ИФТИХОРИ ДОНИШГОҲ: ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба омодасозии донишҷӯён ва иштироки фаъоли онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди қобилияти зеҳнӣ, такмили донишҳои илмӣ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар баланд бардоштани мақоми илму дониш, рушди тафаккури илмӣ ва кашфи истеъдодҳои нав миёни ҷавонон нақши муҳим мегузорад. Донишҷӯёни донишгоҳ низ дар ин иқдоми маърифатпарварона бо дониш, маҳорат ва дастовардҳои назарраси худ фаъолона иштирок меварзанд.
Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ -Ашурмадов Фаррух Абдулазизович дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи «Химия» сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар омодасозии донишҷӯ ва расидан ба ин натиҷаи назаррас саҳми мудири кафедраи химияи тиббӣ ва экология, номзади илмҳои биологӣ С. Гулмамад, ки ба такмили донишҳои назариявию амалии шогирд ва рушди қобилияти ӯ мусоидат намудааст, шоистаи зикр мебошад.
Ин дастовард дар доираи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои аҳли донишгоҳ мояи ифтихор буда, аз натиҷаҳои таваҷҷуҳ ба илму маърифат ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон шаҳодат медиҳад.
Раёсати донишгоҳ Фаррух Ашурмадовро ба муносибати ин дастоварди арзишманд самимона табрик гуфта, ба ӯ дар омӯзиши илм, такмили дониш ва ноил гардидан ба муваффақиятҳои нави таълимию илмӣ барору комёбиҳо орзу менамояд.
Муовинати илм ва инноватсияи ДДТХ.
Шарҳҳо 0
Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!



