Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Рӯзи Дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

01 Сентябр 2017
Муаллиф :  

    01 – уми сентябри соли равон дар боробари дигар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ДДТХ таҷлили Рӯзи Дониш бо шукуҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ тамоми донишҷӯён, кормандон ва ҳайати профессорону омӯзгорон ширкат варзиданд. Дар навбати аввал ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, донишҷӯёни курси аввалро ба муносибати сазовор шуданашон ба номи донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз номи раёсат ва Шурои олимон табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки донишҷӯёни донишгоҳ сиҳатмандии комил ва дар фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш муввафақиятҳо таманно намуд. 

Суханони табрикотии Ректори донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Дониш

       Дар ҳақиқат ҳаёт исбот намудааст, ки инсон ҳар қадар дар паи иҷрои нияту амали худ қадамҳои аввалинашро устуворона ва бо дили пур гузорад, ҳамон қадар мақсаднок ба ҳадафи худ мерасад. Инак шумо донишҷӯёни соли дувум ба остонаи ин даргоҳи муқаддас қадамҳои нахустини хешро мегузоред ва ман ҳамчун сарвари ин таълимгоҳи олӣ таманнои онро мекунам, ки ҳар кадоми шумо дар фарогирӣ ва азхудкунии донишҳои тиббӣ аз рӯзи аввал ба таври ҷиддӣ муносибат намуда, дар ин роҳ аз ҳар лаҳзаи вақти пурқимататон ба манфиати ояндаи пурифтихори худ самаранок истифода баред.

       Воқеан, ҳамаи мо шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар радифи дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар сохтори тандурустии кишварамон низ бозсозии амиқ оғоз гардид ва ин раванд то имрӯз пайгирона татбиқ карда мешавад. Дар натиҷа, имрӯз заминаҳои наву муосири қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, такмили низоми идоракуниву маблағгузорӣ, муҳайё шуда, барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд расонидани хизматрасониҳои тиббӣ мксоидат намуданд. Тавре Шумо донишҷӯёни азиз иттилоъ доред моҳи феврали соли 2016 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис ёфт. Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда буданд, амалӣ шуд, ки хеле муҳим, саривақтӣ ва заруру ногузир маҳсуб мешавад. Шумо бояд ҳамавақт дониста бошед, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни мардуми Тоҷикистон бо табибони баландихтисос дар вилояти Хатлон, ки сераҳолитарин минтақаи мамлакат аст, ин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ таъсис дода шудааст.

       Донишҷӯёни азиз! Бояд ҳар кадоми шумо ба хуби донед, ки тиббӣ тоҷик таърихи бою рангин дорад ва табиби ҳақиқии ояндаро зарур меояд, ки дар баробари аз худ кардани асосҳои илми тибби муосир, ичунин савияи донишу касбии хешро аз ҳисоби омӯзиши мероси бойи муттафакирони гузашта баланд бардорад.
       Имрӯз илми тиб дар баробари дигар илмҳои таббии бо суръати ниҳоят баланд рушду инкишоф ёфта ба мутахассисони соҳа имкониятҳои нав ба нави табобати бемориҳои гуногунро фароҳам меорад. Аз худ намудани навгониҳои илм ва истифодаи оқилонаи онҳо дар таҷрибаи амалӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи толибилмони донишгоҳи тиббӣ ба ҳисоб меравад. Бояд, қайд кард, ки Раёсати донишгоҳ азм дорад, ки мунтазам вазъияти таълиму тарбияро дар донишгоҳ таҳким бахшад ва умед аст, ки бо баробари сохта шудани биноҳои нави таълимию озмоишӣ ва маишӣ даҳҳо кафедраву озмоишгоҳ ва клиникаҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои муосир барои Шумо шогирдони азиз шароит фароҳам оварда хоҳад шуд.
Бо маврид аст, ки аз натиҷаи маъракаи қабули довталабони имсола, ки тариқи имтиҳоноти маракзонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ доир гардид ба шумо маълумоти мухтасарро пешкаш намоям.
         Ба донишгоҳ барои таҳсил ба кластери 5 –ум, ки ихтисосҳои ДДТХ ба қайд гифта шудааст беш аз 18 000 довталаб интихоби ихтисос намуда, аз ин теъдод беш аз 1000 нафар интихоби аввали худро ихтсосҳои донишгоҳро қабул намудаанд. Пас аз ду даври тақсимоти ММТ дар маҷмуъ тибқи нақша қабул 335 нафар довталабон сазовори номи донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ гардиданд. Аз ҷумлаи довталабони дохилшуда 120 нафар ба тариқи буҷавӣ, 215 нафар тариқи шартномавӣ, инчунин аз ин теъдод 64 (19%) нафар духтарон ва 271 (81%) писаронро ташкил медиҳад. Лозим ба қайд аст, ки тавассути имтиёзҳои муқарраршуда 5 нафар, (1,4% ятими кулл, маъюб) ба сафи донишҷӯён шомил гарданд.
Ҳамин тариқ, имрӯз дар маҷмуъ теъдоди донишҷӯён дар ДДТХ 700 нафарро ташкил медиҳад.

       Шогирдони азиз!

       Ба шумо маълум аст, ки баъди чанд рӯз мо 26-солагии Истиқлолияти давлатамонро дар вазъияти тантанавӣ ҷашн хоҳем гирифт. Бояд ҳар яки Шумо дарк намоед, ки эъломи истиқлолият муҳимтарин воқеа дар таърихи давлату миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта он ба осонӣ ба даст наомадааст. Душманони дохилию хориҷии миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехостанд, ки истиқлолияти кишвари моро барҳам зада миллати шарифи тоҷикро аз ин неъмати бузург маҳрум созанд. Мардуми тоҷик зери роҳбарии сарвари оқилу хирадманди хеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки баҳри ҳифзи истиқлолияти кишвар истодагарӣ карда, сулҳу суббот ва як порчагии сарзамини хешро таъмин намоянд. Вале ҳамаи ин набояд мову шуморо ба ғафлат гузорад. Махсусан, Шумо донишҷӯёни соли якуми таҳсил, ки ба дунёи васеи илму дониш имрӯз қадамҳои аввалини хешро мегузоред, дар баробари донишомӯзӣ бояд ҳар кадом дустдори ҳақиқии ватани хеш бошед ва дар ин роҳ аз ҳар гуна амалҳои ифратгарон душманони миллати тоҷик худатонро муҳофизат карда тавонед.
         Давраи донишҷӯиро давраи пурсамари ҷавонӣ мегӯянд. Зеро солҳои донишҷӯӣ айёми ташаккули шахсият мебошад. Дар ин давра шахс донишҳои илмӣ ва таҷрибаи ҳаётиро аз бар намуда, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд.
         Зимнан, ин ҷо бояд қайд намоям, ки дар ДДТХ қоидаҳои тартиботи дохили донишгоҳӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ амал менамоянд, ки иҷрои онҳо барои ҳар як донишҷӯ ҳатмӣ ҳисоб меёбад.
         Донишҷӯёни азиз, Муҳтарам устодон ва ҳозирини гиромӣ! иҷозат диҳед ба муносибати иди пурифтихор - Рӯзи Дониш, иди миллии қурбон ва ҳамзамон ба фарорасии ҷашни 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, хушбахтию саодатмандӣ, пирӯзӣ дар зиндагӣ ва фатҳи қуллаҳои нави илми муосири тиб орзу намоям.
       Танҳо бо сабру таҳамули матин метавонед Шумо дар ҷоддаи омӯхтани нозукиҳои касби табиб ворисони арзандаву аслии Синои бузург бошед.
Сипас, мутобиқи барномаи чорабинии омодашуда, донишҷӯёни курси дуюм, дар мавзуҳои Ватан, Модар, илму маърифат ва ҷавонӣ бо шеърҳои пурмазмун баромад намуданд. Инчунин ба чорабинӣ сурудхонии донишҷӯёни ҳунарманди донишгоҳ шукуҳи хоса бахшид
      Дар доираи барномаи чорабинӣ ҳамчун анаъана мулоқоти ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон ва аъзои раёсат бо донишҷӯёни курси аввал дар масоили имкониятҳо ва шароити таълиму тарбия ва анаъанахои ДДТХ баргузор гардид.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

0 Шарҳ 133 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид