Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории норасоии маснуияти одам ВИЧ/СПИД» 30-юми ноябри соли ҷорӣ дар саҳни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, майдони ноҳияи Данғара ва Коллеҷи тиббии ДДТХ оид ба мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД варақаи итиллоотӣ паҳн карда шуд.
Ин иқдоми нек аз ҷониби фаъолони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба вуқӯъ пайваст. Донишҷӯёни фаъол дар баробари паҳн намудани варақаҳои итиллоотӣ, тасмачаи сурхро низ тақсим мекарданд, ки он дар тамоми ҷаҳон рамзи мубориза алайҳи СПИД эътироф шудааст.
ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН