Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Душанбе, 15 Август 2016 00:00

СУГВОРӢ

Раёсати  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  дар якҷоягӣ бо ҷамъи устодону кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имрӯз мотам   доранд. Марги нобаҳангом  яке аз устодони варзидаи чанд насли табибони мамлакат, табиби номӣ, олими соҳибном, омӯзгори мушфиқ, д.и.т., профессор Абдураҳмонов Муин Камолович субҳи 13 –уми августи  соли 2016 бехабар аз байни мо рабуд.

Абдураҳмонов Муин Камолович  30 – юми ноябри соли 1933   дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.

Соли 1951 ба Донишгоҳи тиббии харбии ш. Куйбышев  дохил шуда, онро соли  1957 бомувафақият хатм кардааст.  Фаъолияти менҳнатии   Абдураҳмонов М.К. пурсамар буда, пас аз хатими ординатураи клиникӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор карда,  то ба дараҷаи профессор дар дар ҳаимн кафедра меҳнат намудааст.

                    Тадқиқотҳои илмии Муин Камолович   барои илм ва фаъолияти ҳамарӯзаи соҳаи  акушерӣ ва гинекология  аҳмияти калон доранд. Хизматҳои  меҳнатии Абдураҳмонов М.К.  бо   ордени «Дустӣ»  ва бо нишони  Аълочии тандурустӣ  қадрдонӣ  гардидааст.

              Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Абдураҳмонов М.К. дар давоми умри пурсамари хеш, рисолати инсонии худро дар назди халқу Ватан бо  сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ ва дуои хайри ҳазорҳо нафар ниёзмандоне, ки аз дасташ накӯӣ дидаанд,  манзили охирати хешро пурнур гардонидааст. 

       Ҷои Муин Камолович дар қалбҳои мо ҳамкасбону шогирдонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неку беғубори ин шахси саропо хираду фазилат  дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд, зеро:

         Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,

        Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

          

Руҳат шод ва манзилат обод бод, Муин Камоловичи азиз!

Хондан 145 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид