Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

МАҲФИЛИ “ШИФО” ДАР КАФЕДРАИ ХИМИЯ ВА БИОЛОГИЯИ ТИББӢ

14 Декабр 2019
Муаллиф :  

    11-уми декабри соли ҷорӣ кафедраи химия ва биологияи тиббӣ маҳфили навбатии худро аз фанни биология дар мавзӯи “Нақши кислотаҳои нуклеинӣ дар интиқоли ахбори ирсӣ” баргузор намуд. Маҳфили кафедраи химия ва биологияи тиббӣ аз фанни биология «Шифо» ном дошта, аз 16 нафар аъзо иборат аст, ки ба фанни биологияи тиббӣ шавқу ҳаваси зиёд доранд.                    

    Роҳбарии маҳфилро омӯзгори ҷавону умедбахши кафедра Саидов С.М. ба ӯҳда дорад.
     Аз рӯйи мавзӯи “Нақши кислотаҳои нуклеинӣ дар интиқоли ахбори ирсӣ” донишҷӯёни курси якуми факултети педиатрӣ Файзализода М. ва Мирзоев Ш. маърӯза намуданд. Баъд аз баромади маърӯзакунандагон дар байни донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардид, ки дар рафти он донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ ва педиатрӣ С. Давлатмурод, Нарзуллозода Х., Шукуров С., Файзов А., Абдуллозода И. ва дигарон хеле фаъол буданд.
      Дар охир мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ н.и.х. Усмонова У.Х. маҳфилро ҷамъбаст намуда, ба роҳбар ва аъзои маҳфил барои пеш бурдан ва дар оянда боз ҳам шавқовар намудани кори он тавсияҳои муфид дод.

0 Шарҳ 145 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид