Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Шанбе, 08 Октябр 2022 00:00

МИЗИ МУДАВВАР: АСОЛАТ ВА МАҚОМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

4-уми октябри соли 2022 дар кафедраи забонҳо дар якҷоягӣ бо муовинати илм ва нашрия мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар ҳайати кормандони кафедраи забонҳо, муовини ректор оид ба тарбия фарҳанг Қурбонмамадов С.Х., сардори гурӯҳи назорати сифати таълим Қурбонов Х.Ш., намояндаи муовинати илм ва фарҳанг Юлдошев А. ва донишҷӯёни курси якуму дуюм иштирок намуданд.

Мавзуи асосии ҳамоиши мазкур асолат ва мақоми забони тоҷикӣ, масъалаи тозагии забон, эҳтиром ва бузургдошти он буда, омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба шаҳомати забони тоҷикӣ суханронӣ намуданд.

Мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. оид ба мақом ва таърихи рушду такомули забони тоҷикӣ, профессори фахрии ДДТХ Должикова В.А. оид ба ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар байни дигар забонҳо суханронӣ карданд. Инчунин, донишҷӯён  оид ба муҳимияти тоза ва беолоиш нигоҳ доштани  забони  тоҷикӣ ибрози ақида намуданд.

КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО

Хондан 170 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид