Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Душанбе, 15 Август 2016 00:00

СУГВОРӢ

Раёсати  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  дар якҷоягӣ бо ҷамъи устодону кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имрӯз мотам   доранд. Марги нобаҳангом  яке аз устодони варзидаи чанд насли табибони мамлакат, табиби номӣ, олими соҳибном, омӯзгори мушфиқ, д.и.т., профессор Абдураҳмонов Муин Камолович субҳи 13 –уми августи  соли 2016 бехабар аз байни мо рабуд.

Абдураҳмонов Муин Камолович  30 – юми ноябри соли 1933   дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.

Соли 1951 ба Донишгоҳи тиббии харбии ш. Куйбышев  дохил шуда, онро соли  1957 бомувафақият хатм кардааст.  Фаъолияти менҳнатии   Абдураҳмонов М.К. пурсамар буда, пас аз хатими ординатураи клиникӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор карда,  то ба дараҷаи профессор дар дар ҳаимн кафедра меҳнат намудааст.

                    Тадқиқотҳои илмии Муин Камолович   барои илм ва фаъолияти ҳамарӯзаи соҳаи  акушерӣ ва гинекология  аҳмияти калон доранд. Хизматҳои  меҳнатии Абдураҳмонов М.К.  бо   ордени «Дустӣ»  ва бо нишони  Аълочии тандурустӣ  қадрдонӣ  гардидааст.

              Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Абдураҳмонов М.К. дар давоми умри пурсамари хеш, рисолати инсонии худро дар назди халқу Ватан бо  сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ ва дуои хайри ҳазорҳо нафар ниёзмандоне, ки аз дасташ накӯӣ дидаанд,  манзили охирати хешро пурнур гардонидааст. 

       Ҷои Муин Камолович дар қалбҳои мо ҳамкасбону шогирдонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неку беғубори ин шахси саропо хираду фазилат  дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд, зеро:

         Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,

        Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

          

Руҳат шод ва манзилат обод бод, Муин Камоловичи азиз!

     Имрӯз дар якҷоягӣ кормандони раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни курси авали донишгоҳ, аниқтараш донишҷӯён аз ноҳияҳои Ёвон, Данғара ва  Вахш субҳи барвақт ба ҳашари умумидонишгоҳӣ, баромаданд. Ёдовар карда мешавад, ки тибқи нақша – чорабиниҳо оид ба гузуронидани корҳои ободонӣ ва ташкил намудани  шанбегиҳо аз 15 – уми июни соли ҷорӣ  инҷониб дар донишгоҳ ин инқдом идома ёфта истодааст.   Дар маҷмуъ бо қувваи ҳашарчиён имрӯз қитъаи бештар аз 2 га замин ба тамиз дароварда шуда,   гиёҳу растниҳои бегона тоза карда шуд.   Бо мақсади шиносоӣ аз корҳои ободоню таъмирии биноҳо   ва дигар корҳои омодагии раёсат   Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Н.Саид,  Вазири молияи ҶТ Курбонзода А. ва Зувайдов М. сардори дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ   ба донишгоҳ ташриф оварданд.  Меҳмонон аз  рафти корҳои омодагии  донишгоҳ   ба соли нави таҳсил изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин  ҷиҳати боз ҳам вусъат додани корҳои ободонӣ ва дигар масоили донишгоҳ дастуру тавсияҳо доданд.

Шанбе, 23 Июл 2016 00:00

Эълон!!!

Written by

  Довталабоне (хатмкунандагон), ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро соли 2015-2016 хатм намуда,  ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  ҳуҷҷат супорида сазовори номи донишҷӯ шудаанд, расонида мешавад, ки шаҳодатномаи мактабӣ (АТТЕСТАТ) - и худро ба ДДТХ ҳатман оварда супоранд.

Муҳлат то 25.07.2016  

30 –уми июли соли равон дар ҷаласаи ғайринавбатии    Раёсати  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тибқи фармоиши ректори донишгоҳ  бинобар сабаби ба синни нафақа расидан,  сардори шуъбаи кадрҳои ДДТХ -  Хидирова А.М.  аз вазифаи ишғол кардааш озод карда шуд. Ҳамзамон ба вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои ДДТХ – Шоев Ҳ.Г. таъйин гардид.

          Қайд кардан ба маврид аст, ки  Хидирова А.М. зиёда аз 10 сол   сарвари шуъбаи кадрҳои  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва баъдан ин вазифаро аз моҳи марти соли 2016   дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки он соли равон  таъсис ёфт,  ба уҳда дошт.  Раёсати донишгоҳ  фаъолияти пурмаҳсул  ва  кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Алфира Мадаминовнаро ба инобат гирифта,   бо Ифтихорномаи ДДТХ ва туҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.     

    Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

   Ба Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон имрӯзҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳ кӯмакҳо ворид гардида истодааст. Ҳафтаи сипаришуда бо ташаббуси раиси шаҳри Қурғонтеппа, муҳтарам Амирулло Асадулло ба донишгоҳ беш аз 50 маҷмуи мизу курсиҳои талабагӣ тақдим карда шуд. Раёсати донишгоҳ барои нафароне, ки дар таҳким бахшии заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ аз рӯи имконот ва тавоноии хеш саҳми худро мегузоранд изҳори миннатдорӣ намуда, умедворем, ки бо ин амалҳои некашон исми онҳо дар саҳифаҳои таърихи донишгоҳи мо сабт хоҳанд шуд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

  Санаи 22 – юми июни соли равон ректори донишгоҳ профессор У. Қурбон ҳамроҳи муовинони ректор ва дигар шахсони масъул бо мақсади шинос шудан аз рафти корҳои таъмирии дар хобгоҳ, ки дар ҳафтаи ҷорӣ шуруъ шудааст, ташриф оварданд. Тибқи маълумоти пудратчии ЧДММ «Марва», ки барои гузаронидани корҳои таъмирии хобгоҳ масъул дониста шудаанд, пас аз таъмири бино барои бо ҷойи хоб таъмин намудани то 150 нафар донишҷў имконият пайдо хоҳад шуд.

       Зимни боздид аз рафти корҳои озодкунии биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ, ки алҳол Донишгоҳи давлатии Данғара дар он фаъолият намуда истодааст дидан намуда, бо намояндагони роҳбарияти донишгоҳи мазкур дар хусуси тезонидани корҳои супоридан ва қабули иншооти донишгоҳ гуфтугўи судманд гузаронида шуд. Ҳамзамон ректори донишгоҳ барои оғоз намудани корҳои ободонӣ ва гулу майсазор намудани гирду атрофи биноҳои донишгоҳ ва инчунин ташкил намудани шанбегиҳо ба масъулини донишгоҳ дастур дода шуд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид