Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

МУЖДАЕ АЗ ДАСТАИ “ПАЙКИ СИНО”

28 Апрел 2017 Муаллиф :  

 Дар асоси нақша-чорабиниҳои якҷояи  Вазорати   маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон  баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз се марҳила иборат буд, дар марҳилаи якум дар ДДТХ байни донишҷӯён аз рӯи намудҳои волейбол, варзиши сабук ва намудҳои гуногуни гуштин  мусобиқаҳо мувофиқи низомнома гузаронида шуд.

     Аз натиҷаи мусобиқаҳо аз рӯи  намудҳои  волейбол (писарон ва духтарон), гуштини дзюдо ва миллӣ, варзиши сабук дастаҳои варзишӣ бо номи “ Пайки Сино” ташкил карда шуд.

     Дар мусобиқаи марҳилаи дуюм байни донишҷӯёни Донишгоҳҳои олии вилояти Хатлон аз рӯи намуди “волейбол”, ки дар таърихи 17-18.04 байни духтарон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, дастаи волейболбоздухтарони ДДТХ бо номи “Пайки Сино” дар ин мусобиқа иштирок намуданд. Дастаи ДДТХ бо дастаҳои ДДК, ДДД  ва Донишгоҳи политехникии ш.Кулоб қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

     Дар намуди “гуштини миллӣ” бошад, дастаи донишҷӯёни ДДТХ бо номи “Пайки Сино” дар 5-намуди дараҷаи вазнҳо: Холов Ашраф (60кг), Азизӣ Маҳмадалӣ (65кг), Камолов Муҳаммадҷон (70кг), Нуров Маъруф (75кг), Сафаров Акбар (80кг) баромад намуданд, ки дар натиҷа Азизӣ Муҳаммадалӣ, Камолов Муҳаммадҷон, Нуров Маъруф сазовори ҷои 2-юм ва Сафаров Акбар сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

      Гуштини “тарзи озод” дар таърихи 26-27.04.2017 дар н. Данғара дар  Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид. Дар ин мусобиқа донишҷӯи бахши аввали гурӯҳи 8-уми факултети тиббӣ Воҳидов Охунҷон ширкат варзид. Ӯ барои ишғоли мақоми 3-юм мубориза бурда, бо усули ба тахтапушт афтондан, ки соҳиби 4-имтиёз ва дар ҳамон ҳолат ба муддати 20 сония нигоҳ доштан ва тахтапушти ҳарифро ба гилем расонидан, ки донишҷӯи  Донишгоҳи давлатии Данғара буд, дастболо гардид.

      Новобаста аз он ки ДДТХ навтаъсис мебошад ва донишҷӯёни ДДТХ, ки бори аввал дар ин гуна мусобиқаҳо иштирок менамоянд, аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.

      Чун соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардидааст, боварӣ дорем, ки донишҷӯёни ДДТХ дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҷаҳони имрӯза, чӣ дар раванди азхудкунии илми ҷаҳонӣ ва чӣ  ба даст овардани дастовардҳои варзишӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, барои муаррифӣ ва баланд бардоштани нуфузи Донишгоҳ  боз ҳам саъю кӯшиши зиёд менамоянд.  

    Кафедраи фанҳои “Ҷомеашиносӣ”                      

0 Шарҳ 127 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид