ибни Сино, в частности, ректор Гулзода Махмадшох и директор библиотеки Хайруллоева Саломат, которая вместе со своими коллегами приложила много сил, старания и труда в формировании, оснащении рождаемой библиотеки научной, учебной, художественной, периодической литературой. Несколько рейсов в течение года, невзирая на непогоду, было совершено в Дангару по доставке книг для студентов ХГМУ.

              Следует отметить, что немалую работу по организации и оформлению библиотеки проделала Саидова Мохшариф - заведующая библиотекой в ХГМУ. Красивые содержательные баннеры, лозунги, цветы сегодня украшают читальный зал и подсобные помещения книгохранилища. В настоявшее время библиотека полноценно функционирует, её фонд продолжает численно расти.

              Что же касается преподавательского состава, то желающих работать в медицинском вузе много. Однако не каждый может выдержать конкурсный отбор. 

         На работу в этот вуз берут самых лучших, достойных, отличившихся в научных познаниях, профессиональном мастерстве,  имеющих учёную степень, заслуги перед Родиной, гуманистов, то ест, с высокими   человеческими качествами.

         Таким образом,  Хатлонский храм  медицинской  науки распахнул свои двери первого  сентября 2016 года. Счастливые, одухотворённые,  с жаждой к учебе юноши и девушки своим появлением оживили ждавшие их чистые, уютные аудитории. Их белая, божественного цвета  врачебная форма делала студентов краше, пригляднее. Они ступили на долгий тернистый, но счастливый путь осуществления своей заветной мечты – стать врачами.

        Однако надо сказать, очень трудно пришлось нашим экзаменаторам, учёным осуществить отбор абитуриентов, претендующих на получение места в ХТМУ. Желающих было очень много, да и давления со стороны именитых родителей были недопустимо большие. Много разного рода преград встречалось на пути экзаменаторов. Но честность, объективизм, сила воли, корректность, метод убеждения и доказательности отвергли выход за рамки недозволенного.

           Конкурсная экзаменация прошла психологически трудно, но справедливо. Победили самые достойные абитуриенты, показавшие наиболее высокие знания и удостоившиеся права учиться в новом храме медицинской науки.       

          В настоящее время медицинский университет Хатлона представлен 3 факультетами; стоматологическим, медицинским и педиатрическим, на которых обучается самая достойная молодёжь,  выбравшая царскую профессию  на земле  - дарить здоровье  людям, продлевая человеческую жизнь, возвращая людей в рабочий строй, делая их счастливыми.

          Сегодня  в стенах вуза учатся 350 человек, из них 150 на бюджетной основе и 200 на договорной основе. Это ребята, приехавшие  в ХГМУ из разных уголков Республики Таджикистан: Худжанда, Пенджикента, Душанбе,  Истаравшана, Кургантюбе, Джайхуна, Куляба, Дангары, Явана, Шахртуза, Канибадама, Рашта, Нурека, Балхи, Дустї, Хорога, Н.Хусрава, Гончи, Ашта, Фархара, Пянджа и других мест. Среди них таджики, узбеки, казахи, киргизы, русские, туркмены, представители и других национальностей.  Но их объединяет одна сердечная цель стать высококлассными врачами и понести в народ здоровье – радость и счастье жизни.  В их атмосфере царит в взаимоуважение, интернационализм, коллективизм, страстное желание учиться, взаимовыручка, сострадание к больным, человеколюбие.

       В дни торжеств и празднеств  наши студенты радуют профессорско – преподавательский состав медицинского университета интересными, развлекательными программами, чудесными концертами, обнажающими их артистизм, природный талант, горячую любовь к народному исскуству – песни, пляски, инсценировки, стихи написанные самими, викторины. Смотришь на сцену и диву даешься, мысленно заключая: славная у нас молодёжь, прекрасные из них получатся  врачи, сердечные, достойные потомки Абуали ибни Сино (Авиценны), ар – Рози – основоположников таджикской  медицины.

           Миру  известно. что таджикский народ с далёких времён славен врачебной даровитостью,  великими лекарями, о чём красноречиво рассказывают страницы истории, созвучные с нашей современностью.

        Пройдут годы,  количественно и качественно вырастить ХГМУ, гордясь своими выпускниками. А пока ему от роду пошёл только второй год.

        Мы гордимся нашим славным  Руководством университета во главе с ректором Убайдулло Курбоном – гордостью таджикской нации, великим  врачом -  хирургом, славным сыном великого народа, самозабвенно отдающим себя воспитанию врачебных кадров. Для него нет выходных, он прилагает огромные  усилия   и особое старание по обеспечению студентов книгами, необходимыми учебными материалами для полноценной учёбы.

             В настоящие время  ППС ХГМУ представлен докторами наук, профессорами, доцентами и  молодыми специалистами, заочно обучающимися в аспирантуре по соответствующим  специальностям.

             Следует особо упомянуть о том замечательном факте, что с первых дней своего рождения ХГМУ вносит свою лепту в восстановление здоровья населения Хатлона.  Сотрудники университета наряду с обучением студентов оказывают медицинскую помощь нуждающимся, причём бесплатно.

           Несколько  учёных врачей параллельно работают в новой клинической больнице, недавно построенной в Дангаре,  принося много здоровья народу, который словно давно ждал их появления на этой святой дангаринской земле,   взлелеявшей немало известных мировому сообществу великих талантов. Люди тянутся к нашим врачам, доверяя себя, детей, проникаясь уверенностью в их врачебную силу,  знания  и мастерство - золотым сердцам гуманистов, даря тепло своих добрых крестьянских сердец.  Народ  с большой любовью и уважением произносить имена своих исцелителей, людей в белых халатах,  дарующих здоровье.

         Мы перечислим их поименно на станицах прессы и преклоним перед ними колени. Это ректор ХГМУ – Убайдулло  Курбон, выполнивший в течение года более 350 операций только в небольшой Дангаре, уже не говоря в целом по стране, где из счисление пойдёт десятками  тысяч. Его в народе называют по-разному:  «хирург с золотыми руками», «божественный доктор», «врач от бога», «человек – глоба» и.т.п., прославляя в молитвах словами : «Да святится имя твое, дорогой Исцелитель!».

          С большой благодарностью, глубоким уважением и любовью произносят люди имя детского врача, доцента ХГМУ Наимы Кузибоевой, которая вылечила от разных недугов, поставила на ноги сотни детишек.  Весть о хороших врачах  разносится быстро. Обаятельная, высокой культуры и больших познаний, Наима Конбобоевна пользуется большим авторитетом среди матерей, отцов вылеченных ею детей. Спешат к ней люди днём и вечером на руках с детьми за врачебной помощью.

         Похвально трудятся в больницах Дангары  врачи:  кандидат меднауки Сайфиддинова Фируза (акушер гинеколог), ассистенты кафедры анатомии Дадабоев Чахонгир (хирург), Камолов Амирали (хирург), кандидат меднаук Бустонов Махсум, (оториноларинголог)  и другие, совмещая  научно  - педагогическую деятельность с врачебным делом.

          Перечисленным  врачам адресовано немало благодарных тёплых слов и отзывов за их благородное сердце. Они стали своими, родными, в Дангаре.

        В настоящее время в ХГМУ работает   сплочённый  коллектив  учёных, врачей, педагогов, выдержавших конкурсную аттестационную коммисию,  способных дать студентам глубокие,  основательные знания по всем изучаемым научным дисциплинам, входящим в рамки медицинского университета.   Подтверждением сказанному являются впечатляющие результаты сдачи зачётов,  экзаменов  нашими первокурсниками,  как в зимнюю, так и  в летнюю сессию, ставших сегодня  второкурсниками.

         Учиться в ХГМУ -  большая честь. 

         Наш дорогой, всеми любимый Президент страны Эмомали Рахмон всё делает для оздоровления народа Таджикистана. И мы, учёные, заверяем нашего Лидера нации, что подготовим высококлассных врачей для роднорго Отечества, да и в целом  человечества.

Заслуженный работник РТ,
доцент кафедры языков ХГМУ
Должикова В.А.

              Санаи 28 – уми июни соли равон ҷаласаи ниҳоии Шӯрои олимони ДДТХ дар соли таҳсили 2016 – 2017 баргузор гардид, ки дар он  23 нафар аъзои Шӯро ба пуррагӣ иштирок доштанд. Дар ҷаласа масълаҳои ҳисоботи шуъбаи кадрҳо, ҳисоботи муҳосибот оид ба  истифодаи сметаи  даромад ва  хараҷотии  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар 6-моҳи  соли 2017  ва маълумоти шуъбаи таҳлил, назорат вар обита бо ҷомеа доир ба вазъи коргузорӣ ва натиҷаи иҷроиши дастуру супоришҳои ректор,  қарорҳои раёсат ва Шӯрои олимон  дар соли таҳсили 2016 – 2017 баррасӣ гардид.

         Сараввал ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбон чун анъана 3 нафар кормандони донишгоҳро аз номи Шӯрои олимони ДДТХ барои ҷашни мавлудашон (д.и.ф., дотсент Тағоймуродов – мудири кафедраи забонҳо, н.и.т., дотсент Саидов И – декани факултетҳо ва Корманди шоистаи  ҶТ – Должикова В.) табрику таҳният намуд.

        Сипас, маърузаи роҳбарони сохторҳо аз рӯи рӯзномаи ҷаласа шунида шуда ва муҳокима гардиданд.

       Бояд қайд намуд, ки вазифаҳои аввалиндараҷае, ки дар назди  раёсат ва Шӯрои олимони ДДТХ  дар давоми соли таҳисли 2016 - 2017 гузошта шуда буд ин  пеш аз ҳама, ҷалб ва таъмини омӯзгорон, ташкилу таъмини босифати раванди таълим ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ – маърифатӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ ин ҳайат  рисолати хешро муваффақонаву  сарбаландона ба иҷро расонид. 

       Ҳамзамон аз ҷониби ректори донишгоҳ таъкид гардид, ки то оғоз гаштани соли таҳсили нави таҳсил,  раёсати донишгоҳро зарур аст, то  як қатор   корҳои  омодагиро дар давраи  таътил   ба сомон расонанд.  Инчунин қайд гардид, ки дар доираи фаъолияти Клуби сайёҳии донишгоҳ барои донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорон дар мавзеъҳои истироҳатӣ ва таърихию фарҳангии ноҳияи Балҷувон мактаби тобистонаро ташкил намоянд.

      Дар ҷамъбасти ҷаласа ба аъзои   Раёсат ва ҳайати  Шӯрои олимони ДДТХ  аз ҷониби ректори донишгоҳ  барои  фаъолияти  босамарашон, изҳори миннатдорӣ карда шуд.   

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

     То оғози сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2016-2017 донишҷӯёни ҳамаи  факултетҳо ба гирифтани санҷишҳои ҷорӣ ва санҷишҳои дифференсиалӣ аз фанҳои забони лотинӣ, анатомияи одам ва информатика муваффақ гаштанд. Донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ аз фанҳои биология, таърихи халқи тоҷик, физика, забони тоҷикӣ, химияи биоорганикӣ, донишҷӯёни факултети стоматологӣ  бошанд, бар  илова аз фанни  анатомияи одам низ имтиҳон супориданд. Иштироки донишҷӯён дар рафти сессия 100%-ро ташкил дод. Ҳолатҳои қоидавайронкунӣ ва халалдорсозии рафти имтиҳон аз тарафи донишҷӯён қариб муқаррар карда нашуд.

       Даври аввали сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили сипаришуда бо дастовардҳои зерин натиҷагирӣ карда шуд. Нишондоди баландтари сифати таълим дар факултети тиббӣ, дараҷаи хубтари дарсазхудкунии мутлақ дар факултети педитарӣ, нисбат ба дигар факултетҳо ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмуъ 18 нафар донишҷӯёни ҳамаи факултетҳои донишгоҳ имтиҳонҳоро  бо баҳои аъло ва 93 нафар бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намуданд. Холҳои гирифтаи донишҷӯёни факултети тиббӣ аз 100-94 то 30-23, факултети педиатрӣ аз 100-96 то 28-22 ва факултети стоматологӣ аз 99-90 то 24-22 холро аз 100 холи имконпазир ташкил доданд. Дар гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони русӣ нисбат ба гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони тоҷикӣ   натиҷаҳои хубтари сифати таълим ва дарсазхудкунии мутлақ муайян карда шуд. 

     Бо анҷоми бомуваффақонаи сессияи тобистона  як гурӯҳ донишҷӯён барои дар “мактаби тобистона”, ки бо ибтикори раёсати донишгоҳ аз 17.07. то 27.07. соли 2017 дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон баргузор мегардад,  хоҳиши иштирок намудан изҳор карданд.

Деканати факултетҳо

Душанбе, 14 Август 2017 00:00

Фиристода бояд, ки доно бувад…

Дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён доштани фаъолияти илмиву амалӣ аз ҷониби кормандони Донишгоҳи давлатии  тиббии Хатлон далели возеҳи он  аст, ки ректор Убайдулло Қурбон  омили дар сарлавҳа зикршударо доро аст

Дар зиндагӣ кам нафаронеро дучор шудан мумкин аст, ки тамоми хислатҳои накӯи инсонӣ дар вуҷудашон тавъам афтода ва эшон дар рафтору гуфтор ва кирдор ин хислатҳоро бо риояи назокати хос мавриди корбурд қарор диҳанд.  Хушбахтона, дар ҷомеаи мо ҳастанд нафароне, ки хизмат ба миллату садоқат ба Пешвои миллат маънии зиндагӣ, қонун, поквиҷдонӣ ва  масъулиятшиносӣ меҳвари фаъолияташон маҳсуб шуда,  сарфи назар аз он ки дар кадом маснад ифои вазифа доранд, ба қавлу амали худ устувор ва дар ин собитқадаманд.  Доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон аз зумраи чунин нафарон буда, баҳогузории ман доир ба ин шахсият  «самара»-и омилҳои «таҳрикбахш»-у «ҳавасмандкунанда» набуда, маҳсули мушоҳидаҳои чандинсола ва  муқоиса  маҳсуб шуда, аз чашмаи меҳру ихлос ва садоқату самимият об хӯрдааст. Давоми чанд соле ки номбурдаро мешиносаму ба қавли Рӯдакии бузургвор «омӯхтамаш ошкору пинҳонӣ» набуд мавриде, ки ин баҳогузорӣ зери суол рафта бошад.  Банда солиёни зиёд аст ин нафарро мешиносам ва аз ҳамнишинӣ бо онҳо ифтихор дорам, вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ сабаби асосии ин навбат рӯйи саҳфа омадани ин чанд сатр доир ба фаъолияташ дар мақому кунунӣ – ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  нест. Омили асосии таҳрикбахшандаи иншои маводи мазкур  сатҳи баланди касбияти номбурда, муаррифии шоиста ба сифати вориси Синои бузургвор аз илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, муҳимияти корҳои тадқиқотии басомонрасида, ҳисси баланди меҳандӯстӣ ва масъулиятшиносиву поквиҷдониаш  маҳсуб меёбад. Фаъолияти пурмаҳсули Убайдулло Қурбон минҳайси ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии навтаъсис – Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон собит намуд, ки ӯ воқеан «фиристодаи доно»-и  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар як муддати кӯтоҳ бо масъулиятшиносӣ, серталабӣ, кордонӣ ва поквиҷдониаш дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари вақт, дар  сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намуда истодааст. Аслан Убайдулло Қурбон дар ҳар ҷое фаъолият кардааст, аз худ номи нек ва ободокориҳои зиёд боқӣ мондааст. Оғоз бахшидани марҳилаи сифатан нави фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, эҳёи боварии довталабон ба шаффофияти маъракаи қабул, ба дараҷаи қобили мулоҳиза пурқувват намудани пойгоҳи техники ин муассисиаи таҳсилоти олии касбӣ, афзоиши бесобиқаи ҷойҳои нишаст ва масоҳати таълимии донишгоҳ, бо дастгирии Пешвои миллат бозпас гирифтани хобгоҳҳое, ки дар ихтиёри дигар ташкилоту муассисаҳо қарор доштанд, аз ҷамъи дастовардҳои замони роҳбарии Убайдулло Қурбон «муште аз хирвор» аст.  Агар гӯям, ки номи профессор Убайдулло Қурбонов ба таври абадӣ дар саҳфаҳои таърихи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, муболиға нахоҳад буд. Зеро, маҳз замони роҳбарии ӯ марҳилаи сифатан нави тараққиёти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шуруъ гаштаву дар ин замина дар тамоми самтҳо пешравиҳои назаррас рӯйи кор омаданд. Вале, дастоварди асосии профессор Убайдулло Қурбонов ба андешаи ман, эҳё намудани боварии шаҳрвандон ба шаффофияти маъракаи қабули довталабон ба донишгоҳ маҳсуб меёбад. Банда шояд ягона журналисте будам, ки борҳо бобати мавҷудияти комили шаффофияти маъракаи қабул дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино навиштаам ва аз ин нуқтаи назар мухотаби эроди баъзе «дӯстон» низ будам. Зеро, дар ибтидо на ҳама ба воқеияти ин раванд эътимод доштанд. Ифтихор аз он дорам, ки дар як муддати кӯтоҳ эътимоди шаҳрвандон  бобати бо дониши худ дохил шудан ба донишгоҳе, ки роҳбариашро Убайдулло Қурбонов ба зимма дошт, бамаротиб афзуду аҳли ҷомеа ба поквиҷдониву масъулиятшиносии мавсуф муътақид гардиданд.   

 Фаъолияти  илмиву амалии ин табиби масеҳонафас дар мисоли шифои комил ёфтани шумораи зиёди беморон баръалост ва мақоли халқии «чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест» - ро ба ёд меорад. Мисолҳои зиёде мавҷуданд, ки ба шарофати номбурда , теъдоди зиёди инсонҳо, ки бо сабабҳои гуногун қисме аз баданашон осеб дидаасту дар зиндагӣ ба ноҷӯриҳои зиёд мувоҷеҳ буданд, ба зиндагӣ дилгарм шуданд.Ҳамрадиф бо ин, мақолаҳои илмии Убайдулло Қурбон, ки фарогири  масоили гуногуни бахши ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ мебошад, на танҳо дар маҷаллаҳои илмии дохили кишвар, балки дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷи мамлакат низ ба нашр расидаанд. Бегуфтугӯ, тадқиқотҳои илмии Убайдулло Қурбон  аҳамияти байналмилалӣ дорад. Қисмати аъзами силсилаи корҳои илмиро раванди ҷарроҳии реконструктивии осебҳои дар ҳолатҳои гуногун бавуҷудомада, бандаки рагу асаб ва контрактураи ангуштон ва мафсали дасту пойҳо пас аз сӯхтан  ва ғайраро дар бар гирифтааст.

Нуктаи муҳим он аст, ки баъзе ҷарроҳиҳои ин бахш дар тибби ҷаҳонӣ назир надошта, маротибаи аввал аз ҷониби Убайдулло Қурбонов ва ҳамсафони ӯ  дар сатҳу сифати баланд иҷро шудаанд.

Дар  силсилаи корҳои илмии Убайдуло Қурбон намудҳои гуногуни нуқсонҳои бофтаҳои рӯпушкунандаи мавзеъҳои муйдори сар, ҳолатҳои нуқсони модарзодӣ ва осеб дидани суфраи гӯш, осеби чашмон, бофтаҳои рӯпушкунандаи пошнаи пой, кӯчонидани флапи кафи пой, гузоштани анастамозҳои тестикулоимакалии варидӣ, бартарафсозии нуқсони бинӣ, табобати астмаи бронхиалӣ ва ғайра  омӯзишу гурӯҳбандӣ шуда,ҳамзамон усулҳои нави ба воситаи ҷарроҳӣ рафъ намудани онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ин бори дигар собит менамояд, ки илми Убайдулло Қурбон  ба амалаш ёр шуда, барои таҳияи усулҳои нави ҷарроҳӣ ва такмили усулҳои мавҷуда ба даст овардани  ихтироотҳо  ва  пешниҳоди навоварии зиёд далели бебаҳси дурустии хулосаи мо доир ба масълаи мавриди назар аст.  Барои он ки хонандагони закӣ андешаҳои бандаро чун умумигӯӣ қабул накунанд бамаврид медонам мисол орам. Панҷуми январи соли 2010 дар шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина бо роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон бори аввал усули пайванди ғайриозоди флапи параскапулярис ба мавзеи осебдидаи бофтаҳои сатҳи пеши гардан бомуваффақият амалӣ гардид. Пайванди ғайриозод ин кӯчонидани ин ё он қисмати бадани инсон (флап) бидуни буридани рагу пайвандҳо мебошад, зеро дар заминаи ин усул рагу пайванд бидуни буридан ба мавзеи осебдида гузаронида мешавад. Табиист, ки дар ин ҳолат самаранокии ҷарроҳӣ бамаротиб  беҳтару хубтар аст.

