Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ОБИДА ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

26 Декабр 2018 Муаллиф :  

 Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманди сол»-ро эълон намуда буд. Ҳамчунин Низомномаи баргузории озмуни мазкур таҳия ва бо мактуби ҳамроҳ ба тамоми мактабҳои олии кишвар фиристода шуда буд. Дар асоси он то санаи 10-уми октябр дар байни донишҷӯдухтарони  донишгоҳ даври аввали озмун баргузор гардид, ки дар натиҷа донишҷӯи соли дуюми гурӯҳи 206-уми факултети педиатрӣ Азизмамадова Обида ғолиб дониста шуд ва ба даври ниҳоии ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардид. Хушбахтона, дар арафаи Соли нави мелодӣ навиди тозае ворид гардид, ки рӯзи 25-уми декабри соли 2018 баъди дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 31 шаҳри Душанбе баргузор гардидани даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ маросими ба ғолибон супоридани ҷоизаҳо ва сипосномаи Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Донишҷӯдухтари донишгоҳи мо Азизмамадова Обида барои ишғол намудани ҷойи якум дар даври ниҳоии озмун бо туҳфа ва сипосномаи Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

+  Барои иштироки ин донишҷӯдухтари фаъол дар озмуни сатҳи ҷумҳириявӣ саҳми шуъбаи  кор бо ҷавонони донишгоҳ, шӯрои занон ва духтарон ва кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён хеле калон аст. Як чизи мусаллам аст, ки Обида на фақат духтари ҳунарманд аст, балки дар таҳсил низ муваффақ аст ва ҳамчун донишҷӯи фаъол шинохта шудааст. Дар  чеҳраи масъуми вай ҳамеша таббассуми зебое  нақш бастааст, ки нуру ҷилои хосае дорад. Албатта, барои ба чунин ғолибият муваффақ шуданаш саҳми ҳамсабақон ва роҳбари гурӯҳ назаррас аст, ки пайваста вайро руҳан дастгирӣ менамуданд.

        Аз номи раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ барои чунин ғолибият ва туҳфаи арзандаи донишҷӯдухтари факултети педиатрӣ Азизмамадова Обидаро табрику таҳният гуфта, дар таҳсилу  зиндагии шахсияш комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем. Боварӣ дорем, ки Обида барои дигар  толибилмони донишгоҳ ойинаи ибрат гардида, онҳоро ба дастовардҳои хуби таълимӣ раҳнамун хоҳад сохт.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

0 Шарҳ 134 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид