Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
Асосӣ / Таърихи донишгоҳ

Таърихи донишгоҳ

Аз Паёми Президент то 10-солагии донишгоҳ: санаҳои асосии роҳи даҳсола.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Донишгоҳ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, аз 1 сентябри соли 2016 фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ ва табобатии худро оғоз намудааст.

Таъсис

Зарурати таъсиси донишгоҳи тиббӣ дар вилояти Хатлон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (январи соли 2016) қайд гардид: дар вилоят ба ҳар 10 ҳазор аҳолӣ ҳамагӣ 11,3 корманди тиббӣ рост меомад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, №79 таъсис дода шуд.

Аввалин раёсат

Фаъолияти донишгоҳ расман аз 4 марти соли 2016 оғоз гардид. Раёсати муваққатӣ аз 11 нафар иборат буд ва дар се ҳуҷраи иҷоравӣ (86 м²) дар ошёнаи дуюми бинои «Маркази таҳлилии лоиҳаҳои обёрии заминҳои водии Данғара» кор мекард.

Убайдулло Қурбон
1. Убайдулло Қурбонд.и.т., профессор, узви вобастаи АМИТ – ректор
Ғафуров Бобомурод Абдуқаҳҳорович
2. Ғафуров Бобомурод Абдуқаҳҳоровичд.и.х., дотсент – муовини ректор оид ба таълим
Аҳадов Шамсулло Файзуллоевич
3. Аҳадов Шамсулло Файзуллоевичмуовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ ва маъмурӣ
Аҳмадов Шодмон Раҷабович
4. Аҳмадов Шодмон Раҷабовичн.и.с., дотсент – сарвари шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа
Кузибаева Наимахон Конбобоевна
5. Кузибаева Наимахон Конбобоевнан.и.т., дотсент – сарвари шуъбаи таълим
Саидов Исломудин Зайнадинович
6. Саидов Исломудин Зайнадиновичн.и.т., дотсент – декани факултетҳои тиббӣ
ХА
7. Хидирова Алфира Мадаминовнасардори шуъбаи кадрҳо
Мардонзода Қурбоналии Мирзо
8. Мардонзода Қурбоналии Мирзосарвари маркази технологияи иттилоотӣ
Саидова Моҳшариф Раҳмоналиевна
9. Саидова Моҳшариф Раҳмоналиевнасарвари китобхона
Шарипов Ғоиб
10. Шарипов Ғоибсармуҳосиб
Камолов Амиралӣ Сангалиевич
11. Камолов Амиралӣ Сангалиевичмуовини декан

Аввалин раёсати муваққатии ДДТХ, 4 марти соли 2016.

Санаҳои муҳим

Бинои асосии донишгоҳ дар ноҳияи Данғара

Рушд дар рақамҳо

📖 Таърихи пурра: китоби «ДДТХ – меваи пурбори истиқлол» · ДДТХ дар рақамҳо · Рисолат ва арзишҳо · 10 соли ДДТХ

Бинои донишгоҳ
Манбаъ: буклети расмии донишгоҳ ва китоби «ДДТХ – меваи пурбори истиқлол» (2026).
Ба мо нависед