Ҷарроҳии зикршуда маротибаи аввал дар бемори 21- сола, ки дар натиҷаи сӯхтани бадан қисмати пеши гардан ва қафаси синааш осеби ҷиддӣ дидааст, гузаронида шуд. Истеъдоди нодир ва меҳнати пурмаҳсули табибон замина фароҳам овард, ки барои пайванди ғайриозод аз шонаи бемор флапи параскапулярис гирифта, рагу пайвандҳои он бидуни буридан тавассути таги каш ба мавзеи осебдида гузаронида шавад. Чунин усул натиҷаи хуб ба бор оварда, дар муддати кӯтоҳ мавзеи осебдида барқарор гашт. Аз он ки дар таҷрибаи ҷаҳонии микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ ин усул маротибаи аввал аст, метавон онро ба сифати дастоварди беназири табибони тоҷик ва ба маротиб болоравии обруи тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки зимни ҷарроҳии пайванди озод дар бисёр маврид самараи он қаноатбахш набуд ва он аслан аз натиҷаи буридану кӯчонидан ва тавассути анастомоз пайваст намудани рагу пайвандҳо вобастагии мустақим дошт. Дар усули ҷадиди ҷарроҳии пайванди ғайриозод, ки аз ҷониби Убайдулло Қурбон ва ҳамсафонаш таҳия гаштааст, зарурат ба буридану пайвастани рагу пайвандҳо нест ва маҳз аз ин ҷиҳат хавфи ҷарроҳӣ аз байн рафта, сатҳу сифаташ низ бамаротиб беҳтар аст. То ин замон чунин усули ҷарроҳӣ дар нафарони зиёд  анҷом дода шуда, ҳамаашон аз натиҷаи ҷарроҳӣ қаноатманданд.

 Лозим ба ёдоварист, ки соли 2010 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ аутотрансплантатсияи мӯйи сар тариқи трансплантатсияи фолликулярии пайвастагиҳо низ аз ҷониби Убайдулло Қурбон ва шогирдонаш сурат гирифта буд. Агар ин амалиётро низ таври сода бозгӯйӣ намоем, он тариқи ҷарроҳӣ якҷоя бо решааш аз як мавзеъ гирифтану ба қисмати бемӯй кӯчат намудани мӯйи сари инсон аст.

           Шахсони зиёдеро медонам, ки баъд аз соҳибмансаб гардиданашон кори илмиро канор гузоштаанд, вале Убайдулло Қурбонов бо вуҷуди ба зиммааш вогузор будани масъулияти бузург, ҳаргиз ба пешаи табибӣ ва кори илмӣ муносибати дуюмдараҷа накардааст. Ҳамасола аз ҷониби номбурда бомуваффақият анҷом ёфтани  беш аз 500 ҷарроҳиҳои  гуногун ва душвор, ки қисме аз онҳо дар таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ назир надоранд, ба чоп расонидани  6 китобу 6 монография, зиёда аз 350 мақолаҳои илмӣ, зери роҳбариаш ҳимоя гардидани 12 рисолаи номзадӣ, соҳиби 15 патент, зиёда аз 70 пешниҳоди навоварӣ барои ихтироот будан ва ғайра бозгӯйи фаъолияти пурмаҳсули ӯст.  Дар матлаби мазкур меҳвар фаъолияти табобатии Убайдуло Қурбон ва ҳамкорони ӯ  дар  ноҳияи Данғара маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии  таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»  таъсис ёфт. Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, хеле муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир маҳсуб мешавад. Дар Паём, аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мардуми Тоҷикистон бо табибони баландихтисос дар вилояти Хатлон, ки сераҳолитарин минтақаи мамлакат аст, муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ таъсис дода шавад. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус дар вилояти Хатлон, ки аҳолиаш ба зиёда аз 3,5 миллион нафар расидааст, яке аз мушкилоти асоситарини ин соҳаи кишвар ба шумор меравад.

 Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро зиёда аз 1200 нафар мутахассис хатм мекунад. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад.

 Гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5 фоиз афзоиш меёбад. Аз ин сабаб, ҳоло ба ҳар 10 ҳазор нафари аҳолии Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки хеле кам аст. Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро таъсис диҳад. 

Дар баробари ба роҳ монда шудани фаъолияти таълимиву тарбиявӣ ва илмии ин донишгоҳи навтаъсис,  Пешвои миллат супориш дода буданд, ки роҳбарият ва кормандони донишогоҳ дар ҳамкорӣ бо пизишкони маҳаллӣ фаъолияти табобатиро низ дар сатҳи хубу сифати баланд ва таври густурда ба роҳ монанд. Тибқи иттилои дастрасшуда аҳли Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ин ҷода собитқадам буда, нишондиҳандаҳо дар ҳама ҷанбаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш мебошанд. Далел меорам:  Дар давоми аз моҳи марти соли 2016 то индам  таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Убайдулло Қурбон  кормандони донишгоҳ А. Камолов ва Ҷ. Дадоҷонов дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара  дар зиёда аз 300 мариз амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд.

Лозим ба қайд аст, ки ин нафарон тавонистанд аз рӯи 34 намуд (спектор) дар маризон амалиётҳои ҷарроҳиро гузаронанд.  Бисёре аз ин намуди амалиётҳои ҷарроҳӣ дар шароити беморхонаи ноҳиявӣ ва дар таърихи он аввалин маротиба роҳандозӣ шудааст.  

           Ҷоиз ба зикр аст, ки шумораи  зиёди беморонро сокинони ноҳияи Данғара (218-нафар) ташкил медиҳанд.  Аз дигар навоҳии вилояти  Хатлон 74 –  нафар,  шаҳри  Душанбе ва НТМ –24  ва аз вилояти Суғд 6 - бемор  ҷарроҳӣ шуданд.

          Агар ҷарроҳии амалишударо гурӯҳбандӣ намоем, пас дар 71 маврид бемороне, ки дар натиҷаи садама ё осеби миёнадевори бинӣ ё устухонҳои бинӣ шикаста каҷ шудаанд ва мушкилии нафаскашӣ доранд ҷарроҳӣ  бо нишондодӣ эстетикӣ ва омехта, яъне тиббӣ ва эстетикӣ гузаронида шуд. Аз ин шумора дар 2 ҳолат, ки ҳам деформатсияи бинӣ ва скару ассиметрияи лаби боло (лабчокии модарзодӣ) ҷой дошт, 2-амалиёти ҷарроҳӣ-хейлопластика ва ринопластика дар як вақт гузаронида шуд.

Дар 6 бемор, ки аз барҷастагии суфраи гӯшҳо шикоят намуданд, амалиёти ҷарроҳии оттопластикаи дутарафа  ва дар 16 нафар, ки контрактураҳои пас аз сухтаи мафсалҳои андомҳои калон ва панҷаи дасту пой доштанд, амалиётҳои ҷарроҳӣ ҷиҳати  бартараф  намудани контрактураҳо бо усулҳои гуногун гузаронида шуд.

Ба ғайр аз ин, халтазании пилкҳои болоӣ ва поёнӣ дар шаш бемор,    бурида гирифтани кистаҳои тухмдон, бастани найчаи бачадон ва пластикаи девори пеши шикам бо технологияи абдоминопластика дар 4 бемор,  ҷарроҳии ҳерниотомия ва тармими деворҳои қадкашак дар 9 бемор бомуваффақият гузаронида шуд.

Ҳамрадиф бо ин, дар 29 ҳолат  амалиётҳои ҷарроҳӣ,  ба монанди флебэктомия, амалиётҳои ҳерниопластика, фаровардани тухми мардона ба тухмдон, бурида гирифтани кистаҳои мавзеҳои гуногун, коррексияи скарҳои мавзеи рӯй, резексияи мушаки стерноклейдомастоидеус, бурида гирифтани қабурғаҳои иловагӣ, кистаи гардан, халазиони пилки поёнии чашм, дакриосисториностомия гузаронида шуд.  Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки кулли амалиёти зикршуда бо истифода аз технологияи претсизионӣ иҷро карда шуд.

Дар баробари фаъолияти гуруҳи ҷарроҳон дар ин давра бо мақсади  гузоштани заминаҳои мусоид барои кафедраҳои клиникӣ дар ояндаи наздик    корманди дигари  донишгоҳ  -  сардори шуъбаи таълим, номзади илмҳои тиб, дотсент, табиб - педиатр Н. Кузибоева дар шуъбаи ташхису табобатии Беморхонаи ҷумхуриявии ноҳияи Данғара низ шоистаи зикр аст. Дар давоми фаъолияти як солаи худ дар беморхона  2430 кӯдакони беморро  муоина, ташхис ва табобат намудааст.  Аз ҷониби  корманди дигари донишгоҳ номзади илми тиб, ассистенти кафедраи антомия ва гистология Сайфуддинова Ф. дар бахши бемориҳои занона ҳам назар буда дар ин давра аз ҷониби ин табиби ҷавон беш аз 300 нафар занон ташхису муолиҷа шудаанд.

 

Ин буд шаммае аз фаъолияти густурдаи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати ҳифзи саломатии сокинони минтақа. Роҳбарияти донишгоҳ ба маъмурияти Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии Данғара ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб ба гурӯҳи табибони микроҷарроҳ, ки ба аҳолии ноҳияи Данғара ва дигар шаҳру навоҳии вилоят хизмати тиббии   ройгон мерасонанд, арзи сипос намуда, тасмим доранд чунин ҳамкориро бо дигар беморхонаҳои вилояти Хатлон  низ ба роҳ монанд.

Далер МЕРГАНОВ,
узви Конфедератсияи
байналмилалии иттифоқҳои журналистон

    10-11 июня 2017 года по инициативе Руководство Хатлонского госудаственного медицинского университета, в частности,  Ректора Убайдулло Курбона, в целях организации  досуга  профессорско- преподавательского   состава  был  организован  культпоход в  Балджуванский  район  (Дашти Майдон и Гирбас). Цель данного мероприятия: побывать в гостях у экзотической  природы, немного отдохнуть от научно-педагогического  труда,  лучше познать красоты  родной  таджикской земли.

      Живописные   долины,   обрамлённые  по- солдатски выстроившимися в  длинный ряд горами и холмами, поросшими душистым пёстрым разнотравьем,  встретили нас освежающей прохладой,  объятием горных ветров, снявших с нас усталость и солнцепёк, освободив нас от духоты, зноя, пыли. На ладонях небольших горных площадей, покрытых высокими целебными травами вперемежку с полевыми   цветами,   паслись стада   коров,  овец,   коз, дополняющие  пейзаж  сельской обители.

     Когда мы   добрались  до  места   стоянки,  день   уже  клонился   к   закату.     Раскинули палатки,   набрали    сушняка   (сухих веток)   для  костра  и  приготовления   горячей   пищи,  после этого сели по-настоящему  отдохнуть.  Буквально  часа  через   2-3  после  прибытия все  почувствовали  облегчение,  усталость   словно  рукой  сняло   от  чистоты  воздуха, аромата скошенной  и луговой живой  травы.  С наступлением  темноты   разожгли  костёр,  согрелись   от   вечерней    прохлады,     надели  тёплую  одежду.   Ночной   небосвод   дарил  нам свет    полнолуния    и   далёких  звёзд.

      Ужин,   вкусно приготовленный  мужскими    руками  на  костре,  придал   нам   силы,   вдохновения,  отрадного  настроения.  После   вечерней   трапезы  все сидели  у  костра,  любуясь  ночным горным пейзажем,   в   объятиях  спящей  тишины,  рассказывали  легенды,  интересные   истории  о  жизни  гор,  звёзд,   Вселенной,  читали  наизусть  красивые,  трогательные     содержанием   стихи.    Природа  внемлела   нам,  отзываясь    шелестом   листвы,    короткой   трелью  неуснувшей   ночной  птицы (соловья, камышовки, зорянки,  сыча).

    Полнолуние   сторожило   царство   гор,   а горы   своими   горбатыми   очертаниями   напоминали  солдат-великанов,   охранявших  наш  покой.  Рассвет   наступил   быстро,   и  ночь   сменилась   зарёй   алой.  

     Благоухание  утренней  свежести  подействовало   на  нас  целительно,  ободряюще.   Настроение   у  всего   профессорско-преподавательского   состава   было чудесное.    Собрав  палатки,  приведя  себя   в   эстетический   порядок,   мы  дружно  позавтракали   и  стали  собираться   в  обратный   путь.   По дороге  домой   нас   альпийские   луга   словно    не   хотели   отпускать,  маня полевыми   цветами,     лекарственными   травами,   экзотической   флорой,  родниковой   чистой   водой…

       Земля  моя,   Таджикистан,   до  чего  же  ты   прекрасна,   таинственна   и   дорога   сердцам   всех  тех,  кто неравнодушен  к  твоей   первозданной   красоте,   бесценным   просторам,   оздоравливающим        людей.

       Мы    нарвали    лекарственных  растений  (пижмы, зверобоя, жёлтого дрока…) и змеевидная серпантинообразная  дорога   повела наш  автобус домой,   в Дангару.

       Это   экскурсия   в  мир  природы   навсегда  останется   в   памяти   небольшого  коллектива  профессоров,  врачей,  преподавателей    Хатлонского  государственного   медицинского  университета.  Она   пробудила  жгучую   любовь     к   природе,  сняла  умственную  и  физическую  усталость,   прибавила   сил,   здоровья   и   знаний     о  родном  крае,  именуемом    Отечеством.    

Заслуженный работник Республики Таджикистан,
старший преподаватель кафедры Языков
Должикова В.А.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид