Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

Чоршанбе, 14 Июн 2017 00:00

САЙРЕ БА СӮИ ДАШТИ МАЙДОН

    Клуби сайёҳии дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    амалкунанда пас аз чанд сафари қаблие, ки барои донишҷӯён ба Неругоҳи обии барқии Норак ва ноҳияи Балҷувон ташкил карда шуда буданд, рӯзи 10-юни соли 2017 сафари навбатиро барои ҳайати профессорону омӯзгорон ба  минтақаи Дашти Майдон ва Гирбаси ноҳияи Балҷувон ташкил намуд. Бо сардори сарвари донишгоҳ Убайдуллои Қурбон дар ин сайёҳати аҷибу хотирмон муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б.А., муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф., сардори Шуъбаи таълим Қузибоева Н.К., сардори Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Ахмедов Ш.Р., декани факултетҳо Саидов И.З., муовини декан Камолов А.С.,  мудири кафедраи забонҳо Тағоймуродов Р.Ҳ., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Гулов А.А.,  сармутахассис оид ба назорати сифати таълим - Одинаев С.П., раиси иттифоқҳои касабаи кормандону донишҷӯён - Мамадалиева С.А., сарвари китобхонаи донишгоҳ Саидова М., корманди китобхона Ҳалимов М.А., омӯзгорони   ДДТХ   Должикова В.А., Мардонзода Қ., ва дигарон иштирок доштанд.

Ҳангоме ки нақлиёти мусофирбар аз саҳни донишгоҳ ба сӯи ҳадафи саёҳат роҳ пеш гирифт, дар  чеҳраи ҳамсафарони худ   шодию нишот ва фараҳмандиро дида, эҳсос намудам, ки ташкил намудани клуби сайёҳӣ дар ҳақиқат ҳам иқдоми наҷиби раёсати донишгоҳ аст ва барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ  ва шиносоӣ бо табиати зебои Тоҷикистон заминаи хубе фароҳам меоварад.

Ҳавои форам ва серуну салқини ин деҳоти куҳистон ба кас ҳузуру ҳаловати махсусе мебахшад. Ҳамсафарон аз чунин манзараҳои нотакрори афсонавӣ ба ваҷд омада, бори дигар дар оғӯши табиат худро ҳамчун тифле эҳсос мекарданд, ки Худованд ба вай хандаҳои беғаш ва орому осудаеро ато намудааст.

Ростӣ, маълумам гашт, ки ҳамсафарони мо дар сайру сайёхат таҷрибаи кофие доранд ва ин аз таҷҳизоту хаймаҳои омоданамудаи онҳо ҳувайдо мегашт. Гулу гиёҳ, табиати нотакрор, оромию тамкини ба худ хоси куҳистон лаҳзае касеро аз шӯру ғавғо ва ташвишу нооромиҳои шаҳр дур меандозад:

Лола – раққосаи машъалдоре,

Бойчечак – шафақи субҳона.

Сабзаҳо – кокули нобофтае,

Мезанад бод ба нармӣ шона.

Бегоҳӣ баъди хӯроки шом дар гирди гулхан суҳбати гарму гуворо ва рақсу нишоти омӯзгорон касро бевосита ба ҷаҳони пуршӯри шодию нишот мебарад ва  эҳсос менамояд, ки зиндагӣ ба ғайр аз ғаму ташвишҳои зиёди корӣ боз фароғату тафреҳи сурурбахшу муъҷизаофаре низ доштааст. Хастагии асаб, мондашавии чандрӯза ва умуман ташвишу давуғеҷ ба ҷойи номаълуме ғайб мезанаду шодию нишот дар қалби инсон маскан мегирад. Моҳи шаби чордаҳ аз осмону софу беғубори куҳистон чун арӯси нозанини табиат манзараи нотакроре дорад.

То дами субҳ нӯри гулханро хомӯш шудан намондему ҳамроҳонамон дар ҳар тараф кулча зада мехобиданд. Ростӣ, ҳавои форами куҳистон аз шаҳр бо он фарқ мекунад, ки шабона андаке сард мегардад ва ҳатто дами субҳ кас на фасли гармои тобистон, балки нафаси сарди даймоҳро эҳсос менамояд.

Субҳ рӯзи дигар ҳангоми бозгашт дар роҳ аз гулу гиёҳ ва растаниҳои шифобахши қад-қади роҳ, аз қабили чойкаҳак, ҷамилак ва як қатор гулу гиёҳҳое, ки ҳатто номашонро намедонистам, чидем ва беихтиёр мисраъҳои зерини шоири зиёндаёд Лоиқ Шералӣ ба ёдам расид:

Гули зебои худрӯи куҳистон,

Маё поён зи тори кӯҳсорон.

Маё поён, ки арзонат фурӯшанд

Барои як пашизе гулфурӯшон.

Ростӣ, ин қадар таассуроту нақши боризи ин сайёҳатро чашмдор набудам, вале як чизро эҳсос намудам, ки агар шахс бо зебогиҳои нотакрори кишвари маҳбуби хеш аз надиктар ошно гардад, ҳамон қадар меҳру муҳаббати Ватан, эҳсоси меҳанпарастӣ дар қалби вай хона мегузорад:

Бо ҳазорон сахтӣ гар роҳи ҷаҳонро ёфтем,

Нармрӯю нармдил фарзанди куҳсорем мо.

Дар масири зиндагӣ ҳамчун асири зиндагӣ

Бо ҳама озорҳо дар фикри осорем мо.

Аз номи худ ва аз номи иштирокдорони ин сайёҳати судманду муассир ба раёсати ДДТХ изҳори миннатдорӣ менамоем, ки чунин иқдомҳои наҷибро пеш гирифтааст. Умедворем, ки раёсати донишгоҳ   баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси рушди  сайёҳии дохилӣ тамоми чораҳоро меандешад.

Одинаев С.П.  – устоди кафедраи забонҳои ДДТХ

Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст. 

        Дар ҳама давру замон айёми донишҷӯӣ айёми беҳтарини ҳаёти инсон, давраи бозёфтҳои нодири ҳаёт ба ҳисоб меравад. Инчунин давраи донишҷӯиро давраи тиллоӣ ва фаромӯшнопазир номидан мумкин аст, зеро ҳангоми калимаи “донишҷӯ”−ро шунидан ҷавонӣ, шодиву хурсандӣ, донишандӯзӣ, саъю талош, дастовардҳои беназир ва умеду орзуҳои нек барои оянда пеши назар меоянд. Дар ҳақиқат  касеро, ки сазовори номи донишҷӯ шудан насибаш гаштааст ва аз давраи донишҷӯӣ баҳра гирифтааст, хушбахттарин инсон шуморидан мумкин аст.                                

     Боиси хушнудист, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили илм, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва дар оянда соҳибкасб шудани духтарон шароит фароҳам оварда шудааст ва ба рушду такомули онҳо диққати махсус дода мешавад. Ҷудо намудани квотаҳои Президентӣ ба духтарон аз ноҳияҳои дурдаст гувоҳи ин гуфтаҳост.             

     Президенти кишвар, Пешвои муаззами мо, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хирадмандона таъкид кардаанд: “Пеш аз хонадоршавӣ ва созмон додани оила ҷавонон бояд ба зиндагии мустақилона омода бошанд. Падару модарон вазъиятро ҳаматарафа омӯхта, сипас ба оиладор шудани ҷавонон кӯмак расонанд. Баъзе модарон ба духтарони худ маданияти оиладорӣ ва тарзи дурусти рӯзгордориро ёд намедиҳанд, яъне онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода намекунанд. Табиист, ки дар чунин оилаҳои ҷавон муноқишаву низоъҳо сар мезананд ва дар баъзе ҳолатҳо бо пошхӯрии оила меанҷоманд.”                     Бо назардошти чунин гуфтаҳои оқилона ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки волидон бояд барои оиладор намудани духтарони худ ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. То он вақте, ки духтар донишгоҳро хатм менамояд, соҳиби касби муайяне мегардад, падару модарон дар навбати худ метавонанд ба онҳо одоби оиладорӣ, рӯзгордорӣ, пухтупаз ва дигар корҳои ба зан хосро омӯзонанд.

      Дар замони муосир, ки илму техника босуръат инкишоф ёфта истодааст, донишҷӯдухтар аз омӯхтани технологияҳои муосир канораҷӯӣ нанамояд. Забонҳои хориҷиро аз худ намояд. Аз истифодабарии компютер ва интернет ба хубӣ баромада тавонад.

        Таърихи ҷомеаи ҷаҳон занонеро медонад, ки дар инкишофи илму техника саҳми назаррас расонидаанд. Аз ҷумла, Ада Лавлейс риёзидон ва нахустин барномасоз дар ҷаҳон, Валентина Терешкова–аввалин зан-кайҳоннавард, Хеди Ламарр, ки дастовардҳои ӯ боиси дар минбаъда кашф шудани Wi-Fi, Bluetooth, GSM гардидаанд, Марисса Майер – Президент ва иҷрокунандаи директори ширкати “Yahoo” боиси ифтихор ва намунаи ибрати занон мебошанд.                                                     Хулоса, ҳаминро зикр кардан лозим аст, ки агар зан-модар ҳар қадар соҳибкасбу соҳибмаълумот бошад, ба халқу Ватан нафъи бештар мерасонад. Чуноне, ки устод Мирзо Турсунзода гуфтаанд:

Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ
н.и.х.Усмонова У.Х.

