Даҳ сол дар як нигоҳ
- 353 → 3367 – шумораи донишҷӯён аз соли 2016 то соли таҳсили 2026–2027
- 97 → 461 – омӯзгорону кормандон
- 37 → 259 – ҳайати профессорону омӯзгорон
- 5325 нафар дар солҳои 2016–2026 ба донишгоҳ қабул шудаанд
- 1897 хатмкунанда (2021–2026), аз ҷумла 127 нафар бо дипломи аъло
Донишҷӯён дар соли таҳсили 2026–2027
Аз рӯи факултетҳо
- Факултети тиббӣ – 1790 нафар (77 гурӯҳ)
- Факултети педиатрӣ – 906 нафар (47 гурӯҳ)
- Факултети стоматологӣ – 547 нафар (28 гурӯҳ)
- Факултети фармасевтӣ – 124 нафар (6 гурӯҳ)
Аз рӯи забони таҳсил
- Бо забони тоҷикӣ – 1246 нафар (59 гурӯҳ)
- Бо забони русӣ – 1883 нафар (93 гурӯҳ)
- Донишҷӯёни хориҷӣ – 238 нафар (6 гурӯҳ)
Аз рӯи маблағгузорӣ ва минтақаҳо
- Дар асоси буҷет – 935 нафар, дар асоси шартнома – 2432 нафар
- Тибқи квотаи президентӣ – 198 нафар
- Духтарон – 1143 нафар (33,9%), писарон – 2224 нафар (66,1%)
- Вилояти Хатлон – 54,4%, вилояти Суғд – 23,4%, ноҳияҳои тобеи марказ – 9,9%, шаҳри Душанбе – 4,1%, ВМКБ – 1%
Таҳсилоти баъдидипломӣ
- 162 ординатори клиникӣ ва 64 интерни клиникӣ
- 2 аспирант, 2 докторант ва 18 унвонҷӯ
- Дар солҳои 2022–2026 ба ординатураи клиникӣ 220 нафар қабул шуда, 107 нафар хатм кардаанд; ба интернатура 370 нафар қабул шуда, 362 нафар хатм кардаанд

Дастовардҳо
- 28 донишҷӯ – стипендиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Дар озмунҳо: 27 ҷойи якум, 30 ҷойи дуюм, 44 ҷойи сеюм, 31 ҷойи ифтихорӣ ва 10 диплом
- Дар олимпиадаҳои байналмилалии онлайн (2020–2026): 9 ҷойи якум, 15 ҷойи дуюм ва 25 ҷойи сеюм ва ифтихорӣ
- 50 омӯзгор бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гаштаанд
- 368 донишҷӯи фаъол ва олими ҷавон бо Ифтихорномаҳои ДДТХ қадрдонӣ шудаанд
Биноҳо ва таҷҳизот
- Маҷмаа: 5 бинои таълимӣ, хобгоҳи донишҷӯён (800 ҷой), 2 бинои истиқоматии омӯзгорон, ошхона ва майдони варзишӣ
- Майдони заминҳо – 7,8 га, масоҳати умумии биноҳо – 51 481 м²
- 264 синфхона, 13 толори лексионӣ, 30 озмоишгоҳ, 5 толори маҷлисӣ, толори фарҳангӣ (1090 ҷой)
- 9737 ҷойи нишаст (бо пойгоҳҳои клиникӣ); имкони таҳсили 6–8 ҳазор донишҷӯ
- 678 компютер, 146 проектори мултимедиявӣ, 31 тахтаи электронӣ
- 2207 адад таҷҳизоти таълимӣ, илмӣ ва ташхисӣ (922 номгӯй)
- Маблағи умумии сохтмон – 356,8 млн сомонӣ
Китобхона
- Фонди китобхона аз 1106 нусха (2016) ба 40 217 нусха (2026) расид
- 115 953 маводи электронии таълимию илмӣ
- Таъминоти донишҷӯён бо китоб ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – 100%
Илм
Аз соли 2018 инҷониб олимони донишгоҳ нашр кардаанд:
- зиёда аз 3300 таълифоти илмӣ (105 дар маҷаллаҳои КОА)
- 9 монография ва 7 ихтироъ
- 58 пешниҳоди навоварона ва 112 санади татбиқ
- 15 китоби дарсӣ ва зиёда аз 70 дастури методӣ
- 12 рисолаи илмӣ ҳимоя шудааст (3 докторӣ, 9 номзадӣ)
- 24 маҳфили илмии донишҷӯён бо 750 аъзо
Табобат
- Аз феврали соли 2016 то соли 2026 омӯзгорони донишгоҳ 127 038 беморро муоина ва муолиҷа кардаанд
- 5452 амалиёти ҷарроҳӣ, ёрии тиббӣ ба 29 060 кӯдак
- Беш аз 90 намуди амалиёти ҷарроҳии реконструктивӣ бори аввал дар минтақа ҷорӣ шуд – Пойгоҳҳои клиникӣ
Ҳамкориҳо
- 27 шартномаи ҳамкорӣ – аз аввалин шартнома бо Донишгоҳи тиббии Шинҷон (2017) то донишгоҳҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Италия, Ҳиндустон, Эрон ва дигар кишварҳо
- 5 лоиҳаи Erasmus+ (аз соли 2018)
- 5,2 млн сомонӣ маблағҳои грантӣ ва хайрия дар солҳои 2016–2026

Манбаъ: китоби «ДДТХ – меваи пурбори истиқлол» (2026). Китобро хонед