Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

  Рӯзи 1-уми сентябри соли 2016 як гурӯҳ устодону донишҷӯёни таълимгоҳи навтаъсиси ДДТХ бо сарварии ректори донишгоҳ узви вобастаи АИТ назди ВТҲИА ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдуллои Қурбон дар ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.

          Баъди анҷоми ин чорабинии хотирмони сиёсӣ дарсҳои нахустин  дар Донишгоҳи давлатиии тиббии Хатлон дар се факултет – тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ оғоз гардиданд. Аввалин дарсҳои лексионӣ аз фаннҳои таърихи халқи тоҷик, диншиносӣ аз ҷониби номзади илмҳои фалсафа, дотсент Гулов А.А., аз фанни физикаи тиббӣ аз ҷониби номзади илмҳои физикаву математика Ситамов С., аз фанни биология  аз ҷониби номзади илмҳои биологӣ, дотсент Чориев С. ва химия номзади илмҳои химия Усмонова У. ба донишҷӯён   хонда шуданд. Устодони варзида сараввал донишҷӯёнро бо моҳияти дарси сулҳ ва  асосҳои ин фанҳо шинос намуда, инчунин бештар деонтологияи тиббӣ, мафҳумҳои асосии дар ин фанҳо истифодашавандаро баррасӣ намуданд.

         Имрӯз дар толори фарҳангии ДДТХ бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ,  бахшида ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

          Дар ҷамъомад профессори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишгоҳ, доктори илмҳои таърих Абдуназаров Х. дар мавзуи “Таърих ва роҳҳои тайнамудани  тоҷикон  ва нақши Истиқлолият” маъруза намуд. Сипас донишҷӯёни курси аввал –Эмомова Муборак, Ғайратова Наврӯза ва Комилова Бибисо  дар васфи  Тоҷикистон, Истиқлолият ва Ватан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шеърҳо қироат намуданд.

          Воқеан, баъди ба  истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар тамоми рукнҳои давлатдорӣ, ҳаёти сиёсӣ, ичтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии ҷомеа ба амал овардани тағйироти куллӣ шароити мусоид фароҳам омад. Бо шарофати истиқлол кишвари азизамон дар роҳи бунёди ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона пирӯзмандона пеш меравад. Инкишофи устувор ва пай дар пай дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва миллӣ назаррас буда, гузариш ва муносибатҳои нави ичтимоию иқтисодӣ ҳарчи бештар густариш меёбанд. Иқтисоди миллӣ тадриҷан ба талаботи иқтисоди бозории ҷаҳонӣ мутобиқ мегардад.

            Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Ин неъмати бузург нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиро ба мардуми тоҷик ва  Тоҷикистони азиз овард.

          Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти ичтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо сохт.

        Истиқлол чун олитарин меҳмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвари тоҷикон соли 1991 қадам ранҷа намуд. Гарчанде бархе аз номуродон сараввал  чун  душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд, зеро ин миллати бузургро марди бузургу одил, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистони азиз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гашта, давлат орому миллат осуда гардид.

        Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷораташонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст.                                                                          

     

       Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад. Миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлоли миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта мекӯшад. Рамзҳои асосии давлати мо Нишони миллӣ, Парчами миллӣ, пули миллӣ мебошад. Мардуми сарбаланди тоҷик бо фахри бузурги миллӣ аз дастовардҳои шоёни истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар, сотмонҳои НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтӯда-2, роҳи мошингарди Бадахшон, нақби Истиқлолу Шаҳристон ва Шар-Шару Чормағзак роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб ва бахусус, ободкориҳои зиёди шаҳрҳои саноатии мамлакат, ки ба таври шинохтанашаванда симои худро тағйир додаанд, имрӯз бо ҳисси ифтихору сарбаланди ҳарф мезананд ва дар ҳар сари қадам шукри озодию истиқлолро мекунанд.

         Дар ҳақиқат дар як муҳлати начандон тӯлонии таърих Тоҷикистони азизи мо ба як кишвари шукуфону обод табдил ёфта, чи дар соҳаи иқтисод ва чи дар сиёсату иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, эътибори худро дар ҷомеаи ҷахонӣ хеле баланд намуд. Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи аксар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, ташаббусҳои неки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кулли давлатҳои қудратманди ҷаҳонӣ ҳамеша бо майли том дастгирӣ ёфта, пойтахти азизи кишварамон бошад, ба маркази баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст.   

           Ҷашни бузурги Истиқлолият муборак, устодон ва  донишҷӯёни азиз!      

Панҷшанбе, 15 Сентябр 2016 00:00

«Реаниматсияи навзодон»

    Имрӯз дар  беморхонаи ноҳиявии  н.Данғара семинарии тахассусӣ  дар мавзуи «Реаниматсияи навзодон» бо иштироки  сардухтури беморхона, муовинони сардухтур, табибони хамаи ихтисосхои соҳаи тиб ва шуъбаҳои  беморхона, донишҷӯёни курси 6-уми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино   ва инчунин бо иштироки сардори шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илм, дотсент Кузибоева Н.К. баргузор гардид. Маърузачӣ табиби неонатологи беморхона Муминова Р. бо маъруза баромад намуда,  ба хозирин оид ба усулхои муосири ёрии реаниматсионӣ ба  навзодон дар шароити  таваллудхона  маълумот дод. Табиби беморхона Азимов М., ки таҷрибаи зиёди корӣ дар ихтисоси реаниматология дорад дар ин семинар дар ҳолатҳои амалия чи гуна ёри расонидан ба навзодони  вазнини махорати хуби  касбии худро нишон доданд. Дар раванди семинар мехмонон аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино - дотсентон Носироов К.Н, Хокироев Т.З ва пешбарандагони Лоиҳаи ислоҳоти баронмаи факултети тиббӣ аз   ш.Калгарии Канада профессор Хизер Бакстер иштирок карданд. Дар рафти кори  семинар  табибон аз таҷриба ва  дастовардҳои навини худ маълумоту иттиоллоти хоса пешниҳод намуда, ҳамзамон саволу баҳсҳои илмиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Шуъбаи таълим

Санаи 15 сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аввалин ҷаласаи Шӯрои занон ва духтарон баргузор гардид, ки дар кори он ҳамаи занони донишгоҳ ва донишҷӯдухтарони фаъол иштирок намуданд.                       

Сараввал, Раиси Шӯрои занон ва духтарон, н.и.х., дотсенти кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Усмонова У.Х. ҳозиронро бо баргузории аввалин Шӯро табрик намуданд. Баъдан, масъалаҳои асосии Шӯро дида баромада шуд. Қайд карда мешавад, ки ба Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ ҳамаи кормандон - занони донишгоҳ  аз қабили;  Усмонова Умеда Хуршедовна, Қузибаева Наима Конбобоевна, Должикова Валентина Андреевна, Сайфидинова Фируза Алидодовна, Шарипова Ҳилола Якубовна, Мамадалиева Сабоҳат Абдураҳмоновна, Саидова Моҳшариф Раҳмоновна, Наботова Оламбӣ Зайниддиновна, Мамадавлатова Меҳрӣ Сафаралиевна, Набиева Азиза Набиевна  интихоб карда шуданд.         

Дар ҷаласа раиси духтарони ДДТХ донишҷӯи факултети тиббӣ,  аз гурӯҳи 9 Баҳовудинова Шоиста ва  раиси духтарони хобгоҳи ДДТХ донишҷӯи факултети педиатрӣ, аз гурӯҳи 9 Нилуфари Алишер интихоб гардиданд.

Аз ҷониби раиси Шӯро мазмуну муҳтавои “Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар ҶТ” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон раиси Шӯрои занон ва духтарон ҳозиронро бо натиҷаи санҷиши масъулин, ки то ин дам дар хобгоҳ гузаронида шуда буд, шинос намуд.    

Мувофиқи маълумотҳо шароити духтарони бо хобгоҳ таъминшуда аз ҳар ҷиҳат хуб буда, дар маҷмӯъ камбудиҳои ҷиддї ҷой надоранд.

Баъдан, омӯзгори собиқадор, дотсенти кафедраи забонҳо Должикова Валентина баромад намуда, ба ҳозирин   дар бораи “Зан-модар” маърӯза  намуд ва иброз дошт, ки зан нигоҳдорандаи хонадон буда, дар баробари ин, пеш аз ҳама ахлоқи намунавӣ, ақли расо ва меҳнатдуст бошад.

Дотсенти кафедраи анатомияи одам ва гистология Сайфидинова Фируза доир ба қоидаҳои ҳамзистӣ дар шароити хобгоҳ баромад намуд.

Дар охир, раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ бо тарафдории иштирокчиёни ҷаласа яке аз аъзои Шӯро -муаллимаи кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Шарипова Ҳилоларо  ба ҳайси  котиби Шӯро интихоб намуд.

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

 

           Имрӯз 31августи соли 08.2016    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи сафари корӣ  ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.  Дар баробари кушодашавии як қатор корҳонаҳои саноатӣ ва маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Данғара, Ҷаноби олӣ  Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи барои  сохтмони иншооти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷудогашта,  нома ба наслҳои оянда ва  санги асоси ин маҳзани илму маърифатро  гузоштанд.

 

 

     Зимнан, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон,  бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб,  бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъсис ёфта, он  мутобиқи    Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 феврали соли 2016, таҳти №79 тасдиқ шудааст.  Донишгоҳ дар  соли аввали таъсисёбиаш, яъне дар  соли таҳсили 2016 – 2017  бо қабули 350 нафар донишҷў дар се факултет; тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ, инчунин  бо таъсис додани 5 кафедра аз 04 – уми апрели соли 2016 дар ноҳияи Данғара ба фаъолият оғоз намудааст.

 

   Лозим ба ёдоварист, ки баҳри  иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо роҳбарии собиқ ректори ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, узви вобастаи АИТ назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, баррандани ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино профессор Убайдулло  Қурбон   аввали моҳи феврали соли 2016 гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Гуруҳи корӣ тавонист, ки дар муҳлати муқарраргашта,  баъди омўзиши  ҳаматарафаи дастурҳои байналмилалӣ оид ба лоиҳакашии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, истифодаи таҷрибаи бисёрсолаи фаъолияти корӣ ва бо дарназардошти  фикру мулоҳизаҳои мутахассисону коршиносони соҳа оид ба сохтмони бинои муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ дар вилояти Хатлон  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи сохтмони  бино ва иншоотҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» - ро  пешниҳод намояд.

           Бояд гуфт, ки масоҳати замини аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои сохтмони иншоотҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷудошуда,  тақрибан аз 7 гектар иборат мебошад.  Дар ҳудуди он имкони пурра сохта ба истифода додани биноҳои таълимию маишии  Донишгоҳ  мавҷуд аст, ки дар оянда метавонад ин мавзеъ ба як шаҳраки хубу зебои тиббии ҷавобгў ба меъёрҳои   байналмилалӣ мубаддал гардад.

 

 

 Дар сохтмони муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ, ки дар ноҳияи Данғара  барои фарогирии беш аз  4000 ҳазор донишҷў бунёд мегардад, аз рўи талаботи меъёрҳо дар нақшаи генералии он  мақсади фаъолияти бахшҳои гуногуни донишгоҳ ва хусусияти минтақабандии функсионалии он  ба эътибор гирифта шудаанд. 

Нақшаи сохтмони иншоотҳои Донишгоҳ аз қисмати биноҳои алоҳидаи  таълимӣ, бинои маъмурӣ, бинои толорҳои лексионӣ, бинои китобхона, толори калони маҷлисӣ - фарҳангӣ, бинои  Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, биноҳои варзишии пўшида ва кўшода, биноҳои хоҷагӣ – ёрирасон ва  иншоотҳои манзилӣ-маишӣ (аз хобгоҳҳо барои донишҷўёну аспирантон ва биноҳои зист барои омўзгорон)     таҳрезӣ шудааст.

 

  Мавриди зикр аст, ки бинои маъмурии донишгоҳ, ки мувофиқи тарҳи меъмории муосир аз ду қисмати ба ҳам пайваст иборат мебошад, қисмати марказии он дорои  9 ошёна буда,  қисматҳои паҳлуии он ҳафтошёна мебошад.   

            Дар маросими гузошта шудани санги асос дар сохтмони бино ва иншоотҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Қурбон,  аъзои Раёсат, ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

              Раёсати ДДТХ ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллатро нисбати рушду таҳкими соҳаи тандурустии кишвари азизамон ҷонибдорӣ намуда, омодааст, ки  бо истифода аз   имконоти васеи зеҳнӣ ва таҷрибаи андўхта,  фаъолияти бемайлони  Донишгоҳи  давлатии тиббии  Хатлонро   таъмин намояд.

 Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

       Дар таърихи 1-уми сентябри соли 2016 дар майдони кушоди назди ДДД бо иштироки Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ҳайати профессорону омӯзгорони  ДДД, ДДТХ, роҳбарон ва донишҷӯёни   бархе  аз мактабҳои олии кишвар, коллеҷу  мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраку ноҳия, намояндагони баъзе вазоратхонаҳои дахлдор, ҳамчунин аъзои Ҳукумати ҶТ,  намояндагони ВАО-и кишвар ва дигарон   Дарси сулҳ баргузор гардид. Устоди сабақи Дарси сулҳ чун анъана худи Президенти мамлакат буд. Пешвои миллат дар оғози суханронӣ нахуст кулли устодону шогирдон ва тамоми аҳолии ҷумҳуриро ба ифтихори ин маъракаи маърифатӣ самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуд.

      Ҷаноби олӣ таъкидан иброз доштанд, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалу бартарро дошт, дорад ва минбаъд низ ин мақомро аз даст нахоҳад дод, зеро бе пуштибонӣ аз ин соҳа мо ба рушду пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастрасӣ пайдо нахоҳем кард. Бо суръати кайҳонӣ тараққӣ кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар яки мо, бахусус аз муаллимон, тақозо мекунад, ки дар ин масъала фориғбол набошем ва ба насли наврас, ҷавонон, ки ояндасозони кишвари маҳбубамон ба шумор мераванд,   бо дилу нияти пок ҳамчун фарзанди хеш муносибат намоем. Умуман, ҳама дастуру пешниҳодоти сарвари давлат  дар масъалаи илму маориф умедворкунанда буда, ба дастандаркорони соҳа қобили пазириш буд.

       Ногуфта намонад, ки гузориши Президенти кишвар ба таври мустақим тариқи ҳама шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ба аҳолии мамлакат манзур гардид. Беш аз 200 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ  дар толори фарҳангии донишгоҳ  суханронии Ҷаноби олиро мустақиман тамошо намуданд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид