Раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Шуморо ба ифтихори ҷашни 75 -солагиатон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо нахуст тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд ва дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб барору комёбӣ таманно доранд.
Ҳамагон хуб медонанд, ки саҳми Шумо дар тарбияи ҳазорон шогирд ва ҳамзамон, дар корҳои заҳматталаби таълиму тарбия бениҳоят бузург аст. Шумо дар тӯли умри пурбаракати хеш қуллаҳои нав ба нави илмро фатҳ намуда, ба унвони баланди профессорӣ расидаед.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Шумо дар соҳаи таълим ва тарбияи кадрҳои баландпояи тиб назаррас буда, нафъи он ба рушду густариши соҳаи тандурустӣ равона гардидааст. Ин ҳама боиси ифтихор ва шарафмандист.
Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омўзгорон ва шогирдон дар таҷлили зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдил буда, умед доранд, ки боз солҳои зиёд дар соҳаи тандурустӣ хизмати содиқонаву софдилона намуда, мутахассисони баландихтисоси соҳаи тибро тайёр менамоед.
Бори дигар, Шуморо ба муносибати 75 - солагиатон табрику таҳният мегӯем, бароятон саодатмандӣ, сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.
Ҷашни 75 - солагӣ муборак, устоди азиз!
Бо эҳтироми самимӣ,
Ректори ДДТХ
д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон