Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ҶАЛАСАИ ҲИЗБӢ ДАР ДОНИШГОҲ

19 Ноябр 2019
Муаллиф :  

   15 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авитсенна”- и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид.
    Дар ҷаласи масъалаҳои ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Авитсенна аз моҳи январи соли 2019 то моҳи ноябри соли 2019 ва интихоби вакилон ба конференсияи ташкилоти ҲХДТ дар ноҳияи Данғара баррасӣ гардиданд.
    Дар ҳисобот қайд гардид, ки ҳизб ҳамеша барои иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмину ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфтааст ва баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои мазкур кӯшиш менамояд.
     Барои бархе аз омӯзгорони ҷавон ва кормандони донишгоҳ, ки аъзои ҳизб гашта буданд, билети ҳизбӣ супорида шуд.
Ҳамзамон, аъзои фаъоли ҳизб барои саҳми арзанда дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иштроки фаъолона дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии               Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 134 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид