Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

     Санаи 24-25 октябри соли  ҷорӣ 2 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон бо рохбари мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар лоиҳаи ҷадид зери унвони «Дар меҳмонии ректор» дар Донишгоҳи давлати ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ширкат намуданд.

        Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш,   Вазорати  маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон    бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳия гардида буд.

       Чорабинии мазкур дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд қарор гирифтааст,  баргузор гардид. Ба чорабинии мазкур  донишҷӯёни фаол ва олимони ҷавон аз тамоми навоҳии мамлакат даъват гардида буданд.   

     Чун анъана, чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии  ректори Донишгоҳи давлати ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон д.и.и.,професор Шарифзода.М.М оғоз гардида, баъдан тамоми иштирокчиён ва меҳмононро хайрамақдам гуфтанд. Лозим ба зикр аст, ки дар доираи баргузории чорабинии мазкур як қатор вохӯриҳо семинарҳо, маҳфилҳои илмию алдабӣ байни ҷавонон дар сатҳи баланди ташкили доир карда шуд. Дар доираи барномаи фарҳангӣ меҳмоноро аз мавзеҳои таърии  ин шаҳри бостонии тоҷикон ошно намуданд.          

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҳимов Х.С.

     Санаи 21-уми сентябри соли 2017 дар толори хониши Китобхонаи ДДТХ вохӯрии мудири Китобхона Саидова М.Р бо валантёрҳо баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории вохӯрии кормандони китобхона бо валантёрҳо ин дуруст ба роҳ мондани кори қироатхонаи дар хобгоҳи донишҷӯёнбуда ва инчунин аз наздик шинос намудани қоидаҳои китобхона ба донишҷӯёни курси 1-уми соли таҳсили 2017-2018 мебошад.

       Бояд қайд кард, ки бо розигии Ректори Донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон дар хобгоҳи донишҷӯён қироатхона кушода шуд ва бо кӯмаки валантёрҳо аз санаи 25-уми сентябри соли равон қироатхона кори худро шуруъ хоҳад кард.

       Ҳамзамон, маълум карда мешавад, ки валантёрҳои китобхона дар корҳои таҳиясозӣ ва дигар фаъолияти китобхона кӯмак мерасонад.

                                                                                Маъмурияти китобхона 

        Ба мақсади тарбияи наслҳои худогоҳу хештаншинос, ҷалби ҷавонону наврасон ба забономӯзӣ, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор намудани озмуни телевизионии «Забон-ҳастии миллат»-ро дар байни донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳандозӣ намудааст.

         Рӯзи 22-сентябри соли 2017 баромади донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  дар бинои телевизиони вилоят баргузор гардид. Бо роҳбарии муовини ректор оид ба таълими ДДТХ дотсент Ғафуров Б.А., мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х., саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С.П. дар асоси шартҳои озмун 16 нафар донишҷӯён дар ин озмуни телевизиони ширкат намуданд. Ҳадафи асосии озмуни мазкур татбиқи амалии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби илму дониш, бархурдор будан аз осори пурғановати шоирони классик ва муосири тоҷик, мусоидат  намудан ба рушди забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани забон, баланд бардоштани сатҳи шеърдонию луғатомӯзӣ ва дар руҳияи худшиносии миллӣ ба камол расонидани ҷавонону наврасон мебошад.

        Дар шарти аввали озмун – «Бузургон дар ситоиши забон» 4 нафар донишҷӯ – Ҳабибова Зуҳал, Адибаи Рустамдухт, Сафарова Меҳрбону, Азизӣ Муҳаммадфайёз баҳои олимону сиёсатмадорон, бузургони илму адаби тоҷик ва хориҷи кишварро оид ба мақому манзалати забони ноби тоҷикӣ пешкаши тамошобинон намуданд. Шарти дуюми озмун – донистани луғатро   донишҷӯён Ҳамроев Муҳаммадзамон,  Мақсудзода Сорбон бо як маҳорати баланди сухандонӣ посух гуфта сазовори баҳои баландтарини ҳакамон гардиданд. Дар шарти сеюми озмун – таҳлили як байт аз адабиёти классикӣ ва як байт аз адабиёти муосир мувофиқи пешниҳоди баррандаи маҳфили телевизионӣ донишҷӯён Комилова Бибисоро, Қаюмов Сино ширкат намуда, як байт аз ашъори Рӯдакӣ ва як байт аз ашъори Лоиқ Шералиро бо шарҳу тафсири мувофиқ таҳлил намуданд.

     Дар асоси шарти чоруми озмуни телевизионӣ – донишҷӯён Ғайратова Наврӯза ва Валиева Шаҳноза аз ашъори Одамушуаро Рӯдакӣ ва устод Мирзо Турсунзода шеърҳо қироат намуда, сазовори баҳои баландтарини доварон гардиданд.

        Дар шарти панҷум гурӯҳе аз донишҷӯён саҳнаеро оид ба тозагии забон, поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ба марази тамошо гузоштанд. Дар шарти шашум – ба таври зинда, бе мусиқӣ қироат намудани шеър дар васфи забон – донишҷӯён Раҷабов Наъим ва Каримова Шукрона бо як маҳорати хосае аз ашъори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат намуданд.

       Дар фуроварди ин маҳфил, муҳаррири варзидаи телевизиони вилояти Хатлон – Саидов Шералӣ аз иштироки фаъолонаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    изҳори қаноатмандӣ намуда, аз номи Идораи телевизион ва радиои вилоят ба раёсати ДДТХ арзи миннатдории худро баён намуданд.

     Сипас ба мақсади шиносоии донишҷӯён ба ҷойҳои таърихии шаҳри Қӯрғонтеппа ба осорхонаи вилоят, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва дигар мавзеъҳои дилнишини шаҳр сайёҳат ташкил карда шуд.

Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳои ДДТХ

Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 дар МТМУ № 9 ҷамоати деҳоти Сангтуда ва бо аҳли ҷамоатчигии деҳоти мазкур, хонандагони мактаб ва сокинони деҳот вохӯрӣ баргузор намуданд Дар вохӯрӣ У. Қурбон – роҳбари гуруҳ, Расулов Ғ. – сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулҳаев К.А. – дотсенти кафедраи  фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Гулов А.А. - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи ҷомеашиносии ДТТХ, номзади илмҳои фалсафа, Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳои ДДТХ, Садриддин Сайдализода – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои раиси ноҳияи Данғара,  Назирзода Нодир – роҳбари дастгоҳи суди ноҳияи Данғара, Абдулов Олим – мутахассиси танзим ва дини назди ҷамоати деҳоти Сангтуда  ширкат намуданд. Садри маҷлис  ҳозиринро шодбош гуфта, дар бораи сабабҳо ва зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур, инчунин аз ҳадафи баргузории ҷамоади имрӯза сухан намуданд. Сараввал сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ғафур баромад намуда, қайд намуданд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ соли сипарӣ гардида, барои даровардани тағйиру иловаҳо он ба муҳокимаи умумихалқӣ  гузошта шуда буд. Ниҳоят 28-уми августи соли равон тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Сипас ҳозиринро бо мазмуну моҳияти ин тағйироту иловаҳо шинос намуданд.

      Дотсенти кафедраи  фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Абдулҳаев К.А. оид ба ҷиҳати фалсафии  қонуни мазкур сухан ронда, моҳияти бисёре аз бандҳои онро бо ҳадису ояҳои Қуръони маҷид собит намуданд.

      Назирзода Нодир – роҳбари дастгоҳи суди ноҳияи Данғара дар бораи моҳияти қонун ва бандҳои алоҳидаи он суханронӣ намуданд. Мутахассиси танзим ва дини назди ҷамоати деҳоти Сангтуда Абдулов Олим дар бораи татбиқи қонуни мазкур дар ҷамоати деҳот ибрози назар намуданд.

    Сипас аҳли нишаст, махсусан, пирони рӯзгордида саволҳо дода посухи қаноатбахш гирифтанд. Хонандаи синфи 11-уми мактаби мазкур Аббосова Фотима аз номи ҷавонон ҳозиринро хайра мақдам гуфтанд. Дар маҷмуъ, вохӯрӣ бо як рӯҳи баланди худшиносии мардум баргузор гардида, аҳли нишаст аз баргузории он изҳори қаноатмандӣ намуданд .

Одинаев С. – аъзои гурӯҳи таблиғотӣ

      Санаи 12 – уми сентябри соли равон дар асоси Нақша чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  бо мақсади баргузор намудани корҳои ташфиқотӣ ва тарғиботӣ дар байни шаҳрвандон ва кормандони идораву  муассисаҳо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Чумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии гурӯҳи корӣ, ректори ДДТХ, профессор Убайдулло  Қурбон дар ноҳияи Данғара ҷамъомад баргузор гардид.

        Ёдовар мешавем, ки  ба гурӯҳи корӣ намояндагони зерини муассисаҳо ва мақомотҳои давлатӣ  шомил мебошанд, ки дар давоми аз санаи 11 сентябр то 15 сентябри соли ҷорӣ дар ҷамоатҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои ноҳияи Данғара корҳои тарғиботиро бояд ба анҷом расонанад.

Расулов Ғафур – сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Абдулҳаев Кароматулло  Абдухалилович – дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Гулов Асламшо Амирназарович – дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДДТХ

Одинаев Сайдаҳмад Полвонович – саромӯзгори кафедраи забонҳои ДДТХ

Ситамов Саъдулло –  мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи ДДТХ

Раҳмонов Гулон – раиси КИ ҲХДТ дар н. Данғара

Раҷабов Султонмурод – мудири бахши ҷавонон ва варзиши н. Данғара

Қурбозода Баҳром – мудири бахши корҳои дину танзими н. Данғара

Саидова Давлатмоҳ – мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи н. Данғара

     Дар асоси   Нақша чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ гуруҳи корӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Данғар нақшаи корӣ таҳия намуда, тибқи он дар ҷамоатҳои Данғара, И.Шарифов, Сангтуда, Лолазор, Себистон, Пушинг ва дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон як қатор вохӯриҳо баргузор   карда хоҳанд шуд.   

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

   Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 дар МТМУ № 9 ҷамоати деҳоти Сангтуда ва бо аҳли ҷамоатчигии деҳоти мазкур, хонандагони мактаб ва сокинони деҳот вохӯрӣ баргузор намуданд Дар вохӯрӣ У. Қурбон – роҳбари гуруҳ, Расулов Ғ. – сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулҳаев К.А. – дотсенти кафедраи  фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Гулов А.А. - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи ҷомеашиносии ДТТХ, номзади илмҳои фалсафа, Одинаев С.П. – саромӯзгори кафедраи забонҳои ДДТХ, Садриддин Сайдализода – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои раиси ноҳияи Данғара,  Назирзода Нодир – роҳбари дастгоҳи суди ноҳияи Данғара, Абдулов Олим – мутахассиси танзим ва дини назди ҷамоати деҳоти Сангтуда  ширкат намуданд. Садри маҷлис  ҳозиринро шодбош гуфта, дар бораи сабабҳо ва зарурияти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур, инчунин аз ҳадафи баргузории ҷамоади имрӯза сухан намуданд. Сараввал сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулов Ғафур баромад намуда, қайд намуданд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ соли сипарӣ гардида, барои даровардани тағйиру иловаҳо он ба муҳокимаи умумихалқӣ  гузошта шуда буд. Ниҳоят 28-уми августи соли равон тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Сипас ҳозиринро бо мазмуну моҳияти ин тағйироту иловаҳо шинос намуданд.

       Дотсенти кафедраи  фанҳои ҷомеашиносии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Абдулҳаев К.А. оид ба ҷиҳати фалсафии  қонуни мазкур сухан ронда, моҳияти бисёре аз бандҳои онро бо ҳадису ояҳои Қуръони маҷид собит намуданд.

        Назирзода Нодир – роҳбари дастгоҳи суди ноҳияи Данғара дар бораи моҳияти қонун ва бандҳои алоҳидаи он суханронӣ намуданд. Мутахассиси танзим ва дини назди ҷамоати деҳоти Сангтуда Абдулов Олим дар бораи татбиқи қонуни мазкур дар ҷамоати деҳот ибрози назар намуданд.

      Сипас аҳли нишаст, махсусан, пирони рӯзгордида саволҳо дода посухи қаноатбахш гирифтанд. Хонандаи синфи 11-уми мактаби мазкур Аббосова Фотима аз номи ҷавонон ҳозиринро хайра мақдам гуфтанд. Дар маҷмуъ, вохӯрӣ бо як рӯҳи баланди худшиносии мардум баргузор гардида, аҳли нишаст аз баргузории он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

          Одинаев С. – аъзои гурӯҳи таблиғотӣ

Панҷшанбе, 14 Сентябр 2017 00:00

МАҶЛИСИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ДУХТАРОН

       Санаи 13.09.2017с., соати 1400 аз ҷониби Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ дар толори фарҳангии донишгоҳ бо донишҷӯдухтарони  курсҳои якум ва дуюм маҷлис гузаронида шуд. Дар маҷлис занон аз ҳисоби устодон низ иштирок доштанд.

       Сараввал, раиси Шӯрои занон донишҷӯдухтарони курси якумро бо қоидаҳои умумии интизом, муносибат, гигиенаи шахсӣ, тарзи либоспӯшӣ дар донишгоҳ ва маҳфилҳои Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ шинос намуд.

      Баъдан, дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А. баромад намуда, ба духтарон насиҳатҳои пандомез ва маслиҳатҳои муфид доданд.

     Боиси зикр аст, ки донишҷӯёни курси дуюм барои гузаронидани маҷлис ҳамчун волонтёр ёрӣ расониданд. Онҳо тарзи либоспӯшӣ, ороиши мӯй, оҳар кардани сарпӯшҳоро ба донишҷӯёни курси якум намоиш доданд. Баъдан, аз ҷониби онҳо презентатсия намоиш дода шуд, ки оид ба маҳфили духтарон, дастовардҳои онҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва соҳаи дониш омода шуда буд.

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

        Дар оғози соли хониш аз ҷониби устодони кафедраи физикаи биологӣ ва информатика маводи таълими бо номи «Тенологияи иттилоотӣ дар раванди таълим»   қисми- II дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. Китоб барои донишҷӯёни соли аввали донишгоҳҳои тиббӣ ва коллеҷҳои тиббӣ пешбинӣ шуда, услуби баён, сабки нигориш, пайдарҳамии мавзӯъҳо, матнҳои ба ихтисос иртиботдошта, истилоҳоти тиббӣ, расму мусаввараҳо ва амсоли инҳо, имконият медиҳад, ки китоби мазкур ҷиҳати осон азбар кардани асосҳои фанни информатика  гардад. Китоб аз қисматҳои асосии корҳои амалӣ ки  мувофиқи барномаи таълимӣ, замимаҳо иборат аст, ки дар он асосҳои технологияи иттилоотӣ, қисмҳо ванамудҳои корҳои амалӣ дар компютерҳо  оварда шудаанд. Ҳамчунин дар охири китоб шарҳи баъзе  калимаҳои кутоҳкардашуда ва луғатҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ оварда шудааст,ки  ба ихтисоси донишҷӯён мондагор мебошанд. 

Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид