16 ноябри соли равон дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи президент чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба таълим, н.и.с. Аҳмадов Ш.Р. ифтитоҳ намуда, табрикоти ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро баҳри иштироккунандагон ироа намуд. Корнамоиҳои Президенти кишвар, ки барои халқу ватанаш бо як меҳру муҳаббати хосса ва ҷавонмардона хизмат намудааст, барои ҳар яки мо дарси ибрат мебошад- қайд намуд муовини ректор.
Дар рафти чорабинӣ аз ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон филм ба намоиш гузошта шуд.
Дар чорабинӣ профессори фахрии кафедраи забонҳо Должикова В.А. оид ба заҳматҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри некаҳволии халқу ободии кишвари азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Ҳамзамон, донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ Қудратова Б. оид ба фаъолияти Президенти кишвар маъруза намуд ва гурӯҳи донишҷӯён китобҳои Президенти кишварро муаррифӣ намуда, оид ба китобҳои мазкур меълумоти муфид доданд.
Дастаи ҳунарии «Дурахшон» бо барномаи таҳиянамудаашон хотири аҳли нишастро шод гардониданд.
ХАБАРНИГОРИ СОМОНА