Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
📖 Китоб · 2026

ДДТХ – меваи пурбори истиқлол

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон.

4 боб · 20 фасл⏱ ~55 дақиқа хондан2016 – 2026
Хонданро оғоз кунед ↓
↗ Фиристодан

Боби 1Муқаддима

Боиси ифтихор ва сарафрозии мо – миллати фарҳангсолор ва бахусус омӯзгорону донишҷӯён аст, ки имрӯзҳо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ, шароиту имконоти назаррасу фараҳмандкунандае, ки аз ояндаи неку дурахшони Ватану миллати маҳбубамон навид хоҳад дод, фароҳам омадааст.

Дастгирӣ ва ғамхории пайваставу бедареғи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро – олимону устодон ва донишҷӯёни кишварро –вазифадор месозад, ки пеш аз ҳама савияи дониш ва сатҳу сифати фарогирии илму техникаи муосирро тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуда, дар ин замина фаъолияти минбаъдаи худро комилан барои созандагиву бунёдкорӣ ва ба манфиати миллату меҳан равона намоем. Мақсади ниҳоии мо, пеш аз ҳама, ба таври шоиста сазовори эътимоди Пешвои муаззами миллат шудан, пуштибонӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии сиёсати давлат, эҳёи арзишҳои суннатии миллӣ, дарёфти роҳи расидан ба мақоми баланди худшиносиву худогоҳӣ ва амсоли инҳо буда, барои расидан ба ин аҳдоф аз дилу ҷон саъй хоҳем варзид.

Боиси ёдоварии махсус аст, ки соли 2016 дар кишвари маҳбубамон воқеаву падидаҳои барои миллат фараҳбахшу хушнудкунанда зиёд ба вуқӯъ пайвастанд, вале шахсан мо ба ду рӯйдоди он бештар қоилем ва онҳоро рӯйдодҳои мондагору ҷовидонӣ ва саҳифаҳои заррини таърихи миллати тоҷик мешуморем. Яке аз ин рӯйдодҳои муҳим ва барои миллат хеле арзишманд - шинохт, дарёфт ва интихоби дурусту воқеии Пешвои миллати тоҷик буд, ки кулли ҷомеа онро якдилона пазируфт ва арзандаву шоиста донист, дигаре таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон таъсис ёфт.

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон”, ки маҳз бо ташаббус ва сиёсати дурбинонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, дар баробари дигар иншооти азими аср, аз қабили НОБ-и Роғуну Сангтӯда, нақбҳо, роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, мактабу муассисаҳои нави тандурустӣ ва амсоли инҳо, ки аслан зодаи даврони Истиқлолияти ҶТ мебошанд, аз назари мақому ҷойгоҳ дорои арзиши баланди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мебошад.

Агар ба моҳият ва аҳамияти таърихии ин ибтикороти камназир ба таври амиқ таваҷҷуҳ кунем, ифтитоҳ ва роҳандозӣ шудани чунин боргоҳи маърифатро метавон авроқи заррине дар китоби таърихи навини миллати тоҷик қаламдод кард. Аз ин иқдоми маорифпарваронаи Роҳбари давлат маълум мегардад, ки вай нақши таълиму тарбияро ба унвони яке аз ниҳодҳои иҷтимоӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани меъёру стандартҳои зиндагии шоиста хеле боризу арзишманд шумурда, чигунагии фаъолияти ниҳодҳои дигари иҷтимоиро то андозае ба сифати амалкарди муассисоти таълимиву тарбиятӣ вобаста медонад, ки дурусттарин масири давлатсозиву маърифатпарварист. Бо дарназардошти ба эътибор гирифтани нақши ҳаётии системаи илму маориф дар таълиму тарбият ва ба камол расондани мутахассисони ба талабот ҷавобгӯ, ки пешрафту шукуфоии тамоми бахшҳои зиндагӣ бастагӣ ба он дорад, имрӯзҳо ин низом ба сифати як ниҳоди арзишманд ва муҳимми давлатӣ таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти кишвар, соҳаи илму маорифро ба ҳайси яке аз аҳдофи калидӣ ва амри муҳимми созандагиву сарнавиштсоз дар авлавият қарор дода, ҷойгоҳи онро дар садри сиёсати дохилии кишвар мақом бахшидааст.

Зиёда аз ин, Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи амалкардҳои низомманд ва беҳбудбахшии низоми таълиму тарбият дар ҳама ҷаласоҳою нишастҳои хеш ба масъулин ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳкорҳоеро ҷиҳати ҳалли мушкилоти дарунсозмонӣ ва бурунсозмонии ниҳодҳои омӯзишӣ пешниҳод карда, дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Мусалламан, дар ҷомеаи имрӯза, ки тамоми башар ба самти ҷаҳонӣ шудан ҳаракат дорад, мактабу маориф ва беҳбуд бахшидан ба масоили чигунагии он ба ин раванд як омили муҳимму таъсиргузор хоҳад буд. Аз ин рӯ, диққати махсус додан ба мактабу маориф ва низомбахшӣ ба ин системаи мураккабу муҳим аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ояндаи босаодату бегазандеро барои миллату давлат дар пай хоҳад дошт. Роҳандозӣ шудани ин масъала, бешак, ҷиҳати дарёфт ва мукаммал гардондани қобилияту истеъдодҳои наслҳои имрӯзиву оянда, ба камол расондани мутахассисони соҳибкасб дар соҳоти гуногуни ҳаёт, бахусус дар самтҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои ҷомеа комилан мусоидат мекунад.

Илова бар ин, тамоми афроди ҷомеа ва махсусан давлатмардони соҳибтаҷриба, бавижа роҳбарони миллатдӯсту ояндабин, ба таври яқин медонанд, ки камолоти инсонӣ дар гарави таълиму тарбияти дуруст аст, яъне таълиму тарбия беҳтарин василаи расондани одамӣ ба камолу шараф буда, башарият фақат тавассути таълиму тарбияти созандаву мондагор ба камоли хеш дастрасӣ пайдо мекунад. Ба сухани дигар, одамӣ мавҷуде ҷуз он чи таълиму тарбия аз вай месозаду меофарад, нест.

Андешидани масоили тандурустии ҷомеа, дар зеҳн матраҳ кардани роҳкорҳои ҳалли ин мушкил ва дар амал татбиқ кардани масъалаи мавриди назар аз ҳар фард хираду дониши воло, ақли расо, нигоҳи фароху ояндабин, эҳсоси баланди гуманистӣ, нангу номуси ватандориву миллатдӯстӣ, муҳимтар аз ҳама, масъулияти бисёр ҳам густардаву фарогирро тақозо мекунад, ки хушбахтона, ин дороиҳои арзишманд дар вуҷуди Роҳбари давлати мо табиатан мавҷуданд. Бунёд ва тибқи меъёру талаботи замон мавриди истифода қарор гирифтани Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” натиҷаи ҳамин тавоноиҳои фикриву фарҳангӣ ва идомаи суннати илмии поядори мутафаккирони миллати мо дар соҳаи тандурустист, ки дар замони муосир бо ташаббусу ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара арзи ҳастӣ кард ва саранҷом ин “Боргоҳи маърифат” метавонад солҳои дароз хидмати халқу миллатро бедареғ ба ҷо орад.

Аз навиштаҳои муаррихон ва ёддошти сайёҳон маълум мегардад, ки аксар шаҳрҳои ориёнишин бо доштани донишмандони аълома ва мақоми баланди илмӣ дар соҳаҳои мухталиф дорои шукӯҳу азамати чашмрасе будаанд. Шаҳрҳои ориёнишин ва дигар музофоти қаламрави ҳукми эшон дар масъалаи доштани табибони соҳибном ва китобҳои ба тиб нигаронидашуда баъзан ҳатто дар садри шаҳрҳои ҷаҳон ёд мешаванд. Дар ин миён Канти Шопур, ки дар гузашта маъмулан бо унвонҳои Ҷуде Шопур ё Гунди Шопур низ хонда мешавад, яке аз чунин шаҳрҳост, ки дар иёлоти Хӯзистони Эрон қарор дошт. Шаҳри мазкур ба ҷиҳати доштани донишгоҳи фарогиру донишмандони муътабар дар соҳаҳои гуногуни илм, бавижа дар самти пизишкӣ, ҳамчун як шаҳри илмӣ-донишгоҳӣ пазируфта шуда, пуровозатарин мавзеъ дар ҷаҳон буд. Мақому ҷойгоҳи илмӣ ва шуҳрати Канти Шопур дар аҳди Сосониён ба андозае буд, ки ҳатто муаллифони баъзе сарчашмаҳо онро ба хотири рушду пешрафти илми пизишкӣ ба унвони «шаҳри Буқрот» шарҳ додаанд.

Канти Шопур, ки дар бахши тиб донишу таҷриба ва дастовардҳои илмии донишмандони кишварҳои дорои таърих ва тамаддуни куҳани эронӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, сурёнӣ ва монанди инҳоро дар пайванд бо ҳамдигар фароҳам сохт, дар тули садсолаҳои зиёд толибилмони зиёдро аз гӯшаву канори дунё барои омӯзишу таҳсил фаро гирифта, дар таълиму тарбия ва ба камол расондани пизишкон, ки бархе аз эшон сазовори шуҳрати ҷаҳон гардидаанд, саҳми босазо гузошт. Маҳз ба ҳамин хотир онро метавон донишгоҳи ҷаҳониву байналмилалӣ қаламдод кард. Дар ин замина ҳамчунин бояд афзуд, ки донишмандони соҳаи тибби тоҷику форс, он дастовардҳо ва фарзияҳои олимони дигар мамолик, бавижа ҳиндиву юнониро, ки аксаран назариявӣ буданд, дар таҷрибаи амалӣ татбиқ карданд.

Аз таърих дониста мешавад, ки илми тиб ё худ дониши пизишкӣ ба унвони яке аз шохаҳои муҳимми маҷмуаи улуми мавсум ба ҳикмат, илму-л-ахлоқ ва фалсафа дар иртибот бо суннату ойин, низом ва дигар қавонин собиқаи тӯлонӣ дошта, аз таваҷҷуҳи вижаи хоссу ом бархӯрдор буд, ҳаст ва хоҳад буд. Пажӯҳишҳо ва бозёфтҳои археологӣ дар ин замина нишон медиҳанд, ки дониши пизишкӣ ба сифати яке аз суннатҳои илмӣ ва фикрии решадор дар таърихи миллати мо, бо он ки дар дарозои таърих ба иллати густариши ҳассосатҳо ва таассуботи мазҳабӣ дар байни баргузидагони мазҳабӣ ва қавмҳои гуногун бо онҳо мувоҷеҳ ба баъзе маҳдудиятҳо шудааст, вале ба ҷиҳати мабонии илмӣ ва бархӯрдорӣ аз ниҳодҳои омӯзишии фарогир, ҳамчунин ба хотири иртибот доштанаш бо ҳифзи сиҳатии инсон ва дармони бемориҳо на танҳо ба мавҷудияти худ идома дод, балки башиддат мавриди ниёзи ҳокимон, аҳли қудрат ва намояндагони сиёсиву мазҳабӣ гардида, мавҷудияти худро бозофарид ва ба он давом бахшид. Ба сухани дигар, илми тиб ба хотири он ки барои ҳама ақвоми башар як хел нуфузу таъсир ва манфиат дорад, боиси пайванд шудани миллату қавмҳои мухталиф ва наслҳои гуногун дар ҳама асру замон гардидааст. Бо дарназардошти ба эътибор гирифтани ҳамин ҷиҳатҳо, агар пешниҳод намоем, ки яке аз василаҳои хуби ҳамкорӣ, муомилаву муносибат, омӯзиши дастовардҳои илмии ҳамдигар ва истеҳком ёфтани равобити ҳасанаи илмӣ ва мутақобилан судманд миёни миллатҳои дунё маҳз тавассути ҳамин илм сурат гирифтааст, аз доираи инсоф берун нахоҳем буд.

Мо бар он назарем, ки иқдоми Пешвои муаззами миллат дар масъалаи таъсису бунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ дар ҷумҳурӣ паёмадҳои зиёди муносибу мондагоре дорад, ки садсолаҳо ба мардуми азизи Тоҷикистон суду манфиат хоҳанд бахшид.

Боби 2Таърихи таъсис ва бунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун меваи истиқлол, дуюмин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ буда, яке аз дастовардҳои соҳаи тандурустии даврони истиқлол ба ҳисоб меравад ва соли равон аз таъсисёбии он 10 сол пур шуд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади қонеъ гардондани талаботи ҷомеа ба мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ таъсис ёфтааст ва имрӯз дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20–уми январи соли 2016 вазъи таъминот бо мутахассисони соҳаи тибро дар кишвар, бахусус дар вилояти Хатлон, нигаронкунанда арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки: «Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан дар вилояти Хатлон, нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолияш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад. Дар шаҳри Душанбе ин нишондиҳанда беш аз 77 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 23 ва вилояти Суғд 20 нафар мебошад». Ҳамчунин Ҷаноби Олӣ дар идомаи суханрониашон таъкид доштанд, ки “...Донишгоҳи тиббӣ (ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино), ки дар масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиббӣ ягона муассиса дар мамлакат мебошад, талаботи ҷомеаро пурра қонеъ карда натавониста истодааст”. Сарвари мамлакат барои ба таври мусбат ҳаллу фасл шудани масъалаи мазкур ягона тадбирро дар таъсис додани донишгоҳи наву замонавӣ дониста, дар хулоса ба чунин натиҷа расиданд: «Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Ҳукумат, аз ҷумла вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки барои таъсиси боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон ва то оғози соли нави таҳсил ба фаъолият шурӯъ кардани он чораҷӯӣ намоянд…».

Ҷиҳати иҷрои супориши Пешвои муаззами миллат тамоми сохторҳои масъул ва мақомоти марбута чораҳои амалӣ андешиданд. Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти сарварии доктори илмҳои тиб, профессор У. Қурбон ҳамчун масъули бевосита дар ташкил ва таъсис додани донишгоҳи тиббӣ дар вилояти Хатлон Ситоди корӣ оид ба таҳияи “Лоиҳаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” таъсис дод. Ситоди номбурда, ки ба ҳайати он шахсони корозмуда ва соҳибтаҷриба шомил буданд, баъди омӯзиши ҳаматарафаи дастурҳои байналмилалӣ оид ба лоиҳакашии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, истифодаи таҷрибаи бисёрсолаи фаъолияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисону коршиносони соҳа оид ба сохтмони бинои муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ дар вилояти Хатлон фикру мулоҳизаҳои хешро санаи 11-уми феврали соли 2016, таҳти № 01/321 -1 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд. Фикру мулоҳизот, таҳлилҳо ва пешниҳодоте, ки тибқи дастурҳои байналмилалӣ сурат гирифта буданд, ба куллӣ пазируфта шуданд. Бо назардошти пешниҳодоти мазкур тарҳи бинои маъмурии донишгоҳ, биноҳои таълимӣ ва дигар иншооти маишӣ дар шакли маҷмаа (кампус) қобили қабул дониста шуд. Дар натиҷа, ҷиҳати таъсису ташкили ДДТХ Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02 соли 2016, таҳти №79 “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” дар кӯчаи Исмат Шариф, 3, н.Данғара қабул карда шуд. Ҳамзамон, Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02 соли 2016, таҳти № 80 “Дар бораи таъйин намудани Қурбон У. А. ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” ба тасвиб расид.

Раёсати муваққатӣ ва нахустин қадамҳо

Лозим ба қайди хос аст, ки фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон расман аз 4 марти соли 2016 оғоз гардидааст. Дар донишгоҳ раёсати муваққатӣ ташкил карда шуд, ки аз 11 нафар иборат буд:

Убайдулло Қурбон
1. Убайдулло Қурбонд.и.т., профессор, узви вобастаи АМИТ – ректор
Ғафуров Бобомурод Абдуқаҳҳорович
2. Ғафуров Бобомурод Абдуқаҳҳоровичд.и.х., дотсент – муовини ректор оид ба таълим
Аҳадов Шамсулло Файзуллоевич
3. Аҳадов Шамсулло Файзуллоевичмуовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ ва маъмурӣ
Аҳмадов Шодмон Раҷабович
4. Аҳмадов Шодмон Раҷабовичн.и.с., дотсент – сарвари шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа
Кузибаева Наимахон Конбобоевна
5. Кузибаева Наимахон Конбобоевнан.и.т., дотсент – сарвари шуъбаи таълим
Саидов Исломудин Зайнадинович
6. Саидов Исломудин Зайнадиновичн.и.т., дотсент – декани факултетҳои тиббӣ
ХА
7. Хидирова Алфира Мадаминовнасардори шуъбаи кадрҳо
Мардонзода Қурбоналии Мирзо
8. Мардонзода Қурбоналии Мирзосарвари маркази технологияи иттилоотӣ
Саидова Моҳшариф Раҳмоналиевна
9. Саидова Моҳшариф Раҳмоналиевнасарвари китобхона
Шарипов Ғоиб
10. Шарипов Ғоибсармуҳосиб
Камолов Амиралӣ Сангалиевич
11. Камолов Амиралӣ Сангалиевичмуовини декан

Аввалин раёсати муваққатии ДДТХ, 4 марти соли 2016.

Маҷмааи таълимии барои ДДТХ ҷудокардашуда дар кӯчаи Исмат Шариф, 3 ҳануз дар истифодаи Донишгоҳи давлатии Данғара қарор дошт ва дар онҷо донишҷӯён таҳсил менамуданд. ДДД танҳо баъд аз 4 моҳ бо ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифтани маҷмааи таълимии нав, тавонистанд ҷойро барои ДДТХ озод намоянд. Бинобар ин Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар н. Данғара барои раёсати муваққатии донишгоҳ 3 ҳуҷра (86 метри мураббаъ) дар ошёнаи дуюми бинои “Маркази таҳлилии лоиҳаҳои обёрии заминҳои водии Данғара” ҷудо намуданд.

Бинобар сабаби то моҳи сентябр кушода нашудани маблағгузории донишгоҳ, таъминоти молиявии фаъолияти донишгоҳ дар давоми 6 моҳи аввал ба пуррагӣ аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ ба роҳ монда шуда буд.

Онҳое, ки дар оғоз дастгирӣ карданд

Бо мақсади омода ва дастрас намудани эҳтиёҷоти донишгоҳ бо маводҳои аввалиндараҷаи таълимӣ - озмоишӣ ва ғ. дар давоми 6 моҳи соли 2016, раёсати ДДТХ ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ барои расонидани кумакҳои моддӣ бо мактубҳои дархостӣ муроҷиат намуд. Хушбахтона, ин иқдом аз ҷониби як қатор муассисаҳо дастгирӣ ёфт, аз ҷумла:

  1. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба маблағи умумии 216 660 сомонӣ 8455 нусха китобҳои таълимию бадеӣ, 1 доскаи электронӣ ва 50 адад айёниятҳои таълимӣро барои кафедраи анатомия ба донишгоҳ туҳфа намуд.
  2. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба маблағи умумии 39000 сомонӣ таҷҳизоти озмоишӣ барои кафедраи физикаи биологӣи донишгоҳ дастрас намуд.
  3. Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон бо маблағи 40 000 сомонӣ кумаки молиявӣ расонид.
  4. Раиси шаҳри Қурғонтеппа ба маблағи умумии 10 000 сомонӣ 50 маҷмуи мизу курсии таълимӣ харида ба донишгоҳ туҳфа намуд.
  5. Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи «Исмоили Сомонӣ» ба маблағи умумии 18 000 сомонӣ ашё ва лавозимоти хоҷагӣ туҳфа кард.
  6. Инчунин шахсони инфиродӣ –дар ҳаҷми 150 000 сомонӣ кумаки молиявӣ расониданд. (Ҳамагӣ 473660 сомонӣ)

Ғайр аз ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як бинои хобгоҳи донишҷӯёнро бо маблағи 425000 сомонӣ ба пуррагӣ таъмир намуд. Вазорати маориф ва илми ҶТ бошад, ба маблағи умумии 480 000 сомонӣ ба донишгоҳ 350 адад рахти хоб, курпаю болишт ва 610 адад китобҳои бадеӣ туҳфа намуд.

Дар маҷмуъ дар солҳои 2016-2017 барои таъмини эҳтиёҷоти донишгоҳ бо маводҳои аввалиндараҷаи таълимӣ – озмоишӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ва шахсони воқеӣ ба донишгоҳ ба маблағи умумии 2,8 млн. сомонӣ кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст.

То оғоз ёфтани соли таҳсили 2016-2017, дар назди раёсати муваққатии донишгоҳ ҳалли 4 гурӯҳ масъалаҳои аввалиндараҷа зарур буданд, аз ҷумла:

  • Масъалаҳои ташкилӣ ва барасмиятдарории муассисаи навтаъсис.
  • Ташкил ва гузаронидани маъракаи қабули аввалин довталабон барои соли таҳсили 2016-2017.
  • Ташкил ва гузаронидани озмун барои ҷалби омӯзгорон барои курси аввал ва кормандон барои сохторҳои донишгоҳ
  • Таъмиру тармими маҷмааи таълимии воқеъ, дар кӯчаи Исмат Шариф, 3 пас аз озод шудани он пеш аз шурӯъ шудани соли таҳсилӣ.

Дар асоси таҳлили адабиёти илмӣ вобаста ба ташкилу таъсис додани муассисаи олии таълимӣ маълум мегардад, ки дар шароити зудтағйирёбии ҷаҳони муосир ва тараққиёти технологияҳо таъсис додани як муассисаи олӣ, пеш аз ҳама дарёфти кадрҳои баландихтисос ва ботаҷрибаро тақозо менамояд. Чунки дар марҳилаҳои аввалини кори таъсисёбӣ идоракунӣ ва қабули қарорҳои душвор ҳатто дар мавридҳои ҳассос, бо назардошти мушкилиҳо (иқтисодӣ, иҷтимоӣ) ва дигар омилҳо бояд дар сиёсати идоракунӣ шароити тағйирпазирии ақидаву хулосаҳо мавҷуд бошад.

Дар асоси ин ақидаҳо раёсати донишгоҳ дар раванди таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тамоми омилҳои воқеиро ба назар гирифта, ҷиҳати заминагузории дуруст, расидан ба ҳадафҳо ва рушди босуръати донишгоҳ, ки дар минбаъда ҳамчун маҳзани бузурги таълимиву илмӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад, тамоми чораҳои заруриро андешид.

Ҳуҷҷатҳои аввалин ва барасмиятдарорӣ

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ то оғози соли аввали таҳсил, яъне то моҳи сентябри соли 2016 раёсати муваққатии донишгоҳ тавонист, ки дар марҳилаи якум корҳои зеринро ба сомон расонад:

  1. Дар ин давра бори аввал “Оинномаи ДДТХ” коркард ва таҳия гардида бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 07.03 соли 2016, таҳти №152 тасдиқ ёфт, ки дар Раёсати нозироти андози н. Данғара ба қайди давлатӣ гузошта шуд.
  2. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба донишгоҳ “Иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва дигар намудҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” аз 07 –марти соли 2016, таҳти №49, Силсилаи 0000029 дода шуд.
  3. Дар асоси коркард ва таҳияи басти воҳидҳои кории донишгоҳ дар марҳилаи аввал, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ “Басти воҳидҳои кории ДДТХ” аз 07.03 соли 2016, таҳти № 153 тасдиқ шуд.
  4. Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ “Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии таъсиси ДДТХ аз 05.04 соли 2016, таҳти № 22110003437, Силсилаи 0248901 ва Шаҳодатнома дар бораи гузоштани рақами мушаххаси андозсупоранда (РЯМ)” Силсилаи № 22/007134 ба донишгоҳ дода шуданд.
  5. Аз 10-уми апрели соли 2016 донишгоҳ дар Реестри давлатии корхонаҳо ва ташкилотҳои Агентии омори назди Президенти ҶТ, аз ҷониби Агентии мазкур дар вилояти Хатлон бо рамзҳои худ ба қайд гирифта шуд.
  6. Мутобиқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2016, таҳти №45-ф, аввалин “Буҷети ДДТХ” барои соли 2016 дар ҳаҷми 2,6 млн. сомонӣ тасдиқ ёфт.
  7. Аз ҷониби раёсати навтаъсиси ДДТХ санаи 19-уми марти соли 2016 лоиҳаи Буҷаи донишгоҳ барои соли 2016 дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор таҳия карда шуд ва “Сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷавӣ ва хусусии ДДТХ” бо фармоиши Вазорати молияи ҶТ санаи 15.07 соли 2016, таҳти №190 тасдиқ шуд.
  8. Санаи 25-уми августи соли 2016 дар Раёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Суратҳисоби бонкии ДДТХ” расман кушода шуд.
  9. Дар асоси қарори Раёсати муваққатии донишгоҳ аз 07-уми апрели соли 2016, таҳти № 03, “Рамзи ДДТХ” таҳия гардида ва аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилоот бо Шаҳодатномаи молии №TJ 12443 ба қайд гирифта шуд.
  10. Дар асоси Қарори раиси ноҳияи Данғара аз 17.02 соли 2017, №91 ба ДДТХ (к.Исмат Шариф, 3) аз ҷониби КДФ “Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул” дар н. Данғара “Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин”, ки 5,3 га-ро ташкил медиҳад, дода шуд.
  11. Дар асоси Қарори раиси ноҳияи Данғара аз 19.01 соли 2018, №668 ба ДДТХ аз ҷониби КДФ “Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул” дар н. Данғара “Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин” ба масоҳати 7,8 га барои заминҳои сохтмони биноҳо ва иншооти таълимию маишии ДДТХ дода шуд.
  12. Дар асоси қарори Раёсати Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Хатлон соҳиби “Рухсатнома” гардид.
  13. Барои пешбурди фаъолияти байналмилалии ДДТХ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ҶТ “Рамзи ягонаи ДДТХ” №4178572342 аз 29.11 соли 2018 дода шуд.
  14. Барои нашр намудани таълифоти олимони донишгоҳ, донишгоҳ соҳиби Шаҳодатномаи маҷаллаи илмӣ-тиббии “Симурғ”, гардид, ки он аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ №057/МҶ аз 17.04 соли 2018 дода шуд.
  15. Инчунин донишгоҳ соҳиби Шаҳодатномаи рӯзномаи донишгоҳӣ “Пайки Шифо” шуд, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ №057/РЗ аз 17.04 соли 2018 дода шудааст.

Дар марҳилаи дуюм дар назди раёсати навтаъсис вазифаҳои муҳими дигар оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумат меистоданд. Вобаста ба маблағгузории фаъолияти донишгоҳ, раёсатро зарур буд, ки дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва бастҳои корӣ сохторҳои муҳиму аввалиндараҷаро таъсис дода, барои ба фаъолияти таълимию илмии донишгоҳ оғоз бахшидан мутахассисони варзидаро ҷалб намояд. Илова бар ин, раёсатро мебоист барои оғоз намудани корҳои таъмирии биноҳо, ташкил намудани заминаи моддӣ-техникӣ ва муайян намудани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо чораҷӯӣ намояд. Бо ин мақсад дар донишгоҳ: Шуъбаи таълим, Деканати факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, 5 кафедра (фанҳои ҷомеашиносӣ, забонҳо, химия ва биология, анатомияи одам, физика), Шуъбаи кадрҳо, Шуъбаи муҳосибот, Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, Китобхона, Ташкилотҳои ҷамъиятӣ - Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандон ва донишҷӯён, Шурои занон ва духтарон, Шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинати хоҷагидорӣ аввалин маротиба таъсис дода шуданд. Дар натиҷаи ба сомон расонидани корҳои ташкилӣ дар охири моҳи августи соли 2016 мақомоти иҷроия ва мақомоти идоракунанда, Раёсат (иборат аз 16 нафар) ва Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (иборат аз 23 нафар) дар ҳайати мутахассисон таъсис дода шуданд.

Аввалин қабули донишҷӯён

Савганди донишҷӯёни ДДТХ

Чун қоида, фаъолияти таълимию тарбиявии донишгоҳ аз қабули донишҷӯён оғоз мегардад. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули аввалин довталабон ба донишгоҳ ва ташкили имтиҳоноти озмунӣ ба уҳдаи роҳбарияти ДДТХ вогузор гардид. Ҳол он ки аз соли 2014 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули донишҷӯён ба МТОК ба тариқи имтиҳонҳои мутамарказонидашуда аз ҷониби Маркази тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Бо мақсади таъмин намудани шаффофияти маъракаи қабул аз ҷониби раёсати донишгоҳ «Қоидаҳои қабули довталабон ба ДДТХ барои соли таҳсили 2016–2017» таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Комиссияи қабул тавонист, ки бо кӯмаки роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино маъракаи қабули довталабонро новобаста аз шароит ва маҳдуд будани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва мавҷуд будани бисёр монеаҳо аз 1–уми апрел то 15 – уми майи соли 2016 ба анҷом расонад. Дар натиҷаи ҷамъбаст намудани имтиҳонҳои қабул барои соли таҳсили 2016-2017 маълум карда мешавад, ки аз 1633 нафари ҳуҷҷатсупорида, 353 нафар довталаби беҳтарин ҳамчун донишҷӯ ба курси якум қабул шуданд. Аз теъдоди қабулшудагон 58,0% аз вилояти Хатлон, 19,6% аз вилояти Суғд, 0,6% аз ВМКБ, 11,3% аз ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ва 10,5% аз шаҳри Душанбе буданд.

Ҳамин тариқ пас аз анҷом додани корҳои зиёд, тамоми шароит барои оғози соли аввали таҳсил, яъне дар соли таҳсили 2016–2017 фароҳам оварда шуд. Барои расидан ба ҳадафҳо ва рушди босуръати донишгоҳ, ки дар оянда ҳамчун маҳзани бузурги таълимиву илмӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад, тамоми чораҳои амалӣ ва зарурӣ андешида шуданд ва имрӯз донишгоҳ бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат ва чораандешиҳои саривақтии роҳбарияти донишгоҳ қомат рост намудааст.

Боби 3Натиҷаи фаъолияти даҳсола ва шароити имрӯзаи кору таҳсил дар донишгоҳ

Раванди таълим аз рӯи ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Педиатрӣ”, “Фармасевтӣ” ва “Стоматологӣ”, ки барномаҳо ва нақшаҳои таълимии он дар асоси Стандартҳои давлатӣ таҳия гардидаанд, ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба хусусияти таълими фанҳо аз курсҳои якум то шашум имрӯз 21 кафедра (5 кафедраи назариявии умумитаълимӣ, 5 кафедраи тиббӣ-назариявӣ ва 11 кафедраи клиникӣ) ташкил шуда, фаъолият намуда истодаанд.

Донишгоҳ дар рақамҳо

Дар соли таҳсили 2026–2027 дар донишгоҳ теъдоди донишҷӯён аз 353 нафари соли 2016 ба 3367 нафар, шумораи омӯзгорону кормандони ДДТХ аз 97 нафари соли 2016 ба 461 нафар расида, шумораи ҳайати профессорону омӯзгорон аз 37 нафари соли 2016 ба 259 нафар расидааст. Аз шумораи умумии донишҷӯён 1143 нафар (33,9%)-ро духтарон ва 2224 нафар (66,1%)-ро писарон ташкил медиҳанд. Тайи шаш соли охир қабули донишҷӯён тибқи квотаи президентӣ ба роҳ монда шудааст, ки шумораи онҳо 198 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ аз 5 кишвари ҷаҳон 246 нафарро ташкил медиҳад. Дар байни донишҷӯён 14 (0,6%) нафар ятими комил ва 22 (0,5%) нафар маъюбони гурӯҳи 2 ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди умумии донишҷӯён 1834 нафар (54,4%) аз вилояти Хатлон, 786 нафар (23,4%) аз вилояти Суғд, 33 нафар (1%) аз ВМКБ, 331нафар (9,9%) аз НТМ ва 137нафар (4,1%) аз шаҳри Душанбе мебошанд.

Дар зинаи таҳсилоти баъдаздипломӣ дар донишгоҳ 2 нафар аспирант, 18 нафар унвонҷӯ, 2 нафар докторант, 64 нафар интерни клиникӣ ва 162 нафар ординатори клиникӣ таҳсил менамоянд.

Биноҳо ва пойгоҳҳои клиникӣ

Донишгоҳ дар тавозуни худ биноҳои таълимию маишӣ ва маъмуриро дорад. Иншооти донишгоҳ аз 5 бинои таълимӣ, 1 бинои хобгоҳи донишҷӯён, 2 бинои хобгоҳи омӯзгорон, биноҳои ёрирасон ва майдони варзишӣ иборат мебошад. Майдони умумии заминҳои Донишгоҳ 7,8 гектарро ташкил дода, аз ин миқдор масоҳати умумии биноҳо 51481,2 метри мураббаъ мебошад. Таълиму тадриси донишҷӯён дар 5 бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Лозим ба зикри хос аст, ки масоҳати таълимии биноҳои донишгоҳ солҳои 2018–2025 бо мавриди истифода қарор гирифтани 5 бинои нави таълимӣ афзуда, ҳамакнун таълиму тадриси донишҷӯён дар биноҳои мутааллиқ ба ДДТХ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон тадриси донишҷӯён дар Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ва Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара аз соли 2017 ба роҳ монда шудааст. Инчунин, бо мавриди истифода қарор гирифтани Беморхонаи бемориҳои сироятии вилоятӣ дар ноҳияи Данғара (соли 2021) ва Маркази бисёрсоҳавии тиббии ноҳияи Данғара (соли 2024), кафедраҳои тахассусӣ дар онҳо ҷойгир шуданд.

Дар маҷмуъ, дар биноҳои донишгоҳ 264 адад синфхона, 13 адад толори лексионӣ, 30 озмоишгоҳ, 1 толори фарҳангӣ, 5 толори маҷлисӣ, 2 толори китобхона ва 303 утоқи корӣ бо таҷҳизоту технологияҳои иттилоотӣ муҷаҳаз мебошанд. Миқдори ҷойи нишаст бо дарназардошти пойгоҳҳои клиникӣ 9737 ҷойи нишастро ташкил медиҳад.

Сохтори донишгоҳ ва коллеҷҳо

Зикр бояд кард, ки бо дарназардошти раванди ташаккулёбӣ давра ба давра вобаста ба вазъият, шароит, муҳимият сохторҳо таъсис дода шуданд ва имрӯз дар донишгоҳ 5 муовинат; таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидорӣ; 10 шуъба; таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, таълим, тарбия ва фарҳанг, илм ва инноватсия, муолиҷавӣ ва таҷрибаомӯзӣ, кадрҳо, иттилоот ва нашрия, равобити байналмилалӣ, ҷавонон, 2 Шурои илмӣ; шурои олимон, шурои илмӣ-методӣ, 5 марказ: маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ, маркази омӯзиши симулятсионӣ, маркази технологияи иттилоотӣ, маркази ягонаи тестӣ, маркази таълимӣ – клиникии “Стоматология”, 21 кафедра, 4 факултет; тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ва фармасевтӣ, 1 китобхона, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ, 1 Дармонгоҳи донишҷӯён ва бахши хоҷагидорӣ фаъолият карда истодаанд. Ҳамзамон лозим ба қайд аст, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ихтиёри муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронидани муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара» ва дар сохтори он таъсис додани муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик» аз 02. 05 соли 2019, таҳти №229 дар сохтори донишгоҳ тағйирот ворид карда шуд. Мутобиқи қарори мазкур соли 2019 бо қарори Шурои олимони донишгоҳ Оинномаи Коллеҷ тасдиқ карда шуд. Дар асоси он ба дигар ҳуҷҷатҳои пешбурди фаъолияти Коллеҷ тағйирот ворид гардида дар соли таҳсили 2025–2026 теъдоди донишҷӯёни Коллеҷ 1554 нафар ва шумораи умумии омӯзгорон бошад 176 нафарро ташкил медиҳад.

Дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ташкилию ҳуқуқии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар соли 2021 ба сомон расонида шуд. Коллеҷи мазкур санаи 21 – уми октябри соли 2021 дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Айни замон дар Коллеҷ 441 нафар донишҷӯ ва 57 нафар омӯзгор фаъолият намуда истодаанд.

Сифати таълим

Таҳлилҳои даҳсола нишон медиҳанд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълими донишҷӯён ва беҳтар намудани дараҷаи омодагии касбии мутахассисони ҷавони соҳаи тиб ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти ДДТХ қарор дошт; натиҷаҳои сессияҳои зимистонаю тобистона ва имтиҳоноти давлатӣ далели воқеии ин гуфтаҳо шуда метавонанд. Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас роҳбарияти донишгоҳ аз шаклу усулҳои беҳтарини кор, таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии дохилӣ ва давлатҳои хориҷӣ ва имкониятҳои воқеии дар таълимгоҳ мавҷуда ба таври самарабахш истифода мебурд. Ин аст, ки сатҳу сифати дарсгузаронӣ ва хондани лексияҳо аз ҷониби омӯзгорон ба талабот ҷавобгӯ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон сифати дарсазхудкунии донишҷӯён, давомоти донишҷӯён дар дарсҳо, риояи иҷрои барномаҳои таълимӣ, ҷадвали дарсӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор дода мешуд.

Китобхона ва заминаи моддӣ-техникӣ

Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии макотиби олӣ, ин таъмини маводи таълимӣ барои донишҷӯён ва мунтазам ғанӣ гардонидани фонди китобхона ба шумор меравад. Бо ин мақсад донишгоҳ, шурӯъ аз соли 2016 то соли 2026 ба маблағи умумии 3 397 755 сомонӣ 720 номгӯи китобҳои баландсифати таълимии ихтисосӣ, ки теъдодашон ба 16 383 нусха мерасад, харидорӣ карда, ба китобхона ворид кард. Илова бар ин, 153 номгӯи китоб бо теъдоди 19 187 нусха ба донишгоҳ туҳфа гардидааст, ки беш аз 17 000 нусхаи он аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Дар маҷмуъ, фонди китобхонаи донишгоҳ аз 1106 нусхаи соли 2016 ба 40 217 нусха дар соли 2026 расонида шудааст, ки 35 342 ё худ 87,8% -и онро адабиёти таълимӣ ташкил медиҳад. Дар таркиби фонди китобхона инчунин, адабиёти электронӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки фонди он аз 115 953 маводи таълимию методӣ ва илмӣ иборат мебошад. Умуман, таъминоти донишҷӯён бо китоб вобаста ба забони таҳсил, яъне тоҷикӣ ва русӣ аз рӯи меъёр 100%-ро ташкил медиҳад.

Дар давоми солҳои 2016 - 2026 заминаи моддӣ-техникӣ таҳким ёфта, воситаҳои технологӣ афзун шудаанд. Аз ҷумла, 678 адад компютери фардӣ, 154 адад принтеру сканер, 146 адад проектори мултимедӣ, 31 адад тахтаи электронӣ ва 31 адад телевизор мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ҳамзамон дар озмоишгоҳҳои донишгоҳ 922 номгӯи таҷҳизоти муосири техникии таълимӣ, илмӣ ва озмоишиву ташхисӣ бо теъдоди 2207 адад мавҷуд аст.

Таҳсилоти баъдидипломӣ

Соли 2020 дар сохтори донишгоҳ «Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ» таъсис дода шуд. Марказ раванди таҳсилоти баъдидипломии олии касбӣ (ординатураи клиникӣ ва интернатура) ва таҳсилоти иловагии касбӣ (такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорони донишгоҳ, муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи тиббӣ, табибон ва кормандони миёнаи тиббии муассисаҳои табобатию профилактикӣ) -ро ташкил, назорат ва ҳамоҳанг менамояд. Дар давоми 6 соли фаъолияти Марказ 60 барномаи бозомӯзии касбӣ, 29 барномаи интернатура, 34 барномаи ординатураи клиникӣ, 40 барномаи такмили ихтисос таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ ба тасдиқ расидаанд. Марказ дар давоми 6 сол шунавандагонро ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ аз рӯи барномаҳои педагогика ва психология, технологияҳои информатсионӣ, такмили ихтисоси тахассусӣ ва бозомӯзии касбӣ қабул намудааст, ки шумораи умумии онҳо 568 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, аз соли 2021 инҷониб дар донишгоҳ қабул ва таҳсили интернҳои клиникӣ ва ординаторони клиникӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давоми солҳои 2022–2026 ҳамагӣ 220 нафар ба ординатураи клиникӣ қабул шуда, дар ин муддат 107 нафар онро хатм намудаанд. Дар зинаи интернатураи клиникӣ бошад, дар ин муддат ҳамагӣ 370 нафар қабул шуда, 362 нафар ин зинаи таҳсилотро хатм намудаанд.

Соли 2020 дар сохтори донишгоҳ Маркази омӯзиши симулятсионӣ, ки дар асоси лоиҳаи барномаи “Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон” дар озмун ғолиб омада буд, таъсис дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки барои омӯзонидани донишҷӯён таҷҳизоти технологияи симулятсионӣ барои раванди таълим, аз қабили фантомҳо, симуляторҳо, тренажёрҳои муосир, дастгоҳҳои электронӣ барои ташхису таҳлилҳо харидорӣ шудааст. Ин таҷҳизоти муосир имкон медиҳанд, ки барои омӯзиши малакаҳои амалии касбӣ, баланд бардоштани салоҳиятнокии касбӣ ва омӯзиши технологияҳои симулятсионӣ ба донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Илм ва нашрия

Фаъолияти илмӣ-инноватсионии донишгоҳ аз соли 2018 шурӯъ шуда, аз ҷониби олимони кафедраҳо то ин ҷониб зиёда аз 3300 таълифоти илмӣ (105 дар маҷаллаҳои илмии КОА), 9 монография, 7 ихтироъ, 58 пешниҳоди навоварона, 112 санади ворисозӣ, 15 китоби таълимӣ ва зиёда аз 70 дастури методӣ ба нашр расидаанд. Илова бар ин, аввалин рӯзномаи “Пайки Шифо” ва маҷаллаи илмӣ–амалии “Симурғ”-и ДДТХ соли 2019 (*соли 2021 ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи ҶТ ворид шудааст)* таъсис дода шуданд, ки ҳадаф аз инҳо иттилоотгардонии хонандагон, олимон ва аҳолӣ мебошад. Пайваста ташкилу баргузор намудани конференсияҳои илмӣ-амалии олимон дар донишгоҳ тарафи дигари фаъолияти мавриди назар ба шумор меравад. Ҷиҳати тавсеаи пажӯҳишу таҳқиқоти олимон роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифт, бо истифода аз имконоти дар ихтиёрдошта, соли 2020 нахустин конфронси илмӣ-амалии олимонро бо ҷалби коршиносону олимони ватанӣ ва давлатҳои хориҷӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами тиб ва таҳсилоти тиббӣ” баргузор намояд. Инчунин, дар давоми солҳои 2021–2025 конференсияҳои ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуъҳои мубрами тибби амалӣ ва таҳсилоти олии тиббӣ мунтазам дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуданд.

Бо вуҷуди навтаъсис будан раёсати ДДТХ тавонист, ки дар доираи талаботи меъёрҳои муассисаи таҳсилоти олӣ дар сохтори он Муовинати илм ва нашрия, Комиссияҳои экспертии байникафедравӣ, Комиссияи озмунӣ, Шурои таҳририяи маҷаллаи «Симурғ», Шурои фаъолияти ратсионализаторӣ, Комиссияи баҳодиҳии лоиҳаҳои грантиро бори аввал таъсис диҳад. Илова бар ин, дар асоси имкониятҳои кадрӣ ва заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ дар Замимаи Иҷозатномаи ДДТХ барои ба роҳ мондани фаъолияти таҳсилоти баъдаздипломӣ тағйирот ворид намуда, аз соли 2021 инҷониб нақшаи дурнамои қабул ва омодасозии мутахассисонро дар зинаҳои аспирантура ва докторантура тасдиқ намуда истодааст.

Дар давоми солҳои 2019–2024 донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон матн ва феҳристи мафҳумҳои тиббии асари “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷониро таҳия намуда, онро бори аввал дар таърихи навини Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 150 нусха ба нашр расонд.

Бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-амалӣ, ки ҷузъи муҳимми низоми тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба шумор меравад, дар назди кафедраҳои донишгоҳ маҳфилҳои илмӣ ва фаннии донишҷӯён амал мекунанд.

Дар соли 2026 Маҳфилҳои илмӣ ва фаннии донишҷӯён дар назди кафедраҳои донишгоҳ ба 24 адад расидаанд, ки шумораи умумии аъзои онҳо ба 750 нафар мерасад. Дар ин давра, миқдори мақолаҳои аъзои маҳфилҳо дар маводи конференсияҳои байналмилалӣ нашршуда назаррас буда, дар маҷмуъ 275 ададро ташкил додааст, ки 40 фишурда дар хориҷи кишвар интишор ёфтаанд.

Аз соли 2019 ин ҷониб 21 нафар аз олимони ҷавони донишгоҳ дар риштаҳои аспирантура ва докторантура шомил шуда, аз рӯи мавзуъҳои мухталиф рисолаҳои илмӣ таҳия намуда истодаанд. Дар маҷмуъ, дар давоми даҳ сол 12 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар Шуроҳои диссертатсионии муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ рисолаҳои илмӣ ҳимоя намудаанд, ки аз онҳо 3 рисолаи докторӣ ва 9 рисолаи номзадӣ мебошанд.

Соли 2020 дар доираи Барномаи давлатии «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» аввалин маротиба аз ҷониби олимони ҷавони донишгоҳ бо фарогирии 1738 ҷавонони вилояти Хатлон, ки дар муассисаҳои олии касбӣ таҳсил менамоянд таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шуд. Илова бар ин, дар соли 2021 аз ҷониби олимони ҷавон дар мавзуи “Паҳншавии бемориҳои омосҳои хушсифати ғадудҳои шир дар байни донишҷӯдухтарони вилояти Хатлон” ва лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии кафедраи фанҳои ҷарроҳии №2-и донишгоҳ дар мавзуи “Ҷанбаҳои муосири ташхиси молекулявӣ–генетикии алоими модарзодии саратони ғадуди ширӣ ва тухмдонҳо» аз озмуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузашта, соҳиби грант шуд. Дар соли 2023 бошад лоиҳаи кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1 дар мавзӯи “Тадқиқоти морфологӣ ва бактериологии пеш аз ҷарроҳии шошадони бемории музмини гурда дараҷаи 5 ва дисфунксияи пайванди гурда” тасдиқ гардид.

Тарбия ва фарҳанг

Дар самти корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ раёсати донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он тибқи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақшаҳои корӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба низоми корҳои тарбиявӣ ба роҳ монда, дар ин муддат чорабиниҳои зиёди муҳимро амалӣ намудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани дониши зеҳнӣ, одобу ахлоқ, талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстию ватанпарварии донишҷӯён ва дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд дар донишгоҳ ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъол буда, дар назди сохторҳои худ маҳфилҳои адабӣ ва маърифатиро таъсис додаанд, ки шумораи онҳо имрӯз ба 17 адад мерасад. Инчунин, соли 2018 аввалин маротиба дастаи ҳунарии “Дурахшон” аз ҳисоби донишҷӯёни болаёқат ва ҳунарманду санъаткор таъсис дода шуд. Дар доираи корҳои тарбиявии донишгоҳ ва дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба роҳ мондан ва тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишоф ва рушди инфрасохтор ва дастгирии сайёҳии дохилӣ барои ҷавонон ва донишҷӯён моҳи апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон «Клуби сайёҳӣ» таъсис дода шуд. Мақсад ва зарурати таъсис додани чунин клуб дар ДДТХ пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии он дар маркази таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст. Вобаста ба ин, ДДТХ, ки дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон ҷойгир мебошад ва ин минтақаҳо аз лиҳози ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ бойанд, метавонад дар байни ҷавонони мамлакат ва донишҷӯёни муассисаҳои олии кишварҳои дигар маърифати экологӣ ва шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангиро ташаккул дода, бо ин роҳ ба рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат намояд. Ҳамасола, тибқи хатсайрҳо донишҷӯёну кормандони донишгоҳ ба ҷойҳои таърихӣ ва мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон сафарҳо анҷом медиҳанд. Дар бораи натиҷаҳои сафарҳои клуб дар рӯзномаҳо ва сомонаҳо низ маводи иттилоотӣ ва оммавӣ нашр мешаванд.

Корҳои табобатӣ

Машғулияти клиникӣ

Оғоз ёфтани фаъолияти муолиҷавӣ, сарпарастӣ ва машваратии кормандони донишгоҳ низ дар раванди ташаккулёбии ДДТХ новобаста аз душвориҳо ба дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос меёбад . Шурӯъ аз моҳи феврали соли 2016, ки 11 нафар омӯзгор фаъолият мекарданд, то имрӯз шумораи онҳо ба 38 нафар расидааст; онҳо ба ҳайси ҳамкор фаъолияти ихтисосиро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ, Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ва Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ ба роҳ мондаанд. Бешубҳа, ба фаъолияти тиббӣ шурӯъ намудани кормандони донишгоҳ барои саҳм гузоштан дар корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи беморони ноҳия ва вилоят иқдоми нек аст.

Аз моҳи феврали соли 2016 то соли 2026 аз ҷониби ин мутахассисон 127 038 нафар мариз муоинаю муолиҷа карда шуданд. Аз ин миқдор ба 5452 нафар амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Устодони донишгоҳ ба 29 060 нафар кӯдак ва зиёда аз 92 526 нафар шахсони гирифтори бемориҳои дарунӣ, бемориҳои занона, бемориҳои гӯшу гулӯ, бемории чашм, травматологӣ, стоматологӣ ва амсоли инҳо кумакҳои тиббӣ ва машваратӣ расонданд. Махсусан дар шароити беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара аввалин маротиба беш аз 90 намуди амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ ворид ва дар амалия ҷорӣ гардидаанд, ки ин аз иқдомоти нек ва ҳамзамон рисолати донишгоҳи тиббӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла:

  • истифодаи флепи ғайриозоди чаккавӣ дар табобати ҷарроҳии дефектҳои мавзеи рӯй ва сар дар 3 нафар беморон;
  • бастани варидҳои маҷрои нутфабарор ҳангоми табобати ҷарроҳии варикатселӣ дар 16 нафар беморон;
  • модификатсияи ҷарроҳии До-пин (уретеронеоцистоанастомоз) ҳангоми пайвандсозии гурда дар 4 нафар беморон;
  • ҷарроҳии гузоштани дастгоҳи Илизаров ва стержен ҳангоми шикасти кушода ва пӯшидаи устухонҳо дар 18 нафар беморон ;
  • гузаронидани ҷарроҳии эндопротезкунонии буғуми косу рон дар якҷоягӣ бо мутахассисон аз ш. Душанбе дар 1 нафар бемор;
  • гузаронидани ҷарроҳии кистаҳои устухонӣ дар 3 нафар беморон;
  • ба роҳ мондани плазмотерапия дар табобати артрози буғуми зонуҳо дар 15 нафар беморон;
  • тармими устухон ҳангоми омосҳои хушсифати устухон дар калонсолон ва ҳам дар кӯдакон дар 6 нафар беморон;
  • табобати функсионалӣ, ҳангоми баромади модарзодии ронҳо дар 7 нафар беморон;
  • табобати консервативии каҷпоии модарзодӣ дар 12 нафар беморон.

Роҳбарияти донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳо бо беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара дар оянда нақша дорад, ки бо истифода аз иқтидори илмию тахассусии худ мактабҳои дараҷаи олӣ ва бисёрсоҳа дар самтҳои ҷарроҳӣ, педиатрия, терапия ва дигар ихтисосҳоро дар якҷоягӣ бо олимони соҳа бунёд созад ва дар оянда тавонад, ки дар тамоми самтҳои хадамоти тиббӣ ёрии тахассусноки сатҳи олиро ба аҳолӣ пешкаш намояд ва дар ин замина корҳои бузурги илмиву тадқиқотиро низ анҷом диҳад.

Донишгоҳ дар давраи COVID-19

Чӣ тавре ки маълум аст, аз моҳи апрели соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории сироятии COVID-19 расман тасдиқ карда шуд. Вобаста ба вазъи баамаломада дар асоси дастуру супоришҳои “Ситоди ҷумҳуриявӣ” оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон “Ситоди донишгоҳӣ оид ба пешгирии мубталошавии донишҷӯёну кормандони донишгоҳ ба бемории коронавирус” таъсис дода шуд. Фаъолияти Ситод ба се давра тақсим шуда, дар давраи аввали он Ситод фаъолияти худро барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии мубталошавии кормандону донишҷӯён ба бемории коронавирус ва мубориза бар зидди ҳама гуна ҳангомаҳо, овозаҳо ва хабару маълумотҳои бардурӯғ, ки дар расонаҳои хабарӣ нашр мешуданд, амалӣ намуд. Давраи дуюм давраи сироят ёфтани мардум ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 буд, ки аз 29-уми апрел то 01.08.2020, яъне давраи хуруҷи бемориро, дар бар мегирифт; давраи сеюм бошад, давраи табобат ва барқарорсозиро фаро мегирифт.

Аз санаи 06.05 соли 2020 аз ҳисоби омӯзгорони ДДТХ дар ҳайати 12 нафар «Бригадаи захиравии ёрии тиббӣ» ташкил карда шуд. Аз ҷониби мутахассисони донишгоҳ дастури методӣ (тавсиявӣ) “Оид ба ташхис, пешгирӣ ва табобати COVID-19” таҳия карда шуд. Дар ин муддат ҳамарӯза маҳлули антисептикӣ ба миқдори зарурӣ, ки дар озмоишгоҳи кафедраи химияи донишгоҳ омода карда мешуд, барои безараргардонии тамоми донишҷӯён ва кормандон мавриди истифода қарор мегирифт.

Дар давраи хуруҷи ин беморӣ Ситоди донишгоҳ «Гурӯҳи волонтёрон”-ро таъсис дод, ки он аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли курсҳои болоӣ зери роҳбарии омӯзгорони ихтисосӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз 05.05 то 30.08 соли 2020 фаъолият намудааст. Аъзои «Гурӯҳи волонтёрон» аз рӯи нақшаи КАТС–и ноҳия дар маҳаллаҳои ноҳия хона ба хона гашта, вазъи саломатии ҳар як оиларо муайян намуда, рӯйхати беморони дорои нишонаҳои зуком ва илтиҳоби шушро ба КАТС ҳамарӯза пешниҳод менамуданд. Ғайр аз ин, гурӯҳ дар хонаҳо гардиш намуда, дар бораи бемории COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳиро низ гузаронидааст. Дар маҷмуъ 4635 хона аз назар гузаронида шуда ба ҳисоби миёна вазъи саломатии 23 175 нафар аҳолии ноҳияи Данғара муайян карда шудааст.

Саранҷом, барои корҳои пешгирӣ аз мубталошавӣ ба бемории сироятии COVID-19 дар ин давра 208 нафар (84,2%) корманду омӯзгор ва 2001 нафар (90,9%) донишҷӯ ваксинатсия шуда буданд.

Равобити байналмилалӣ

Самти дигари фаъолияти донишгоҳ ташкили равобити байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, марказҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ дар ин давра ба донишгоҳ муяссар гардид, ки аввалин шартномаи байналмилалии ҳамкории худро моҳи апрели соли 2017 бо Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расонад. Аз соли 2018 то соли 2026 дар маҷмуъ 26 шартномаи ҳамкориро бо Мактаби байналмилалии тиббии Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Ал–Форобии Қазоқистон, Донишгоҳи байналмилалӣ Қазоқи-Туркӣ ба номи Хоҷа Аҳмад Ясавӣ Қазоқистон, Донишгоҳи тиббии Караганда Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд , Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Италия, Донишгоҳи улуми тиббии Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Кабир (ИМА), Донишгоҳи тиббии София Булғористон, Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубии Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии тиббии Тбилиси Гурҷистон, Донишкадаи давлатии стоматологии Тошканд, Донишгоҳи давлатии тиббии Омски Федератсияи Россия, Донишгоҳи тиббии Воронеж ба номи Н.Н. Бурденкои Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии тиббии Ижевски Федератсияи Россия, Донишгоҳи илмҳои амалии Финляндия, Донишгоҳи давлатии Лакнави Ҷумҳурии Ҳиндустон, Донишгоҳи илмҳои тиббии Теҳрон, Донишгоҳи Баҳри Миёназамини Шарқӣ, Донишкадаи тиҷорати байналмилалӣ ва тиҷорати Шэнсии Хитой ба имзо расонид.

Дар давоми солҳои 2016 - 2026 бо мақсади шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд як қатор меҳмонон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф овардаанд. Аз ҷумла, ба донишгоҳ инҳо ташриф оварданд: намояндаи Донишгоҳи улуми тиббии Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, намояндаи Донишгоҳи миллии тиббии Харкови Ҷумҳурии Украина, намояндаи "Маркази Евразия оид ба аккредитатсия ва кафолати сифат дар соҳаи маориф ва тандурустӣ", намояндаи Ширкати Ҳиндуи «Sky Topper Consultants» ва «K.K. Healthcare and Hospitals», намояндаи Институти давлатии тиббии Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори Бонки Ҷаҳонӣ, роҳбари ЮНИСЕФ, намояндаи аввали Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон, роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон, Ректори Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ширкати Ҳиндуи «Med EduCare Pvt Ltd», намояндаи Мактаби байналмилалии олии тиббии Ҷумҳурии Қирғизистон, профессорони олиқадри Донишгоҳи давлатии тиббии Омски Федератсияи Россия.

Ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва сарпарастӣ дар корҳои таълимию илмӣ дар доираи барномаҳои Эрасмус+ кормандони ДДТХ аз соли 2018 инҷониб шарики 5 лоиҳа мебошанд, ки бо амалӣ шудани лоиҳаҳои мазкур ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати барномаҳои таълимӣ, рушди муносибатҳои ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд. Илова бар ин, соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои донишгоҳ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ озмоишгоҳи “Реаксияи занҷиравии полимеразӣ (ПЦР)” ва дар доираи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” дар Тоҷикистон “Озмоишгоҳи клиникӣ-таълимии биохимиявӣ” таъсис дода шуданд.

Ба мақсади мутобиқ намудани таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ, сохтор, мазмун, мӯҳлат ва сифати тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустии ҶТ ба Стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, таъмин кардани талаботи аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, воридшавии ҶТ ба фазои ягонаи таълимии ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба тайёр намудану бозомӯзии кадрҳои тиббӣ барномаҳои таълимии факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ дар соли 2022 таҷдиди назар шуданд. Дар ин самт барои амалӣ намудани “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақшаю чорабиниҳо таҳия шуда, он зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, амалисозии самараноки Консепсия ва гузаронидани ислоҳоти таҳсилоти олии тиббии тодипломӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти GIZ аз рӯи “Барномаи ташкил ва таъсиси системаи таҳсилоти интегратсионии тибби оилавӣ” ва “Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” баҳодиҳии барномаҳои таълимӣ, усулҳои таълим ва худомӯзӣ, истифодабарии маводи таълимӣ ва мувофиқати барномаи таълимии ДДТХ ба эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ таҳлилҳо гузаронида шуданд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, соли 2022 донишгоҳ аъзои комилҳуқуқи “Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” шуд.

Соли 2023 бошад Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон расман ба Феҳристи умумиҷаҳонии донишгоҳҳои тиббӣ (World Directory of Medical Schools) ворид гардид.

Дастовардҳои донишҷӯён ва омӯзгорон

Аз рӯи натиҷаи кори пурмаҳсули ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар давоми солҳои 2016 - 2026 маълум мегардад, ки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкати фаъол доштанд. Масалан, дар соли 2021 донишҷӯи донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол - 2021” ширкат варзида, бо нишондоди беҳтарин соҳиби ҷойи якум дониста шуд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ бошад аз байни 41 муассисаи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бор аст, аз 13 ҷойи аввал, донишгоҳ сазовори ду ҷойи 1–ум ва як ҷойи 3–юм гардид. Илова бар ин, донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар давоми солҳои 2020–2023 ширкат варзида, се ҷойи 1–ум ва 4 ҷойи 3-юмро соҳиб гаштанд. Соли 2019 аввалин маротиба дастаи донишҷӯёни ДДТХ дар Олимпиадаи 6-уми умумироссиягӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи И.М. Сеченов баргузор шуда буд, дар байни 52 муассисаи олии тиббии бонуфузи Федератсияи Россия соҳиби диплом гардид.

Соли 2021 8 нафар донишҷӯ дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок карда, дар даври ниҳоӣ 2 нафар соҳиби ҷойи 2-юм шуданд.

Дар соли 2023 дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ ду ҷойи 2-юм, 1 ҷойи 3 -юм ба даст омадааст. Дастаи олимпии донишҷӯён дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Авитсенна-2023” ширкат варзида, соҳиби як ҷойи 1-ум, ду ҷойи 2-юм ва аз рӯи номинатсияи “маърузаи илмии беҳтарин” соҳиби ҷойи 1-ум шуд.

Дар соли 2023 як нафар олими ҷавони донишгоҳ бо ихтироъи худ соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” гардид.

Дар соли 2024 як нафар донишҷӯ аз рӯи номинатсияи “Биология” ғолиби ҷойи сеюм дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” гашт.

Дар соли 2025 як нафар донишҷӯ аз рӯи номинатсияи “Биология” ғолиби ҷойи сеюм дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” гашт.

Дар соли 2026 се нафар дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои олии Тоҷикистон сазовори ҷойи 3-юм шуданд.

Дар соли 2026 як нафар бо гирифтани ҷойи дуюм дар озмуни “Донишҷӯи сол -2026” ғолиб дониста шуд.

Иштироки донишҷӯён дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ низ назаррас аст, аз ҷумла дар солҳои 2020 то 2026 дар онлайн-байналмилалии муассисаҳои таълимии тиббӣ, ки дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Ижевск, Воронеж ва Москва баргузор шуда буд, донишҷӯёни мо мушарраф ба дарёфти нуҳ ҷойи 1-ум, понздаҳ ҷойи дуюм ва 25 ҷойи сеюм ва ифтихорӣ шуданд.

Дар маҷмуъ, дар давоми фаъолияти донишгоҳ донишҷӯёни мо дар озмунҳои илмию фаннӣ, маърифатию зеҳнӣ ва фарҳангию варзишӣ ширкат варзида, дар натиҷа 27 ҷойи аввал, 30 ҷойи дуюм, 44 ҷойи сеюм, 31 ҷойи ифтихорӣ ва 10 дипломи дараҷаҳои 1 ва 2-ро дар конфронсҳо ба даст овардаанд. Инчунин, шурӯъ аз соли 2018 донишҷӯёни болаёқат ва аълохони донишгоҳ, аз ҷумла, 28 нафар барандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар барандаи стипендияи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, 6 нафар барандаи стипендияи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон, 16 нафар барандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон, 4 нафар барандаи стипендияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон гардидаанд.

Ҳамзамон, дар давоми 10 соли фаъолияти кории донишгоҳ 50 нафар аз устодони донишгоҳ барои муваффақиятҳои илмию таълимиашон бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гаштанд. Аз ҷумла, 2 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар бо медали “Шафқат”, 1 нафар бо “Ифтихорномаи Тоҷикистон”, 18 нафар бо нишони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон”, 5 нафар бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, 6 нафар бо Ифтихорномаи Федератсияи Кумитаи иттифоқи касабаи тандурустии ҶТ ва 10 нафар бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сазовор гаштаанд.

Қадршиносӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯёни фаъолро ҳамасола раёсати донишгоҳ дар арафаи таҷлили “Ҳафтаи ҷавонон” ба ҳукми анъана даровардааст. Дар давоми солҳои 2016 то соли 2026 ҳамагӣ 368 нафар донишҷӯи фаъол ва олими ҷавон бо Ифтихорномаҳои ДДТХ ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Хатмкунандагон

Маросими хатми донишгоҳ

Лозим ба қайд аст, ки дар давоми солҳои 2016–2026 ҳамагӣ 5325 нафар донишҷӯ ба донишгоҳ қабул шудааст. Аз соли 2021 аввалин маротиба дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хатми донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Педиатрия” ва “Стоматология” сурат гирифта, дар ин давра дар маҷмуъ, 1897 нафар донишгоҳро хатм намуданд, ки аз ин 127 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд. Аз ин теъдод 924 нафар (48,7%) аз вилояти Хатлон, 516 нафар (27,2%) аз вилояти Суғд, 9 нафар (0,5%) аз ВМКБ, 233 нафар (12,2%) аз НТМ ва 214 нафар (11,2%) аз шаҳри Душанбе мебошанд. Ҳамагӣ 586 нафар (30,9%) тариқи буҷавӣ ва 1311 нафар (69,1%) тариқи шартномавӣ донишгоҳро хатм кардаанд; аз теъдоди умумӣ 467 нафарро (24,6%) духтарон ва 1430 нафарро (75,4%) писарон ташкил медиҳанд.

Аттестатсия ва аккредитатсия

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли 2020 аз замони таъсис ёфтани ДДТХ бори аввал донишгоҳ аз аттестатсияи давлатӣ гузашта, мутобиқи қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти минбаъда ба ДДТХ иҷозатнома дода шуд. Ҳамзамон, моҳи феврали соли 2021 ДДТХ аз аккредитатсияи давлатӣ низ бомуваффақият гузашта, соҳиби Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ гардидааст. Соли 2026 маротибаи дуюм ДДТХ аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ низ бомуваффақият гузашта, соҳиби Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ гардидааст.

Барои марҳила ба марҳила амалӣ намудани мақсаду вазифаҳо ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат донишгоҳ бо дастгирӣ ва кумакҳои Ҳукумати мамлакат, муассисаҳои давлатии кишвар ва аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ба натиҷаҳои назарраси иқтисодӣ ноил гаштааст. Чунончи, дар давоми солҳои 2016 - 2026 ба ДДТХ илова бар маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва хайрияҳо 5,2 млн. сомонӣ ворид шудааст. Аз ҷумла дар давоми солҳои 2016 ва 2017 барои таъмини эҳтиёҷоти кафедраҳо бо маводи аввалиндараҷаи таълимӣ-озмоишӣ ва ғ., аз ҳисоби лоиҳаҳои грантӣ 2,4 млн сомонӣ ва аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони воқеӣ ба маблағи умумии 2,8 млн. сомонӣ кумакҳои моддӣ расонида шудаанд. (аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Донишкадаи таҳсилоти баъдаздипломии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва ҶСП «Исмоили Сомонӣ»).

Ҳамин тариқ, бояд қайд намуд, ки вазифаҳо ва уҳдадориҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкилу таъсис додани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ин давра гузошта шуда буданд, бо муваффақият ба иҷро расонида шуданд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар муддати 10 соли фаъолияти худ ба комёбиҳои назаррас соҳиб гашт, рушд намуд, сазовори эътибор шуд. Ҳамакнун дар назди кормандони донишгоҳ вазифаҳои дигари нисбатан масъулиятнок ва муҳим гузошта шудаанд.

Боби 4Раванди корҳои сохтмонии маҷмааи ДДТХ

Маҷмааи донишгоҳ аз боло

Масоҳати замине, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои лоиҳаи маҷмааи “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” ва лоиҳаи “Шаҳраки табибон” ҷудо шудааст, 22 гектарро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки дар ҳудуди ин заминҳо барои пурра сохтан ва ба истифода додани биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, маишӣ, клиникаи донишгоҳ ва биноҳои беморхонаи бузурги марказии вилоятӣ пешбинӣ шудааст.

Ба маҷмааи “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” 5 бинои таълимӣ (Бинои асосӣ ва 4 адад бинои таълимии 5–8 ошёна), бинои маъмурӣ, бинои толори лексионӣ, бинои Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, виварий, майдони варзишӣ, ошхона, 2 бинои хобгоҳи донишҷӯён ва 1 бинои манзилии омӯзгорон дохил мешаванд.

Мувофиқи нақшаи генералӣ маҷмааи “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” дар 2 марҳила сохта ва ба истифода дода мешавад. Дар марҳилаи якум – Бинои хобгоҳи донишҷӯён, Бинои асосӣ, Бинои таълимии №1 ва Бинои ошхона. Дар марҳилаи дуюм бошад – Биноҳои таълимии № 2 ва № 3, Бинои манзилии омӯзгорон, Бинои хобгоҳи донишҷӯён, Бинои Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, Бинои виварий, майдони варзишӣ, Бинои толори лексионӣ ва Бинои клиникаи донишгоҳӣ.

Сохтмони иншооти ДДТХ тибқи нақшаи генералӣ дар ҳудуди 7,8 га замин барои фарогирии 5000 донишҷӯ ба нақша гирифта шудааст. Санаи 31.08 соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ санги асосӣ гузошта шуд. Дар нақшаи сохтмони иншооти донишгоҳ биноҳои алоҳидаи таълимӣ, бинои маъмурӣ, бинои толорҳои лексионӣ, бинои китобхона, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ, бинои Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, биноҳои варзишии пӯшида ва кушода, биноҳои хоҷагӣ-ёрирасон ва иншооти манзилӣ-маишӣ (хобгоҳҳо барои донишҷӯёну аспирантон ва биноҳои зист барои омӯзгорон) тарҳрезӣ шуданд.

Корҳои сохтмонӣ аз санаи 22-юми апрели соли 2017 дар Бинои асосӣ, Бинои таълимии №1 ва Бинои хобгоҳи донишҷӯён оғоз шуданд . Бо сабабҳои пандемияи COVID-19 корҳои сохтмонии Бинои асосӣ ва Бинои таълимии №1 аз моҳи апрели соли 2020 муваққатан то моҳи октябри соли 2022 мавқуф гузошта шуданд.

Бинои хобгоҳи донишҷӯён санаи 17 –уми июли соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз рӯи нақша бино барои 800 ҷой сохта шуда, дорои ошхона, толори хониш, толори фароғатӣ ва бунгоҳи тиббӣ буда, аз 9 ошёна иборат мебошад.

Аз моҳи октябри соли 2022 идомаи корҳои сохтмонӣ дар Бинои асосӣ ва Бинои таълимии №1 оғоз ёфт. Мавриди зикр аст, ки моҳи апрели соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз рафти корҳои сохтмонии иншооти донишгоҳ дидан ба амал оварданд. Зимни мулоқот Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ниҳодҳои давлатӣ дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии Бинои асосӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонида шуда, бино моҳи сентябри соли 2023 мавриди истифода қарор дода шавад. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки бо дарназардошти дар минбаъда мақоми байналмилалӣ гирифтани ДДТХ синфхонаю озмоишгоҳҳои он бояд бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гарданд.

Маълум менамоем, ки Бинои асосӣ (маъмурӣ) мувофиқи тарҳи меъмории муосир аз 4 қисмати ба ҳам пайваст иборат буда, қисмати марказии он дорои 9 ошёна, ду қисмати паҳлуии он дорои 7 ошёна ва қисмати пасии он аз 3 ошёна иборат мебошад. Аз лиҳози меъморӣ ба маҳалли ҷойгиршавӣ ҳусни зебо бахшидааст. Дар ошёнаҳои 4, 5 ва 6-уми бино як қатор кафедраҳои умумитаълимии донишгоҳ аз қабили кафедраи забонҳо, ҷомеашиносӣ, химия ва биологияи тиббӣ, физика ва информатика, фармакология, беҳдошт ва вогиршиносӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар қисмати маъмурӣ бошад раёсати донишгоҳ, китобхонаи марказӣ, қироатхона, китобхонаи электронӣ, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ (барои 1090 нафар), осорхонаи марказӣ, Маркази таҳсилоти баъдаздипломӣ, Маркази омӯзиши симулятсионӣ, Маркази ягонаи тестӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, деканати факултетҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ошхона ҷойгир карда шудаанд.

Бино дар масоҳати 1,8 гектар қомат афрохта, масоҳати умумии сохтмони бино 4830 м² ва масоҳати умумии бино 25 956 м²-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 22 442 м² масоҳати муфид буда, 13 452 м²-и онро масоҳати муфиди таълимӣ ташкил медиҳад. Шумораи умумии синфхонаҳо 80 адад буда, онҳо 2004 ҷойи нишаст доранд. Шумораи умумии толорҳо аз 12 адад иборат буда, ғунҷоиши онҳо 2190 ҷойро ташкил медиҳад, ки дар маҷмуъ 4194 ҷойро ташкил менамояд.

Дар баробари ин, Бинои таълимии №1 низ, ки аз шаш ошёна иборат аст, дар масоҳати 0,5 гектар қомат афрохтааст. Масоҳати умумии сохтмони бино аз 836 м² иборат буда, масоҳати умумии бино бошад 3814,1 м² –ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор масоҳати муфиди он 2451,6 м²-ро ташкил медиҳад. Тибқи нақша дар бино ҳамагӣ 16 синфхона, аз ҷумла 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо ғунҷоиши 318 ҷойи нишаст ва 1 толори лексионӣ бо теъдоди 100 ҷойи нишаст барои таълиму тадриси донишҷӯён шароит фароҳам оварда шудааст. Дар бино кафедраҳои тиббӣ-назариявӣ, ки дар онҳо асосан донишҷӯёни курсҳои 1–3 таълим мегиранд, ҷойгир карда шудаанд. Аз ҷумла, кафедраи анатомияи нормалӣ, физиологияи нормалӣ ва патологӣ, анатомияи патологӣ ва тибби судӣ. Дар кафедраҳои мазкур озмоишгоҳҳои “Гистологӣ, эмбриологӣ ва ситологӣ”, “Физиология ва патологияи хун” ва “Психофизиология” бо навтарин таҷҳизоти озмоишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Инчунин барои кафедраи анатомияи нормалӣ бо мақсади омӯзиши ин фанни муҳиму заминавӣ дар масоҳати 304 м² осорхонаи анатомӣ, ҳуҷраи махсус барои захираю нигоҳдории препаратҳо ва барои нигаҳдории майит муайян карда шудааст.

Бинои ошхона бо тарҳи замонавӣ дар масоҳати 0.6 гектар қомат афрохтааст; масоҳати сохтмони он 1120 м² ва масоҳати муфидаш 1083 м²-ро ташкил медиҳад. Дар ошхона дар як вақт барои хизматрасонии 300 нафар ба инобат гирифта шудааст, ки он низ дар баробари ду бинои донишгоҳ мавриди истифода қарор дода мешавад. Илова бар ин, шумораи кормандону донишҷӯёнро ба инобат гирифта дар масоҳати 600 м² дар қисмати зербинои Бинои асосӣ низ барои 200 нафар ошхона ташкил карда шудааст.

Ҳамин тариқ, санаи 01 –уми сентябри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон объектҳое, ки дар марҳилаи якуми сохтмон ба нақша гирифта шуда буданд мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамакнун дар ин биноҳо ҳамагӣ 96 синфхонаи барҳаво бо теъдоди 2388 ҷойи нишаст, 1 толори фарҳангӣ ва 13 толори маҷлисию лексионӣ бо теъдоди 2290 ҷойи нишаст, ки дар маҷмуъ 4678 ҷойи нишастро ташкил медиҳад барои таълиму тарбия ва фароғати донишҷӯён шароит фароҳам шуд. Инчунин дар ин биноҳо 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Биноҳои нави таълимӣ (2025)

Бинои асосии донишгоҳ шабона

Яке аз дастовардҳои назарраси кормандону донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2025 ин аст, ки санаи 23 –юми октябри соли 2025 коллективи меҳнатӣ ва тамоми донишҷӯёни донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи баланд қабул намуданд. Дар донишгоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад бинои таълимии маҷмааи ДДТХ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Лозим ба қайд аст, ки дар баробари мавриди истифода қарор ёфтани як қисми дигари сохтмонҳои иншооти маҷмааи донишгоҳ шароиту имкониятҳо ва дар маҷмуъ, заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ хеле беҳтар гардид. Биноҳои таълимӣ (№2,3) мувофиқи тарҳи меъмории муосир сохта шуда, дар онҳо як қатор кафедраҳои умумитаълимии донишгоҳ, Маркази ягонаи тестӣ ва озмоишгоҳҳои фаннию илмӣ ҷойгир карда шуданд.

Бинои таълимии №2 дар маҷмуъ дорои 45 адад синфхонаи таълимӣ ва 1 адад толори лексионӣ буда, дар як вақт барои ҷойгир намудани 1308 нафар донишҷӯ шароити муосир ташкил карда шудааст. Ҳамзамон, дар бино 6 озмоишгоҳи фаннӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шуда, барои ҳайати профессорону омӯзгорон бошад 25 адад утоқи барҳаво барои кору фаъолияти онҳо ташкил карда шудаанд.

Бинои таълимии №3 бошад дар маҷмуъ дорои 49 адад синфхонаи таълимӣ, 1 адад толори лексионӣ ва 1 адад толор барои имтиҳонҳои мутамарказ сохта шуда, дар як вақт барои ҷойгир намудани 1470 нафар донишҷӯ шароити муосир ташкил карда шудааст. Ҳамзамон дар бино 3 озмоишгоҳи фаннӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шуда, барои ҳайати профессорону омӯзгорон бошад 16 адад утоқи барҳаво барои кору фаъолияти онҳо ташкил карда шудаанд.

Дар маҷмуъ, дар ду бино 94 синфхона, 9 синфхонаи лабораторӣ, 2 адад толори лексионӣ, 1 толори маркази тестӣ бо фарогирии 2778 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Дар биноҳо 6 кафедраи тиббӣ-назариявӣ ҷойгир шуда, ҳамзамон озмоишгоҳҳои фаннию илмӣ, аз қабили “Беҳдошт”, “Эпидемиология”, “Фармакология”, “Фармасевтӣ”, “Тибби судӣ”, “Патологоанатомӣ”, “Токсикологӣ”, “Ҷарроҳии тиббӣ-саҳроӣ” ҷойгир мебошанд.

Ҳамакнун дар донишгоҳ дар соли 2026 ҳамагӣ 264 синфхона, 13 толори лексионӣ, 30 адад озмоишгоҳ ва 29 синфхона дар пойгоҳҳои клиникӣ барои таълиму тадриси донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуд.

Бояд қайд намуд, ки аз 7,8 гектар заминҳое, ки барои сохтмони маҷмааи ДДТХ ба нақша гирифта шуда буданд то имрӯз дар масоҳати 3,3 гектар биноҳои маъмурӣ, таълимӣ ва маишии ДДТХ бунёд гардидаанд. Маблағи умумии хароҷотшуда 356,8 миллион сомониро ташкил додааст.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз бо дарназардошти шумораи синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва толорҳои лексионии сохташуда, донишгоҳ имкони таҳсили 6–8 ҳазор донишҷӯро дорад. Яке аз хусусиятҳои таълимгоҳи олии тиббӣ дар он аст, ки дар биноҳои таълимии донишгоҳ танҳо донишҷӯёни курсҳои 1- 3 таълим мегиранд, донишҷӯёни курсҳои 4 - 6 бошанд, дар кафедраҳои клиникӣ, ки дар ҳудуди беморхонаҳои клиникӣ ҷойгиранд, фанҳои тахассусӣ-касбиро аз худ мекунанд. Донишгоҳ барои таъмини машғулиятҳои тахассусӣ имрӯзҳо аз 4 муассисаи тиббии воқеъ дар ноҳияи Данғара ба таври васеъ истифода бурда истодааст.

Клиникаи донишгоҳӣ – қадами оянда

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 зимни ба истифода додани ду бинои таълимии донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои давлатии масъул супориш доданд, ки дар ҳудуди донишгоҳ, аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар муҳлати наздиктарин сохтмони бинои Клиникаи донишгоҳӣ оғоз карда шавад. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар якҷоягӣ бо Институти лоиҳакашии “САНИОСП” соли 2019 лоиҳаи тарҳи бино ва технологияи клиникаи донишгоҳӣ таҳия шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Баҳри беҳтар намудани раванди тайёрсозии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ дар ДДТХ ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир будани онҳо, баланд бардоштани самаранокии илми тиб бо истифода аз ҳайати кадрии илмии донишгоҳ ва беҳтар намудани сифати табобати беморон дар ҷумҳурӣ таъсис додани Клиникаи донишгоҳӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шарти асосӣ ва талаботи замон аст. Мавҷуд будани Клиникаи донишгоҳӣ имконият медиҳад, ки сифати таълиму тарбия, маҳорати касбии донишҷӯёну хатмкунандагони донишгоҳ беҳтар гардад ва инчунин хизматрасонии тиббии ҳозиразамон аз рӯи ихтисосҳои гуногуни тиббӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ расонида шавад. Инчунин бо истифода аз дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи амалии ҳайати профессорону устодони донишгоҳ ба кормандони тиббии Тоҷикистон ёрии методию амалӣ, аз ҷумла бо истифодаи телемедитсина расонида мешавад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар муддати на чандон тӯлонӣ ташаккул ёфт, ба камол расид ва тавонист, ки пеш аз ҳама, раванди таълимро бо таъсис додани сохторҳои зарурӣ ба роҳ монад, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои дараҷаи илмиро ба донишгоҳ ҷалб намояд, заминаи моддӣ-техникии донишгоҳро давра ба давра таҳким бахшад, пойгоҳи клиникии худро дар беморхонаҳо таъсис диҳад, барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва рушд бахшидани маҳорату малакаи касбӣ шароит фароҳам оварад, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва нашриявиро ба талаботи меъёрҳо мутобиқ намояд ва аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ донишҷӯёнро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Даҳ сол – танҳо оғоз аст. Хотираи худро аз солҳои таҳсил ё кор дар ДДТХ нақл кунед – он метавонад саҳифаи нави ин таърих гардад.
Ба мо нависед