Шанбе, 03 Июн 2017 00:00

Шиносоӣ бо тибби Олмон

   Дар таърихи 2 июни соли 2017 дар Донишгоҳ вохӯрии устодон ва донишҷӯён бо духтур ва олими ҷавони тоҷик, номзади илмҳои тиб Нуралиев Зафар Файзиддинович, ки зодаи н.Данғара мебошад ва дар айни замон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон кору фаъолият мекунад, баргузор гардид. Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултетҳо Саидов И.З. ҳусни оғоз бахшида “меҳмон”-и гиромиро аз номи раёсати донишгоҳ хайра мақдам гуфта ва ба ҳозирин муаррифӣ карданд.

   Сипас риштаи сухан  ба устод Зафар Нуралиев дода шуд. Мавсуф қайд карданд, ки соли 1998 баъди хатми мактаби миёна дар ноҳияи Данғара ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудааст.Соли 2006 факултети тиббии Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда ба аспирантураи рӯзонаи кафедраи бемориҳои ҷарроҳии № 2 шомил шуда,  таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар мавзӯи «Муолиҷаи ҷарроҳии нуқсонҳо ва деформатсияҳои посттравматикии суфраи гӯш» бо ҳимояи рисолаи номзадӣ ба анҷом расонидааст. Дар вақти таҳсил дар донишгоҳ ба омӯзиши забони олмонӣ низ шавқу рағбати зиёд пайдо кардааст ва баъд аз гузаштани давраи таҷрибаомӯзӣ, бомуваффақият супоридани санҷишу имтиҳонҳо, имконияти ба ҳайсияти духтур кор кардан  дар Аврупо ба ӯ муяссар гардидааст. Инак, муддати 7 сол мешавад, ки ӯ дар шаҳри Бремени Олмон кору зиндагӣ дорад.

Дар рафти суҳбат донишҷӯён аз тарзи  таҳсил ва натиҷагирӣ дар коллеҷу донишгоҳҳои тиббӣ, дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, манбаъҳои маблағгузории соҳаи тандурустӣ, фаъолияти табибон ва муассисаҳои тиббӣ, роҳҳои ташхису табобат, муносибату муоширати духтурону маризон дар Олмон огаҳӣ пайдо карда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фароварди вохӯрӣ устод Зафар Нуралиев аз ҷумла афзуданд, ки: «Ман аз таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон,  бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳи азизам хеле шод ва масрур гаштам. Орзуманд ва некбинам, ки  Шумо донишҷӯёни аввалини ин Донишгоҳи навтаъсис бо аз бар намудани донишу малакаҳои зарурӣ дар ояндаи наздик ба дараҷаи мутахассисони баландихтисос комёб мегардед ва муаррифгари давлату миллати шарафмандамон дар арсаи тибби ҷаҳонӣ мешавед». 

Декани факултетҳо

Бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ

Пӯшида нест, ки дар таърихи давлатдории ҳар қавму миллат мафҳумҳои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, озодиву истиқлол чун арзишҳои муқаддас арҷгузорӣ гашта, бо зикри онҳо ифтихоре аз устувории пояҳои давлатдорӣ, тамомияти арзӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ падид меояд. Ин бесабаб нест. Таърихи печидаи аҳли башар исбот намудааст, ки ҳар миллати соҳибтамаддун танҳо баъди расидан ба ваҳдату ягонагӣ тавонистааст, ки давлати соҳибистиқ-лоли хешро ташкил дода, ба ҳадафҳои сиёсӣ ва ормонҳои миллии хеш бирасад.

Мусаллам аст, ки мафҳумҳои ваҳдату ягонагӣ барои мо тоҷикон, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо на як бору ду бор зарбаҳои бераҳмонаи таърихро дар ҷисму ҷони худ дидаем, қиммати бештар ва манзалати волотареро доро мебошанд. Зеро ҳар бор баъди парокандагиҳои  тӯлонӣ миллати кӯҳанбунёди мо танҳо тавассути пешгомии фарзандони баору номуси худ ба ваҳдату ягонагӣ расида, аз нав лаҷоми давлату давлатдориро дар марзҳои таърихиаш ба дасти худ гирифтааст.

Зимнан, мафҳуми ваҳдат, ки аз вожаҳои арабии «воҳид», «аҳад» гирифта шуда, мустақиман маънии  «ягона»-ро ифода менамояд, аз мафҳумҳои серистеъмолтарини сиёсии имрӯза ба ҳисоб рафта, сари ҳар минбару анҷуман чун нишонае аз сарҷамъии тоҷикон бо сарфарозиҳои зиёде садо медиҳад. 

Бояд таззакур дод, ки «ваҳдати миллӣ» дар муқоиса бо «оштии миллӣ» ва «ризоияти миллӣ»ҳамчун  раванд манзалати бештар дошта, аз умқи онҳо сарчашма мегирад. Яъне «оштии миллӣ» ва «ризоияти миллӣ»-ро комилан зинаҳои аввал ва зарурии расидан ба  «ваҳдати миллӣ» номидан мумкин аст.

Бешубҳа, таҳлили илмии ин падидаҳои нави иҷтимоӣ-сиёсӣ дар ояндаи наздиктарин аз тарафи муҳаққиқони ҷомеашинос мав-риди омӯзиши ҷиддӣ қарор хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки раванди Ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонии тоҷикон ҳанӯз аз ҷаласаи 16-уми Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон (моҳҳои ноябр-декабри соли 1992 дар ш. Хӯҷанд баргузор гашт) ба марҳилаи нави таърихии худ ворид гардид.

Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона қайд мекунад: «…дар Тоҷикистон солҳои 90-ум вазъият таҳти таъсири омилҳои мураккаби ҳаёти байналхалқӣ ҷараён мегирифт. Аз як тараф, омили исломӣ ва мувофиқан моделҳои гуногуни мафкуравӣ таъсир расонданд, аз ҷониби дигар, мероси ба ном ҷамъияти коммунистӣ бо анъанаҳои худ зуҳур меёфт. Истиқрори сулҳ аз тоҷикистониҳо иқдомоти комилан ғайримуқаррариро талаб мекард».

Дар он давраи барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик тақдирсоз ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи дохилимиллӣ – ҷанги шаҳрвандӣ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа баъди садсолаҳо бори аввал манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҳизбиро як сӯ гузошта, роҳи ягонаи наҷот аз ҳалокатро дар  муттаҳидӣ ва сарҷамъию ягонагӣ диданд.

«Консенсуси манфӣ», ки нисбати он дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри ХХ бархе аз сиёсатшиносон дар роҳи ба даст  овардани мақсади олии миллати тоҷик – вахдати тамоми табақаҳои иҷтимоӣ ва ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ баҳс менамуданд, баъдан, чуноне ки интизор  шудан мумкин буд, аз роҳбарияти кишвар ҷидду ҷаҳд ва қабули чораҳои таъсирбахшу ғайримуқаррарии мазмуни сиёсию ҳуқуқӣ доштаро талаб намуд.

Бояд зикр намуд, ки принсипҳои мушаххаси истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон дар доираи Конфронси Дортмунд аз моҳи марти соли 1993 то моҳи феврали соли 1998, яъне дар муддати 5 сол, бо роҳи муколама ба вуҷуд оварда шуданд.  Дар даҳ «Меморандум» ва «Муроҷиатнома» - ҳои дар ин Конфронс қабулшуда механизмҳои асосии ба даст овардани Сулҳу Ваҳдати миллӣ дар шароити гуфтушунидҳои мураккаб муттасилона ташаккул ёфтанд, ки ин қонунияти пирӯзии ақлу хирадро дар ҳалли моҷароҳои дохилимиллӣ нишон дод.

Ба даст овардани сулҳ, ризоияти милливу шаҳрвандӣ ва пойдории Ваҳдати миллии тоҷикон, ҳамчун падидаи оламшумул  дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, маҳз дар натиҷаи ба вуҷуд овардани чунин механизмҳои самаранок, ба монанди ташкили Комиссияи оштии миллӣ, ки аз намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик иборат буд, воқеӣ шуд.

Қобили таъкид аст, ки дар ҷомеа дар ҳолатҳои фавқулодда сулҳу салоҳ амали яктарафа набуда, хоҳиш ва кӯшишҳои мақсадноки тарафҳои мухолифро тақозо менамояд. Бешубҳа чунин майлу хоҳиши наҷоти миллат ва мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ва пешвоёни Иттиҳоди мухолифини тоҷикро паси мизи гуфтушунид шинонд.

Роҳбарияти ҷумҳурӣ бо дарки  масъулият дар назди ояндаи кишвар тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонид, то ки ба самти сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ қадамҳои қатъӣ гузошта шавад ва яго-нагии миллату давлатро пойдор нигоҳ дорад.

