Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН

08 Сентябр 2017
Муаллиф :  

     Субҳи 8-уми сентябри соли 2017 бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо иштироки  ҳайати профессорону омӯзгорон, раёсати донишгоҳ ва донишҷӯёни курсҳои якуму дуюм ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро декани факултетҳо н.и.т., Саидов И.З. ҳусни оғоз бахшида, аз номи ректори донишгоҳ ҳозиринро ба ин санаи фархунда шодбош гуфтанд. Сипас мудири кафедраи ҷомеашиносӣ номзадаи илмҳои фалсафа Гулов А.А. дар мавзӯи «Истиқлолият – неъмати бебаҳо» баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ  ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст,  ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

        Донишҷӯи курси дуюм Комилова Бибисоро аз номи донишҷӯён ҳозиринро бо фарорасии ҷашни муқаддаси Истиқлолият табрику муборакбод намуда, оид ба нақши ин рӯйдоди тақдирсоз дар рушду такомули ҷавонон сухан ронданд.

        Гурӯҳи донишҷӯдухтарони соли дуюм сурудеро бахшида ба Истиқлолият сароида, хотири аҳли нишастро болида гардонданд.

0 Шарҳ 133 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид