Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Шанбе, 08 Октябр 2022 00:00

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 70 - СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДДТХ

5 - уми октябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ибтикори муовинати тарбия ва фарҳанг, кафедраи забонҳо, кафедраи химия ва биологияи тиббӣ бахшида ба рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 - солагии  зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ДДТХ чорабинии сиёсӣ ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.

 Чорабиниро ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба бузургии забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ин сарвати бебаҳо, муқаддас ва ноёби миллатро на танҳо ҳифз карда тавонистем, балки онро даҳчанд нумуъ бахшида, мукаммал гардонидем ва ин боиси ифтихори мост.

 Ҳамзамон, муҳтарам ректор қайд намуданд, ки дар ин рӯзи пурфайз ва фархунда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синни мубораки ҳафтод қадам гузоштанд. Ин ду ид ба ҳам тавъаманд, зеро маҳз бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти маҳбубамон забони тоҷикӣ аз нав умри дубора ёфт.

Ин аст, ки миллати тамаддунофари тоҷик, ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳи миллат имрӯз ду иди бузург - Рӯзи забони давлатӣ ва 70-умин баҳори умри пурфайзу баракати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимонаву содиқона ҷашн гирифта истодаанд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби дастаи ҳунарии “Дурахшон” барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ-адабӣ таҳти унвони “Забон - ҳастии миллат” пешкаш гардид. Дар барнома оид ба забони тоҷикӣ ва дар васфи Сарвари давлат шеърҳо қироат гардиданд.

Дастаи ҳунарии “Дурахшон” бо сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои мавзун дилҳои ҳозиринро шод намуданд.

Профессор Убайдулло Қурбон ба таҳиягарони барнома ва ҳунарномоии аъзои дастаи ҳунарии “Дурахшон”  баҳои баланд дода, барои таҳия намудани чунин барномаи пурмуҳтаво изҳори сипос намуданд.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Хондан 120 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид