Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «НОБИҒАҲОИ ИЛМИ ТИБ»

25 Декабр 2019
Муаллиф :  

   20-уми декабри соли равон аз ҷониби маъмурияти китобхона дар якҷоягӣ бо Шӯрои занон ва духтарон бахшида ба зодрӯзи асосгузори мактаби илмии акушер-гинекологҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Ҳакимова Саъдинисо Ҳафизовна маҳфили «Нобиғаҳои илми тиб» баргузор гардид.
    Дар маҳфил аз ҷониби донишҷӯдухтарон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурмаҳсули ин олими варзида дар соҳаи тиб маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки Ҳакимова С. Ҳ. дар Осиёи Марказӣ ягона зан-духтури узви АИТ ИҶШС буда, дар соҳаи тиб хизмати намоён кардааст.
  Донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ Бобохонова Ш. дар мавзӯи «Саъдинисо Ҳакимова-аввалин акушер-гинеколог дар Тоҷикистон» баромад карда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти ин олими намоёни тиб маълумот дод.
  

   

Ғаниева Ш. донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ барои аъзо ва иштироккунандагони маҳфил мавзӯи «Гинеколгия прекрасное создание вселенной»-ро баррасӣ намуд.
  Донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ Бобохонова Ш. оид ба «Роль врачей в сохранение здоровья детей» маълумоти мушаххас дод.
Сипас дар байни аъзои маҳфил муколама ва саволу ҷавоб баргузор гардид.
   Роҳбари маҳфил н.и.ф. Саидова М.Р. дар анҷом қайд намуд, ки тибқи нақша дар соли таҳсили 2019-2020 тавассути маҳфили «Нобиғаҳои илм» барои аъзо ва иштироккунандагони маҳфил аз зиндагинома ва фаъолияти чунин донишмандони варзидаи соҳаи тиб маълумоти мушаххас пешниҳод мегарад.

МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНА

0 Шарҳ 143 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид