Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
Асосӣ / Хабарҳо / Раёсат
Раёсат 3 дақ. 2

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД

31-уми октябри соли 2026 ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини Раиси Шурои олимон, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ, дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ифтитоҳ намуда, аъзои Шурои олимонро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард.

Пеш аз оғози баррасии масъалаҳои рӯзнома, декани факултети педиатрӣ ва фармасевтӣ Маҳмудзода Ибодулло Ҳамид ҷиҳати гирифтани Дипломи номзадии номзади илмҳои тиб, инчунин, ба муносибати 50-умин солгарди рӯзи мавлудаш аз номи аъзои Шурои олимон табрик ва муборакбод карда шуд.

Ҳамзамон, се нафар донишҷӯёни донишгоҳ: Рустамқулова Г.Ш., Алиева М.Ш., Ашурмадов Ф.А., ки дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Донишҷӯи сол», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардида буданд, бо мукофотпулӣ ва Ифтихорномаи ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд. Қайд гардид, ки дастовардҳои мазкур натиҷаи заҳмати пайвастаи донишҷӯён, талошҳои омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори зеҳниву эҷодии ҷавонон мебошанд.

Сипас, ҷаласа тибқи рӯзномаи тасдиқгардида идома ёфт.

Аз рӯйи масъалаи мазкур мудири кафедраи фанҳои муолиҷавии № 1 Эргашев Ҳ.Ю. ҳисобот пешниҳод намуд. Дар он самтҳои асосии фаъолияти кафедра дар 5 сол, аз ҷумла ташкили раванди таълим, корҳои таълимию методӣ, фаъолияти тарбиявӣ, илмӣ, муолиҷавӣ, хоҷагидорӣ ва дигар самтҳои марбут ба фаъолияти кафедра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аъзои Шурои олимон ҳисоботи пешниҳодшударо баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими фаъолияти кафедра фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

Муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. оид ба фаъолияти муовинати мазкур дар соли таҳсили 2025-2026 ҳисобот пешниҳод намуд. Зимни баррасии масъала вазъи ташкили раванди таълим, корҳои таълимию методӣ, иҷрои нақшаҳои таълимӣ, фаъолияти кафедраҳо ва масъалаҳои марбут ба такмили сифати таҳсилот мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни муҳокима аҳаммияти баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими назорати иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва такмили минбаъдаи фаъолияти таълимию методии донишгоҳ таъкид гардид.

Дар масъалаи сеюм “Маълумот дар бораи рафти корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2026-2027” мудири бахши хоҷагӣ Камолов Д.Ғ. маълумот пешниҳод намуд. Зимни баррасӣ рафти омодагии иншооти таълимӣ, маъмурӣ ва дигар биноҳои донишгоҳ ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъмини шароити мусоиди кору таҳсил ва масъалаҳои марбут ба омодагии хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки барои сари вақт анҷом додани корҳои зарурӣ ва таъмини фаъолияти муътадили сохторҳои донишгоҳ дар фасли сармо тадбирҳои дахлдор андешида шуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Шокирӣ У.Ғ. оид ба рафти омодагӣ ба баргузории 7-умин конференсияи донишгоҳ маълумот пешниҳод намуд. Дар ин замина масъалаҳои ташкиливу илмӣ, омодасозии маводи конференсия ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор баррасӣ гардиданд. Зарурати дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани конференсия, ҷалби омӯзгорону муҳаққиқон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ таъкид карда шуд.

Дар доираи масъалаҳои ҷорӣ як қатор масъалаҳои муҳим баррасӣ гардида, лоиҳаҳои қарорҳои дахлдор барои муҳокима ва тасдиқ пешниҳод шуданд. Пас аз муҳокимаи масъалаҳои пешниҳодшуда, лоиҳаҳои қарорҳо тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки иҷрои саривақтии қарорҳои қабулшуда, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди фаъолияти илмӣ ва дигар бахшҳои фаъолият аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми сохторҳои дахлдор ба ҳисоб мераванд.

Хабарнигори сомона.

Ин хабар ба шумо писанд омад?Бо ситораҳо баҳо диҳед
Ҳоло баҳо нест — аввалин шавед!

Шарҳҳо 0

Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!

Шарҳ гузоштан

🛡️ Шарҳ баъди тафтиши модератор нашр мешавад. Пайвандҳо ва таблиғ қабул намегарданд.

Хабарҳои монанд Ҳамаи хабарҳо →

Ба мо нависед
Пайванд нусхабардорӣ шуд