Се донишҷӯ, се дастоварди шоиста ва як ифтихори бузург: ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар арафаи 10-солагии донишгоҳ се донишҷӯ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои дуюм ва сеюмро гирифтанд.
Боиси ифтихори аҳли Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аст, ки дар арафаи таҷлили 10-солагии таъсисёбии донишгоҳ се нафар донишҷӯи муассиса дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд:
Рустамқулова Гулнора Шуҳратҷоновна, донишҷӯи курси шашуми факултети тиббӣ – ҷойи дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол – 2026»;
Алиева Меҳринигор Шомуродовна, донишҷӯи курси чоруми факултети тиббӣ – ҷойи дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи санъати тасвирӣ;
Ашурмадов Фаррух Абдулазизович, донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ – ҷойи сеюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи «Химия».
31-уми октябри соли 2026 дар ҷаласаи Шурои олимони донишгоҳ ғолибон бо мукофотпулӣ ва Ифтихорномаи ректори донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Шарҳҳо 0
Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!



