Вахдати мили шиори кори мо.
Бахт бошад човидона ёри
Зери нури офтоби дусти
Зинда бодо, мулки нотакрори мо!
Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзую армони ҳар як инсони солим, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуъи даврон, ҳастии инсон дар ҳамаи ҷойи Замин ва дар ҳама замон аст.
Шоми 20-уми ноябри соли 2017 дар майдончаи фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши фарҳангию бадеӣ баргузор гардид. Ба ҷамъомад иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба таълим Қузибоева Н. К. ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз номи ректори ДДТХ, д.и.т., проф. Убайдулло Қурбон аҳли нишастро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик намуданд. Қайд карда шуд,ки истиқрори сулҳи тоҷикон – Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои муҳимтарини давлатӣ ва миллӣ, кафолатгари Мо, ки,ҳоло дар остонаи ҷашни 20 – солагии Вахдати миллии давлати хеш карор дорем, дар чунин чорабинии бошукуҳ, ки дар хусуси тарбияи насли чавон дар руҳияи худшиносии миллӣ, рушди идеяи миллӣ ва ваҳдати миллӣ сухан меронем, ин худ далели рад нашавандаи мақом гирифтани давлатамон дар ҳалли масъалаҳои барои миллат зарур ва рӯзмарра мебошад.
Ба даст овардани сулҳ, ризоияти миливу шаҳрвандӣ ва пойдории Ваҳдати миллии тоҷикон, ҳамчун падидаи олам шумул дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, маҳз дар натиҷаи ба вуҷуд овардани чунин механизмҳои самаранок, ба монанди ташкили Комиссияи оштии миллӣ, ки аз намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик иборат буд, воқеӣ шуд.
Илова бар ин, таъкид гардид, ки Ваҳдату ягонагӣ чун омили муҳими бақои давлату давлатдорӣ, рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва таҳкими пояҳои фарҳанги ҳазорсолаи аҷдодӣ бояд мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гашта, ҳамчун сарчашмаи ободиву шукуфоӣ ва рӯзгори осудаву бо саодати мо азизу гиромӣ дошта шавад.
Сипас, чорабинии фарҳангӣ омода намудаи донишҷӯён бо номи «Ваҳдати миллӣ муборак» намоиш дода шуд. Композитсияи бадеӣ бо иҷрои шеърҳо дар васфи Ваҳдати миллӣ дар иҷрои донишҷӯён; Комилова Б, Сафарова М, Адибаи Рустамдухт, Ҳамроев М., Баҳовиддинова Ш., ва ғайра хеле хотирмон садо доданд. Суруд бо номи«Тоҷикистони ман» дар иҷрои донишчӯи гуруҳи 4-уми тиббӣ Ҷураев Б, рақси кӯлобӣ дар иҷрои Шукронаи Рамазон, суруди бо номи « Этот Мир придуман не нами» дар иҷрои донишчӯёни гурӯҳи 7-8-уми педиатрӣ Раҷабов Н ва Эмомова М, Ёралиева Н, суруди « Felicita » дар иҷрои донишчӯи гурӯҳи 1-ми тиббӣ Фозилов Н ва донишҷӯи гуруҳи 8-уми педиатрӣ Валиева Ш., рақси бадахшонӣ дар иҷрои донишчӯи гуруҳи 7-8-уми педиатрӣ Ғайратова Н. ва ғайраҳо ба ин ҷашни пуршукуҳ шаҳомати дигаре бахшиданд. Дар охир Қузибоева Н. К. ба ҷамъомад ҳусни анҷом бахшида, бори дигар ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуданд.
Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни ДДТХ Мамадалиева С.А.
Сармутахасиси Шуъбаи таълим Одинаев С.П