Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Сешанбе, 13 Декабр 2016 00:00

Ҷашни фархунда муборак!

Written by

Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Амонулло Азизуллоевичи гиромиқадрро ба ифтихори ҷашни 65-солагиашон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, таманнои тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баландро доранд.
Шумо Амонулло Азизуллоевич дар тӯли умри пурбаракати хеш монанди офтоб нури гарму мунаввари худро бар сару рӯи фарзандони миллати тоҷик бедареғ нисор кардаву мекунед.
Мо дар таҷлили 65-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем. Умед дорем, ки қалби саршори Шумо хурӯшу туғёни тоза гирифта, мардуми тоҷикро боз ҳам шодоби илму маърифат мегардонад.
Бори дигар, Шумо ва аҳли хонадони Шуморо табрику таҳният мегӯем ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоем.
Ҷашни 65-солагӣ муборак, устоди азиз!

Бо эҳтироми самимӣ, раёсати ДДТХ

Чоршанбе, 14 Декабр 2016 00:00

Маҳфили нахустини Китобхона бо донишҷӯён

Written by

   Бо максади  тақвият бахшидани фаъолияти китобхона ва  иттилоотнокии  хонандагон санаи 12.12.2016 маъмурияти Китобхонаи ДДТХ маҳфил  дар  мавзӯи  «Фарҳанги иттилоотӣ» доир намуд. Маҳфил  дар  толори   хониши  Китобхона  баргузор  гардид.  Мақсади асосӣ   аз  баргузории  маҳфил  барои ҳарчи  бештар  ҷалб  намудани   хонандагон  ба Толори  хониш, китобхонаи электронӣ,    аз  наздик  шинос  намудани  онҳо бо адабиёти  дар  Китобхона мавҷудбуда, баланд бардоштани савияи  дониши  донишҷӯён  ва таъмин  намудани онҳо  бо китобу  дастурамалҳои таълимӣ  ва илмӣ иборат буд. Маҳфил дар фазои хуб оғоз гадида, дар он донишҷӯёни грӯҳҳои 9-10 педиатрӣ ширкат варзиданд. Дар раванди маҳфил мудири  Китобхона  Саидова М.Р ва сардори бахш  Ҳалимов М оид ба таърихи Китобхона ва  Қоидаҳои истифодабарӣ аз Китобхона суханронӣ намуданд. Сӯҳбат бештар дар мавзӯи  китобҳои  дарсӣ-таълимие, ки ба  наздикӣ ба Донишгоҳ  ворид гаштанд, сурат гирифт. Ҳамзамон, дар рафти маҳфил донишҷӯён аз толори нигоҳдории китобҳо, китобхонаи электронӣ  ва аз толори фонди Китобхона дидан намуданд.   

         Хотирасон менамоем, ки айни замон фонди Китобхонаи ДДТХ  11062 нусха китобро ташкил медиҳад, ки  9004 нусхаи он  китобҳои  дарсӣ-таълимӣ  мебошанд.                                   

         Маъмурияти  Китобхона  тасмим гирифтааст, ки чунин маҳфилҳоро  дар ҳамаи гурӯҳҳо бо  донишҷӯён  доир намояд.

                                                               Маъмурияти Китобхона

    Дар таърихи 25.11.2016с. дар донишгоҳ вохӯрии устодон ва донишҷӯён бо устоди Донишгоҳи тиббии ш.Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, доктор  Аминулло Муҳаммад Эҳсон Ҳамкор баргузор гардид. Вохӯриро бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба таълим  Ғафуров Б.А. оғоз намуда меҳмони гиромиро хайра мақдам гуфтанд ва ӯро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Сипас сухан ба устод Аминулло Муҳаммад Эҳсон Ҳамкор дода шуд. Устод ки худ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошанд ва рисолаи илмиро низ дар ҳамин Донишгоҳ ҳимоя кардаанд бо як самимияти хоса ва меҳри беандоза нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми тоҷикистон изҳори сипос намуда аз солҳои донишҷӯӣ ва фаъолияти баъдинаи касбии худ дар Тоҷикистон ёдовар шуданд.

     Ҳангоми суханрони Устод махсус зикр карданд, ки « Ман ифтихор аз он дорам, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил ва онро хатм намудам. Аз баракати дустии ду миллати ба ҳам бародар баъд аз чанд соли ба Кобул рафтан, боз ба Тоҷикистон баргаштам. Таҳти роҳбарии  устоди мумтоз, шодравон, академик Неъматулло Усмонов ба аспирантураи кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ шомил шудам. Соли 1994 бо дастгирии дустони тоҷик профессорон Артиков Каримҷон Пулотович, Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич ва доктори илмҳои тиб Ҳоҷимуродов Ғафур Муҳаммадмуҳсинович рисолаи илмиро ҳимоя намуда, то нисбатан муътадил шудани авзоъ дар кишвари худ як чанд муддат дар Тоҷикистон фаъолияти касбӣ намудам. Аз баракати Тоҷикистон, дустон ва бародарони тоҷик дар Ҷумҳурии Афғонистон бори аввал мактаби ҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикиро таъсис додем ва дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Кобул ба тадриси ин фан пардохтем. Дар ин самт ба дастовардҳои касбӣ низ ноил шудем, ки анҷоми бумувафаққонаи реплантатсияҳои ангуштон ва андомҳо, амалиётҳои пластикии калонҳаҷм гувоҳи инанд».

    Доктор Аминулло Муҳаммад Эҳсон Ҳамкор ба донишҷӯёни донишгоҳ муроҷиат намуда афзуданд, ки: «Ман кушодашавии Донишгоҳи навтаъсисии тиббии Хатлон ва гузотани санги асоси онро бо иштироки Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷаноби олӣ, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути телевизион бо алоқамандии фаровон дар ш.Кобул тамошо карда хеле шод ва масрур гаштам. Орзуманд ва муштоқи он рӯзам, ки табодули афкор ва таҷоруби илмӣ ва таҳқиқоти байни донишҷӯёни  Донишгоҳи донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишгоҳи тиббии ш.Кобул ҳамчун як урф сурат бигирад.

    Шумо бисёр ҳам хушбахт ҳастед, ки таҳти роҳбарии профессор Убайдулло Қурбон, шахси ҳам аз  ҷиҳати касбӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ комил қарор доред. Устод Убайдулло Қурбонро дар Афғонистон низ ҳамчун ҷарроҳи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф ва эҳтиром мекунанд, тавассути рафту омадҳо бо дастоварҳо ва мувафаққиятҳои касбӣ ва илмии ӯ шиносоӣ доранд. Вазифаи аввалиндараҷаи Шумо аз бар намудани дониш аст, зеро таҳдевори асосӣ  дар соли аввали  донишҷӯӣ гузошта мешавад ва чуноне, ки бузургон гуфтаанд: Санги аввал чун ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ. Ман муътақидам, ки ба шарофати роҳбарии устод Убайдулло Қурбон ва дигар омӯзгорони арҷманд, девори илму касбияти шумо то сураё рост ва солим қомат меафрозад. Ҳама чиз ба интизоми  дуруст ва ҷаҳду талоши пайваста вобастагӣ дорад. Онҷо ки интизоми  дуруст ва ҷаҳду талоши беандоза аст,  ҳамрадиф ба мувафаққият ва пешравист».

Шанбе, 03 Декабр 2016 00:00

КРУЖОК “ОЛИХАИ ТИБ”

Written by

  30-ноября текущего года  студентки ХГМУ приняли активное участие в ежемесячном кружке “Олихаи тиб” на тему “Самая лучшая медсестра”. В этом мероприятии с большим взмахом выступили студентки педиатрического, медицинского и  стоматологического факультетов Туробова Зарина, Шарипова Дилафруз и Набиева Мунира, которые отдали свои силы, чуткость и весь свой ум для достижения хороших результатов.

         Они показали весь свой талант на пеленание ребёнка, измерение давления и показали познавательную презентацию на тему ”Первая медицинская помощь”.

         Врачи-педагоги Сайфиддинова Ф.А., Наботова О.З., Махмадавлатова М.С. дали высокую оценку участвующим студенткам.  Мероприятие прошло очень интересно и каждый из сидящихся в зале студентов взяли для себя позновательные опыты и медицинские навыки. Мы надеемся, что в последующие месяцы кружок “Олихаи тиб” продолжает свою плодотворную работу. 

Председатель Совета по делам
женщин и девушек ХГМУ
к.х.н. Усмонова У.Х.

  Боиси таассуфи бузург аст, ки имрӯз дар иддае кишварҳои исломӣ даргириҳои хунин идома дораду он таҳдиди ба дигар кишварҳои исломӣ интиқол ёфтан дорад. Новобаста ба он ки ҷомеаиҷаҳонӣ  амалкарди мазкури чунин мусулмононро маҳкум намуда, онро бо ислом марбут намедонад, куштори байниҳамдигарии мусулмонон пайваста идома дораду ҷавонони ҳоло аз лаззати зиндагӣ баҳра набурдаро тӯъмаи навбатии хеш сохта истодааст. Бо ҳар роҳу восита гирифтани пеши роҳиҷалбшавии ҷавонони ҳам аз дину ҳам аз  илму сиёсат бехабар  аз ҷумлаи масъулиятҳои шаҳрвандии ҳар зиёйии огоҳ маҳсуб мегардад. Зеро фирефтаи тарғибу ташвиқотҳои муғризона ва авомфиребонаи пешвоёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» гардидани ҷавонони ноогоҳ на танҳо марги нобаҳангоми эшонро ба бор хоҳад овард, балки ҳамзамон дили реш-реши модарону падарон ва наздикони онҳоро низ дар назар дошта, имкон дорад, ки чун вируси сирояткунанда ба дигар ҷавонон низ интиқол ёбад.

           Огоҳ сохтани ҷавонон аз моҳияти аслии он низоъҳою  даргириҳои хунини мусулмонон ва оқибатҳои мудҳише, ки ин даргириҳо на танҳо болои давлату миллат, балки ҳатто болои дини мубини ислом низ таҳмил хоҳанд намуд, ҳадафи асосӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, дар навиштаи мазкури хеш мо тасмим гирифтем, ки ба сарчашмаҳои пайдоиши ин низоъҳо  аз нигоҳи сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳон ишора намоему ҳамзамон маҳсули ин даргириҳоро дар мисоли ду кишвари хеле пешрафтаи олами ислом - Ливия ва Сурия нишон диҳем.

           Ҷои шубҳае нест, ки дар раванди низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом арзишҳои миллӣ ва динии иддае аз кишварҳои исломӣ ба андозаи бемисл қурбон гардида истодаанд. Пеш аз он ки қурбоншавии он арзишҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гиранд, зарур аст, ки худи табиати он низоъҳо равшан сохта шаванд. Зеро қурбонфшавии он арзишҳо маҳсул ва натиҷаи бевоситаи он низоъҳо ба шумор рафта, дар таърихи навини ин кишварҳо аз ҷумлаи саҳифаҳои сиёҳтарин арзёбӣ хоҳад гашт. Ҳамзамон кушодани табиати он низоъҳо имкон медиҳад, ки дар мафкураи насли нави ба воя расандаи кишвари мо доир ба равандҳои сиёсӣ-идеологӣ ва фарҳангии ҷомеа, хусусиятҳои сиёсати иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии давлат нисбат ба қишрҳои мухталифи ҷомеа ва баръакс муносибати ин қишрҳо ба сиёсати пешгирифтаи давлат, муносибати насли нав ба насли пешин, ки иштирокчиёни равандҳои сиёсӣ-идеологӣ буданд,тасаввуроти дуруст, воқеӣ ва асоснок ташаккул ёбад.  Аз сабаби он ки қурбоншавии арзишҳои миллӣ ва динӣ ҳамчун оқибати мудҳиши низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ яке аз саҳифаҳои нангин дар таърихи  кишварҳои исломӣ ба ҳисоб меравад,  мо кӯшиш ба харҷ медиҳем то табиати он низоъҳо ҳаддалимкон воқеъбинона, бе кӯшиши майлсозӣ ба яке аз тарафҳои даргир кушода шавад. Бо мақсад мазкур мо сарчашмаҳои мухталифро  мавриди истифода қарор хоҳем дод.

            Дар хусуси табиати он низоъҳо сухан ронда, бояд қайд намуд, ки тамоми низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом дар умум хусусияти таҳмилӣ дошта, як навъ муборизаи абарқудратҳо барои аҳдофи геополитикӣ ва иқтисодии хеш дар минтақа мебошаду халос. Барои боварӣ ҳосил намудан ба бардошти мазкур мавриди таваҷҷуҳ қарор додани рӯйдодҳои сиёсӣ-иҷтимоии  ду давлат-Сурия ва Ливия кофӣ ва басанда ба назар мерасанд. Аз кишвари орому осуда ва рӯ ба инкишоф ба кишвари ҷангзадаю пурихтилоф мубаддал гардидани он ду кишвар барои таҳмилӣ будани он низоъҳо ҷои шакку шубҳаеро ҳам боқӣ нахоҳад гузошт. Андешаи мазкурро яке аз маводҳои боэътимоди интернетӣ, ки дар асоси зиёда аз 500 сарчашма ташаккул ёфтааст, собит месозад.  Тибқи далоили маводи мазкур дар ин равандҳо агарчанде омили дохилӣ низ вуҷуд дорад, лекин ин омил ночиз буда, мутаносибан дар ҳошия қарор дорад. Зеро  таҳрикдиҳандаи омили дохилӣ боз ҳам омили хориҷӣ ба шумор меравад. Номгузорӣ намудани он равандҳо бо унвонии «Инқилоби ранга» ва ё ҷустани сабабҳои  рух додани он ҳодисаҳои мудҳиш  дар тӯлонӣ будани режимҳои худкома фиребу найранге беш набуда, танҳо ба хотири рупӯш намудани аҳдофу аъмоли ғаразноки зиддиинсонии нерӯҳои хориҷии манфиатҷӯ ва ба дигар тараф майл додани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаиҷаҳонӣ  сурат гирифтаанд. Аз ҷумла, дар яке аз гузоришҳои ТДМ дар охири соли 2012 ҷанги Сурия ҳамчун зиддияти ошкорои динӣ байни сарбозони халқии алавӣ ва иттифоқчиёни шиамазҳаби онҳо бар зидди гурӯҳҳои шӯришгари суннӣ ба қалам дода шудааст, агарчанде андешаи мазкурро ҳар ду тарафи ҷанг рад месозанд. Бо такя ба сарчашмаи дигар дар маводи мазкур қайд шудааст, ки  карахтӣ дар ҳаёти сиёсии Сурия бисёр ҳодисаҳои манфиро дар ҷомеа эҷод сохт: коррупсия, дағалии шахсони мансабдор, беҳуқуқӣ назди дастгоҳи давлатӣ ва ғайра наметавонист, ки дар байни табақаҳои мобайнӣ ва камбизоати ҷомеа норозигиро эҷод насозад. Маҳз омилҳои мазкур барои эътирози ҷомеа замина буданд. Аммо оташ боз ҳам аз хориҷ ворид карда шудааст. Бетартибиҳои ҳарбӣ махсусан баъди сустшавии ҷанги Ливия фаъол гардид.  Бояд таъкид амуд, ки вақте авҷ гирифтани  бетартибиҳо бо ҳаводиси Ливия, махсусан сустшавии ҷанг дар он ҷо рабт дода мешавад, барои пешакӣ тарҳрезӣ шудани он дигар шубҳае намемонад. Қувват гирифтани ҷанг дар Сурия баъди сустшавии он дар Ливия ифодагари он аст, ки он ҳодисаҳо тарроҳи ягона доранд ва бардошти мазкур мавқеи моро  дар хусуси нақши муайянкунанда ва асосӣ доштани омили хориҷӣ тақвият мебахшад. Барои он ки дар беғаразона будани мавқеъ ва бардоштҳои мо шакке набошад, зарур мешуморем, ки нуқтаи назари ҷонибҳои гуногун арз карда шавад. Бо ин мақсад  зикр намудани нуқтаи назари  ҷонишини вазири молияи ШМА хеле бамаврид ва ҳадафнок хоҳад буд. Тибқи андешаи ӯ ШМА ният дорад, ки тавассути шӯришгарони Сурия таъсири Россия ва Хитойро дар минтақа заиф созад. Гузашта аз ин ҳодисаҳои мазкурро ҳамчунин яке аз оқибатҳои манфии равандиҷаҳонишавӣ низ метавон  ба қалам дод. Зеро нерӯҳои пурқудрати ҷаҳонӣ  бо баҳонаи дастгириикишварҳои ниёзманд, ҳифзи манфиатҳои ақаллият, дастгирӣ ва ривоҷи арзишҳои умумибашарӣ  ва амсоли инҳо принсипҳои асосии меъёрҳои ҳуқуқии байнидавлатиро дар бораи эътироф намудани мустақилияти давлатҳои алоҳида ва  дахолат накардан ба корҳои давлатдории мамлакатҳои ҷаҳони сеюм вайрон намуда, рӯирост ин кишварҳоро бо истифода аз мардуми дар ғафлат монда ба майдони ҳарбу зарб ва талаю тороҷи сарватҳои моддӣ мубаддал сохтаанд. Вобаста ба ин мавқеъ ёдрас намудани нуқтаи назари президенти Никарагуа Даниэл Ортего хеле ба маврид  мебошад.ӯ дар  яке аз изҳоротҳои хеш хеле дуруст, ба маврид ва бо итминони комил қайд намудааст, ки  Амрико ва Аврупо барои ба даст овардани сарватҳои дигар кишварҳо то ҳол аз воситаи зӯрӣ даст мегиранд. Барангезандагони низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ дар кишварҳои исломӣ аслан дар ШМА тайёр гардидаанд. Ба андешаи президенти мазкур ҳадаф аз сиёсати пещгирифтаи ин абарқудратҳо  аз  маҳдуд сохтани манфиатҳои геополитикии Россия дар минтақа ва дар умум бо ҳар васила фишор овардан ба Россия иборат  мебошад. Ҷои шубҳае нест, ки режимҳои ба ном «худкома» дар он кишварҳо то оғози низоъҳо дар муқоиса бо давраи баъди низоъҳо,ки вақти анҷомашон  номаълум аст, хостаҳои мардумро бештар бароварда месохтанд.

             Чун масъалаи мавриди баҳси мо муайян намудани ҳолати арзишҳои миллӣ ва динӣ баъд аз низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ ба ҳисоб меравад, зарурмешуморем, ки мундариҷаи ин мафҳумҳо то ҳадди имкон кушода шаванд. Дар зери мафҳумҳои арзишҳои миллӣ бояд унсурҳое фаҳмида шаванд, ки онҳо пойдевори миллатро чун умумияти этникӣ ташкил менамоянд. Дар шароити имрӯза дар қатори забон, анъана, урфу одат ва эътиқоди динӣ иқтисодиёти миллӣ мақоми аввалиндараҷаро касб намудааст. Дуруст аст, ки пешрафти босуръати иқтисодии ҷомеаиҷаҳонӣ  ва оқибатҳои раванди ҷаҳонишавӣ тамоми унсурҳо фавқуззикрро бо суръати ғайричашмдошт тағйирпазир гардондааст, аммо дар ин равандҳо иқтисодиёти миллӣ ягона унсуре ба ҳисоб меравад, ки метавонад ҳувияти миллиро нигоҳ дошта ҳифз намояд. Зеро маҳз дар заминаи иқтисодиёти устувору қавӣ унсурҳои фавқуззикри миллӣ бунёд ёфта қомат рост мекунанд. Мутаассифона, баъд аз низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ дар иддае аз кишварҳои исломӣ  дар қатори заиф гардидани унсурҳои фавқуззикри фарҳанги миллӣ  иқтисодиёти миллӣ то ба ҳадде хароб гардид, ки онро  имрӯз наметавон омили муттаҳидсозандаи  миллат номид. Хароб гардидани иқтисодиёти миллӣ ваҳдати миллиро заиф сохта, умумияти миллиро ба парокандагӣ ва нифоқ водор сохт. Ҳолати тоқатфарсои иқтисодии субъектҳои умумияти миллӣ  сабаби асосии тағйир додани муҳити миллӣ ва ҳамин тавр яке аз омилҳои заиф сохтани қудрати миллӣ гардид.

               Низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ ба кишварҳои дучори ҷанги таҳмилӣ гардида чӣ хисороте расонид, аз таҳлили муқоисавии вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ин кишварҳо то низоъҳо ва баъди низоъҳо хулоса баровардан мумкин аст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо дар Ливия баъди низоъҳо ҳабсхонаҳо аз маҳбусон пур гардидаанд. Кишвар ба мамлакати сарчашмаи тақсими силоҳ ба кишварҳои ҳамсоя мубаддал гардидааст.Сатҳи ҷинояткорӣ ба маротиб афзудааст. Сатҳи зиндагии мардум бошад баъд аз низоъҳо то ба сатҳи асримиёнагӣ баробар гардидааст. Ҳол он ки дар давраи ҳукмронии М.Каддофӣ ММД барои ҳар сари аҳолӣ ба 14192 долларро ташкил намуда, барои ҳар як аъзои оила давлат дар як сол  1000 доллар дотация медодааст.Давлат ин чунин барои бекорӣ  ҳар моҳ 730 доллар, барои ҳар як тифли нав ба дунё омада  7000 доллар, ба оилаҳои ҷавон барои харидани ҳуҷраи зист  64000 доллар  кӯмакпулӣ ҷудо мекардааст. Таҳсил ва ёрии тиббӣ бепул сурат гирифта,ҳуҷрапулӣ бекор гардида будааст. Тамоми нефтро давлат истихроҷ намуда, корхонаҳои хориҷиро барои истихроҷ имкон намедодааст. Илова ба ин дар ҳудуди кишвар ягон базаи ҳарбии кишвари хориҷӣ вуҷуд надоштааст. Ҳолат мазкурро агар бо ҳолати баъди низоъҳо муқоиса намоем, аз замин то осмон фарқият мушоҳида менамоем. Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки имрӯз қариб  2  миллион шаҳрванди Ливия рӯ ба муҳоҷират овардаанд.

            Сурия бошад, танҳо аз соҳаи сайёҳӣ дар як сол 8 миллиард доллар хисорот  дид. Сармоягузории калони хоричӣ пурра қатъ гардид. Иқтисодиёти кишвар қариб ба ҳолати нестӣ мубаддал гардид. Кишвар аз истихроҷи нефт пурра маҳрум гардид.  Дар охири соли 2013 талафот аз ҷанг ба 103 миллиард доллар асидааст. Мувофиқи маълумотҳо ҳаёти 8 миллион аҳолии Сурия, ки  имрӯз мақоми муҳоҷирро касб намудаанд, аз кӯмаки башардӯстона вобаста аст. Яъне рӯ ба муҳоҷират овардани субъектҳои умумияти миллӣ ба хотири зиндагии осоишта иҷборан ҳазф гардидани  унсурҳои фарҳанги миллию ҳамзамон омодагии ин субъектҳоро барои  воридшавӣ ба муҳити арзишҳои миллии ғайр дар назар дорад. Факту далелҳои зиёде вуҷуд доранд ва онҳо комилан собит месозанд, ки субъектҳои умумияти миллӣ баъди ҳиҷрати тӯлонӣ аз муҳити миллии худ арзишҳои миллии ғайрро қабул намуда, аз арзишҳои миллии худ ғайри ном чизеро ҳифз наменамоянд.

           Дар хусуси ҳазф гардидани арзишҳои динӣ сухан ронда, мехоҳем чанд ҳодисаи таҳкири арзишҳои диниро аз тарафи шӯришгарони давлати ба ном исломӣ қайд созем:

           Мувофиқи сарчашмаҳо шӯришгарони ифротии мусаллаҳ ба яке аз  дайрҳои қадимаи мутааллиқ ба набӣ Илёс  дар шаҳри Ал-Қусайр, ки таърихи зиёда аз 1,5 ҳазорсола доштааст, ҳуҷум намуда, тамоми лавозимоти онро ба ғорат бурдаанд. Илова ба ин зангӯлахонаи онро кафонда, меҳроби онро хароб сохтаанд. Онҳо инчунин ҳайкали паёмбар Илёсро, ки ҳам аз тарафи  масеҳиён ва ҳам аз тарафи мусулмонон мавриди эҳтиром  қарор доштааст, чаппа намудаанд. Танҳо дар ду соли аввали ҷанг дар шаҳрҳои Хомс ва Алеппо даҳҳо масҷиду калисоҳоро шӯришгарони ифротӣ вайрон намудаанд.

Дар таърихи 1.06.2013 дар Баалбек мақбараи яке аз наберагони насли баъдинаи паёмбар Муҳаммад – Сайида Ҳавло мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст. Дар моҳи сентябри соли 2013 ҷанговарони ташкилоти ҷиҳодии марбут ба Ал-қоида ба калисои юнонӣ-католикии Модархудо дар шаҳри Рақа зада даромада, арзишҳои динии масеҳиро мавриди таҳқир қарор додаанд. Онҳо тамоми ашёи диниро сӯзонда, ҳайкалу  салибҳоро дар дохили калисо ба несту нобудӣ расониданд. Чунин амалро нисбати калисои католикии арманҳо низ содир кардаанд. Инчунин аз тарафи шӯришгарон қисми зиёди музейҳои Сурия  ва нигораҳои  археологӣ ба ғорат бурда шуда, аз ҳисоби маблағи онҳо силоҳ харидаанд. 

           Пеш аз он ки дар хусуси ҳазф гардидани арзишҳи динии исломӣ сухан ронем, бояд эътироф намоем, ки ҳукми ояти Қуръон арзиши динист. Пас, ба инобат гирифта нашуданион маънои қурбон гардидани арзиши диниро дар назар дорад. Аз ин нуқтаи назар,  вақте Қуръонро ҳамчун сарчашмаи асосии дини ислом мутолиа намуда, аҳкоми созандаи оёти онро бо воқеияти динии ҷаҳони ислом муқоиса менамоем,  ба осонӣ дармеёбем, ки яке аз сабабҳои мушкилоти олами ислом дар замони муосир маҳз мавҷудияти фарқияти бемисл байни назария ва амалияи исломист. Баъд аз тааққулу тааммул дар болои ояти 105 аз сураи «Оли Имрон»  «Ва монади касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурӯҳро азоби бузург аст»   чунин хулосае ҳосил мегардад, ки мушкилоти имрӯзаи олами ислом ҷазои худовандист мар ононро, ки аҳкоми ӯро риоя наменамоянд. Хонанда ба ҳукми ояти зер таваҷҷуҳ намуда, ҳазф гардидани арзишҳои диниро маҳз чун натиҷаи бо сиёсат омехташавии он бараъло мушоҳида менамояд:

«Ва шумо ҳама ба расани худо чанг занед ва пароканда машавед..» (Оли Имрон, 103)

              Вобаста ба ҳазф гардидани ҳукми ояи карима бояд зикр намуд, ки аллакай дар оғози ислом маҳз ҳадафи ба сари қудрат омадан исломро ба ду ҷараёни на ҳамеша дӯст ҷудо карда буд. Нодида гирифтани  ҳукми ояи мазкур ба сабаби ҳадафи баён гардида то ба имрӯз давом кард ва дар арафаи тақсимоти нави ҷаҳонӣ зуҳури нав касб намуда, натанҳо минтақа, балки кишварҳои ягонаи томро ба қисматҳои ба ҳам муқобил ҷудо намуд.

   Ҳамчунин ояҳои зерро низ мо метавонем мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем:

«(Ин) китобе аст, ки онро ба сӯи ту фурӯ фиристодем, то мардумро ба ҳукми парвардигорашон аз торикиҳо ба сӯи равшанӣ берун орӣ.»(Иброҳим, 1)

« ӯ он (худой) аст, ки бар шумо раҳмат мефиристад ва фариштагони ӯ (бар шумо дуои раҳмат мекунанад), то шуморо аз торикиҳо ба сӯи равшанӣ бароварад. (Ахзоб, 43)

               Тааммулу тааққул дар болои ду ояи мазкур ва таҳлили муқоисавии ҳукми тасдиқии онҳо бо воқеияти динӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеаҳои исломию ғайриисломӣ бар он далолат менамоянд, ки татбиқи рисолати илоҳӣ воқеияти худро на дар ҷомеаҳои исломӣ, балки баръакс дар ҷомеаҳои ғайриисломии Ғарб ёфтааст. Зеро пешрафту рушди ҳаматарафаи ҷомеа, фазои орому осуда, мухити беҳтарини зиндагӣ, муносибатҳои ҳасанаи байни шаҳрвандон, ки бешак рамзи нуру равшанӣ ба ҳисоб мераванд, маҳз дар ҷомеаҳои ғайриисломии Ғарб равшан ба мушоҳида мерасанд. Ва баръакс қафомонии ҳаматарафаи ҷомеа, сатҳи нисбатан пасти рушди илму технология, қатлу куштори байниҳамдигарӣ, хусумату адовати динию мазҳабӣ, ки рамзан метавонанд чун зулмат ё торикӣ ифода гарданд, зуҳури равшани худро аксаран дар ҷаҳони ислом меёбад. Таҳлили муқоисавии ду воқеияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии гуногун шахсро ба андешае водор месозад, киҷаҳони Ғарб, ки ба худои ислом имон надоранд, тибқи фармудаҳои ӯ амал кардаанд ва бараъкс ҷаҳони ислом, ки гӯё ҳамагӣ ба Худои ислом имон доранд, лекин дар амал бараъкси аҳкоми ӯ зиндагӣ менамоянд.

 «Эй мӯъминон, душанони ман ва душманони худро дӯст магиред:(!) (Ба) ба сабаби дӯстӣ ба сӯи онҳо пайғоми дӯстӣ меафканед!(?) (Мумтаҳина,1)

            Дар робита ба ҳукми ояти мазкур бояд ёдовар шуд, ки имрӯз қисмате аз мусулмонон ва ҳатто баъзе кишварҳои исломӣ гӯё аз ҳукми ояти мазкур бехабар бошанд, бо иғвою дасиса  ва таҳрикҳои омили хориҷӣ бар зидди бародарони исломии хеш бархоста, бо ҳар васила бар муқобили ҳамдинони хеш теғ кашида истодаанд. Оё аъмоли имрӯзаи мусулмонон  ҳазф гардидани ҳукми ояти мазкур ва ба инобат гирифта нашудани ҳукми ояти 10 аз сураи Ҳуҷуротро, ки бародар будани муъминону ба хотири тарс аз худо ва сулҳ намудани ду бародарро ҳукм намудааст, ифода наменамояд?Суоли матраҳ ин аст,ки агар мусулмонончун бародарони ҳамдигар ба хотири тарс аз худою ваҳдати динию миллӣ боаҳкоми фавқуззикр амал мекарданд, магар чунин низоъҳоимудҳиш сурат мегирифтанд? Худованд ба хотири пешгирӣ намудани ҳама гуна низоъю  нифоқ боз фармудааст: Ва некию бадӣ баробар нест: бадиро бо ончизе ҷавоб деҳ, ки он беҳтар аст. Он гоҳ (бубинӣ, ки) он кас ки миёниту ва миёни вай душманист,гӯё дӯсти қариб шудааст. (Фуссилат,34)

«Ҷуз ин нест, ки муъминон бародари якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад» (ҳуҷурот, 10).

        Хулоса, чуноне ки аз таҳлили маълумотҳои мухталиф ва изҳороти шахсиятҳои сиёсии муътабари ҷаҳон бармеояд, дар раванди низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом на танҳо арзишҳои миллӣ, аз ҷумла хароб гардидани иқтисодиёти миллию аз байн рафтани ваҳдати миллӣ, балки инчунин ба инобат гирифта нашудани аҳкоми Худованд, ки дар ин кишварҳо арзиши бузурги динӣ ба ҳисоб мераванд, қурбон шуда истодаанд.

Аҳмадов Ш.Р,  н.и.с., дотсенти кафедаи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 

Шумо нуқсонҳои мавҷудаи  узвҳои баданатонро бартараф кардан мехоҳед? Ва ё ба зебо гардонидани симои зоҳирии худ эҳтиёҷ доред?

 Пас ба Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар н. Данғара муроҷиат намоед!

Мутахассисони шуъба барои ниёзмандон амалиётҳои зерини ҷарроҳиро бо сифати баланд ва нархҳои дастрас анҷом медиҳанд:

  • реплантатсия (пайвандсозии андомҳои кандашуда) ва реваскуляризатсияи (барқарор кардани хунгардиш) сегментҳои кандашудаи андомҳо;
  • барқарор кардани бандакҳои рагу асабии буридашуда;
  • нигоҳ доштани сегментҳои калон ҳангоми травмаи вазнини андомҳо;
  • аутотрансплантатсияи бофтаҳо;
  • гузоштани фистулаи артерио-венозӣ барои гузаронидани гемодиализ;
  • остеосинтези усухонҳои калони андомҳо ҳангоми шикасти устухон дар якҷоягӣ бо осеби рагҳои хунгузар ва ғайра;
  • аутотрансплантатсияи (аз як мавзеъ ба мазеи дигар кӯчонидан) комплекси бофтаҳо;
  • барқарор кардани бандаки рагу асаби андомҳо ҳангоми осеби пештар гирифтаи онҳо;
  • гузоштани анастомозҳои тестикуло-илеакалии варидӣ ҳангоми бемории варикоселе;
  • траспозитсияи (ҷойивазкунии) мушакиву тендонӣ ҳангоми осеби кӯҳнашудаи асабҳои андомҳо;
  • бартараф кардани контрактураи скарии пас аз сӯхтани андом бо усулҳои пластикаи мавзеӣ;
  • амалиётҳои реконструктивӣ ҳангоми контрактураи ишемикии Фолкман;
  • реконструксияи тендонҳову мушакҳо ҳангоми дефектҳои постравматикӣ;
  • бартараф кардани ҳернияҳои вентралӣ бо технологияи абдоминопластика.
  • бартарафсозии нуқсони модарзодӣ ба мисли каҷгарданӣ;
  • сохтани гӯшҳо;
  • ислоҳи лабчокии модарзодӣ;
  • резексияи шохаи дарунии асаби ҳалқии болоӣ дар беморони диққи нафас (астмаи бронхиалӣ);
  • уретропластика ҳангоми эпи ва намудҳои гуногуни гипоспадия;
  • бартарафсозии деформатсияи модарзодии узви таносули мардона;
  • барқарорсозии найчаи бачадон ҳангоми ҳамли дохилинайчагӣ;
  • рафъи часпишҳои пурра ва нопурраи пӯсти байни ангуштон ҳангоми синдактилия;
  • бурида гирифтани холҳои калон ва невусҳои пигментӣ ва ғ. 

Амалиёти  эстетикӣ – ин истифодабарии усулҳои ҷарроҳии пластикӣ  бо мақсади беҳтарсозии  симои зоҳирӣ ва чеҳраи инсон аст. Ин амалҳо ба мардум имкон медиҳанд, ки аз баъзе мушкилоти вобаста ба саломатии  худ раҳо шаванд ва то ҳадде шакли дилхоҳи зоҳирии худро дарёфт намоянд ва аз намуди зоҳирии худ розӣ бошанд. Ҷарроҳии  эстетикӣ дар худ фарогири чунин амалиётҳост:

  • Ҷавонсозии рӯй (фейслифтинг) ҳангоми пайдоиши ожангҳои синну солӣ;
  • лифтинги мавзеи пешона;
  • пластикаи пилкҳо (блефаропластикаи болоӣ ва поёнии пилки чашмон;
  • пластикаи пилкҳо ҳангоми деформатсияҳои скарӣ ва дефектҳои посттравматикӣ;
  • пластикаи бинӣ (ринопластикаи кушода ва пушида);
  • пластикаи сӯфраи гуш (отопластика);
  • пластикаи лабҳо (хейлопластика);
  • пластикаи манаҳ (ментопластика);
  • пластикаи мавзеи гардан;
  • пластикаи шикам (абдоминопластика, липосаксия);
  • бурида гирифтани ташкилаҳои хушсифати бадан (гемангиома,

фиброма,  липома ва атерома);

  • хурду калонсозии ғадуди шир (маммопластика);
  • сохтани ғадуди шир пас аз амали ҷарроҳии мастэктомия;
  • амалиёти шинонидан ва боло бардоштани абрувон;
  • амалиёти шинонидани (трансплантатсия) мӯйи сар  ба шахсони тоссар.

Ғайр аз амалҳои микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар ШМҶРП ҳамчунин амалҳои ҷарроҳии умумӣ аз қабилӣ ҷоғар (зоб), тамоми намудҳои  чурраи навзодон ва калонсолон, эхинококкэктомия ва амалҳои ҷарроҳӣ дар рагҳои хунгард бо истифода аз техникаи претсизионӣ (истифодаи асбобҳои микроҷарроҳӣ, маводҳои дӯхти нозук ва калонкунии оптикӣ) иҷро карда мешаванд.

Ба ниёзмандони ин гуна хизматрасониҳо ҳамарӯза аз рӯзи душанбе то ҷумъа аз соати 16:00 то 17:30 ва рӯзи шанбе аз соати 09:00  то соати 12:00 аз тарафи доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии   Тоҷикистон, профессор Убайдулло Қурбон  муоина ва маслиҳатҳои тиббии ройгон дода мешавад.

 Барои донишҷӯёни ниёзманди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

АЗ ИМКОНИЯТҲОИ ШУЪБАИ МИКРОҶАРРОҲИИ РЕКОНСТРУКТИВӢ ВА ПЛАСТИКӢ САРИ ВАҚТ  ИСТИФОДА БАРЕД!

Суроға: 734003; шаҳри Душанбе, шаҳраки тиббӣ, кӯчаи Санои 33.

Маркази Ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг. Ошёнаи дуюм.

Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ.

Телефонҳо барои тамос: 907-71-51-21; 907-76-92-29; 935-27-20-23.

Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид