Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

СЕМИНАР-МАШВАРАТ ДАР МАВЗӮИ “ХАТАР ВА ОҚИБАТҲОИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ, РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ИН РАВИЯҲОИ ТУНДРАВ”

10 Декабр 2018
Муаллиф :  

  Санаи 5.12.с.2018 тибқи нақшаи кории муовинати тарбия ва фарҳанг дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон семинар-машварат дар мавзӯи “Хатар ва оқибатҳои экстремизму терроризм, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин равияҳои тундрав” бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо ҷавонони ҳукумати ноҳияи Данғара, донишҷӯён, устодон, аъзои раёсати ДДТХ ва ҷалби воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

   Семинар-машваратро мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Азизуллоев А.А. оғоз намуда, дар мавзӯи “Хатар ва оқибатҳои экстремизму терроризм, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин равияҳои тундрав” маърӯза намуданд. Инчунин, маърӯзаи сардори шуъбаи кумитаи давлатии амнияти ҶТ дар н.Данғара Ҳусейнзода М. шунида шуд.

 

   Баъдан, донишҷӯи гурӯҳи 201, факултети стоматологӣ Ёров Ш. дар мавзӯи “Экстремизм ва терроризм падидаҳои номатлуби ҷомеа ва дин” баромад намуд.    

   Дар охири семинар-машварат, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби донишҷӯён оид ба мавзӯи семинар ҷавоб гардониданд.

   Бояд қайд кард, ки мақсад аз баргузории чунин семинар-машваратҳо дар замоне, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пур аз тазод, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳост, огоҳ намудан аз хатари равияҳои фаъолияташон аз ҷониби давлат манъшуда ва ҳамзамон баланд бардоштани зиракии сиёсии донишҷӯён иборат мебошад.  

Муовинати тарбия ва фарҳанг

0 Шарҳ 126 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид