Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ…

01 Сентябр 2019
Муаллиф :  

     Субҳи имрӯз, яъне 1-уми сентябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба «Рӯзи Дониш» ва «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамаи кормандони донишгоҳ ва донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.
   Ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон чорабиниро ҳусни ифтиттоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи Дониш» ва 28-солагии «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният намуданд ва дар корҳои ояндаи устодону таҳсили донишҷӯён муваффақият орзу намуданд.
 Зимни суханронии хеш ректори муҳтарам аз ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «дониш шуморо аз тамоми бадиҳо ва офатҳо мисли ҷавшан нигоҳ медорад».
  Инчунин, муҳтарам Убайдулло Қурбон аз файзи истиқлол сухан ронда, таъкид намуданд, ки ин ҳама озодию ободӣ ва осоиштагию пешравиҳои кишварамон ба хизмати фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқи бузурги тоҷик рабт дорад.
  Сипас, мудири кафедраи «Ҷомеашиносӣ» н.и.ф., Гулов А.А., доир ба 28-солагии «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Номбурда, аз ҷумла, қайд намуд, ки «Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад».
  Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ Раҷабов Н., бо суруди хеш дар васфи Ватан дили ҳозиринро шод намуд.
   Инчунин, донишҷӯёни курси якум бо як сарбаландӣ ва ҳисси ифтихор суруди «Табибон»-ро иҷро намуданд.
  Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ дар ҳамаи толорҳои донишгоҳ, донишҷӯён ба тамошои пахши мустақим, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, фаро гирифта шуданд.

0 Шарҳ 176 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид