Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

    Камолов Муҳамадҷон  Мирзосафарович донишҷӯи бахши якуми факултети стоматологии ДДТХ дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиши Ҷиу-Ҷитсу, ки 20-21 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид иштирок намуда, дар байни ҷавонони синну соли 15-17 бо вазни 65 кг сазовори ҷои 2–юм гардид.

Зимнан, то ба имрӯз Муҳаммад дар 8 мусобиқаи ҷумҳуриявии намуди Ҷиу-Ҷитсу  иштирок намуда, 5 маротиба ғолиби ҷойи якум шуда, инчунин аз ҷониби Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ унвони номзади устоди варзиши Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба Ҷиу-Ҷитсу дода шудааст.

Камолов Муҳаммадҷон ба намуди дзюдо  ва самбо низ шавқ дошта дар чандин мусобиқаҳои Ҷумҳуриявӣ иштирок намуда ғолибият ба даст овардааст. Дар оянда умед дорем, ки дар ҳайати дастаи варзишгарони ДДТХ  соҳиби ҷойҳои намоён, чи дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он мегардад.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни ДДТХ бори дигар Камолов Муҳаммадҷонро бо сазовор гаштани ҷои ифтихорӣ муборакбод гуфта ва ба ӯ дар роҳи фатҳи қуллаҳои баландтари варзиш муваффақиятҳо таманно дорад.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни ДДТХ

 Санаи 25-уми августи соли равон ҷаласаи нахустини  Шурои  Олимони  ДДТХ баргузор гардид. Дар ҷаласа аз 23 нафар аъзои Шурои Олимон 3 нафар бо сабабҳои узрнок иштирок  надоштанд. 15 нафар аъзоёни Шурои Олимон аз ҳисоби намояндагони раёсат ва 8 нафар аз ҳисоби устодон ва мудирони кафедрахо мебошанд.  Сараввал  ректори донишгоҳ профессор У. Қурбон аъзои  Шурои Олимонро барои оғози фаъолияти корӣ дар ДДТХ табрик намуда, доир ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва  бо масъулияти ҷиддӣ оғоз бахшидани фаъолияти сохторҳо таъкид намуд.               

   Дар асоси рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин барраси шуданд:   оид ба тасдиқ намудани аъзо ва баррасии нақшаи кории Шурои Олимон барои соли тахсили 2016-2017, ахбор оид ба омодагии шуъбаи таълим, деканат ва кафедрахо  ба соли таҳисли 2016-2017, ахбор оид ба қабули донишҷўён ба курси 1-ум дар  соли таҳсили 2016-2017, тасдик намудани низомномахои факултет, китобхона, назорати сифати таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷўён ва хобгоҳи донишгоҳ, тасдиқ намудани барномаҳои намунавии таълимии кафедраҳо, тасдиқ намудани сарбории таълимии ҲПО, тасдиқ намудани таъсисёбӣ ва номгузории кафедраҳо.

Баъди барраси намудани масъалаҳои мазкур, оид ба ҳар як масъала қарори Шурои олимон қабул карда шуд, ки дар асоси он ба масъулини донишгоҳ як қатор дастурҳои мушахас дода шуд.

Шуъбаи таълими ДДТХ

Душанбе, 15 Август 2016 00:00

Эълон!!!

Written by

Ба диққати донишҷӯёни ДДТХ расонида мешавад, ки санаи 18.08.2016 соати 08:00 дар саҳни бинои таълимии Донишгоҳ воқеъ дар кӯчаи Исмат Шариф - 3, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи табибон бо иштироки ректори Донишгоҳ баргузор мегардад.

Ҳузури донишҷӯёни дар рӯйхати овардашуда ҳатмист.

Деканати факултет

Телефонҳо барои тамос:

Муовини декани факултет: 917-17-54-57

Декани факултет: 919-17-02-03

Муовини ректор оид ба таълим: 917-10-02-22

Рӯйхати донишҷӯён

                  Кӯмакҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

        Пас аз таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон раёсати донишгоҳ имрӯзҳо бо мақсади омодагии саривақтӣ ба соли аввали таҳсил кушишҳои зиёд  ба харҷ дода истодааст, то ки машғулиятҳо дар сатҳи баланд гузаронида шаванд, ҳамзамон кафедраҳо   бо ашёҳо  ва маводҳои лозима таъмин  бошанд. Зимни ин гуфтаҳо зикр кардан ба маврид аст, ки аз тарафи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар таърихи 16 – уми августи соли равон дар идомаи кӯмакҳои хайриявӣ ҷиҳати таъмин намудани китобхонаи донишгоҳ бо ададбиёти таълимию бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, аз қабили  «Анатомияи одам», «Атлас анатомия человека», «Атлас-учебник по функциональной анатомии человека», «Гистология» «Гистология, цитология и эмбриология»  ва ғ. бо теъдоди умумии 1490 номгӯи китоб, ки 7537 нусхаро ташкил медиҳанд, ба фонди китобхона тӯҳфа карда шуд. Илова бар ин, барои кафедраи анатомия маводҳои айёнӣ ва як адад тахтаи электронӣ тақдим карда шуд. Лозим ба қайд аст, ки дар  маросими расонидани кӯмак мушовири ректор Қурбонов С., муовинони ректор; Гадоев Б., Ибодов С., Холов Ё ва мудири китобхони илмии ДДТТ Хайруллоева С. ҳузур доштанд.  Иқдоме, ки аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба анҷом расонида шуд, аз ҳамоҳангӣ ва муносибати тарафайни ин ду донишгоҳе, ки баҳри омода намудани табибони олидараҷа  ва ҷомеаи солим мекушанд, дарак медиҳад.

Дар навбати худ Раёсати донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз иқдоми роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  ба  ректори он Гулзода М. сипосгузор  буда, умед аст, ки бо ин амали нек  дар қатори дигар абармардони тоҷик исми онҳо дар саҳифаҳои таърихи навини донишгоҳи мо  сабт хоҳанд шуд.

Ҷумъа, 19 Август 2016 00:00

Рӯзи табибон муборак ҳамкасбони азиз

Written by

Санаи 18 – уми августи соли равон  дар донишгоҳ ба муносибати рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати раёсати донишгоҳ, профессорону омӯзгорон ва 150 нафар донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ширкат варзиданд. Ҷамъомадро  муовини ректор оид ба таълим, д.и.х. Ғафуров Б ифтитоҳ бахшида,  дар мавзуи «Табиб ва рисолати табибӣ. Саҳми кормандони тиб дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон» сухан намуд. Дар охир  аз  номи Раёсати  ДДТХ   тамоми кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳуриро ба иди фархундаи касбӣ – Рӯзи кормандони тиб сидқан табрик ва муборакбод намуда, саҳми  табибони мамлакатро дар роҳи барпо намудани ҷомиаи солим ва ҳифзи саломатии мардум, инчуин  барои  дастовардҳои назарраси соҳа  табрик намуд.  

        Пас аз нисфирӯзӣ бо мақсади  корҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи дониш ва иштирок дар чорабиниҳои сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохурии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор   У. Қурбон  бо   ҳайати раёсат  ва бо донишҷӯён сурат гирифт. Зимни вохурӣ ректори донишгоҳ  ҳозиринро ба моҳияти паҳлӯҳои муҳим вобаста ба иштироки онҳо  дар маъракаҳо  шарҳ дода, ҳамзамон риояи тартибу низом ва таъмини донишҷӯёнро аз масъулин талаб намуд.                  

Деканати факултети тиббӣ            

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид