Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Қурбон гардидани арзишҳои миллӣ ва динӣ дар раванди низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом

12 December 2016

  Боиси таассуфи бузург аст, ки имрӯз дар иддае кишварҳои исломӣ даргириҳои хунин идома дораду он таҳдиди ба дигар кишварҳои исломӣ интиқол ёфтан дорад. Новобаста ба он ки ҷомеаиҷаҳонӣ  амалкарди мазкури чунин мусулмононро маҳкум намуда, онро бо ислом марбут намедонад, куштори байниҳамдигарии мусулмонон пайваста идома дораду ҷавонони ҳоло аз лаззати зиндагӣ баҳра набурдаро тӯъмаи навбатии хеш сохта истодааст. Бо ҳар роҳу восита гирифтани пеши роҳиҷалбшавии ҷавонони ҳам аз дину ҳам аз  илму сиёсат бехабар  аз ҷумлаи масъулиятҳои шаҳрвандии ҳар зиёйии огоҳ маҳсуб мегардад. Зеро фирефтаи тарғибу ташвиқотҳои муғризона ва авомфиребонаи пешвоёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» гардидани ҷавонони ноогоҳ на танҳо марги нобаҳангоми эшонро ба бор хоҳад овард, балки ҳамзамон дили реш-реши модарону падарон ва наздикони онҳоро низ дар назар дошта, имкон дорад, ки чун вируси сирояткунанда ба дигар ҷавонон низ интиқол ёбад.

           Огоҳ сохтани ҷавонон аз моҳияти аслии он низоъҳою  даргириҳои хунини мусулмонон ва оқибатҳои мудҳише, ки ин даргириҳо на танҳо болои давлату миллат, балки ҳатто болои дини мубини ислом низ таҳмил хоҳанд намуд, ҳадафи асосӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, дар навиштаи мазкури хеш мо тасмим гирифтем, ки ба сарчашмаҳои пайдоиши ин низоъҳо  аз нигоҳи сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳон ишора намоему ҳамзамон маҳсули ин даргириҳоро дар мисоли ду кишвари хеле пешрафтаи олами ислом - Ливия ва Сурия нишон диҳем.

           Ҷои шубҳае нест, ки дар раванди низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом арзишҳои миллӣ ва динии иддае аз кишварҳои исломӣ ба андозаи бемисл қурбон гардида истодаанд. Пеш аз он ки қурбоншавии он арзишҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гиранд, зарур аст, ки худи табиати он низоъҳо равшан сохта шаванд. Зеро қурбонфшавии он арзишҳо маҳсул ва натиҷаи бевоситаи он низоъҳо ба шумор рафта, дар таърихи навини ин кишварҳо аз ҷумлаи саҳифаҳои сиёҳтарин арзёбӣ хоҳад гашт. Ҳамзамон кушодани табиати он низоъҳо имкон медиҳад, ки дар мафкураи насли нави ба воя расандаи кишвари мо доир ба равандҳои сиёсӣ-идеологӣ ва фарҳангии ҷомеа, хусусиятҳои сиёсати иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии давлат нисбат ба қишрҳои мухталифи ҷомеа ва баръакс муносибати ин қишрҳо ба сиёсати пешгирифтаи давлат, муносибати насли нав ба насли пешин, ки иштирокчиёни равандҳои сиёсӣ-идеологӣ буданд,тасаввуроти дуруст, воқеӣ ва асоснок ташаккул ёбад.  Аз сабаби он ки қурбоншавии арзишҳои миллӣ ва динӣ ҳамчун оқибати мудҳиши низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ яке аз саҳифаҳои нангин дар таърихи  кишварҳои исломӣ ба ҳисоб меравад,  мо кӯшиш ба харҷ медиҳем то табиати он низоъҳо ҳаддалимкон воқеъбинона, бе кӯшиши майлсозӣ ба яке аз тарафҳои даргир кушода шавад. Бо мақсад мазкур мо сарчашмаҳои мухталифро  мавриди истифода қарор хоҳем дод.

            Дар хусуси табиати он низоъҳо сухан ронда, бояд қайд намуд, ки тамоми низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом дар умум хусусияти таҳмилӣ дошта, як навъ муборизаи абарқудратҳо барои аҳдофи геополитикӣ ва иқтисодии хеш дар минтақа мебошаду халос. Барои боварӣ ҳосил намудан ба бардошти мазкур мавриди таваҷҷуҳ қарор додани рӯйдодҳои сиёсӣ-иҷтимоии  ду давлат-Сурия ва Ливия кофӣ ва басанда ба назар мерасанд. Аз кишвари орому осуда ва рӯ ба инкишоф ба кишвари ҷангзадаю пурихтилоф мубаддал гардидани он ду кишвар барои таҳмилӣ будани он низоъҳо ҷои шакку шубҳаеро ҳам боқӣ нахоҳад гузошт. Андешаи мазкурро яке аз маводҳои боэътимоди интернетӣ, ки дар асоси зиёда аз 500 сарчашма ташаккул ёфтааст, собит месозад.  Тибқи далоили маводи мазкур дар ин равандҳо агарчанде омили дохилӣ низ вуҷуд дорад, лекин ин омил ночиз буда, мутаносибан дар ҳошия қарор дорад. Зеро  таҳрикдиҳандаи омили дохилӣ боз ҳам омили хориҷӣ ба шумор меравад. Номгузорӣ намудани он равандҳо бо унвонии «Инқилоби ранга» ва ё ҷустани сабабҳои  рух додани он ҳодисаҳои мудҳиш  дар тӯлонӣ будани режимҳои худкома фиребу найранге беш набуда, танҳо ба хотири рупӯш намудани аҳдофу аъмоли ғаразноки зиддиинсонии нерӯҳои хориҷии манфиатҷӯ ва ба дигар тараф майл додани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаиҷаҳонӣ  сурат гирифтаанд. Аз ҷумла, дар яке аз гузоришҳои ТДМ дар охири соли 2012 ҷанги Сурия ҳамчун зиддияти ошкорои динӣ байни сарбозони халқии алавӣ ва иттифоқчиёни шиамазҳаби онҳо бар зидди гурӯҳҳои шӯришгари суннӣ ба қалам дода шудааст, агарчанде андешаи мазкурро ҳар ду тарафи ҷанг рад месозанд. Бо такя ба сарчашмаи дигар дар маводи мазкур қайд шудааст, ки  карахтӣ дар ҳаёти сиёсии Сурия бисёр ҳодисаҳои манфиро дар ҷомеа эҷод сохт: коррупсия, дағалии шахсони мансабдор, беҳуқуқӣ назди дастгоҳи давлатӣ ва ғайра наметавонист, ки дар байни табақаҳои мобайнӣ ва камбизоати ҷомеа норозигиро эҷод насозад. Маҳз омилҳои мазкур барои эътирози ҷомеа замина буданд. Аммо оташ боз ҳам аз хориҷ ворид карда шудааст. Бетартибиҳои ҳарбӣ махсусан баъди сустшавии ҷанги Ливия фаъол гардид.  Бояд таъкид амуд, ки вақте авҷ гирифтани  бетартибиҳо бо ҳаводиси Ливия, махсусан сустшавии ҷанг дар он ҷо рабт дода мешавад, барои пешакӣ тарҳрезӣ шудани он дигар шубҳае намемонад. Қувват гирифтани ҷанг дар Сурия баъди сустшавии он дар Ливия ифодагари он аст, ки он ҳодисаҳо тарроҳи ягона доранд ва бардошти мазкур мавқеи моро  дар хусуси нақши муайянкунанда ва асосӣ доштани омили хориҷӣ тақвият мебахшад. Барои он ки дар беғаразона будани мавқеъ ва бардоштҳои мо шакке набошад, зарур мешуморем, ки нуқтаи назари ҷонибҳои гуногун арз карда шавад. Бо ин мақсад  зикр намудани нуқтаи назари  ҷонишини вазири молияи ШМА хеле бамаврид ва ҳадафнок хоҳад буд. Тибқи андешаи ӯ ШМА ният дорад, ки тавассути шӯришгарони Сурия таъсири Россия ва Хитойро дар минтақа заиф созад. Гузашта аз ин ҳодисаҳои мазкурро ҳамчунин яке аз оқибатҳои манфии равандиҷаҳонишавӣ низ метавон  ба қалам дод. Зеро нерӯҳои пурқудрати ҷаҳонӣ  бо баҳонаи дастгириикишварҳои ниёзманд, ҳифзи манфиатҳои ақаллият, дастгирӣ ва ривоҷи арзишҳои умумибашарӣ  ва амсоли инҳо принсипҳои асосии меъёрҳои ҳуқуқии байнидавлатиро дар бораи эътироф намудани мустақилияти давлатҳои алоҳида ва  дахолат накардан ба корҳои давлатдории мамлакатҳои ҷаҳони сеюм вайрон намуда, рӯирост ин кишварҳоро бо истифода аз мардуми дар ғафлат монда ба майдони ҳарбу зарб ва талаю тороҷи сарватҳои моддӣ мубаддал сохтаанд. Вобаста ба ин мавқеъ ёдрас намудани нуқтаи назари президенти Никарагуа Даниэл Ортего хеле ба маврид  мебошад.ӯ дар  яке аз изҳоротҳои хеш хеле дуруст, ба маврид ва бо итминони комил қайд намудааст, ки  Амрико ва Аврупо барои ба даст овардани сарватҳои дигар кишварҳо то ҳол аз воситаи зӯрӣ даст мегиранд. Барангезандагони низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ дар кишварҳои исломӣ аслан дар ШМА тайёр гардидаанд. Ба андешаи президенти мазкур ҳадаф аз сиёсати пещгирифтаи ин абарқудратҳо  аз  маҳдуд сохтани манфиатҳои геополитикии Россия дар минтақа ва дар умум бо ҳар васила фишор овардан ба Россия иборат  мебошад. Ҷои шубҳае нест, ки режимҳои ба ном «худкома» дар он кишварҳо то оғози низоъҳо дар муқоиса бо давраи баъди низоъҳо,ки вақти анҷомашон  номаълум аст, хостаҳои мардумро бештар бароварда месохтанд.

             Чун масъалаи мавриди баҳси мо муайян намудани ҳолати арзишҳои миллӣ ва динӣ баъд аз низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ ба ҳисоб меравад, зарурмешуморем, ки мундариҷаи ин мафҳумҳо то ҳадди имкон кушода шаванд. Дар зери мафҳумҳои арзишҳои миллӣ бояд унсурҳое фаҳмида шаванд, ки онҳо пойдевори миллатро чун умумияти этникӣ ташкил менамоянд. Дар шароити имрӯза дар қатори забон, анъана, урфу одат ва эътиқоди динӣ иқтисодиёти миллӣ мақоми аввалиндараҷаро касб намудааст. Дуруст аст, ки пешрафти босуръати иқтисодии ҷомеаиҷаҳонӣ  ва оқибатҳои раванди ҷаҳонишавӣ тамоми унсурҳо фавқуззикрро бо суръати ғайричашмдошт тағйирпазир гардондааст, аммо дар ин равандҳо иқтисодиёти миллӣ ягона унсуре ба ҳисоб меравад, ки метавонад ҳувияти миллиро нигоҳ дошта ҳифз намояд. Зеро маҳз дар заминаи иқтисодиёти устувору қавӣ унсурҳои фавқуззикри миллӣ бунёд ёфта қомат рост мекунанд. Мутаассифона, баъд аз низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ дар иддае аз кишварҳои исломӣ  дар қатори заиф гардидани унсурҳои фавқуззикри фарҳанги миллӣ  иқтисодиёти миллӣ то ба ҳадде хароб гардид, ки онро  имрӯз наметавон омили муттаҳидсозандаи  миллат номид. Хароб гардидани иқтисодиёти миллӣ ваҳдати миллиро заиф сохта, умумияти миллиро ба парокандагӣ ва нифоқ водор сохт. Ҳолати тоқатфарсои иқтисодии субъектҳои умумияти миллӣ  сабаби асосии тағйир додани муҳити миллӣ ва ҳамин тавр яке аз омилҳои заиф сохтани қудрати миллӣ гардид.

               Низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ ба кишварҳои дучори ҷанги таҳмилӣ гардида чӣ хисороте расонид, аз таҳлили муқоисавии вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ин кишварҳо то низоъҳо ва баъди низоъҳо хулоса баровардан мумкин аст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо дар Ливия баъди низоъҳо ҳабсхонаҳо аз маҳбусон пур гардидаанд. Кишвар ба мамлакати сарчашмаи тақсими силоҳ ба кишварҳои ҳамсоя мубаддал гардидааст.Сатҳи ҷинояткорӣ ба маротиб афзудааст. Сатҳи зиндагии мардум бошад баъд аз низоъҳо то ба сатҳи асримиёнагӣ баробар гардидааст. Ҳол он ки дар давраи ҳукмронии М.Каддофӣ ММД барои ҳар сари аҳолӣ ба 14192 долларро ташкил намуда, барои ҳар як аъзои оила давлат дар як сол  1000 доллар дотация медодааст.Давлат ин чунин барои бекорӣ  ҳар моҳ 730 доллар, барои ҳар як тифли нав ба дунё омада  7000 доллар, ба оилаҳои ҷавон барои харидани ҳуҷраи зист  64000 доллар  кӯмакпулӣ ҷудо мекардааст. Таҳсил ва ёрии тиббӣ бепул сурат гирифта,ҳуҷрапулӣ бекор гардида будааст. Тамоми нефтро давлат истихроҷ намуда, корхонаҳои хориҷиро барои истихроҷ имкон намедодааст. Илова ба ин дар ҳудуди кишвар ягон базаи ҳарбии кишвари хориҷӣ вуҷуд надоштааст. Ҳолат мазкурро агар бо ҳолати баъди низоъҳо муқоиса намоем, аз замин то осмон фарқият мушоҳида менамоем. Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки имрӯз қариб  2  миллион шаҳрванди Ливия рӯ ба муҳоҷират овардаанд.

            Сурия бошад, танҳо аз соҳаи сайёҳӣ дар як сол 8 миллиард доллар хисорот  дид. Сармоягузории калони хоричӣ пурра қатъ гардид. Иқтисодиёти кишвар қариб ба ҳолати нестӣ мубаддал гардид. Кишвар аз истихроҷи нефт пурра маҳрум гардид.  Дар охири соли 2013 талафот аз ҷанг ба 103 миллиард доллар асидааст. Мувофиқи маълумотҳо ҳаёти 8 миллион аҳолии Сурия, ки  имрӯз мақоми муҳоҷирро касб намудаанд, аз кӯмаки башардӯстона вобаста аст. Яъне рӯ ба муҳоҷират овардани субъектҳои умумияти миллӣ ба хотири зиндагии осоишта иҷборан ҳазф гардидани  унсурҳои фарҳанги миллию ҳамзамон омодагии ин субъектҳоро барои  воридшавӣ ба муҳити арзишҳои миллии ғайр дар назар дорад. Факту далелҳои зиёде вуҷуд доранд ва онҳо комилан собит месозанд, ки субъектҳои умумияти миллӣ баъди ҳиҷрати тӯлонӣ аз муҳити миллии худ арзишҳои миллии ғайрро қабул намуда, аз арзишҳои миллии худ ғайри ном чизеро ҳифз наменамоянд.

           Дар хусуси ҳазф гардидани арзишҳои динӣ сухан ронда, мехоҳем чанд ҳодисаи таҳкири арзишҳои диниро аз тарафи шӯришгарони давлати ба ном исломӣ қайд созем:

           Мувофиқи сарчашмаҳо шӯришгарони ифротии мусаллаҳ ба яке аз  дайрҳои қадимаи мутааллиқ ба набӣ Илёс  дар шаҳри Ал-Қусайр, ки таърихи зиёда аз 1,5 ҳазорсола доштааст, ҳуҷум намуда, тамоми лавозимоти онро ба ғорат бурдаанд. Илова ба ин зангӯлахонаи онро кафонда, меҳроби онро хароб сохтаанд. Онҳо инчунин ҳайкали паёмбар Илёсро, ки ҳам аз тарафи  масеҳиён ва ҳам аз тарафи мусулмонон мавриди эҳтиром  қарор доштааст, чаппа намудаанд. Танҳо дар ду соли аввали ҷанг дар шаҳрҳои Хомс ва Алеппо даҳҳо масҷиду калисоҳоро шӯришгарони ифротӣ вайрон намудаанд.

Дар таърихи 1.06.2013 дар Баалбек мақбараи яке аз наберагони насли баъдинаи паёмбар Муҳаммад – Сайида Ҳавло мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст. Дар моҳи сентябри соли 2013 ҷанговарони ташкилоти ҷиҳодии марбут ба Ал-қоида ба калисои юнонӣ-католикии Модархудо дар шаҳри Рақа зада даромада, арзишҳои динии масеҳиро мавриди таҳқир қарор додаанд. Онҳо тамоми ашёи диниро сӯзонда, ҳайкалу  салибҳоро дар дохили калисо ба несту нобудӣ расониданд. Чунин амалро нисбати калисои католикии арманҳо низ содир кардаанд. Инчунин аз тарафи шӯришгарон қисми зиёди музейҳои Сурия  ва нигораҳои  археологӣ ба ғорат бурда шуда, аз ҳисоби маблағи онҳо силоҳ харидаанд. 

           Пеш аз он ки дар хусуси ҳазф гардидани арзишҳи динии исломӣ сухан ронем, бояд эътироф намоем, ки ҳукми ояти Қуръон арзиши динист. Пас, ба инобат гирифта нашуданион маънои қурбон гардидани арзиши диниро дар назар дорад. Аз ин нуқтаи назар,  вақте Қуръонро ҳамчун сарчашмаи асосии дини ислом мутолиа намуда, аҳкоми созандаи оёти онро бо воқеияти динии ҷаҳони ислом муқоиса менамоем,  ба осонӣ дармеёбем, ки яке аз сабабҳои мушкилоти олами ислом дар замони муосир маҳз мавҷудияти фарқияти бемисл байни назария ва амалияи исломист. Баъд аз тааққулу тааммул дар болои ояти 105 аз сураи «Оли Имрон»  «Ва монади касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст»   чунин хулосае ҳосил мегардад, ки мушкилоти имрӯзаи олами ислом ҷазои худовандист мар ононро, ки аҳкоми ӯро риоя наменамоянд. Хонанда ба ҳукми ояти зер таваҷҷуҳ намуда, ҳазф гардидани арзишҳои диниро маҳз чун натиҷаи бо сиёсат омехташавии он бараъло мушоҳида менамояд:

«Ва шумо ҳама ба расани худо чанг занед ва пароканда машавед..» (Оли Имрон, 103)

              Вобаста ба ҳазф гардидани ҳукми ояи карима бояд зикр намуд, ки аллакай дар оғози ислом маҳз ҳадафи ба сари қудрат омадан исломро ба ду ҷараёни на ҳамеша дӯст ҷудо карда буд. Нодида гирифтани  ҳукми ояи мазкур ба сабаби ҳадафи баён гардида то ба имрӯз давом кард ва дар арафаи тақсимоти нави ҷаҳонӣ зуҳури нав касб намуда, натанҳо минтақа, балки кишварҳои ягонаи томро ба қисматҳои ба ҳам муқобил ҷудо намуд.

   Ҳамчунин ояҳои зерро низ мо метавонем мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем:

«(Ин) китобе аст, ки онро ба сӯи ту фурӯ фиристодем, то мардумро ба ҳукми парвардигорашон аз торикиҳо ба сӯи равшанӣ берун орӣ.»(Иброҳим, 1)

« ӯ он (худой) аст, ки бар шумо раҳмат мефиристад ва фариштагони ӯ (бар шумо дуои раҳмат мекунанад), то шуморо аз торикиҳо ба сӯи равшанӣ бароварад. (Ахзоб, 43)

               Тааммулу тааққул дар болои ду ояи мазкур ва таҳлили муқоисавии ҳукми тасдиқии онҳо бо воқеияти динӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеаҳои исломию ғайриисломӣ бар он далолат менамоянд, ки татбиқи рисолати илоҳӣ воқеияти худро на дар ҷомеаҳои исломӣ, балки баръакс дар ҷомеаҳои ғайриисломии Ғарб ёфтааст. Зеро пешрафту рушди ҳаматарафаи ҷомеа, фазои орому осуда, мухити беҳтарини зиндагӣ, муносибатҳои ҳасанаи байни шаҳрвандон, ки бешак рамзи нуру равшанӣ ба ҳисоб мераванд, маҳз дар ҷомеаҳои ғайриисломии Ғарб равшан ба мушоҳида мерасанд. Ва баръакс қафомонии ҳаматарафаи ҷомеа, сатҳи нисбатан пасти рушди илму технология, қатлу куштори байниҳамдигарӣ, хусумату адовати динию мазҳабӣ, ки рамзан метавонанд чун зулмат ё торикӣ ифода гарданд, зуҳури равшани худро аксаран дар ҷаҳони ислом меёбад. Таҳлили муқоисавии ду воқеияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии гуногун шахсро ба андешае водор месозад, киҷаҳони Ғарб, ки ба худои ислом имон надоранд, тибқи фармудаҳои ӯ амал кардаанд ва бараъкс ҷаҳони ислом, ки гӯё ҳамагӣ ба Худои ислом имон доранд, лекин дар амал бараъкси аҳкоми ӯ зиндагӣ менамоянд.

 «Эй мӯъминон, душанони ман ва душманони худро дӯст магиред:(!) (Ба) ба сабаби дӯстӣ ба сӯи онҳо пайғоми дӯстӣ меафканед!(?) (Мумтаҳина,1)

            Дар робита ба ҳукми ояти мазкур бояд ёдовар шуд, ки имрӯз қисмате аз мусулмонон ва ҳатто баъзе кишварҳои исломӣ гӯё аз ҳукми ояти мазкур бехабар бошанд, бо иғвою дасиса  ва таҳрикҳои омили хориҷӣ бар зидди бародарони исломии хеш бархоста, бо ҳар васила бар муқобили ҳамдинони хеш теғ кашида истодаанд. Оё аъмоли имрӯзаи мусулмонон  ҳазф гардидани ҳукми ояти мазкур ва ба инобат гирифта нашудани ҳукми ояти 10 аз сураи Ҳуҷуротро, ки бародар будани муъминону ба хотири тарс аз худо ва сулҳ намудани ду бародарро ҳукм намудааст, ифода наменамояд?Суоли матраҳ ин аст,ки агар мусулмонончун бародарони ҳамдигар ба хотири тарс аз худою ваҳдати динию миллӣ боаҳкоми фавқуззикр амал мекарданд, магар чунин низоъҳоимудҳиш сурат мегирифтанд? Худованд ба хотири пешгирӣ намудани ҳама гуна низоъю  нифоқ боз фармудааст: Ва некию бадӣ баробар нест: бадиро бо ончизе ҷавоб деҳ, ки он беҳтар аст. Он гоҳ (бубинӣ, ки) он кас ки миёниту ва миёни вай душманист,гӯё дӯсти қариб шудааст. (Фуссилат,34)

«Ҷуз ин нест, ки муъминон бародари якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад» (ҳуҷурот, 10).

        Хулоса, чуноне ки аз таҳлили маълумотҳои мухталиф ва изҳороти шахсиятҳои сиёсии муътабари ҷаҳон бармеояд, дар раванди низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом на танҳо арзишҳои миллӣ, аз ҷумла хароб гардидани иқтисодиёти миллию аз байн рафтани ваҳдати миллӣ, балки инчунин ба инобат гирифта нашудани аҳкоми Худованд, ки дар ин кишварҳо арзиши бузурги динӣ ба ҳисоб мераванд, қурбон шуда истодаанд.

Аҳмадов Ш.Р,  н.и.с., дотсенти кафедаи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 

0 Шарҳ 210 нафар мутолиа намуданд

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид