Роҳи даҳсола
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ гуфта шуд, ки дар вилояти Хатлон ба 10 ҳазор аҳолӣ ҳамагӣ 11,3 табиб рост меояд, ва супориши таъсиси донишгоҳи нави тиббӣ дода шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №79 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис ёфт ва профессор Убайдулло Қурбон ректор таъин гардид.
Раёсати муваққатии 11-нафара дар се ҳуҷраи иҷоравӣ кор оғоз кард; шаш моҳи аввал донишгоҳ аз ҳисоби кӯмакҳои хайриявӣ фаъолият мекард.
Пешвои миллат ба оғози сохтмони маҷмааи донишгоҳ дар ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд.
Аз 1633 довталаб 353 нафари беҳтарин аввалин донишҷӯёни ДДТХ гардиданд.
Бо Донишгоҳи тиббии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин; дар ҳамин сол «Клуби сайёҳӣ»-и донишгоҳ таъсис ёфт.
Ду бинои нави таълимии донишгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд; дастаи ҳунарии «Дурахшон» таъсис ёфт.
Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара ба сохтори ДДТХ гузаронида шуд; маҷаллаи «Симурғ» ва рӯзномаи «Пайки Шифо» нашр шуданд.
Маркази омӯзиши симулятсионӣ ва Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис ёфтанд; волонтёрони донишгоҳ 4635 хонаро дар ноҳия санҷиданд.
Аввалин хатмкунандагон дипломи табиб гирифтанд; донишгоҳ аккредитатсияи давлатӣ гирифт; 21 октябр Коллеҷи Кангурт ифтитоҳ ёфт.
Хобгоҳи 9-ошёна барои 800 донишҷӯ ба истифода дода шуд; ДДТХ узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ гардид.
Пешвои миллат бинои асосӣ, бинои таълимии №1 ва ошхонаи донишгоҳро ифтитоҳ намуданд.
ДДТХ ба Феҳристи умумиҷаҳонии донишгоҳҳои тиббӣ (World Directory of Medical Schools) ворид гардид; озмоишгоҳи ПЦР бо дастгирии ТУТ кушода шуд.
Омӯзгорон соҳиби биноҳои 9-ошёнаи истиқоматӣ гардиданд; Маркази «Стоматология» ва факултети фармасевтӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Бо иштироки Пешвои миллат ду бинои нави таълимӣ барои 2778 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ДДТХ баргузор гардид; маводҳо дар ду ҷилд нашр шуданд.
Оинномаи нави донишгоҳ бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ гардид.
Донишгоҳ бори дуюм аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт; китоби «ДДТХ – меваи пурбори истиқлол» нашр шуд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 10-солагии ДДТХ.
Даҳ сол рушд
Аввалинҳо
Ҳар як донишгоҳи бузург аз «бори аввал» оғоз мешавад. Инҳо қадамҳое мебошанд, ки ДДТХ-ро сохтанд.
Раёсати муваққатӣ 4 марти 2016 дар се ҳуҷраи иҷоравӣ (86 м²) кор оғоз кард.
Соли 2016 аз 1633 довталаб 353 нафари беҳтарин қабул шуданд.
Аввалин китобҳо – туҳфаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (8455 нусха).
Аввалин ҳамкории байналмилалӣ – бо Донишгоҳи тиббии Шинҷон (Чин).
Маҷаллаи илмии «Симурғ» ва рӯзномаи «Пайки Шифо».
Дастаи ДДТХ дар Олимпиадаи умумироссиягӣ дар ДДТТ ба номи Сеченов диплом гирифт.
«Масъалаҳои мубрами тиб ва таҳсилоти тиббӣ» бо иштироки олимони хориҷӣ.
Аввалин табибони ДДТХ дар ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Педиатрия» ва «Стоматология».
Бори аввал дар таърихи навини Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ нашр шуд.
Аввалин раёсат · 2016
Ёздаҳ нафаре, ки 4 марти соли 2016 дар се ҳуҷраи иҷоравӣ кори донишгоҳро оғоз карданд.






Аввалин раёсати муваққатии ДДТХ, 4 марти соли 2016.
📖Китоби «ДДТХ – меваи пурбори истиқлол»Таърихи пурраи даҳсола – аз Паёми Президент то биноҳои нав. Онлайн хонед.→
«Ин комёбиҳо ба таҷлили 10-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ранги тоза бахшида, аз иқтидори зеҳнию эҷодӣ ва ояндаи дурахшони насли ҷавони он шаҳодат медиҳанд».
Соли ҷашнӣ дар хабарҳо








