ИМТИҲОНИ НАХУСТИН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
Рӯзи 9-уми январи соли 2017 донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз фанни химияи физколоидӣ имтиҳони нахустини худро супориданд. Дар чеҳраи ҳар яке аз онҳо осори ташвишу ҳаяҷонро мушоҳида намудан мумкин буд, охир ин нахустин имтиҳони давраи донишҷӯи онҳо мебошад! Аз ҳама муҳимаш, рафти қабули имтиҳонҳо бо низому тартиби муайяне ҷараён меёфт. Дар ҳар як синфхонае, ки донишҷӯён имтиҳон месупориданд, дар рӯи миз вариантҳои саволномаҳо пешакӣ омода карда шуда буданд. Аз чунин низому тартиб худи донишҷӯён низ хеле қаноатманд буданд. Вариантҳои имтиҳонӣ аз 30 саволнома – 25 саволи тестӣ, 1 саволи мувофиқат ва 4 саволи кушода иборат буданд.
Низоми имтиҳонро декани факултетҳо н.и.т. Саидов И.З., муовини декан Камолов А.С., кормандони шуъбаи таълим – муовини ректор оид ба таълим дотсент Ғафуров Б.А., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П., омӯзгорони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ – мудири кафедра н.и.б. Чориев А.А,, н.и.х. Усмонова У.Х., омӯзгорон Султонмамади Гулмамамад, Шарипова Ҳ, таъмин менамуданд.
АХТАРОНИ САЙЁР-И ДДТХ
АХТАРОНИ САЙЁР-И ДДТХ
Имрӯз, Китобхонаи Донишгоҳ тариқи намоиши «Ахтарони сайёр» ба шумо маълумоти мухтассар оид ба ду навъи китобҳои нодире, ки дар Китобхона мавҷуд аст, пешниҳод менамояд.
Лозим ба қайд аст, ки мутолиа намудани китобҳои зерин барои ҳар як фарди ватандӯсти ҷомеа, хусусан донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи тиб зарурӣ мебошанд.
ФАРҲАНГИ ТИББИ НИЁГОН
Тартибдиҳандагон У. Қурбон ва А. Раҷабзод. –Д: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2016-776 саҳ.
Китобе, ки шумо мебинед онро мураттибон дар тӯли солҳои зиёд зарра-зарра гирд оварда, пешкаши ҳаводорони илми тиб кардаанд. Китоб наздики 20 ҳазор вожаю калимаҳои марбут ба тибби бостони тоҷиконро дар бар мегирад. Дар китоб номи вожаҳо боҳуруфи кирилӣ, форсӣ ва лотинӣ оварда шудаанд. Дар фарҳанг дарҷ гардидани номҳои лотинии бисёр давоҳои қадимӣ – гулу гиёҳ ва маъдану унсурҳои кимиёӣ ба хонанда маълумоти иловагӣ медиҳад. Китоб барои одамони касбу корашон гуногун-табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ, муҳаққиқону олимон ва кули ҳаводорони илми тиб пешбинӣ шудааст.
АНДАРЗҲО ДАР БОРАИ ТИБ ВА ТАБИБ
Дар зери таҳрири умумии Қурбонов У.А., Лангариева Ҷ.С.,Юлдошев У.Р., Юсуфов А.И.,Ахмедов Ш.Р. Нашриёти «Ҳикмат»Д., ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино 140 саҳ,2012 сол
Китобе, ки инак бар Хонандагони гиромӣ- аҳли илм ба вижа онҳое, ки ба мақому мартабаи илми тиб, шахсияти табиб ва табобат иштиғол доранд арза мегардад, маҷмӯаест, ки дар он панду андарз ва ҳикматҳои донишмандон, нависандагону адибони маъруфи классику муосири форсу тоҷик,табибону файласуфон ва андешамандони дунё оид ба қадру манзалати тиб ва табиб, табобату тандурустӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар маҷмӯа аз андарзу ҳикматҳои бузургони тиббу фалсафаи олам, монанди Ҷолинусу Буқрот ва аз ашъору осори адибон ва донишмандони классику муосири форсу тоҷик мисли Ибни Синову Фирдавсӣ, Ҳаким Майсараву Шайх Саъдӣ, Носири Хисрав, Ҷалолиддин Балхӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарон маводи пурмӯҳтаво гулчин ва пешкаш гардидааст.
Маъмурияти Китобхона
ИМТИҲОНИ ТАКРОРӢ АЗ ФАННИ ХИМИЯИ ФИЗИКӢ ВА КОЛЛОИДӢ
Рӯзи 13-уми январи соли 2017 имтиҳони такрорӣ аз фанни химияи физикӣ ва коллоидӣ баргузор гардид. Дар имтиҳон 18 нафар донишҷӯёне, ки аз имтиҳони аввал баҳои ғайриқаноатбахш гирифта буданд, иштирок доштанд.
Рафти имтиҳон аз тарафи декани факултетҳо н.и.т. Саидов И.З., муовини декан Камолов А.С. , муовини ректор оид ба таълим дотсент Ғафуров Б.А., мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ н.и.б. Чориев С.А., омӯзгорони кафедраи мазкур – н.и.х. Усмонова У.Х, Шарипова Ҳ. Я. назорат карда шуд. Дар вақти муайяншуда донишҷӯён ба саволномаҳои барояшон таҳияшуда ба таври хаттӣ ҷавобҳои худро пешниҳод намуданд.
ҲОФИЗИ МАРДУМИИ ТОҶИКИСТОН
ҚУРБОНАЛИИ РАҲМОН ДАР МЕҲМОНИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
Рӯзи 28-уми декабри соли 2016 дар толори фарҳангии ДДТХ ансамбли «Сомон»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбоналии Раҳмон барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТХ ба ифтихори таҷлили Соли нави милодӣ барномаи хотирмони фарҳангиро пешкаш намуданд. Ҳунармандонро сараввал ректори донишгоҳ д.и.т.,профессор Убайдулло Қурбон хайра мақдам гуфта, барои чунин иқдоми некашон аз номи роҳбарияти донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сипас бо овози марғуби ин ҳунарпешаи шинохтаи ҷумҳурӣ сурудҳо аз ашъори шоирони классику муосири тоҷик садо доданд. Дар охир сарвари донишгоҳ ба ин ҳунарманди варзида Ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро тақдим намуданд. Қурбоналии Раҳмон аз ин иқдоми донишгоҳ изҳори хурсандӣ намуда, зимнан қайд намуданд, ки аз он болидаву ифтихорманд аст, ки сазовори нахустин ифтихорномаи донишгоҳи навтаъсиси тиббии Хатлон гардидааст.
Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа
ТАҶЛИЛИ БАЗМИ СОЛИНАВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН
Written by ADMINСоли нав бар Тоҷикистон мерасад
Нури нав бар Тоҷикистон мерасад
Хондаам андар китоби зиндагӣ
Юсуфи Мисрӣ ба Канъон мерасад
Рӯзи 28-уми декабри соли 2016 дар толори фарҳангии ДДТХ базми солинавӣ баргузор гардид. Сараввал ректори донишгоҳ д.и.т.,профессор Убайдулло Қурбон ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни ин нахустдонишгоҳи тиббии Хатлонро ба фарорасии Соли нави милодӣ табрик намуда, таманиёти худро арз карданд. Сипас барандагони ин базми пуршукуҳи солинавӣ Нилуфари Алишер ва Амиршозода Сино ба маҳфил оғоз намуданд. Суруди Ватан дар иҷрои Валиев С донишҷӯи гурӯхи 1 –уми факултаи стоматологӣ танинандоз гардид. Табрикномаи солинавӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, туркӣ, хитоӣ, арабӣ, итолявӣ, немисӣ ва лотинӣ дар иҷрои як гурӯҳи донишҷӯён садо дод. Қайд кардан зарур аст, ин базми солинавӣ аз саҳначаҳои ҳаҷвӣ, тақлиддкорӣ, сурудҳо ба забонҳои гуногун рангину хотирмон гардид. Сурудҳои иҷронамудаи донишҷӯён Сироҷиддинова Гулноз ва Абдуллоев Муҳибулло, Раҷабов Наимҷон ва Ёралиева Наргис, Алиев Алиҷон, Фозилов Насим бо эҳсоси баланди санъаткорӣ садо доданд.
Дар анҷоми базм ректори донишгоҳ Убайдуллои Қурбон бори дигар ҳозиринро ба фарорасии соли нави милодӣ табрик гуфта, ба барпокунандагон ва иштирокчиёни ин базми хотирмони солинавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.Аз номи иттифоқҳои касаби донишгоҳ донишҷӯён туҳфаҳои солинавӣ такдим карда шуд.
Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишчӯёни ДДТХ
Нутқи табрикотии ректори ДДТХ, ба муносибати фарорасии Соли нави 2017
Written by ADMINНутқи табрикотии ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон
ба муносибати фарорасии Соли нави 2017
Устодони гиромиқадр, донишҷӯёни азиз!
Фарорасии соли нави мелодии 2017-ро ба ҳамаи Шумо аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон бахту иқболи баланд, рӯзгори хушу осуда ва барору комёбиҳои минбаъдаи кору таҳсилро таманно менамоям.
Соли сипаришуда, дар ҳақиқат ҳам, дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт. Зеро дар ин сол мардуми кишвар 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро дар фазои орому осоишта бо шукӯҳу шаҳомати бузург ҷашн гирифтанд. Ба истиқболи ин санаи таърихӣ дар саросари ҷумҳурӣ корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба иҷро расонда шуданд, ки ҳамаи он ба гул - гулшукуфии ояндаи ватани азизамон ва беҳтаршавии некӯаҳволии мардуми он нигаронида шудааст. Бори аввал дар ин сол мардуми кишвар бо ифтихору сарбаландӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда, бори дигар муттаҳидию сарҷамъии хешро дар атрофии Пешвои муаззами миллат намоиш доданд.
Соли 2016 барои мову Шумо боз аз он хотир фаромӯшнашаванда мемонад, ки маҳз дар ҳамин сол бо иқдоми Сарвари давлат Донишгоҳи азизамон, ки дар ҷумҳурӣ дуюмин муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ маҳсуб меёбад, таъсис ёфта, онро метавон яке аз воқеаҳои муҳимтарин ва фараҳбахши ҳаёти илмию фарҳангии мардуми кишвар дар соли гузашта ҳисобид. Ва ҳар яки Шумо имрӯз дар ҳақиқат метавонед ифтихор намоед, ки шарафи аввалин донишҷӯи ин даргоҳи олии тиббӣ гаштан маҳз насиби Шумо- собиқ довталабони соли 2016 гаштааст.
Мавриди зикр аст, ки таъсис ва бунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон идомаи сиёсати хирадмандонаест, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қонеъ гардондани талаботи ҷомеа, рушду густариш бахшидани соҳаи тандурустии кишвар, беҳтар гардондани ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва омода намудани мутахассисони дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазири соҳаи тиб роҳандозӣ гардид. Корҳои дар ин давраи хеле кӯтоҳ анҷомдодашударо таҳлилу баррасӣ намуда, метавон бо боварӣ иброз дошт, дар давоми ин чанд моҳи бисёр ҳам серташвиш ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамари муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ аллакай қадамҳои устувору пурумед гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки оғози фаъолияти ДДТХ расман ба 4 – уми марти соли 2016 рост омад. Шурӯъ аз ин рӯз бо тасмими ректори муассиса раёсати муваққатии донишгоҳ, дар ҳайати 11 нафар, ташкил шуд. Вазифаи аввалиндараҷаи раёсати мазкур, пеш аз ҳама, корҳои ташкилии донишгоҳ, коркард ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меёрии ҳуқуқӣ, таъмини пурраи шаффофияти маъракаи аввалини қабули довталабон, инчунин таъмини босифати раванди таълим ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ – маърифатӣ буд, ки дар маҷмӯъ ин ҳайат рисолати хешро муваффақонаву сарбаландона ба иҷро расонид.
Дар ин марҳила дар назди раёсати навтаъсис ҷиҳати амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои ҳукумат инак, корҳои муҳими дигаре меистод. Вобаста ба маблағгузории фаъолияти донишгоҳ, раёсатро зарур буд, ки дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва бастҳои корӣ сохторҳои муҳиму аввалиндараҷа ва мутахассисони варзидаро барои ба фаъолияти таълимию илмии донишгоҳ оғоз бахшидан, ҷалб намояд. Илова бар ин, барои оғоз намудани корҳои таъмирии биноҳо, ташкил намудани заминаи моддӣ – техникӣ ва муайян намудани утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо чораҷӯӣ намояд. Бо ин масад дар донишгоҳ бо қарори Раёсати ДДТХ ва фармоиши ректори ДДТХ шуъбаи таълим, деканати факултетҳо (тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ), шуъбаи кадрҳо, шуъбаи муҳосибот, шуъбаи таҳлилу назорат, маркази технологияҳои иттилоотӣ, китобхона, ташкилоҳои ҷамъиятӣ - Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандон ва донишҷӯён, Шӯрои занон ва духтарон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинати хоҷагидорӣ таъсис дода шуданд.
Дар асоси қарори Раёсати донишгоҳ аз 07 –уми апрели соли 2016, таҳти № 03, рамзи донишгоҳ тасдиқ ёфта, дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо кӯмаку дастгириҳои муассисаи таълимии мактаби Президентӣ дар н. Данғара ва устодони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имтиҳоноти нахустини дохилшавии довталабонро, ки рӯзҳои 02 –юми май ва 07 – уми майи соли ҷорӣ муайян гардида буд, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намуд, ки дар натиҷа 353 довталаби беҳтарин ба курси аввал қабул гардиданд.
Лозим ба қайд аст, ки сатҳу сифати дарсгузаронӣ ва хондани лексияҳо аз ҷониби омӯзгорон ба талабот ҷавобгӯ буда, ҳамзамон сифати дарсазхудкунии донишҷӯён, давомоти донишҷӯён ба дарсҳо, риояи иҷроиши барномаҳои таълимӣ, ҷадвали дарсӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ зери назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст. Новобаста аз норасоиҳои маводҳои таълимӣ, воситаҳои айёнӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ омӯзгорони кафедраҳо машғулиятҳои амалию лексиониро дар сатҳи хуб ба роҳ мондаанд. Чунончи, аз рӯи натиҷаи дарсҳои ҷамъбастӣ дар давоми се моҳи таҳсил маълум мегардад, ки сифати таълим аз рӯи ҳамаи фанҳо аз 57% то 78% буда, давомот ба дарсҳо бошад аз 98% то 100% -ро ташкил медиҳад.
Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии макотиби олӣ, ин таъмини маводи таълимӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхона мебошад. Айни ҳол фонди умумии китобхона наздик ба 12 ҳазор мерасад, ки дар шароити имрӯза мувофиқ мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки моҳи августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар баробари кушодашавии як қатор корҳонаҳои саноатӣ ва маҷмааи варзишӣ дар минтақаи барои сохтмони иншоотҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷудогашта, нома ба наслҳои оянда ва санги асоси ин махзани илму маърифатро гузоштанд. Дар ин маросими таърихӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ муташаккилона ва бо ҳисси ватандӯстӣ ширкат варзиданд.
Раёсати донишгоҳ барои беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии кафедраҳо, толорҳои лексионӣ ва синфхонаҳо бо лавозимоту таҷҳизоти таълимӣ ва маводҳои лабораторию аёнӣ, дар доираи имкониятҳои молиявӣ худ чораҳо андешида, вале мутаасифона, барои таъмини пурраи шароити мусоид, имконият пайдо карда натавонист. Новобаста аз ин, барои оғоз гаштани соли таҳсил раёсати донишгоҳ тавонист, ки ба таври миннималӣ шароити аввалиндараҷаро дар кафедраҳо, ҷиҳати таълиму тадриси донишҷӯён бо кӯмаку дастгириҳои раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Вазоратҳои маорифу тандурустӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Данғра ва дигар шахсони воқеӣ таъмин намояд. Бо истифода аз фурсати муносиб миннатдории самимии роҳбарияти донишгоҳро ба муассисаҳои мазкур ва шахсони хайрхоҳ иброз менамоям.
Дар маҷмуъ, метавон қайд намуд, ки раёсати донишгоҳ дар марҳилаи таъсис додани донишгоҳ ва ба роҳ мондани фаъолияти пурраи он дар муҳлатҳои муқарраргардида, тамоми чорабиниҳо ва корҳоро бо муваффақият ба сомон расонид.
Устодон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳамагӣ чанд рӯз пеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худро ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа намуданд, ки дар он натиҷаҳои соли гузашта ҳаматарафа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақшаи кору амал барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар соли навин ба таври мушаххас муайян гаштааст. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар назди мо устодону донишҷӯён низ баҳри муваффақ гаштан ба дастовардҳои нав ба нави кору таҳсил вазифаҳои басо муҳим пеш гузоштааст.
Боварӣ дорам, ки соли нави 2017 барои мардуми соҳибтамаддуни кишвари мо оғози марҳилаи нави корҳои бунёдкорию созандагӣ гашта, устодону донишҷӯёни донишгоҳи тиббии мо ҳам дар роҳи амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҷиҳати омодасозии мутахассисон пайваста чораҳо андешида, барои фаъолияти бемайлони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисони ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ба таври самарабахш истифода хоҳанд бурд.
Соли наватон муборак, устодон ва донишҷӯёни азиз!