Вобаста ба ин қайд намудан зарур аст, ки ба чунин як ҳуҷҷати муҳими барои миллати тоҷик тақдирсоз, яъне «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон», аз ҳар ду ҷониб қариб 70 нафар имзо гузоштанд.

Мақсади асосӣ дар он солҳои на чандон дур аз он иборат буд, ки барои ҷомаи амал пӯшидани талаботи ин шартнома кӯмаку дастгирии роҳбарияти сиёсӣ аз тарафи аҳолии кишварамон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои  гуногуни ҷамъиятӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шавад.

Бемуболиға, чунин амали хирадмандона тавонист ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар қабул намудани чораҳои зарурӣ ва самаранок имконият диҳад, то ки ҷомеаи миллии мо аз бӯҳрони вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ раҳо ёфта, роҳҳои инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон пайдо гардад.

Агар ба таҷрибаи дигар мамолики олам, ба монанди давлатҳои Америкаи Лотинӣ, Африқо, Осиё ва ғайраҳо, ки дар давраҳои гуногуни инкишофи таърихии онҳо мухофилат ва моҷароҳои дохилимиллӣ ҷой доштанд, назар андозем, пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки Ваҳдати миллии тоҷикон падидаи бемисл ва барои дигар халқу миллатҳо ибратомӯз ба шумор меравад.

Барои тасдиқи ин назар суханони собиқ Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Ананро иқтибос овардан ба маврид аст, ки гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли мушкилоти дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми гузоштаи Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад».

Итминон меравад, ки истифодаи таҷрибаи таърихии Ваҳдати миллии тоҷикон дар барқарор намудани сулҳу субот дар кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя ва ҳамзабону ҳаммазҳаб - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки зиёда аз чаҳор даҳсола боз оташи ҷанги дохилӣ дар марзҳои гуногунаш аланга мезанад, саривақтӣ ва манфиатовар мебуд.

Нақши ин падидаи созанда дар рушду нумӯи  Ватани азиза-мон, ҳамбастагии сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, бе ягон муболиға, ҳалкунанда мебошад.

Маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ  дар муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист боварии ҷомеаи ҷаҳониро сазовор гардад, ки натиҷаи он аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ маблағгузорӣ шудани иншоотҳои бузурги барқӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Иқдомҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ба монанди «Соли байналхалқии оби тоза», ва «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт дар солҳои 2005-2015», «Даҳсолаи байналмилалии амалҳо «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 -2028» ва ғайра обрӯи Тоҷикистонро ба маротиб боло бурд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки омӯхтан ва донистани таърихи миллати тоҷик барои насли ҷавони мо аҳамияти басо муҳим дорад. Бешубҳа, «агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати хеш огоҳии комил медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мебардоштем, шояд тӯфони ҷанги гражданӣ, ки бар сари халқи тоҷик омад, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихи наслҳои оянда хизмат мекунад».

Хулоса, ваҳдату ягонагӣ чун омили муҳими бақои давлату давлатдорӣ, рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва таҳкими пояҳои фарҳанги ҳазорсолаи аҷдодӣ бояд мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гашта, ҳамчун сарчашмаи ободиву шукуфоӣ ва рӯзгори осудаву босаодати мо азизу гиромӣ дошта шавад. Набояд фаромӯш созем, ки рушду инкишофи минбаъдаи ҷомеаи навини тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёт танҳо ба туфайли иттифоқу сарҷамъии қавму миллатҳои гуногуни он, ҳамбастагии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дар ниҳояти кор иттиҳоди халалнопазири қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст меояд.

Дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Ахмедов Ш
Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Саидова М.

Пешниҳоди коллективи меҳнатии ДДТХ

оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон,

“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” 

        Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13-уми майи соли 2017 ҳангоми суханрониашон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони сокинони вилояти Хатлон иброз доштанд, ки мардуми кишвар метавонанд фикру мулоҳиза ва андешаву пешниҳодҳои худро оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”  ва такмили он тавассути сайти Президент, шабакаҳои телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма изҳор намоянд.

             Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистон “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”  8-уми июни соли 2017 қабул гардид  ва 8-уми июни соли ҷорӣ аз қабул гардидани ин Қонун 10 сол сипарӣ мегардад.

              Зимнан, ҳадафи ин Қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ҳифзи асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, инчунин барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва тарбияи маънавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, зеро давлат ва ҷомеа кӯшиш ба амал овардаанд, ки ба урфу одат, тарзи зиндагӣ, маросими ҷашнҳо ва мероси фарҳангии миллӣ ислоҳоту тағйирот ворид намоянд.

               Дар давоми 10 соли сипаригашта (2007-2017) тамоми натиҷаҳои амалии мусбии бадастомадаро  дар маҷмӯъ арзёбӣ намоем пас метавон гуфт, ки ин Қонун бо амалӣ шуданаш ба мардуми Тоҷикистон натиҷаҳои самарабахш овардааст.

                Бояд қайд намуд, ки Сарвари давлат ба расму оинҳои миллӣ ва динии халқамон такя намуда, онҳоро як чузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо ҳисобида иброз доштанд, ки расму оинҳои мардуми мо асосан дар доираи ду тамаддуни таърихӣ - ориёӣ ва исломӣ ташаккул ёфтаанд. Дар ин замина, Пешвои миллат расму оинҳои мардумиро дар доираи Қонун ва мазмуну мундариҷаи нав ба ҷомеа пешниҳод намуда, онҳо омили муҳимтараини  сатҳи маърифати инсонӣ, шуури милливу мазҳабӣ, ваҳдату ягонагӣ, солимии ахлоқиву ҷисмонии  мардум ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ намуд.
              Бояд хулоса намуд, ки маҳз дар натиҷаи амалӣ  шудани Қонуни мазкур дар тули 10 сол сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, сифати зиндагии мардум бошад хеле беҳтар гардид. Мардум ба сарфаю сариштакорӣ пурра сарфаҳм рафта, молу мулки хешро ҳифзу нигоҳ дошта, боварии халқ ба давлату ҳукумат, истиқлолияти давлатию ваҳдати миллӣ ва ободонию пешрафти ватан боз ҳам афзун гардид.

              Мавриди зикр аст, ки қабули Қонуни мазкур дар шароити буҳрони шадиди иқтисодии чаҳонӣ ва болоравии нархи маводи хӯрока, ҷиҳати амалӣ намудани стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурӣ мусоидат намуда, дар шуури ҷомеаи мо таъсири мусбӣ расонид.

             Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксар мардуми кишвар ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо талаботи Қонуни мазкурро риоя намуда, дар доираи талаботи ин Қонун маъракаҳои худро барпо менамоянд, вале аз тарафи баъзе аз шаҳрвандон талаботи Қонуни мазкур риоя нагардида, ҷашну маросимҳои худро бо мақсади зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ мегузаронанд, ки ин боиси муфлис гардидани  буҷаи  бисёре аз оилаҳо мегардад.

               Бо мақсади  боз такмил  ёфтани муқаррарот ва иҷроиши   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ,  бо назардошти фикру ақида ва хулосаҳои коллективи меҳнатии  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   пешниҳодоти зеринро  манзур менамояд.

  1. Дар моддаи 10 Қонун омадааст, ки туйи домодию арусӣ дар як рӯз бо таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши туйи (оши наҳор) то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад. Вобаста ба ин модда, чунин пешниҳод менамоем, ки калимаи додани оши туйи барои то 200 нафар аз ҳарду ҷониб умуман бардошта шавад ва  шумораи оростани як зиёфат то 250 нафар муайян намуда, гузаронида шавад.
  2. Дар моддаи 14 дар қисмати вақти пагоҳирӯзии ҷашну маросимҳо вобаста ба фасли сол муайян карда, чунин тағйирот ворид карда шавад. Вобаста ба ин модда пешниҳод карда мешавад, ки вақти гузаронидани ҷашну маросимҳо дар фасли тобистон аз соати 06:00 пагоҳирузӣ муайян карда шавад.
  3. Аз рӯи пурсиш ва маълумотҳои ҷойдошта муайян шуд, ки барои ба “арӯс” харидорӣ намудани танҳо маводҳои рӯзғор маблағи калон  сарф карда мешавад, ки ин ба падару модар зарари ҷиддӣ расонида мешавад, локин волидайн ба ин нигоҳ накарда маҷбур мешаванд, ки  аз муассисаҳои бонкӣ ё шахсони доро бо фоиз маблағи пулӣ қарз гирифта хоҳиши духтарашро қонеъ намояд. Аз ин рӯ,  пешниҳод мегардад, ки мақомоти қонунгузор ин масъаларо низ ба танзим дароранд.
  4. Дар моддаи 13-уми Қонун омадааст, ки маросими мавлудхонӣ бо таври ихтиёрӣ танҳо дар масчидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағ ва таом сурат мегирад. Пешниҳод чунин аст, ки дар қисми дуюми Қонуни мазкур ҳамзамон чунин тағйирот ворид карда шавад. “Мавлудхонӣ” дар маросими дафну азодорӣ (ҷаноза) манъ карда шавад.
  5. Тибқи моддаи 14 –уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тӯю маросимҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 10:00 то 23 ва рӯзҳои корӣ аз соати 18:00 то 23:00 гузаронида мешавад, ки қисми зиёди ноболиғон аз ин истифода бурда, шабона соатҳои тулонӣ сайру гашт менамоянд. Вале мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар нисбат ба фарзанд бошад”, сайру гашти ноболиғонро шабона то соати 10:00 муайян намудааст.  Аз ин рӯ вобаста ба ин чунин таклиф карда мешавад, ки мақомоти қонунгузор ин мухолифатро ба танзим дарорад.
  6. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар рӯзҳои “Моҳи шарифи Рамазон” гузаронидани “Ифтор” ба ҳукми анъана даромадааст, вале дар шароити буҳрони иқтисодӣ шаҳрвандон бо кадом роҳе, ки набошад, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳангоми расидани навбаташон “Ифтор”-ро гузаронанд, ки ин албатта ба ҷиҳати иқтисодии ҳар як оила таъсири манфии худро мерасонад. Чунин пешниҳод карда мешавад, ки ташкил ва гузаронидани “Ифтор” манъ карда шавад, шаҳрвандоне, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд ихтиёран дар “Моҳи шарифи Рамазон” ба оилаҳои камбизоат ва бепарасторон ёрӣ расонанд.
  7. Баҳри амалӣ намудан ва риояи ҳатмии қонуни мазкур масъулияти ҷавобгарии комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ баланд бардошта, тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум пурзӯр карда шавад.

                  Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ва бо ин тавр мукаммал гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” – ро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон оид  ба иҷрои ҳатмии талаботҳои Қонуни мазкур дар донишгоҳ  сатҳу сифати корҳои тарбиявиро байни кормандон ва донишҷӯён боз ҳам тавсеа хоҳад бахшид.   

Раиси Комиссия  оид ба  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ДДТХ” Азизуллоев А.  

   Санаи  25.05.2017 дар Китобхонаи ДДТХ  ҷамъомади  Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён  бахшида  ба “Рӯзи Ҷавонон” баргузор гардид.  Дар  чамъомад  сармуттахасиси Шӯъбаи таълим  Одинаев.С.П , мудири Шуъбаи  ҷавонон  Рахимов Х.С, раиси КИККД Мамадалиева С А , раиси Шурои донишҷӯёни хобгоҳи Донишгоҳ Одинаев И ва аъзои фаъоли  КИКД  ва сардорони  гуруҳҳо иштирок  намуданд.

      Ҷамъомадро  бо сухани  табрикотии  раиси КИКД Мамадалиева С.А ифтиттиҳ бахшида, сипас аъзои Комиссияи назоратии  КИКД  Ҳамроев Муҳаммадзамон ба аъзои  КИКД  маълумотнома оид ба фаъолияти  Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДДТХ дар соли таҳсили 2016-2017-ро  пешниҳод намуд. Дар маълумотнома  оид бо хобгоҳ таъмин намудани донишчӯёни Донишгоҳ, оид ба расонидани кӯмаки моддӣ ба донишҷӯёни ятими кулл, маъюб ва эҳтиёҷманд, оид ба корҳои таълимию тарбиявӣ ва иштироки аъзои  КИКД дар вохӯриҳо ва саҳми онхо дар чорабиниҳои  дохили донишгоҳӣ  ва берун аз он,  инчунин дар ташкил намудан ва гузаронидани ҷамъомадҳои тантанавӣ маълумоти мухтасар пешниход намуд.

       Инчунин аъзои дигари Комиссияи назоратии КИКД Комилова Бибисоро оид ба маҳфилҳо, таҳия ва ташкили чорабиниҳо доир ба тарғиби сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҷорабиниҳои  варзишӣ оид ба аввалин дастовардҳои донишҷӯёни ДДТХ маълумотнома пешниҳод намуд.

      Оид ба маълумотҳои пешниҳод  шуда  сармуттахассиси Шуъбаи таълим Одинаев С.П ва мудири Шуъбаи ҷавонон Раҳимов Х.С фикру ақидаҳои худро иброз намуда, ба фаъолияти Кумита ва фаъолнокии  аъзои Кумита баҳои баланд доданд.

      Дар ҷамъбасти ҷамъомад аз чониби  Кумита   ба ҳамаи он донишҷӯёне, ки дар озмунҳо ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд ва дар корҳои чамъиятӣ ва чорабиниҳои фарҳангии Донишгоҳ фаъолона иштирок намудаанд ҳавасманд  гардиданд. Аз ҷумла, ба 20  нафар  аъёзои  фаъол ва 12 сардорони гуруҳҳо барои Газетаҳои беҳтарин ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои Донишгоҳ   бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.

       Дар охир раиси  КИКД ба роҳбарияти ДДТХ   ҷиҳати  ғамхориҳо  ва  кумаку дастгириҳои пайваста нисбат ба донишҷӯён изҳори миннатдорӣ намуда  ва дар навбати худ ваъда доданд, ки фаъолияти Кумитаро боз ҳам фаъолтар ба роҳ монда, сафи донишҷӯёни фаъолу болаёқатро зиёд менамоянд.

Кумитаи иттифоқи касабаи
кормандон ва донишҷуёни ДДТХ

  Дар шаҳри Штутгарти Ҷумҳурии Фдералии Олмон аз санаи 19.05.2017 то 25.05.2017 Конгресси Байналмилии Evromedica - 2017  баргузор гардид. Ҳамасола ба ин конгресс олимони илми тиб аз ҳама риштаҳои соҳаи тандурустии  кишварҳои дунё иштирок меварзанд. Дар конгресс  олимон  дар масъалаҳои мубрами  илми тиби муосир,  бо маърузаҳои илмӣ  баромад менамоянд.  Дар кори конгресс  дастоварду натиҷаҳои беҳтарини  олимон намоиш дода шуда, инчунин  оид ба табодули дастоварду навориҳои хеш  имконияти хубе фароҳам оварда шудааст..

    Қайд карда мешавад, ки аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ин Конгресс  сардори шуъбаи таълим, н.и.т, дотсент Кузибаева Н.К.  иштирок намуда, оид ба яке аз проблемаҳои актуалии соҳаи педиатрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нуқсонҳои модарзодии дил,  бо марузаи «Клиническая характеристика  состояния сердечно-сосудистой системы у детей, с врожденными пороками сердца в послеоперационном периоде» баромад намуд.  Ёдовар мешавем, ки оид ба  масъалаҳои мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати ҶТ  Барномаи махсус  қабул гардидааст, ки он пешгирӣ, табобат ва муайян кардани сабабҳои пайдо шудани нуқсонҳои модарзодии дил дар кӯдаконро дар бар мегирад. Бо назардошти он ки   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳи хешу табори зиёд аст ва он яке аз сабабҳои пайдо шудани нуқсонҳои модарзодии дил дар кӯдакон гардидааст, ки табибони кишвар  доимо дар роҳи ҳалли ин масъала кушишҳои зиёде ба харҷ дода, рӯз ба рӯз ба натиҷаҳои назаррас ноил гарида истодаанд. 

 

Сардори шуъбаи таълим н.и.т, дотсент Кузибаева Н.К.

       Маводи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    «Ҳалли масъалаҳо аз физика» (муаллифон  Ситамов С.,  Баротов Н.И., Набиев Ҷ.Ғ.) дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. Китоб барои донишҷӯёни соли аввали донишгоҳҳои тиббӣ ва коллеҷҳои тиббӣ пешбинӣ шуда, мавзӯъҳои асосии барномаи фанни физикаро  барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳҳои тиббӣ ва колеҷҳои тиббиро  дар бар мегирад. Услуби баён, сабки нигориш, пайдарҳамии мавзӯъҳо, матнҳои ба ихтисос иртиботдошта,  расму мусаввараҳо ва амсоли инҳо, ки китоби мазкур мубтанӣ бар онҳост, асосан саҳлу осон буда, ҳадаф аз интихоби онҳо ҳиммати муаллифон ҷиҳати осон аз бар кардани ҳалли масъалаҳои  фанни Физика (қисми механика ва физикаи молекулавӣ)  аз ҷониби донишҷӯён мебошад. Китоб аз қисматҳои асосии назариявӣ,  мувофиқи барномаи таълимӣ ва замимаҳо иборат аст, ки дар он асосҳои технологияи ҳалли маъалаҳои физикӣ, формулаҳои асосӣ ва намунаи ҳалли масъалаҳо   барои хониши мустақилона фароҳам омада,дар маҷмӯъ аз 216 саҳифа таркиб ёфтааст. Ҳамчунин дар охири китоб ҷадвалҳои доимиҳои физикӣ, алфавити лотинӣ ва юнонӣ  оварда шудааст,ки  ба ихтисоси донишҷӯён мувофиқ мебошанд. 

     Ёдовар мешавем, ки ин дувумин китоби дарсиест, ки аз ҷониби устодони донишгоҳ дар давоми соли таҳсили 2016-2017 бо сифати баланд ба нашр расидааст.

 Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид