Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ТАНИ СОЛИМ – РӮҲИ СОЛИМ

12 Январ 2019 Муаллиф :  

 “Варзиш - гарави саломатист” - чунин аст шиори занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон. Ҳамчунин, аз осудагию оромии кишвар ва Истиқлолият, ки имрӯз ҳама шароитҳои замонавии муфид баҳрашон  муҳайёст, бениҳоят шукргузоранд. Боиси хушҳолист, ки баҳри саломатӣ ва зебогӣ ба тамрин машғуланд.                                                          

      Бо мақсади иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба солимгардонӣ ва нақшаи кории Шӯрои занон ва духтарон санаи 09.01.соли 2019 бо ҳамоҳангии устодони варзиши кафедраи Физикаи тиббӣ ва информатика Қурбоналиев Ҷ.М. ва Самиев С.Ф. дар толори варзишии донишгоҳ байни бонувон мусобиқаи варзишӣ баргузор карда шуд.                 

    

   Устодони варзиш бо тариқи интихоби бастачаҳои пӯшида бонувонро ба ду гурӯҳ ҷудо намуда, гурӯҳи якумро “Рахш” ва гурӯҳи дуюмро “Саманд” номгузорӣ намуданд.                                                               

     Дастаҳо аз чанд намуди бозиҳои шавқовар аз ҷумла шоҳмот, шашка, бандпарак, тенниси рӯимизӣ ва волейбол қувваозмоӣ намуданд. Дар рафти мусобиқаҳои варзишӣ бонувон чусту чолокӣ ва маҳорати баланд нишон доданд, ки ин натиҷаҳои машғулиятҳои пайвастаашон ба варзиш аст. Дар бозии шашка лаборанти калони кафедраи “Морфология ва физиологияи одам” Маҳмадавлатова М. С., дар бозии тенниси рӯи мизӣ бошад, омӯзгор аз кафедраи “Фармакология ” Сафарова Д.Ҳ. ва омӯзгори кафедраи забонҳо Набиева А.А. хеле хуб ҳунарнамоӣ намуданд.                  

    Ҳакамон ҳамаи холҳои ба даст овардаи ҳар ду гурӯҳро ҳисоб намуданд, ки дар натиҷа дастаи “Саманд” ғолиби мусобиқа дониста шуд.

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ 

0 Шарҳ 187 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид