Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

ШОМИ ХИМИЯ ДАР ДДТХ

30 Май 2017
Муаллиф :  

   Дар санаи    26 -уми моҳи май аз рӯи барномаи пешбинишуда бахшида ба «Соли ҷавонон» ва «Рӯзи кимиёгарон» маҳфили шоми химия бо номи «Гидроген» дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

   Бо сухани ифтитоҳи кори маҳфилро ноиби ректор оид ба таълим н.и.х. дотсент Ғафуров Б.А. кушода аз ҷумла,  иброз дошт: 

    «Дар замони ҳозира ҳаётро бе химия ва бе саноати химиявӣ тасавур кардан  ғайри имкон аст. Ба гуфти олими бузурги рус Ломоносов химия ба корҳои инсон дасти ёри дароз хоҳад кард. Ба куҷое, нигарем пеши назар комёбиҳои химия ҷилвагар мегардад. Соҳаҳои саноати химиявӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон низ тарақи карда аст. Аксарияти элементҳои химиявие, ки дар ҷадвали даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев мавҷуданд, дар ин сарзамин дучор мешаванд. Академик А.Е. Ферсман дар соли 1936 навишта буд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали зиндаи элементҳои химиявии Д.И. Менделеев аст». Ҳоло дар Ҷумҳуриямон бештар аз 400 мавзеи маъданӣ ва ғайримаъдании канданиҳои фоиданокмуайян шудаанд, ки мавриди истифода қарор доранд. Масалан дар вилояти Суғд 214 мавзеи канданиҳои фоиданок мавҷуд аст, ки аксарияти онҳо амал намуда чунин металҳо ва маъданҳоро истеҳсол мекунанд: сурб ва рӯҳ (16 мавзеъ), мис ва висмут (3 мавзеъ), молибден ва волфрам (1 мавзеъ), стронсий (2 мавзеъ), оҳан (3 мавзеъ), тилло (7 мавзеъ) ва ғ. Заводи алюминии Турсунзода, заводи нуриҳои азотии Вахш, заводи химиявии Ёвон, заводи сементи Душанбе, заводҳои намаки Восеъ, Ашт, кони Ангишт дар Назарайлоқ ва ғ. исботи ин гуфтаҳост. Саҳми илми химия дар беҳдошти саломатии инсон аҳамияти калон калон дошта, ҳамеша барои синтези дорувориҳои навтарин кумак мекунад. Саноати химия дар тайёр кардани техникаи тиббӣ ҳиссаи худро мегузорад. Усулҳои химиявии таҳқиқи реаксияҳои биохимиявӣ ва ферментативии ҳуҷайра имкон медиҳад, ки сабабҳои пайдоиши беморӣ, пешгирӣ кардан ва роҳҳои нави муолиҷаи он ба роҳ монда шавад». 

   Мувофиқи сенарияи барномаи маърифатӣ – фароғатӣ аз рӯи шартҳои зерин гузаронида шуд. 

  • ҳалли масъалаҳои химиявӣ (муттасади Суҳроби Абдуқодир гурӯҳи 1 стоматологӣ).
  • баромади донишҷӯи гурӯҳи 5 тиббӣ Гулов Рамазон дар мавзӯи «Гидроген»
  • баромади аъзоёни маҳфил дар мавзӯи таърихи ривоҷу равнақи илми химия.
  • бозии шавқовар бо номи «Мубориза барои ҳаёт» дар иҷрои донишҷӯёни 1,2 факултети стоматологӣ.
  • Рубоиҳои химиявӣ ва бадеҳахонӣ дар иҷрои аъзоёни маҳфил.
  • баромади донишҷӯи гурӯҳи 1 педиатрӣ Юсуфзода Ҳабиба дар мавзӯи «Витаминҳо».
  • нақши металлҳо дар иҷрои гулдухтарони аъзоёни маҳфил.
  • саҳначаи ҳаҷвӣ дар иҷрои гурӯҳи 7,8 тиббӣ.
  • гузаронидани таҷрибаҳои химиявӣ ва ҷавоб ба саволҳои сканворд.
  • баромади донишҷӯи гурӯҳи 3 педиатрӣ Қобилов Азизҷон дар мавзӯи «Об сарчашмаи ҳаёт» ва баромади Ганҷинаи Ализода бо либоси рамзии об.
  • суруди Тоҷикистон дар иҷрои донишҷӯи гурӯҳи 1 тиббӣ Фозилов Насимҷон.
  • чистон ва викторинаи химиявӣ дар иҷрои гурӯҳи 3 факултети педиатрӣ.
  • лаҳзаи мусиқӣ           

Маҳфилро ноиби ректор н.и.х. дотсент Ғафуров Б. А. ҷамъбаст намуда, барои гузаронидани чорабинии мазкур ба кафедраи химия ва биологияи тиббӣ ва ба маҳфили “Химикони ҷавон” миннатдорӣ  баён намуд.

 Кафедраи химия ва биологияи тиббӣ

0 Шарҳ 355 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид