РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР МЕҲВАРИ ЧОРАБИНИҲОИ КАФЕДРАҲОИ ДОНИШГОҲ
Дар идомаи татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳамоишҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ дар як қатор кафедраҳои дигари донишгоҳ низ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардиданд.
Фарогирии чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ ва тарбиявӣ дар донишгоҳ хусусияти густурда дошта, дар ин замина ташаббусҳои кафедраҳо мақоми назаррас касб намуданд. Аз ҷумла, дар кафедраи химияи тиббӣ ва экология таҳти роҳбарии мудири кафедра, н.и.б.Султонмамади Гулмамад, дар кафедраи фанҳои ҷарроҳии № 2 бо роҳбарии мудири кафедра, PhD Норматова М.А., дар кафедраи фармакология ва микробиология бо роҳбарии н.и.фарм. Саидов Н. ва кафедраи анатомияи нормалӣ бо роҳбарии мудири кафедра Зарипов И.А. низ вохӯриву суҳбатҳо ва барномаҳои маърифатӣ баргузор гардиданд.
Дар меҳвари ин иқдомҳо шарҳу тавзеҳи аҳаммияти рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи навини давлатдории тоҷикон, шинохти нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва тарғиби арзишҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ қарор дошт. Чунин ибтикорот барои пайванди донишҳои касбӣ бо маърифати сиёсиву таърихӣ ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бунёдзода С.Х.
Шарҳҳо 0
Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!



