Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ЧОРАБИНИҲОИ ОБОДОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

18 Апрел 2020
Муаллиф :  

    Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муҳтарам Убайдулло Қурбон оид ба гузаронидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони донишгоҳ ва донишҷӯёне, ки аз дарсҳо фориғ буданд ба тоза кардани гирду атрофи донишгоҳ шурӯъ намуданд.
    Кормандон ва донишҷӯён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, қисме ба даравидану тоза кардани алаф ва қисми дигарашон ба тоза кардани ду канори роҳе, ки аз байни кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзода мегузарад, машғул шуданд.
Донишҷӯён ду тарафи роҳҳои кӯчаи мазкурро аз ҳар гуна партов ва пасмондаҳо тозаву озода намуда, ҳамзамон даруни ҷӯйборҳоро низ аз хасу хошок тоза карданд.
   Қайд кардан лозим аст, ки дар тоза кардани гирду атрофи донишгоҳ саҳми раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён Камолов Д.Ғ., мудири шуъбаи ҷавонон Раҳимов Х.С., омӯзгорони варзиш Самиев С.Ф., Қурбоналиев Ҷ.М. ва коменданти биноҳои таълимӣ дар донишгоҳ Абдуллоев М. хеле назаррас буд.
    Амалӣ гардидани чунин корҳои ободонӣ ва созандагӣ аз ҷониби корхонаҳо ва муассисаҳои гуногун ба маърифати экологии аҳолӣ низ таъсиргузор хоҳад буд. Боварии комил аст, ки дар ояндаи наздик ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос хоҳад кард.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 148 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид