Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Табрикоти Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор У. Қурбон ба муносибати «Иди байналмилалии Наврӯз» соати 10:00

20 Март 2021 Муаллиф :  

Устодон ва донишҷӯёни азиз,

Ҳозирини гиромиқадр!

           Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки чанд рӯзи охир кишвари зебоманзари моро рӯҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи ҷашни бузурги аҷдодӣ- Наврӯзи оламафрӯз фаро гирифтааст. Аз ҳар гӯшаю канор, ҳар хонадони соҳибиқболи он садои нишоту хурсандӣ, ки бо ин, ба гӯш мерасад. Воқеан, Наврӯз ба ҳама шодиву хурсандиҳо шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармудаанд, ки «ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад».

            Мо,  тоҷикон ҳамеша бояд аз он ифтихор намоем, ки ин ҷашни қадимаро бо маъниву муҳтавои тоза ва фалсафаи бою рангин ба мерос гирифтаем ва боз аз он ифтихор менамоем, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи роҳбарияти олии Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад.
          Мазмун ва моҳияти баланди имрӯзаи Наврӯзро  ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ (соли 2010)  дар маросими таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз қайд намуданд, ки «…ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст».

           Таърихи Наврӯз саҳифаҳои дурахшоне дорад, ки дар чунин лаҳзаҳои шодиву нишот аз онҳо ёдоварӣ намудан маънии эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳанги беш аз панҷҳазорсолаи миллиро дорад.

            Аз миёни даҳҳо асарҳое, ки дар заминаи таърихии зуҳур ва шукӯҳу таҷаллии Наврӯзи Аҷам эҷод шудаанд, «Наврӯзнома»-и Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ моҳияти баланди илмиву таърихӣ дорад. Тибқи иттилои «Наврӯзнома» нахустин инсоне, ки бо назари орифона ва нигоҳи амиқи илмӣ  санаи мушахасси  фарорасии  Рӯзи навро кашф кард, Ҷамшед буд ва ба  қавле «чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва пас аз он аз баҳри бузургдошти офтоб онро нишона карданд ва он рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд».     

          Ин аст як нуқтаи бисёр кӯтоҳ, аммо дорои аҳамияти бузург аз таърихи падид омадани Наврӯз ва таъкиди ниёи бузурги мо Ҷамшед бар гиромӣ доштан ва дар лавҳи ҳофизаи таърихӣ барои тамоми қарнҳо ҳифз намудани мақоми волои ин ҷашн.

Ба омад-омади Наврӯз дар рӯзҳои аввали ин ид ойинҳоест, ки иҷрои он барои ҳар як оила ҳатмӣ ҳисоб мешавад, аз қабили таҳияи либосҳои нав ва маводи хӯрокворӣ, хонабарорӣ, шустани фаршҳо ва ранг кардани деворҳои хона, таҳияи сабза ва монанди инҳо. Маъмултарин расми Наврӯз гузоштани сабза аз гандум, ҷав ва анвои ғалладона мебошад.

           Аз ин ҷост, ки Наврӯз ҳамчун иди сари сол, иди баҳору кишту кор, иди фархундаву пирӯзӣ ҳазорсолаҳо боз ҷашн гирифта мешавад.

          Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллии тоза пайдо кард. Басо рамзист, ки маҳз дар ҳамин давра Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.

Ҳозирини гиромӣ!          

           Ҳамасола аҳли ДДТХ чун дигар мардумони кишвар иди Наврӯзро бо дастовезҳои муносиб ва арзанда пешвоз мегиранд. Ҷашни имсоларо низ устодону донишҷӯёни донишгоҳамон дар тамоми самтҳои фаъолият бо натиҷаҳои хубу хотирмон  истиқбол мегиранд.

  Месазад, ки  аз намунаи чанде аз дастовардҳои донишгоҳ дар давраи аз Наврӯз то Наврӯз бо ҳисси қаноатмандӣ манзури шумо намоям.   

            Дар ин давра Донишгоҳ аввалин маротиба  аз аттестатсияи давлатӣ бо муаваффақият гузашт ва боз барои 5 соли дигар соҳиби Иҷозатномаи фаъолият ва Шаҳодатнома шуд.

             Нахустин Конференсияи байналмилалии илмӣ - амалии Донишгоҳ     бо иштироки васеи олимони ватанӣ  ва  кишварҳои хориҷӣ  баргузор гардид.

          Дар сохтори донишгоҳ Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ, Дармонгоҳи донишҷӯён ва 2 кафедраи клиникӣ даъсис дода шуд ва онҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд.

           Тамоми донишҷӯёни донишгоҳ  таҷрибаомӯзиро   ба пуррагӣ гузаштанд. Ҳамзамон  донишгоҳ тавонист  бо 54 муассисаҳои тандурустии кишвар 90 шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонад.

             Таълифоти олимони донишгоҳ аз 37 адади соли 2016 то  ба 322 адад дар соли 2020 расид. 1 нафар аз омӯзгорон кори номзадии худро  бо муваффақият ҳимоя намуд ва ҳамзамон 2 нафар олими ҷавон аз апробатсия гузаштанд.

              Дар ин давра барои муваффақиятҳои илмию таълимӣ ва муолиҷавӣ  7 нафар  аз устодони донишгоҳ бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гаштанд.

             Аввалин маротиба дастаи донишҷӯёни донишгоҳ,  дар 2 онлайн Олимпиадаҳои байналмилалӣ  - “Самарқанд 2020”  ва “Бухоро 2020” , ки  байни донишҷӯёни соҳаи тибби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор шуда буд, иштирок намуда,  дар маҷмӯъ 5 нафар ҷойҳои 2 ва 3, 6 нафари дигар ҷойҳои   ифтихориро ишғол намуданд.

   Санаҳои 11 ва 12 –уми марти соли равон Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҶТ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар озмун донишҷӯёни мо аз фанҳои физика ва химия ғолиби ҷойи аввал шуданд.

   Аз рӯи дастовардҳои донишҷӯён дар ин давра   6 нафар бо стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар бо стипендияи раиси вилояти Хатлон, 1 нафар бо стипендияи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, 2 нафар бо стипендияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 2 нафар бо стипендияи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ мушараф гаштаанд.

          Устодони   донишгоҳ дар баробари  фаъолияти омӯзгорӣ боз ба корҳои машваратӣ, методӣ, ташхисӣ ва табобатӣ машғул буда, дар ин давра   беш аз 10 000   нафар беморонро ташхис ва табобат намуданд. Аз ҷониби ҷарроҳон дар пойгоҳи Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳия 21 амалиёти трансплантатсияи гурдаю ҷигар ва 275 амалиёти ҷарроҳии пластикӣ ва реконструктивӣ гузаронида шуданд.   

         Дар давраи пандемияи COVID-19    гурӯҳи волонтёрони донишгоҳ  дар ҳамкорӣ бо КАТС – и ноҳия беш аз 6200 хонаҳоро гардиш намуда, вазъи саломатии тақрибан 30 ҳазор шаҳрвандро муайян намуданд.

Таҳлили сессияи зимистонаи имсола нишон дод, ки зиёдшавии миқдори донишҷӯёне, ки имтиҳонҳоро танҳо бо баҳои «аъло» ва «хубу аъло» супоридаанд, ба назар мерасад ва он 49,7%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 6,8 % зиёд аст.

Аз Наврӯзи соли гузашта то ин дам  дар донишгоҳ ба хотири баланд бардоштани маърифатнокӣ ва шуури сиёсии  донишҷӯёну омӯзгорон зиёда аз 40 чорабинии фарҳангӣ,  маърифатӣ  ва сиёсӣ баргузор гардидааст. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявӣ ва фарҳангии донишҷӯёну  омӯзгорон маҳфилҳои илмию адабӣ ва маърифатию варзишӣ фаъолияти назаррас доштанд.

Раёсати донишгоҳ шурӯъ аз  арафаи иди Наврӯз гузаронидани озмунҳои гуногунро аз рӯи 12 номгӯй байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба нақша гирифта ва умед меравад, ки ҷамъбасти онҳоро, ба истиснои 2 озмуни хос ба иди Наврӯз, дар арафаи таҷлили иди “Хафтаи ҷавонони Тоҷикистон” дар сатҳи баланд ҷамъбаст менамояд.    

Ҳозирини гиромӣ!

         Сарзамини ҳамешабаҳори моро Наврӯзи оламафрӯз бо ҳама баракату нусрат ва нишоту шодкомиҳояш боз ба оғӯши гарми худ кашид. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони табодули фаслҳои сол ва рӯзгори одам аст. Мардуми мо  дар ин айём  аз рӯи одатҳои аҷдодӣ на танҳо либосҳои  куҳанро  аз тан бадар мекунанд, балки ботини хешро низ аз ҳама кинаву кудуратҳои пешина тиҳӣ месозанд ва бо қалби пурмеҳру рухсораҳои шукуфотар ба  якдигар  оғӯш мекушоянд.

        Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шуморо бо ин ҷашни зебо аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо рӯзгори хушу осуда, осмони софу беғубор, шодию хурсандиҳои беинтиҳоро таманно дорам.

      Наврӯзи хуҷастапай ба ҳар кадоми Шумо муборак бошад, ҳамкасбон ва шогирдони азиз! Саломат бошед!  

0 Шарҳ 135 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид