Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

МАҲФИЛИ ИЛМӢ - АДАБӢ БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ НАВИСАНДАИ БУЗУРГИ РУС АНТОН ПАВЛОВИЧ ЧЕХОВ

01 Май 2020
Муаллиф :  

   24 - уми апрели соли 2020 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба 160 - солагии адиби барҷаста, мутафаккир, драмматург ва табиби бузурги рус Антон Павлович Чехов маҳфили илмӣ - адабӣ дар мавзӯи «Ҷанбаъҳои илмию маърифатӣ ва тарбиявӣ дар эҷодиёти А.П.Чехов» баргузор гардид.

    Маҳфилро мудири кафедраи забонҳо, н.и.ф. Қурбонмамадов С.Х. ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз фаъолияти маҳфилҳои илмии донишҷӯён, ки дар назди кафедра таъсис дода шудаанд, ёдрас шуд.  Номбурда иброз  намуд, ки баргузории маҳфилҳои илмӣ - адабӣ бахшида ба бузургдошти нобиғаҳои давронҳою замонҳо ва санаҳои таърихӣ дар кафедра ба ҳукми анъана даромадааст. Имрӯз, мо боз шоҳиди як маҳфили илмӣ - адабии дигаре мегардем, ки аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзои маҳфили «Культура речи», ки ба фаъолияти эҷодии А.П.Чехов бахшида шудааст,   

   Сипас, аз ҷониби профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А. дар мавзӯи «А.П.Чехов - табиб ва шоир» ва омӯзгори калони кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш. дар мавзӯи «А.П. Чехов - инсон ва нависанда» маърӯзаи пурмуҳтаво шунида шуд. Донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Пулатова У. доир ба ҳаёт ва фаъолияти А.П.Чехов бо истифода аз презентатсия маърӯза пешкаш намуд.

  Қироати шеъру суханҳои пандомез, суруду тарона ва рақсҳои мавзун, саҳначаю намошномаҳои хурд аз рӯйи ҳикояҳои «Хирургия», «Палата №6» ва «Цветы запоздалые» - и А.П.Чехов, ки аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод карда шуданд, ба маҳфил ҳусну таровати хоса зам намуданд.

 Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон дар ҷамъбасти  маҳфил ба ташкилкунандагон ва аъзои он изҳори сипос намуда,  ба чорабинии мазкур баҳои баланд доданд ва баргузории онро як дарси муҳими тарбиявӣ, ахлоқӣ ва илмӣ унвон намуданд.

КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО

0 Шарҳ 125 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид