Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз моҳи августи соли 2016 фаъолияти худро барои донишҷӯёну омӯзгорон оғоз намудааст. Фаъолияти ин сохтор дар донишгоҳи навтаъсис ва тозабунёд бениҳоят муҳим мебошад, зеро асоси манбаи хизматрасонӣ ба корҳои таълимию илмӣ, маълумотию иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад.
Раёсати Донишгоҳ бо мақсади ғанӣ намудани Китобхонаи Донишгоҳ пайваста чораҳо андешида, имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст, ки дар ин давра фонди Китобхонаро анқариб ба 8 ҳазор нусха китобҳои чопӣ расонидааст. Аслан, барои дар соли таҳсили 2016-2017 сарчашмаи таъмин намудани донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ- таълимӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба таври тӯҳфа ба Донишгоҳ ворид гардида буд, ташкил медод.
Имрӯз, хушбахтона дар асоси ҳамкориҳои Донишгоҳ бо ташкилотҳои тиҷоратӣ ба Китобхона боз 39 номгӯи адабиёти таълимии ихтисосӣ, аз ҷумла аз ширкати русиягии “ГЕОТАР МЕДИА” бо теъдоди 707 нусха китобҳои баландсифат харидорӣ ва ба Китобхона дастрас гардида шуданд. Маблағи умумии ин адабиёт 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки манбаи асосии маблағи зикршуда, аз ҳисоби сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетии ДДТХ барои соли 2016 пешбинӣ гардида буд.
Маъмурияти Китобхона