Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

28 Ноябр 2018
Муаллиф :  

    Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият ва соҳибдавлатии кишварамон мебошад, ки 11-декабри соли 1999, таҳти №892 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Ин рӯз дар таърихи навини тоҷикон дар қатори дигар иду муқаддасот ҷашн гирифта мешавад.                                            

     Мояи ифтихор аст, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзи Парчами миллиро ҷашн мегиранд. Ҳадаф аз он арҷгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат мебошад.           

     Ҳайати устодон ва кулли донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар ин ҷашни миллӣ, яъне рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Бо супориши садорати Донишгоҳ донишҷӯён ба се гурӯҳ ҷудо карда шуданд. Зиёда аз 500 нафар донишҷӯён бо омӯзгорон дар роҳпаймоӣ, ки бахшида ба ин рӯз дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара баргузор гардид, иштирок намуданд. Чун ид ба рӯзи шанбе рост омад, қисме аз донишҷӯён ба шанбегӣ сафарбар карда шуданд.                                      

    

     Ҳамзамон, дар толори фарҳангии ДДТХ бахшида ба Рӯзи Парчам чорабинии идона баргузор гардид. Чорабиниро ректори ДДТХ, доктори илмҳои тиб, профессор муҳтарам Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамаи устодон ва донишҷӯёнро бо рӯзи Парчами миллӣ сидқан табрику таҳният гуфта, таъкид карданд, ки парчам яке аз муқаддасоти миллии ҳар як халқу кишвар буда, онро эҳтиром мекунанд ва агар лозим ояд барои нигоҳ доштани он ҷонашонро низ дареғ намедоранд.          

 

  Баъдан, омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ Каримов М. дар мавзӯи “Парчам-рамзи давлатдорӣ” маърӯза намуданд. Ба чорабинии идона донишҷӯён бо қироати шеърҳо ва рақсу суруд ҳусни тоза бахшиданд.                    

   Инчунин, дар мавзӯи парчам дар толор саволу ҷавоб ё худ викторина баргузор гардид ва ғолибон бо нишони сарисинагии парчам қадрдонӣ гардиданд.

Муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ,

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ  

0 Шарҳ 132 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид