Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Нутқи табрикотии Ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» толори фарҳангӣ, соати 10:00

23 Май 2021 Муаллиф :  

 Ҳозирини гиромӣ, ҷавонони Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон!    

Вазъи сиёсии ҳар як ҷомеаро гурӯҳҳои сиёсие муайян менамоянд, ки дар як низом ва ё ташкилоти сиёсӣ муттаҳид  гашта, барои расидан ба рушду тараққиёти иқтисодӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва амалӣ намудани  ҳадафҳои олии  фарҳангӣ якҷоя саъю кӯшиш менамоянд.

           Фаъолияти ҷавонон, ки аз назари шумора дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, ифодагари он аст, ки нақши ин табақа дар ҳаёти ҷамъиятӣ ниҳоят бузург аст. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта, Сарвари давлатамон Пешвои  муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «…Мо ба масъалаи  ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон мебошад».

            Бояд қайд намоям, ки ҳанӯз дар давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида буд, ки он аз таваҷҷуҳи  зиёди давлату Ҳукумати Тоҷикистони озод ба ҳалли проблемаҳои  ҳаёти ҷавонон шаҳодат медиҳад.

            Дар марҳилаи имрӯзаи инкишоф бошад, ташаккули маърифати сиёсии аҳолӣ, хоса ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Ҳукумати тозаистиқлоли мо гаштааст. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ, ки тамоми сайёраро фаро гирифтааст, тақозо дорад, ки мо ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар минтақаҳои олам ба вуқӯъ меоянд, сари вақт баҳои воқеӣ дода, мавқеи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.

            Қайд кардан зарур аст, ки  донишҷӯёни ДДТХ, пас аз хатми ин даргоҳи илму маърифат рисолати муқаддас - ҳимояи солимии ҷомеаро ба дӯши худ гирифта, ин масъулияти муҳимро ба хубӣ ҳис карда, дар раванди ободсозӣ  ва бунёдкориҳои ҷомеа ҳамеша нақши муассир хоҳанд гузошт.

             Маълум карда мешавад, ки бо таваҷҷуҳ ба таҷлили ҳамасолаи  Ҳафтаи  ҷавонон дар Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ аз фаъолияти онҳо, дар чаҳорчӯбаи ин ҷашн  ба як гурӯҳ  аз ҷавонони боистеъдоди ДДТХ тақдими туҳфа ва Ифтихорномаҳо дар назар гирифта шудааст.

      Лозим ба қайд аст, ки дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ Кумитаи тадорукот аз моҳи марти соли равон таъсис дода шуд.  Дар ин давра кумитаи мазкур нақша-чорабиниҳоро дар ДДТХ ҷиҳати ташкил ва муайян намудани дастовардҳои беҳтарини донишҷӯён дар асоси озмунҳо пайгирӣ намуда, инчунин баргузории озмунҳои донишгоҳиро аз рӯи 12 номинатсия  дар байни кафедраҳо ва донишҷӯён, аз қабили  «Омӯзгори сол», «Куратори беҳтарин», «Гурӯҳи беҳтарин», «Кафедраи беҳтарин», «Донишҷӯи сол», «Варзишгари сол», «Беҳтарин маҳфили илмӣ», озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурӯѓи маърифат» дар соли 2021 гузаронид.

       Боиси қаноатмандӣ аст, ки раёсати донишгоҳ ва кормандони он тавонистанд дар ин давра  вазифаҳои худро вобаста ба  масъалаҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ, муолиҷавӣ ва дигар корҳои ташкилию ҷамъиятӣ  амалӣ намоянд.

       Дар воқеъ, ҳарчанд ки соли 2020 замони эълон гардидани пандемияи бемории сироятии Ковид-19 буд, бо назардошти дуруст ба роҳ мондани сиёсати идоравӣ ва чораандешии саривақтӣ, ҳамзамон таъсис додани ситоди дохилиидоравӣ ва саҳмгузории гурӯҳи волонтёрон (Ковид-19), инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ,  ба раёсати донишгоҳ муяссар гардид, ки дар  солҳои 2020 - 2021 муваффақиятҳои назаррасро дар ҳамаи самтҳои фаъолият  таъмин намояд.

      Далели ин гуфтаҳо натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули ҲПО ва ҷамъбасти  иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Аввалин маротиба донишгоҳи  мо тавонист, ки дар байни 41 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  соҳиби 3 ҷой  ва  Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шавад. 

     Имсол  Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ дар рӯзҳои 27-28 - уми май дар  байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.  Умедворам, донишҷӯёни мо дар олимпиадаи мазкур, ки   аз рӯи 10 фанни таълимӣ ширкат меварзанд,  сазовори ҷойҳои намоён хоҳанд гашт.    

Раёсати донишгоҳ бо мақсади ҷонибдорӣ  аз фаъолиятҳои ҷавонон, тасмим гирифт, ки   дар донишгоҳ ба таври анъана, дар чаҳорчӯбаи иди Ҳафтаи ҷавонон ба 90 нафар аз ҷавонони фаъол ва болаёқати донишгоҳ барои ширкати босамар дар озмунҳои дохиливу байналмилалӣ, инчунин  ба созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ (Шуъбаи ҷавонон, Шӯрои занон ва духтарон, Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён)  барои саҳми назаррасашон дар тарбияи ҷавонон ва амалӣ намудани сиёсати ҷавонон  дар ҷумҳурӣ бо маблаѓҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳои донишгоҳ қадрдонӣ намояд.

           

Ҳозирини гиромӣ!

  

Ҳар сол 23 -юми моҳи май дар Тоҷикистон  яке аз ҷашнҳои муҳим  - Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад, ки дар он бевосита   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо тамоми ҷавонон мулоқоти судманд анҷом медиҳанд.  Имсол ба ин муносибат  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дирӯз дар ҷашни имсола ширкат варзида, бо кулли ҷавонони кишвар, ки ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат маҳсуб меёбанд, мулоқот доштанд. Вобаста ба ин, ба сохторҳои масъули донишгоҳ, аз ҷумла, муовинати тарбия, таълим ва илми донишгоҳ супориш дода мешавад, ки матни Паёми Сарвари давлатро дар машѓулиятҳо ва маҳфилҳои илмию адабӣ мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ   қарор диҳанд. 

          Бо боварии том метавон гуфт, ки ҷамъомади мазкур дар болоравии тафаккури сиёсии донишҷӯёни мо нақши муассир гузошта, мавқеи сиёсию ҷамъиятии аҳли донишгоҳи моро дар марҳилаи имрӯза боз ҳам равшантар муайян месозад.

  Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳар яки шуморо ба иди Ҷавонони  Тоҷикистон аз самими қалб табрику муборакбод намуда, ба шумо бахту иқболи нек, рӯзгори  осуда, дар  корҳои донишандӯзиву илмӣ ва  эҷодиатон барори муваффақиятҳо  таманно менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!

0 Шарҳ 160 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид