Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ҶАШНИ РӮЗИ РӮДАКӢ ВА ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР ДДТХ

26 Сентябр 2019
Муаллиф :  

   Ба хотири бузургдошти ду абармарди форсу тоҷик, қофиласолори назми тоҷик-Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шоири шаҳири форсу тоҷик- Ҷалолиддини Балхӣ дар толори фарҳангии ДДТХ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
   Вобаста ба ҷашни мазкур мудири шуъбаи таълим н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х., дар мавзӯи «Рӯдакӣ-қофиласолори назми тоҷик» маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Номбурда қайд намуд, ки «қарнҳо паси сар шуданд, вале устод Рӯдакӣ дар ёди халқ зинда монд, зеро сухан офариду некӣ карданро шиори ҳамешагии хеш қарор дода, ояндагонро низ ба корҳои нек талқин мекард».
   Сипас омӯзгори калони кафедраи забонҳо Одинаев С.П., дар мавзӯи «Мақом ва манзалати Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёти ҷаҳон» баромад карда қайд намуд, ки шуҳрати Румӣ на танҳо дар мамлакатҳои форсизабон,балки дар Амрикову Аврупо низ хеле баланд аст.
   Донишҷӯёни курси сеюми факултаи педиатрӣ аз ҳаёти устод Рӯдакӣ композитсияи адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони «Лаҳзае аз ҳаёти Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён» тайёр намуда, аз ашъораш шеърҳоро қироат карданд.
   Донишҷӯйи курси 4-ум Қобилов А. ва курси 3-юм Сабзаев С. аз «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ саҳначаи «Шикояти пирамард ба табиб»-ро пешкаши тамошобинон гардонданд.
   Донишҷӯи курси дуюм Раҳмонов Х. бо суруди «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» хотири ҳозиринро шод намуд.
  Дар анҷом мудири шуъбаи таълим Қурбонмамадов С.Х., маъракаи фарҳангиро ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, муҳтарам Убайдулло Қурбон дар баробари илми тиб ба фарҳанги волои халқи тоҷик низ ҳамеша таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва гузаронидани чунин чорабиниҳои фарҳангӣ шаҳодати гуфтаҳои болост. 
                                                                                                                      ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

0 Шарҳ 129 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид