Донишгоҳи давлатии
тиббии Хатлон
RUEN Кабинет
Асосӣ / Хабарҳо / Ҳаёти ДДТХ
Ҳаёти ДДТХ 1 дақ. 0

Конститутсия – рамзи давлатдорӣ: дар ДДТХ ҷаласаи тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид

Ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

5-уми ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Аҳмадиён Шодмон Раҷаб бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Пас аз қисми расмии чорабинӣ барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии «Дурахшон» дар ҳамоҳангии кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи ба номи Саъдулло Ситамов ва кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Ҷаласаи тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ дар фазои баланди идона, бо руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ баргузор гардид.

Манбаъ: пост дар шабакаи иҷтимоӣ →
Ин хабар ба шумо писанд омад?Бо ситораҳо баҳо диҳед
Ҳоло баҳо нест — аввалин шавед!

Шарҳҳо 0

Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!

Шарҳ гузоштан

🛡️ Шарҳ баъди тафтиши модератор нашр мешавад. Пайвандҳо ва таблиғ қабул намегарданд.

Хабарҳои монанд Ҳамаи хабарҳо →

Ба мо нависед
Пайванд нусхабардорӣ шуд