Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

      Рӯзи 5-уми декабри соли 2017 дар   Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    ҷаласаи навбатии муовинати таълим баргузор гардид. Дар он раёсати донишгоҳ, шуъбаи таълим, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва кормандони ёрирасони донишгоҳ ширкат намуданд. Ҷаласаро муовини ректори ДДТХ оид ба таълим дотсент Ғафуров Б.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки дар рӯзномаи маҷлиси имрӯза як қатор масъалаҳои мубрами таълиму тарбия, риояи интизоми меҳнат, сифати таълими фанҳои  гуногун, бо адабиёти таълимї таъмин будани донишҷӯён  гузошта шудаанд.

      Дар ҷаласа иҷроиши нақшаи таълим, тайёрии кафедраҳо ба сессияи зимистона (гузориши сардори шуъбаи таълим, н.и.х. Усмонова У.Х.), таҳлили иштироки омӯзгорони кафедраҳо ба дарсҳои ҳамдигар ва сифати таълим (гузориши сармутахассис оид ба сифати таълим Одинаев С.П.),фаъолияти кори китобхона дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2017-2018 (гузориши мудири китобхонаи донишгоҳ Саидова М.Р.), иштироки донишҷӯён дар дарсҳо (гузориши декани факултетҳо н.и.т. Саидов И.З.), иҷроиши дастури вазифавї ва интизоми меҳнат дар донишгоҳ (гузориши сардори шуъбаи кадрҳо Холов Ш.) баррасї карда шуданд. Аз рӯи масъалаҳои дахлдор мудирони кафедраҳо баромад намуда, оид ба вазъи иҷроиши масъалаҳои баррасишаванда ахбор доданд

Шуъбаи таълим

   Рӯзи 7-уми декабри соли 2017 дар асоси нақшаи шуъбаи таълим дарси кушоди омӯзгори кафедари забонҳо Солиҳов Б.К. аз фанни  забони русӣ дар курси дуюми факултети педиатрӣ   баргузор гардид. Дар он сардори шуъбаи таълим н.и.х. Усмонова У.Х., мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ н.и.ҷ.  Гулов А.А., омӯзгорони кафедраи забонҳо Отахонов Р.Х., Қурбонов Х.Ш., омӯзгорони кафедраи биологияи тиббӣ ва химия Султонмамади Г., Иброҳимов Р., Шарипова Ҳ., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. ширкат намуданд. Мавзӯи дарс «Ҷумлаи мураккаби тобеъ дар забони русӣ» буд Дар рафти дарс порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти А.С.Пушкин, Ю.Лермонтов  ва ғайра қироат карда шуданд. Барои таҳкими дарс порчаи матн аз романи Ю.Герман «Дело которому ты служишь» баррасӣ карда шуд, ки аз ҳаёт ва корнамоиҳои табибон ҳикоят мекунад.  

       Дар ҷамъбасти дарс сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П. баромад карда, бори дигар зарурияти омӯзиши забони русиро таъкид намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми забони модарӣ ва зарурияти омӯзиши забонҳои русию англисиро, махсусан, барои ҷавонон пайваста таъкид менамояд. Ах ин рӯ,   омӯзиши ин забонҳоро боз ҳам амиқтаро фаро гирифтани донишҷӯён зарурият ва тақозои замон аст.

Шуъбаи таълим

Кафедраи забонҳо

Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину кишту кор аст.
Ма
ҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Аз
ҳастии оби файзбор аст.

         Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо ҷувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд.. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.

      Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

        Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тољикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна ҳисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад.

      Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт  ва чун неьмати бебаҳо тасвир гардидааст ки, Қуръон намунаи олии он аст. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

      Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин мӯъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, шоир ба ин маъни таъкид намудааст:

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок,

 

         Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани ону сарфакорона истифода бурдани , ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони комил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

         Мантиқан хеле дуруст аст, ки сарварони кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мавзӯи об таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд, зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, яъне масъалаҳое, ки асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, маҳз ба ҳамин захираи стратегӣ, ки манбаи ҳаёт дар рӯйи замин аст, иртибот доранд.

     Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад.

         Ба ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чорчӯбаи воқеияти имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодӣ истифода гардад Аз ин рӯ, ҷиду ҷаҳди асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона карда шудааст ки, кушишҳои давлатҳои ҷаҳон оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби тоза дар минтақаҳои гуногуни олам муттаҳид карда шуда минбаъд ба як маҷро ва самти зарури равона гарданд.

         Об ҳаст ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки  кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагӣ ӯ қарор дорад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона бархе аз инсонҳои беандеша  дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд, дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба касодиҳо оварда мерасонад.

         Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замонҳои қадим ин ҷониб тақдири худро бо об пайваст медонанд, зеро он сарчашмаи ҳаёти инсон ва раванди пешбурди ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад, норасоии обро имрӯз аз се яки ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунанд, мушкилоти давлатҳои ҷахонро ба инобат гирифта Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2018-2028-ро даҳсолаи навбатии амал “Об барои рушди устувор” эьлон намудаанд. Аз ин хотир, ҳар фарди имрӯзаи чомеаро лозим аст, ки баҳри ободиву шукуфоии табиати файзбори кишвар бунёди гулгашту хиёбонҳои нав ҳифз ва дустдории воқеии ҳар қатра обу ҳар зарра хоки поки Тоҷикистон, бо амри дилу виҷдон саҳмгузор бошад.    

 

омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ

Иброҳимов Р.С .

       Тибқи дархост ва ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳумумати Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Вазорати  маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ силсила чорабиниҳо, бахшида ба “Соли ҷавонон” таҳрезӣ шуда, имрӯзҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ  амалӣ шуда истодаанд. Ин навбат санаи 1-уми декабри соли  ҷорӣ дар чорабинии зери унвони «Дар меҳмонии ректор», ки  дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон баргузор шуд, бо роҳбарии  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Раҳимов Х. С.  2-нафар донишҷӯёни фаъоли шуъба Ҳафизов Ф. ва Қодирова М. ширкат намуданд.

      Чорабинии мазкур дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе қарор гирифтааст,  баргузор гардид. Ба чорабинии мазкур донишҷӯён, олимони ҷавон ва намояндагони  беш аз 30 муассисаҳои олии кишвар иширок доштанд.

       Чун анъана,    чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии  ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, профессор Салихов Н.Н. оғоз гардида, дар доираи баргузории чорабинии мазкур як қатор вохӯриҳо семинарҳо, маҳфилҳои илмию адабӣ байни ҷавонон дар сатҳи баланди ташкили доир карда шуд. Лозим ба зикр аст, ки намояндагон донишгоҳҳои хориҷӣ низ иштирок доштан. Дар доираи чорабинии мазкур,  аз ҷониби ташкилотҳои ҷамиятии хориҷӣ, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории ВНМО” аксия доир карда шуд. Ҳамзамон дар доираи барномаи фарҳангӣ меҳмоноро аз мавзеҳои таърии  шаҳри Душанбе ошно намуданд.

  ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН 

Дар асоси супориши Ректори донишгоҳ, узви вобастаи АИТ ВТҲИАҶТ,д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон дар рӯзҳои 1 ва 2-ми декабри соли 2017 аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон», табибони бемориҳои чашми шуъбаи бемориҳои чашми кӯдакона Гулов Бахтиёр Наимович ва Сайфудинов Давлатёр муоинаи  тиббии донишҷӯёни курси 1-ми донишгоҳ аз рӯи бемориҳои чашм гузаронида шуд. 352 нафар донишҷӯён  аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Дар натиҷаи муоина дар баъзе ҳолатҳо дар донишҷӯён бемориҳо ва нуқсонҳои узвҳои босира муайян карда шуд. Ба донишҷӯён тавсияҳои зарурӣ оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳо ва аворизҳои узвҳои босира  дода шуд.

Деканатии факултетҳо

      Рӯзи 4-уми декабри соли 2017 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хазинаи Аврупоию Осиёгии Осиёи Миёна-Тоҷикистон” дар доираи “16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ” вохӯри бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Вохӯрии мазкурро ёвари барномаи мазкур Тоҷиева С ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки зӯроварӣ   падидаи манфии иҷтимоӣ мебошад ва дар тамоми мамолики дунё паҳн шудааст. Бо назардошти хусусияти ниҳонии ин қонунвайронкунӣ ва оқибатҳои манфии он барои ҳамаи аъзои оила аз лаҳзаи пайдоишаш дар муносибатҳои байниоилавӣ вай ҳамчун қонунвайронкунии ҷиддӣ ҳисобида мешавад ва сохторҳои давлатӣ барои муҳофизат намудани ҷабрдидагон аз зӯроварӣ  ва ҷазо додани қонунвайронкунандаҳо уҳдадор мегарданд. 

      Менеҷери рушди иқтидори лоиҳаи мазкур Казимова М дар доираи чорабинии мазкур оид ба падидаи зӯроварӣ, оқибатҳои манфии он барои ҷамъият, роҳҳои пешгирӣ намудани он, намудҳои зӯроварӣ бо слайду воситаҳои айёнии ҷолиби диққат маълумотҳо доданд. Барои таҳкими гуфтаҳои болоӣ ба ҳозирин филми бадеии “Умед ба адолат” намоиш дода шуд, ки муҳтавои он дар бораи зӯроварӣ дар оила ва падидаҳои манфии он нақл мекунад. Ҳам презентатсия ва ҳам филми намоишдодашуда ба донишҷӯён таъсири амиқе расонда, онҳоро водор намуд, ки дар муҳокима ва саволу ҷавобҳо хеле фаъолона иштирок намоянд.

     Дар охир муовини ректори ДДТХ оид ба таълиму тарбия Ғафуров Б.А. ҷамъомади мазкурро ҷамъбаст намуда, ба намояндагони ин созмони ҷамъиятӣ барои ташкил намудани чунин як чорабинии хотирмон арзи миннатдории раёсати донишгоҳро иброз намуданд.

Шуъбаи равобити байналмиллалии ДДТХ

      ДДТХ, 24.11.2017. Субҳи имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 250 нафар донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон, инчунин аъзои раёсати донишгоҳ  чорабинии бошӯкуҳ доир гардид.

      Дар ҷамъомади  тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим д.и.х., дотсент Ғафуров Б.А. суханронӣ намуда, дар баробари пешниҳоди маълумот доир ба таърихи парчами миллӣ, оини парчамдори иброз намуданд, ки «имрӯз дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ, печидатар гардидани  вазъи сиёсии ҷаҳон, авҷ гирифтани терроризми байналмилалӣ, дар ҳар канори дунё сар баровардани ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра хатар эҷод мекунанд, ҳар як сокини мамлакат, хусусан насли ҷавонро зарур аст, ки бо шукрона аз файзи  истиқлолу озодии кишвар ва дастовардҳои миллат зери Парчами давлатӣ беш аз пеш муттаҳидтару  якдил гардида, баҳри боз ҳам ободу зебову шукуфонтар ва шуҳратманд  гардидани Тоҷикистони азиз кӯшиш намоянд. Ҳифзи парчами давлатӣ, муқаддасу гиромӣ доштани он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост».

       Ҳамчунин баҳри болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ ба ифтихори ин сана аз ҷониби донишҷӯён дастовез аз шеъру суруд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ пешкаши ҳозирин гардида, сипас бо баргузории консерти идона ба кори чорабинӣ ҳусни анҷом бахшида шуд.

Кафедраи забонҳо

    Рӯзҳои 23-25-уми ноябри соли 2017, Форуми ҷавонони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар мазӯъи “Меҳанти арзанда барои ҷавонон”, бахшида ба “Соли ҷавонон” дар ш.Қурғонтеппаи вилояти Хатлон баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои иштирокчиёни Форум барономаи фароғатӣ-фарҳангӣ ва меҳмонавозии хело ҳам гиромиқадр аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  таҳия шуда буд.

     Дар кори Форум иштирокчиён, ки аз ҳама корхонаву вазоратҳо, идораҳо ва  муассисаҳои илмию-олӣ иштирок доштанд. Муаррифкунандаи намояндаи соҳаи тандурустиро Раиси КИКД ва кормандони ДДТХ Наимов Р.А., ба уҳда  дошт, инчунин дар мазӯъи “Меҳанти арзанда барои ҷавонон” баромад намуд.

   Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар анҷоми барнома аз дастовардҳо ва вазъи донишомӯзии донишҷӯёни  дар Донишкадаи энергетикии  Тоҷикистон дар н. Бохтар дидан карда  шуд  ва барои иштирокчиён як барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзури пешниҳод намуданд.

    Зимнан, дигар барои мо ҷавонон иштирок дар чунин форумҳо аз ҳар ҷиҳат  метавонад дӯстии моро зиёд гардонад ва ҳамзамон водор ба он месозад, ки мо ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъолтар бошем ва ташабусҳои созанда пешниҳод намоем. Дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азизамон ба дасту дили гарм ва неруи бунёдкорона ширкат варзем. Аз ин иқдомҳои нек мо ҷонон ваъда медиҳем, ба ғамхориҳои сарвари давлату Ҳукумат сазовор гашта, ҳамеша барои гул-гулшукуфии мамлакати хеш саъю талош намуда, баҳри он даста ҷамона камари ҳиммат бандем.

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ва кормандон

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид