Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ МУБОРАК, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

31 Декабр 2019
Муаллиф :  

   30-юми декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба ҷашни Соли нави мелодии 2020 чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
     Сараввал, Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳамаи устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро ба муносибати Соли нави мелодии 2020 табрику таҳният гуфта, барои ҳозирин тани сиҳат, хотири ҷамъ ва комёбиҳои беназирро орзу намуданд.
   Бояд қайд кард, ки барномаи фарҳангӣ аз 4-қисм иборат буда, хондани шеъру суруд, рақсу бозӣ ва ҳаҷвҳои солинавиро дар бар мегирифт.
Дар рафти барномаи фарҳангии солинавӣ аз ёфтани ҷавоби чистонҳо, иҷрои супоришҳои шӯхиомез ва саволу ҷавоб истифода бурда шуд. Ҳар як баромадкунанда бо тухфаи Бобои барфӣ сарфароз мегардид.
    Лаҳзаи аз ҳама хурсандиовар ба саҳна даъват кардани кӯдакони кормандони донишгоҳ буд. Ҳар як онҳо дар васфи Соли нав, Арча, Бобои барфӣ ва Барфак шеърҳо қироат намуда, бо гирифтани туҳфа аз ҷониби Бобои барфӣ хеле хурсанд гардида буданд.
Нақши Абулҳасан ва роҳзанони ӯ, Бобои барфӣ ва Барфак сурудхонӣ ва рақсҳои гуногун дар иҷрои донишҷӯён бо маҳорати хеле баланд иҷро гардиданд.
   Дар анҷоми барнома Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон бори дигар ҳозиринро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрик карда, барои баргузории чунин чорабинии бошукуҳу шаҳомат ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони барномаи солинавӣ изҳори сипос намуданд.

0 Шарҳ 139 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид