Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

        Санаи 28.03.2017 ҷаласаи ғайринавбатии Шуъбаи кор бо ҷавонон вобаста ба риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, инчунин риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзим ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид. Дар ҷаласа, аъзои секторҳои тартиботӣ ва варзишӣ ширкат варзиданд.

        Дар рафти ҷаласа аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонон вобаста ба мавзуи ҷаласа суханронӣ карда шуда, ба сардорони секторон барои пешбурди корҳо, аз ҷумла риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ сару либоси донишҷӯӣ, сари вақт омода будан ба дарсҳо фаъолона ширкат варзидан дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ,ва пешгири намудани истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди дарсҳо ва бо мошини шахсӣба дарс ҳозир нашудан, дастурҳои мушаххас дода шуд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҳимов Х.С.

Душанбе, 03 Апрел 2017 00:00

Идомаи корҳои ободонӣ дар ДДТХ

    Санаи 01-уми апрели соли ҷорӣ дар ДДТХ аз ҳисоби донишҷӯён маъракаи навбатии гузаронидани корҳои ободонӣ ва тозаю озода кардани гирду атрофи Донишгоҳ доир гардид. Бояд гуфт, ки шанбегӣ бо ташаббуси худи донишҷӯён сурат гирифта, гирду атрофи Донишгоҳ рубучин карда шуда, аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳҳои 3-4 педиатрӣ дар заминҳои назди биноҳои таълимӣ дарахтони мевадиҳанда аз қабили олуча, себ, нок ва ғ. шинонда шудаанд.  

   Дар маҷмӯъ бо қувваи донишҷӯён гирду атрофи донишгоҳ ва минтақаи ҷудокардаи ҳокимияти маҳаллии н.Данғара ба тамиз дароварда шуд. Бояд қайд кард, ки донишҷӯён маъракаи ободониро бо як руҳи баланди ватандустӣ гузарониданд.

Ассистенти кафедраи анатомияи одам ва гистология Наботова О.З.

      Бо ташаббуси Ташкилоти  байналмиллалии  тандурустӣ, санаи  7 апрель ҳамчун рузи умумиҷаҳонии тандурустӣ  қайд карда шуда буд. Соли ҷорӣ ин рӯз  аз тарафи Ташкилоти байналмиллалии тандурустӣ ҳамчун рӯзи  беморони гирифтори депрессия бахшида шуда буд. Бахшида ба ин рӯз дар ДДТХ  бо донишҷӯён семинар оид ба мавзӯи «Депрессия чист?» гузаронида шуд. Семинар аз тарафи шӯъбаи таълим омода гардида, онро сардори шуъбаи таълим  Кузибоева Н.К.  бо маъруза барраси  намуд. Донишҷӯён аз маълумоти гирифтаашон оид ба депрессия қаноатманд гардида, таассуроти онҳо доир ба соҳаи тиб васеътар гардид.

Шӯъбаи таълим

      Маводи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    ба номи «Тенологияи иттилоотӣ дар раванди таълим » (муаллифон Шарифов Б.Л., Ситамов С.,  Асомиддини Р.К.) дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. Китоб барои донишҷӯёни соли аввали донишгоҳҳои тиббӣ ва колеҷҳои тиббӣ пешбинӣ шуда, мавзӯъҳои асосии барномаи фанни информатикаро  барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳи тиббӣ ва колеҷҳои тиббӣ  дар бар мегирад. Услуби баён, сабки нигориш, пайдарҳамии мавзӯъҳо, матнҳои ба ихтисос иртиботдошта, истилоҳоти тиббӣ, расму мусаввараҳо ва амсоли инҳо, ки китоби мазкур мубтанӣ бар онҳост, асосан содда ва осон буда, ҳадаф аз интихоби онҳо ҳиммати муаллифон ҷиҳати осон азбар кардани асосҳои фанни информатика  аз ҷониби донишҷӯён мебошад. Китоб аз қисматҳои асосии назарияви  мувофиқи барномаи таълимӣ, замимаҳо иборат аст, ки дар он асосҳои технологияи иттилоотӣ, қисмҳо ва намудҳои компютерҳо  барои хониши мустақилона  ва ғайра оварда шудаанд. Ҳамчунин дар охири китоб шарҳи баъзе калимаҳои кутоҳкардашуда ва луғатҳои англисӣ, русӣ,ва тоҷикӣ оварда шудааст,ки  ба ихтисоси донишҷӯён мондагор мебошанд. 

Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика.

   18 марта 2017 г. в 9 и 10 группах педиатрического факультета ХГМУ было проведено открытое занятие по русскому языку доцентом кафедры языков ХГМУ Заслуженным работником Республики Таджикистана Должиковой Валентиной Андреевной.
    На занятии присутствовали все студенты. На занятие присутствовали 13 преподавателей.
Тема: Из жизни замечательных людей ( А. Рудаки, Абуали ибни Сино, М.В.Ломоносов, К.В.Рентген).
Грамматика: Выражение причинно - следственных значений. (Употребление предложено - падежных конструкций со значением причины и следствия).
    Занятие было проведено на высоком научно – методическом уровне, где было демонстрированы личные инновационные методы обучение русскому языку. Было много слайдов, наглядных средств обучение. Занятие носило познавательно – воспитательный характер, являя своим построением и содержанием редкостное мастерство, талант, любовь к своей преподавательской огромный неутомимый труд педагога, широкие знания, начитанность, красоту речи, обучения со студентами.
   Студенты показали практически отличные знания за полгода программному материалу, отражаемому специфику будущей врачебной профессии и учет родного (таджикского) языка. Высокую оценку «открытому занятию дали учёные Ситамов С., Одинаев С., Кузибаева Н., Усмонова У., а главное – сами студенты, наградив доцента Должикову бурными продолжительными аплодисментами и добрыми словами.
    Занятие очень хорошее было чему поучиться другим.
 
Учебная часть
        Дар  ҳафтаи  сипаришуда  дар  кафедраи Анатомияи одам ва гистология  дарсҳои  ҷамъбастӣ   аз  фанни  Анатомияи  одам  гузаронида  шуд. Дар  ин  дарсҳо  донишҷӯёни  ҳамаи  факултетҳои  донишгоҳ ба пуррагӣ иштирок  карданд.
        Дар  факултетҳои  тиббӣ  ва  педиатрӣ  дарсҳои  ҷамъбастӣ  мавзӯҳоро оид ба  «Системаи  аъзои  ҳозима»  ва  «Системаи  нафаскашӣ»,  дар  факултети  стоматологӣ  бошад   оид ба «12 ҷуфти  асабҳои  мағзи  сар»  ва  «Дилу   рагҳои  хунгарди  сару  гардан»  дар  бар  гирифтанд. Дарсҳои  ҷамъбастӣ аз  ду  қисмат, тестӣ -бо  пешниҳоди  20 саволи  тестии шакли  пушида   бо  интихоби  як  ҷавоби  дуруст  ва  5 саволи  шифоҳӣ  ва  кашидани   нақшаи узвҳо  дар  тахтаи  синфӣ  иборат  буд.
       Ҷавобҳои  донишҷӯён   чунин  натиҷагирӣ  карда  шуданд:  барои  ҷавоби дурустӣ ҳар  як  саволи  тестӣ  як  хол  дар  маҷмӯъ  20 хол, ҷавоби  саволи шифоҳӣ  2 хол  дар маҷмӯъ  10  хол,  бо  имконияти  ба  таври  максималӣ  гирифтани   30  хол                                                                              
Натиҷаҳои бадастовардаи донишҷӯён  чунин баҳогузорӣ карда шуд: факултети тиббӣ10 - % аъло, 32,3 -% хуб, -54% миёна, -5% бад; факултети педиатрӣ  4 - % аъло,37,1 -% хуб,55 -% миёна, 4,4-% бад ; факултети стоматологӣ 9,1 - % аъло, 15-%  хуб,73,2 -% миёна, 3,45-% бад;  
      Аз натиҷаи ҷамъбасти 1-ум бармеояд, ки баҳои хубу аъло нисбат ба давраҳои пешинаи дарси ҷамъбасти то як маротиба зиёд шудааст, ки дар маҷмуъ нишондоди хуб ба шумор меравад.                                                                        
 Мудири кафедра                                                                           Зарипов И.А.
      Дар кафедраи анатомияи одам ва гисталогия  дар асоси нақшаи таълимӣ  рӯзи 28-уми  марти  соли 2017 дар гурӯҳҳои 5-6 тиббӣ  дар  мавзӯи «Маълумоти умумӣ доир ба систеиаи асаб. Ҳароммағз ва пардаҳои он» дарси  кушод  гузаронида  шуд. Рафти  дарс  бо истифодаи  слайдҳо , расмҳо  баргузор  гардид. Дар охир барои  мустаҳкамкунии  маводи  дарсӣ  саволу  ҷавоб байни донишҷӯён бо устод  сурат гирифт. Донишҷӯён ба саволҳои додаашон  ҷавоби  пурра  гирифта  қаноатманд  шуданд.
      Дар   дарси  кушод  Одинаев С.П.-  сармутахассис оид ба назорати сифати таълим, Наботова О. З – муаллимаи кафедраи анатомияи одам ва гистология, муаллимаи кафедраи биологияи тиббӣ ва химия н.и.х Усмонова У.Х , Шарипова Ҳ.Я, Султонмамади Г., инчунин муаллимони кафедраи забонҳо   Қурбонов Х.Ш., Отахонов Р.Х. ва дигарон  иштирок доштанд.
   На кафедре анатомии человека и гистологии 28.03.2017  проводился открытый  урок в  5-6й  групп медицинского факультета  зав.каферой анатомии человека и гистологии Зарипов  И.А.  на тему  «Общий обзор нервный системы. Спинной мозг и его оболочки»
На открытом уроке присутствовали:
Инспекотр по надзору качеств преподавании  Одинаев С.П.
Наботова О.З. ассистент каф.анатомии  человека и гистологии, преподаватели кафедры медицинской биологии и химии к.х.н Усмонова У.Х, Шарипова Х.Я, Султонмамади Г, а также   преподователи кафедры языков Курбонов Х.Ш., Отахонов Р.Х. и другие.    
   Во время проведения открытого урока студенты проявили  свою  активность , отвечали на все вопросы заданные преподавателем
      Были представлены презентации по данной тематики.
Зав. Кафедрой анатомии человека и гистологии                           Зарипов.И.А
Душанбе, 27 Март 2017 00:00

НАВРӮЗ ДАР ҲАФТА

НАВРӮЗ ДАР ҲАФТА

Аз рисолаи «Наврӯзнома»-и Муҳаммад бинни Алӣ Ҳакими Тирмизӣ (р)

    Хоҷа Имом Ҷамолулислом Маъниуланом Муҳаммад бинни Алӣ Ҳакими Тирмизӣ (р.а.) фармудаанд: «Ман саду бисту панҷ сол умр ёфтам ва таҷриба бисёр кардам, то илми нуҷумро дарёфтам ва аҳкоми афлокро бишнохтаму манозили Офтобу Моҳро маълум кардам, соату замону дараҷоту дақоиқро дарёфтам. Ва таҷрибаи кулли солро аз саъду наҳс ва хайру шар ва нафъу зарар берун овардам. Ва ин китобро «Наврӯзнома» ном ниҳодам. Ва истихроҷи ҳар рӯз, ки Наврӯз шавад, дар он сол чӣ бошад ва чӣ далел кунад, навиштам. Ва ин китоб муштамил аст бар айёми сабъа аз якшанбе то шанбе. Гуфта шавад, ки дар ҳар сол аз ҳаводиси давр чӣ ҳодис шавад ва дар олами сифлӣ аз воқеаи подшоҳон ва бузургону олимон ва умарову даҳоқин ва ғаллаву фолиз ва кишту ҳол, вуҳушу туюр ва мардону занон ва хидматгорону корфармоён ва меҳтарону кеҳтарон ва бозаргонҳову ҳоли шаҳрҳову вилоятҳо ва барру баҳр ва ғайри ин ҳама гуфта шавад, иншааллоҳи таоло. Эзиди субҳона ва таоло манофеи ин китобро дар кор дорад.

     ЯКШАНБЕ - Агар Наврӯз    рӯзи якшанбе бошад, худованди сол Офтоб бувад ва аҳволи подшоҳони бузург неку буваду неъмат фарох  бувад ва нархҳо арзон бувад ва ошӯб кам бувад ва сибоъу даду   дом бисёр бошанд ва пунба неку бувад. Ва дарду беморӣ фаровон бувад ва боду меғу гарду тагарг фаровон бувад ва ғалла неку буваду кунҷид беҳтар бошад ва аз меваҳо ангур беҳтар бошад. Ва нафъи мардум аз меҳтарону бузургон бувад. Ва зимистон миёна бувад ва мардумонро аз султон некуӣ расад.

    ДУШАНБЕ – Агар Наврӯз рӯзи душанбе бувад, худованди сол Қамар бувад. Ва ҳоли мулукон неку бувад ва корҳои мардум бо нафъ бувад ва ҳоли бозаргонон ва аҳли дарё неку бувад. Ва фарохии неъмату арзонии нарх бувад ва обҳо фаровон бувад ва фитнаву ошӯбу ҳарб бувад. Ва наму борон бувад ва фасли баҳору тобистон мардум дар сутӯҳ аз сабаби гармо. Ва дар аввали зимистон барф гарон ва… бар дар баҳор бикунад ва сармо ба ҳангом бикунад ва мӯру малаху магас ва мору каждуму занбӯру бузағ  (вазағ – навъе аз қурбоққа, ғук) бисёр буда ва бемории занону кӯдакон ғалаба бувад.

    СЕШАНБЕ – Агар Наврӯз рӯзи сешанбе бошад, худованди сол Миррих бошад ва толеъ ақраб. Ҳоли султонону авонону дуздон неку бувад ва ҳарбҳову лашкаркашиҳо бисёр бошад ва кори мардум баста бувад ва ғами гунагун бисёр бошад ва нархҳо гарон шавад ва фитнаву ошӯб ва гуфтугӯ бисёр бошад ва тобистон гарм бувад ва бештар бемории обила бошад ва кӯдаконро бештар бошад ва занон бо шавҳарон бад шаванд ва меҳтаре бузурге ба сӯи Машриқ кам шавад ва дар ҷониби Мағриб малики бузург бимирад ва борон ба вақт бисёр борад ва пунбаӣ бегоҳ набояд киштан, то неку ояд ва ғалла неку бувад. Ҳам нархҳо гарон шаваду ҳоли деҳқонон неку бувад. Ва баъзе меваҳоро офат расад, аз сахтии сармо. Ва ҳар киро толеъ қамарӣ бувад, ҳоли ӯ неку бувад.

    ЧОРШАНБЕ – Агар Наврӯз рӯзи чаҳоршанбе дар ояд, худованди сол Аторуд ва толеъ сумбула бувад ё ҷавзо. Фитнаву ошӯб бисёр бувад ва ҷанг, хусумату хиёнат ва дурӯғ бисёр бувад. Ва нархҳо гарон бувад. Ва харид аз нархҳо бисёр бувад. Ва дар бемориҳо иллат бувад. Ва гармиву хушкиву дарди гулуву сина бувад. Ва бар замини Гелону Табаристон ва Гургон ошӯбу фитна бувад ва мардумро ғаму қаҳтӣ ва тангиву андӯҳ бувад. Ва корҳо баста бувад ва бозаргон косид бувад ва халқро раҳм бар якдигар набувад. Ва нодононро кори дунё нек бувад ва мардуми донову аҳли салоҳ кам бувад ва амонат набошад ва борон ба вақт бисёр бошад. Ва ҳоли султонон гардон бувад ва аз султонон яке осӣ шавад ва амири бузург бар меҳтари худ осӣ шавад. Ва меваро офат расад ва беморӣ дар фасли тобистон бисёр бошад. Ва бодҳои мухталиф бисёр вазад ва ғалла неку бувад. Аммо дар фасли баҳор хушкӣ бувад. Ва дилҳои мардум бо тарсу бим бувад. Ва сармову зимистон сахт бошад. Ва шарафи олмиён миёна бувад.

    ПАНҶШАНБЕ – Агар Наврӯз рузи панҷшанбе бувад, худованди сол Муштарӣ бувад ва ҳоли уламову улвиён ва зоҳидону қуръонхонон ва мардуми пайи кори дину шариат риққат кунанд. Ва хайру баракат падид ояд ва неъмат фаровон бувад. Ва кори султонон қавӣ гардад ва кори дарвешон неку. Ва кори чаҳорпоён нек бувад ва фасли баҳор гиёҳ неку бувад. Ва меҳру моҳ хирманҳо табоҳ шавад ва низ дар фасли баҳор меғу тагарг бисёр бувад ва тобистон гармо миёна бувад ва ҳам дар ин сол Офтоб бо Моҳ бошад.

    ҶУМЪА – Агар Наврӯз рӯзи ҷумъа бувад, худованди сол Зуҳра бувад ва толеъ мизон. Ва ҳоли уламо ва улвиён ва зоҳидону қуръонхонон неку бувад ва ҳоли занону касон, ки сару кори эшон бо занон бувад. Ва нек бувад аҳволи бузургон, ҷавҳарфурӯшон ва наққошон ва худовандони атру пироя ин ҳамаро бувад. Ва нархҳо арзон шавад, хосса ғалла. Ва ҳоли султонон заиф бувад ва дар миёнаи дил машғулӣ бувад. Ва тарабу никоҳу пайвастагии ишқбозон бисёр бошад. Ва пунбаи бегоҳ набояд коштан, ки офат расад ва бим бувад. Ва фолиз нек бувад. Ва зимистон барфу ях бисёр бувад ва тобистон гарм бувад ва бемории мардум бисёр бувад.

    ШАНБЕ - Агар Наврӯз рузи шанбе дар ояд, худованди сол Зуҳал бувад ва толеъ далв бувад. Ҳоли мардум бад бувад ва бо ғаму андӯҳ ва гуфтугӯй ва ихтилоф бувад. Ва султону раиятро мунозиат бувад ва бар якдигар берун оянд ва ҳалоки якдигар кунанд. Ва хабарҳову лашкаркашиҳо бисёр бувад. Ва дар ин сол ғалла бисёр буваду ангурро офат расад ва офатҳои борон бисёр бувад. Ва дар фасли баҳор эмин бувад. Ва бар замини Ҳидустон офати осмонӣ бисёр бувад ва сулотони бузург падид ояд, ки аз дасти ӯ ҳамаи ҷаҳон балову фитна бигирад ва ноҳия бадтар бувад. Ва дар замини Мовароуннаҳр эмин бошад. Ва дар ноҳияи Ироқ подшоҳе падид ояд ва подшоҳӣ кунад ва баъд аз он дод падид ояд. Ва мору малаху занбӯру каждуму кабку бузағ бисёр бошад ва аҳволи мардумон гарон бувад ва бар замини Туркистон машғулии дил падид ояд. Ва ҳоли бузургон нек бувад. Ва дар Табаристон ошӯбу фитна бувад ва дар вилояти Мозандарон ноэманӣ бувад. Ва ба новақт сармо бикунад ва бемориву дарди сина ва бемории занону кӯдакон бисёр бувад ва корҳо омехта бувад. Ва ҳоли уламову улвиён миёна бувад. Ва зимистон барфу ях бисёр. Ва дар замини форс обилаву марг бувад ва дар замини Бобул марги гӯсфандон бувад. Ба ноҳияи араб ҳарб афтад ва бисёр мардум кушта шаванд, аммо даст подшоҳи арабро бувад. Ва гӯсфандонро офати осмонӣ расад. Ва дар охири сол нарх гарон шавад. Ва ҳарбу мукошифати мардум бисёр бувад ва ҷанги занон бо шавҳарон бисёр ва бештар бувад. Ва кори ишқбозон баста бувад ва муроди ошиқаон бар наёяд ва нози маъшуқон бисёр бошад ва  дилмашғулии мардум бисёр бувад ва хосса дар кӯҳистон. Ва пунбаӣ бегоҳ набояд киштан. Ва кунҷид неку бувад. Ва бар замини Бобул ғалларо офат расад. Ва дӯстони қадим бо якдигар хусумат кунанд ва ҳоли маҷол бисёр гардад ва дилмашғулии мардумон бувад аз сабаби фитна ва ошӯб. Ва худованди сол ба ҳама сол арзонӣ бувад. Валлоҳу аълам.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид