Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

БАРГУЗОРИИ ОЗМУН БАРОИ 5500 - СОЛАГИИ САРАЗМИ БОСТОНӢ

08 Апрел 2020
Муаллиф :  

    8 - уми апрели соли ҷорӣ тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 5500 - солагии Саразми Бостонӣ дар кафедраи ҷомеашиносӣ дар самти «Ташкили озмунҳо миёни донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ» озмун таҳти унвони «Саразм - гаҳвораи тамаддун» баргузор гардид.
     Дар озмун мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф. Гулов А.А., раиси Шӯрои занон ва духтарон, н.и.ф. Саидова М.Р., муовини декани факултети тиббӣ Мардонова Н., сармуҳаррири ҳафтаномаи донишгоҳии «Пайки шифо» О.Саркорӣ, омӯзгорони кафедраҳои ҷомеашиносӣ, забонҳо, химия ва билогияи тиббӣ ширкат варзиданд.
    Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А. озмуни мазкурро ҳусни ифтитоҳ бахшида, мухтасар оид ба тамаддуни қадимии халқи тоҷик суханронӣ кард.
   Ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ Каримов М. оид ба Саразми бостонӣ, ки моҳи декабри соли 2019 бо гурӯҳи кураториаш ба ин мавзеи таърихӣ сафар карда буд, таассуроти хешро баён намуд.
   Номинатсияҳои озмун пешниҳоди мақолаи беҳтарин дар бораи Саразми бостонӣ, баромад бо презентатсия, намоиши либосҳои миллӣ, тартиб додани кроссвордхо ва рақси суқдиро дар бар мегирифт.
    Баъд аз баромади иштирокчиёни озмун аз рӯйи номинатсияи дар боло зикргардида, ҳайати ҳакамон озмунро ҷамъбаст намуданд.
Барои номинатсияи пешниҳоди мақолаҳо сармуҳаррири «Пайки шифо» О.Саркорӣ баҳогузорӣ намуда қайд кард, ки мақолаҳо қариб, ки ҳама якхела буда, бо мазмунҳои ба ҳам монанд пешниҳод гардидаанд. Бинобар ин, лозим аст, ки дар давраҳои дуюм ва сеюми озмун мақолаҳои беҳтар бо нишон додани сарчашмаҳо ва адабиёт пешниҳод карда шаванд.
   Аз рӯйи номинатсияи презентатсияҳо оид ба Саразми бостонӣ презентатсияи донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Раҷабзода Нигина беҳтарин дониста шуд.
  Ҳайати ҳакамон аз рӯйи номинатсияи намоиши либосҳои миллӣ донишҷӯи курси 2-юми гурӯҳи 208-и тиббӣ Ҳусейнова Ситора ва номинатсияи рақси суқдӣ донишҷӯи курси 2-юми гурӯҳи 210-и тиббӣ Давлатова Элеонораро сазовори ҷойи аввал донистанд.
   Кроссворди тартибдодаи донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Дусматов Давлат ва ролики пешниҳоднамудаи донишҷӯи курси дуюми гурӯҳи 204-и педиатрӣ Сафолов Мустафо низ диққати ҳайати ҳакамонро ба худ ҷалб намуда, беҳтарин дониста шуданд.
Озмунро мудири кафедраи ҷомеашиносӣ Гулов А.А. ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки донишҷӯён дар давраҳои дуюм ва сеюм бояд ба озмуни мазкур тайёрии ҳаматарафа ва ҷиддӣ бинанд.
  Бояд қайд намуд, ки дар баргузор намудани чорабинии мазкур саҳми ассиситенти кафедраи ҷомеашиносӣ Қураева М. хеле назаррас буд.

КАФЕДРАИ ҶОМЕАШИНОСӢ

0 Шарҳ 123 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид