Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ҶАШНИ 75 - СОЛАГӢ МУБОРАК !

17 Апрел 2021 Муаллиф :  

Имрӯз яке аз аз олимони бузург, физиологи машҳур, доктори илмҳои тиб Шукуров  Фирӯз Абдуфаттоевич 75 - сола мешавад.

Шукуров Фирӯз Абдуфаттоевич 17 - уми апрели соли 1946 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд  шудааст.

Физиолог, доктори илмҳои тиб (1995). Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро соли 1971 хатм намудааст. Ординатор (1971 - 73), аспирант (1973 - 1975), ассистент (1975 - 1982), дотсенти кафедраи физиология (1982 - 95), ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ (1996 - 2003)  ва аз соли 2003 мудири кафедраи физиологияи эътидолии ДДТТ. Дар робита ба тавсифи кори дил дар ҷараёни мӯътодшавии одам ба шароити баландкӯҳ, инчунин хусусиятҳои физиологии меъёрҳои баҳодиҳӣ ва пешгӯии мӯътодшавии фардии одам ба шароити кӯҳсор як силсила тадқиқот анҷом додааст. Дар институти марказии такмили ихтисоси духтурони шаҳри Москва (1981), Институти 1-уми тиббии Москва ба номи И.М.Сеченов (ҳоло Академияи тиббии Москва) (1987), Институти марказии тарбияи ҷисмонии Москва (1991) маҳорати касбиашро баланд бардоштааст.

Фирӯз Абдуфатоевич академики Академияи экологии Россия, раиси ҷамъияти физиологони ИДМ, раиси ҷамъияти физиологони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Қарағанда ва Донишгоҳи омӯзгории Липетск мебошад.

Зиёда аз 160 таълифоти илмӣ дорад. Аз соли 1996 роҳбари барномаи комплексии тадқиқот дар мавзӯи «Масъалаҳои саломатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои баланд бардоштани имконоти амалии организм» ва аз соли 2008 роҳбари барномаи комплексии тадқиқот дар мавзӯи «Вазъи системаи асаби марказӣ, фаъолияти олии асаб ва системаи масунияти одам дар мавриди стрессҳои гуногун» аст.

Бо медали «Хизмати шоиста»  мукофотонида шудааст.

Раёсати Донишгоҳи давлатии тибиии Хатлон, ҳайати профессорону омӯзгорон  Фирӯз Абдуфаттоевичро ба муносибати ҷашни 75 - солагиаш самимона ва содиқона табрику таҳният намуда, барояш тани сиҳат, умри дароз ва дар ҷодаи илм комёбиҳои беназир орзу менамоянд.

РАЁСАТИ ДДТХ

0 Шарҳ 168 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид