НУТҚИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН, Д.И.Т., ПРОФЕССОР УБАЙДУЛЛО ҚУРБОН БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳозирини арҷманд, устодону кормандони гиромӣ ва донишҷӯёни азиз! Имрӯз мо арафаи таҷлили яке аз санаҳои муҳимми сиёсӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бо камоли эҳтиром, нахуст ҳамаи Шуморо ба муносибати ин санаи фархунда самимона табрику таҳният мегӯям.
Ин ҷашни муҳими давлатӣ таҷассумгари эҳтироми миллати тоҷик ба арзишҳои давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ ва волоияти қонун буда, моро ба дарки масъулият дар назди Ватан ва ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон ҳидоят менамояд.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат пояҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаро муайян намуда, кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ ва самтҳои асосии рушди мамлакатро муқаррар мекунад. Маҳз дар заминаи риояи меъёрҳои конститутсионӣ, эҳтиром ба қонун ва таъмини адолат ҷомеа метавонад ба суботи устувор ва пешрафти ҳамаҷониба ноил гардад. Аз ин рӯ, Конститутсия шиносномаи давлату миллат буда, таҷассумгари иродаи халқ ва заминаи ҳуқуқии зиндагии осоиштаи шаҳрвандон ба шумор меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдоди сарнавишсоз дар шароити ниҳоят ҳассоси таърихи навини кишвар ба вуқуъ пайваста, барои муайян намудани роҳи минбаъдаи давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Ба ҷонибдории қабули он 94,4 фоизи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ овоз доданд, ки ин нишондиҳанда ифодагари дастгирии васеи мардум аз роҳи интихобкардаи давлат буд.
Қабули Конститутсия барои ташаккули низоми муосири давлатдорӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳаммияти таърихӣ дошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари моро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф кардааст. Ин меъёри бунёдӣ мазмуни амиқи иҷтимоӣ дошта, ҳифзи шаъну шарафи инсон, таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаро тақозо менамояд. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси қайд ва шоистаи таҳсин мебошад. Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон тавонист марҳалаҳои душвори таърихи худро паси сар намуда, ба роҳи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид гардад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба Конститутсия се маротиба: соли 1999, соли 2003 ва соли 2016 - тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйирот ба такмили низоми конститутсионӣ ва мутобиқсозии меъёрҳои ҳуқуқӣ ба марҳалаҳои нави рушди кишвар равона гардида, барои таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ замина фароҳам оварданд.
Дар баробари аҳаммияти бузурги меъёрҳои конститутсионӣ, қудрати воқеии ин санад пеш аз ҳама дар татбиқи амалии он зоҳир мегардад. Донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо, риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва муносибати масъулиятнок ба вазифаҳои шаҳрвандӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, махсусан дар байни ҷавонон, яке аз омилҳои муҳими таҳкими суботи иҷтимоӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ба шумор меравад.
Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва мавқеи шаҳрвандии ҷавонон нақши муҳим доранд. Вазифаи онҳо танҳо додани донишҳои соҳавӣ нест, балки тарбияи шахсиятҳои соҳибмаърифат, ватандӯст, масъулиятшинос ва дорои ахлоқи ҳамида низ мебошад. Эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои ҷомеа бояд дар раванди таълиму тарбия мақоми шоиста дошта бошад.
Ҳозирини арҷманд!
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон масъулияти омода намудани мутахассисони соҳибкасб бо тарбияи маънавию ҳуқуқии ҷавонон пайванди ногусастанӣ дорад. Соҳаи тандурустӣ бевосита ба ҳаёт ва саломатии инсон алоқаманд аст, бинобар ин, табиби оянда бояд на танҳо дорои донишҳои муосири тиббӣ, балки соҳиби фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, ахлоқи касбӣ ва ҳисси масъулият дар назди ҷомеа бошад.
Эҳтиром ба ҳуқуқи беморон, ҳифзи сирри тиббӣ, муносибати инсондӯстона бо муроҷиаткунандагон ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои касбӣ аз ҷумлаи талаботи муҳимми фаъолияти корманди соҳаи тиб мебошад. Ин арзишҳо бо принсипҳои инсондӯстонаи Конститутсия ҳамоҳанг буда, барои ташаккули мутахассисоне мусоидат мекунанд, ки дар фаъолияти худ манфиатҳои инсон ва ҷомеаро дар ҷойи аввал мегузоранд.
Аз ин рӯ, роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ вазифадоранд, ки дар баробари таъмини сифати баланди таълим ба масъалаҳои тарбияи ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ахлоқи касбии донишҷӯён таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намоянд. Ҳар як омӯзгор бо рафтори намунавӣ, муносибати одилона ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои худ метавонад дар ташаккули шахсияти донишҷӯ саҳми арзанда гузорад.
Мо итминон дорем, ки ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо дарки аҳаммияти Конститутсия ва масъулияти шаҳрвандӣ дар рушди илму маориф, беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони тиб ва ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми муносиб мегузоранд. Зеро пешрафти ҳар як муассисаи таълимӣ ва муваффақияти ҳар як мутахассис дар маҷмуъ ба таҳкими иқтидори инсонӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Рӯзи Конститутсия моро ба боз ҳам баланд бардоштани қадршиносии дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ даъват менамояд. Ҳар яки мо бояд бо меҳнати содиқона, риояи қонун ва муносибати масъулиятнок ба вазифаҳои касбӣ дар ободии Ватан ва бунёди ҷомеаи пешрафта саҳм гузорем.
Дар фарҷом, бори дигар ҳамаи Шумо - устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азизро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Ба Шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод, саодати оилавӣ, дар фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва таҳсил комёбиҳои нав орзу менамоям.
Бигзор, дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу субот пойдор, ваҳдати миллӣ устувор ва истиқлолияти давлатӣ ҷовидон бошад. Орзумандам, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар фазои амну осоиш зиндагӣ карда, бо меҳнати созанда ва ҳисси баланди масъулият дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузорад.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Шарҳҳо 0
Ҳоло шарҳ нест. Фикри худро аввалин шуда нависед!



