Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДА ВА ПАЙРАВОНИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

27 Май 2017 Муаллиф :  

   Дар асоси низомнома ва нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба таҷлили  “Ҳафтаи ҷавонон” аз тарафи Раёсати Донишгоҳ ва кафедраи фанҳои ”Ҷомеашиносӣ ” якчанд мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили “волейбол, фуболи хурд, бозиҳои шавқовар ва эстафетаҳои варзишӣ” бо номи  “Мо аз Шумо чолоктар ва қобилтарем” байни донишҷӯёни факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стомотологӣ  роҳандозӣ шуда, амалӣ гардиданд. 

     Дар таърихи 17-18.05 мусобиқа аз рӯи намуди “волейбол” гузаронида шуд. Мусобиқа дар фазои дӯстию рафоқат ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт. Донишҷӯён аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуданд. Хусусан, дастаҳои донишҷӯёни факултаҳои тиббӣ ва факултаҳои педиатрӣ. Онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд ва дар натиҷа дастаи факултаҳои тиббӣ бо ҳисаби 2:1 бар ҳарифони хеш, дастаи факултаҳои педиатрӣ   дастболо шуда, сазовори ҷои аввал гардиданд.

     Тарғибу ташвиқ ва ҷалби духтарон ба намуди футбол дар ҷумҳурии мо ривоҷу равнақ ёфта истодааст ва мо тасмин гирифтем, ки бозии футболи хурдро байни духтарони факултаҳои тиббӣ ва педиатрӣ дар таърихи 22.05.17с баргузор намоем. Духтарон низ дар ин риштаи варзиш маҳорати баланд нишон дода, барои ба даст  овардани музаффарият ҷаҳду талош намуданд. Бозӣ бо ғолибияти  дастаи  духтарони факултаҳои тиббӣ бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.   

     Лозим ба қайд аст, ки соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,   Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардид ва ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, муқаддасоти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва муҳимтар аз ҳама, озодию соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои оянда шуморанд.

      Бигузор, мисраҳои шеърие, ки дар поён дарҷ шудаанд, барои ҳар як ҷавони бонангу номуси миллат, шиори ҳар як нафаси зиндагӣ гарданд.

                         Ҷавонони ояндаи насли ин миллатем,

                          Рӯҳу равони миллатем,

                          Шӯҳратфизои миллатем,

                          Бо Пешвои миллатем.

Муаллимони кафедраи “Ҷомеашиносӣ”:
Самиев С.Ф.,
Қурбоналиев Ҷ.М

0 Шарҳ 136 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид